13:55:55 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Эҳтиром ва бузургдошти об дар пиндоштҳои омиёна

Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ, махсус барои «Рӯзгор»

Об барои инсон ва тамоми мавҷудоти рӯи дунё аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошт ва дорад. Ин унсури табиат хусусан барои мардуми зироатпеша аз қадимулайём то ба имрӯз арзиши аввалиндараҷа ва фавқулодда муҳимро касб карда меояд. Аз ин ҷост, ки одамон обро эҳтиром мекунанд ва ба ҳайси нишонаи покӣ ва рушноӣ муқаддас медонанд ва аз он ҳангоми тадвири расму оинҳои гуногуни суннатияшон бо мақсади гирифтани фоли нек ва барои ифодаи ақоиду пиндоштҳои худ ҳамчун мӯъҷизаи муродбахш истифода ба амал меоваранд.

mavzui-ob 54456565Масалан, расм аст, ки тоҷикон дар вақти аз хона ба сафар баромадани яке аз наздиконашон аз дунболи ӯ об мепошанд ва ба ин ақидаанд, ки шахси мусофир ба софӣ ва бе шикасту рехт ба манзили худ боз хоҳад омад. Ё ин ки одамон дар бисёр хонаводаҳо ҳангоми таҳвили Наврӯз ва Соли Нав дар қатори ҳафтсин косаи об ва оинаро низ рӯи дастархони наврӯзӣ мегузоранд ва ба ин боваранд, ки нигоҳ кардан ба об ва оина дар соле, ки фаро мерасад, хушбахтӣ ва саодатро ба аҳли хонавода насиб мегардонад ва кинаю кудурат ва душманиро аз дилҳо берун меандозад.

Мардум инчунин аз иҷрои як силсила расму оинҳои дигар, минҷумла, аз пошидани об ба рӯи якдигар дар субҳи рӯзи Наврӯз, аз кушодани рӯза бо об дар моҳи мубораки Рамазон, аз нӯшонидани оби никоҳ ба арӯсу домоди нав дар шаби тӯи арӯсӣ, аз ғусл кунонидани зану шавҳари ба истилоҳ «роҳашон баста» бо оби «дамдодашуда» ё оби «қайтарма», аз тар кардани сару либоси «Кампирак» бо об ҳангоми созмон додани маросими «Сусхотун» (Ашаглон) ва амсоли инҳо фоли нек мегиранд, ин корҳо низ аз эҳтирому эътиқоди нисбат ба об доштаи онҳо дарак медиҳад.

Умуман, эҳтироми об дар назди мардум хеле баланд аст. Одамон обро низ монанди замин, офтоб, оташ, ҳаво ва амсоли инҳо ҳамеша муқаддас медоранд ва арҷ мегузоранд ва қудсияту эъҷозҳои онро пок нигоҳ медоранд. Бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки «Суруди об», ки мутааллиқ ба фолклори тоҷикони Афғонистон мебошад, низ маҳз дар заминаи файзу баракати ҳамин эҳтирому эътиқод ва гиромидошти об аз ҷониби одамон ба дунё омадааст.

Дар суруди мазкур объекти тасвир аз ибтидо то интиҳо об аст, яъне таърифу ситоиши қудсият ва эъҷозу вижагиҳои об, ки аз забони худи об -қаҳрамони лирикӣ сурат мегирад, мазмуну мундариҷаи сурудро ташкил менамояд. Ба матни суруд мутаваҷҷеҳ мешавем:

Ман оби равон ҳастам,

Ман роҳати ҷон ҳастам.

Аз кӯҳ, ки ман оям,

Бар дашту даман оям:

Рақсидаву рақсида,

Ғалтидаву ғалтида,

То пеши шумо оям,

Болидаву болида.

То ман наравам саҳро,

Ҳосил нашавад воло.

Ман оби равон ҳастам,

Ман роҳати ҷон ҳастам.

Он гуна ки мебинем, «Суруди об» ҳаҷман хурд мебошад, вале матолибе, ки дар қолаби ин асари халқӣ гунҷонида шудааст, ҷиҳатҳои умдатарини обро дар бар мегирад. Хусусан, «Ман оби равон ҳастам», «Ман роҳати ҷон ҳастам», «То ман наравам саҳро», «Ҳосил нашавад воло» мисраъҳоеанд, ки дар онҳо масъалаҳое, ки барои зиндагии инсонҳо ва сарсабзию хуррамии табиат аҳамияти махсусро қоиланд, бозтоб гардидаанд.

Яъне, аз ин мисраъҳо пайдост, ки об роҳати ҷони одамон ва омили асосии ҳосили фаровон аст. Аз кӯҳ омадан ва рақсидаю ғалтида омадан низ ибораҳое мебошанд, ки бо хусусиятҳои об иртиботи бевоситае доранд. Ин суруд бо мундариҷаи худ баъзе зарбулмасалҳои халқиро ба хотир меорад. Дар он хусусан маънии зарбулмасалҳои «Об сарчашмаи ҳаёт аст», «Обу ободонӣ» ва «Замини беоб мурдааст» хеле хуб ифода ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти як нафар аз фарҳангиёни афғонистонӣ Ибни Ямин валади Муҳаммадамини 25-сола ин асари мардумиро бачаҳои алоқадории Хинҷони вилояти Бағлон ғолибан дар фасли баҳор ҳангоми ба ҷӯйборҳо ворид гардидани обҳои баҳорӣ бо шӯру ҳалҳала ва рақскунону ҷастухеззанон мусурудаанд ва бо хондани он падид омадани обро дар ҷӯйборҳо ҷиҳати шодобии боғоту киштзорҳои бобоии диёрашон гӯё истиқбол менамудаанд. Ибни Ямин мегӯяд:

«Дар тамоми гӯшаю канори кишвари мо Афғонистон мутобиқи анъаноти ҳамон маҳал аз омадани об дар ҷӯйборҳо мардум истиқболи гарм ба амал меоваранд. Алалхусус, атфол дар ин амр фаъол мебошанд: онҳо бо хушнудии тамом пешопеши об медаванд, ҷастухез мезананд, рақс мекунанд ва сурудҳои маҳаллиро дар мавриди об ба забон меоваранд. Масалан, дар Хинҷон вақте ки ба ин ва ё он ҷӯйбор пас аз зимистон нахустин бор об ворид мешавад, қабл аз ҳама бачаҳо ба шӯру шавқ меоянд ва бо алоқамандию дилбастагии фаровон ба иҷрои ин корҳо мепардозанд: агар ҷӯйбор кӯчак ва хурд бошаду обаш ҳам зиёд набошад, дар дохили ҷӯйбор ва агар ҷӯйбор бузург бошаду обаш ҳам зиёд бошад, дар соҳили он ба ин тарафу он тараф ҷастухез мекунанд, маллоқ мезананд, марақсанд ва таври дастаҷамъӣ пеш-пеши об ҳамин «Суруди об»-ро, ки дар Хинҷон маъмул аст, ҳамагон бо як овоз ва бидуни кадом ола(асбоб)-и мусиқӣ ва бо оҳанги махсус мехонанд ва бо иҷрои ин амалҳо ворид шудани обро ба заминҳои кишту боғоти маҳаллаашон хайрамақдам мегӯянд. Ин суруд аслан моли атфол аст, вале баъзан дар хондани он калонсолон ва ришсафедон низ ширкат меварзанд».

Аз навиштаҳои фолклоршиносони тоҷик маълум мешавад, ки ҳодисаи ба муносибати ҷӯйборҳо падид омадани об хурсандӣ кардани бачаҳо ва аз тарафи онҳо сурудеро ба забон овардан дар Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон низ ҷой доштааст. Чунончи, тибқи маълумоти фолклоршинос Б.Шермуҳаммадов бачаҳо ҳангоми омадани об дар ҷӯйборҳо дар ноҳияи Ғиждувон вилояти Бухоро ин сурудро мехондаанд:

Об омаду об омад,

Аз рӯи китоб омад.

Ду мурғи ало омад,

Яктеша қафас кардем,

Яктеша нафас кардем.

-Э бобои пир, гуфтем,

Дарвозека гир гуфтем.

Дарвозеки мисқолӣ,

Тӯра писари қозӣ.

Дар деҳаи Чодаки вилояти Фарғона бачаҳо ҳангоми ба сойи Сангоба омадани оби калон лаб-лаби сой давидаю ҷастухеззада ин мисраъҳоро ба забон меовардаанд:

Лабҳои сой лаб мезанад,

Об қатӣ санг гап мезанад.

Дар солҳои пеш ҳодисаи истиқбол аз омадани аввалин обҳои айёми баҳорон дар ҷӯйборҳо дар ноҳияи Конибодом низ ба мушоҳида мерасид.

Дар ин ноҳия ҳам бачаҳо пеш-пеши оби аввалини ба ҷӯйборҳоомада медавиданд, мерақсиданд ва сурудҳо мехонданд. Яке аз сурудҳое, ки бачаҳо дар ин маврид мехонданд, ин буд:

Об омаду об омад,

Оби мусаффо омад.

Обанда китоб омад,

Аз барои мо омад.

-Ин китоби кӣ бошад?

Дар дарунаш чӣ бошад?

-Ин китоби Ҳақ-таолло,

Дур кунад дарду бало.

Духтаракон низ дар чунин маврид суруде мехонданд, ки он ба ин мазмун аст:

Об омадо, об омад,

Укочам-ба хоб омад.

Укоҷонам моҳпора,

Хобонем дар гаҳвора.

Гаҳвораш тиллокорӣ,

Банду бораш марворӣ(д).

Қобили тазаккур аст, ки дар Конибодом бачаҳо дар баробари давидану ҷастухез задану рақсидану сурудхонӣ карданҳо як-ду амали дигарро низ ба муносибати ба ҷӯйборҳо омадани оби аввалин ба ҷо меоварданд, ки он аз бӯсидани сари об ва бо оби кафколуду лойолуд шустани дасту рӯяшон иборат буд. Бачаҳо бо иҷрои ин амал ҳар хел орзуҳо мекарданд. Масалан, яке мегуфт: «Модарам, Илоҳо, укоча таваллуд кунад». Дуюмӣ мегуфт: «Падарам бою бадавлат шавад» ва сеюмӣ ният мекард, ки говашон гӯсолаи нағз зояд ва ғайра.

Аз мисолҳои боло бармеояд, ки бачаҳо низ дар куҷое бошанд ва дар кадом шароит умр ба сар баранд, обро яке аз унсурҳои муқаддастарини табиат мепиндоштаанд ва ба он ҳурмату эҳтироми махсус мабзул медоштаанд. Онҳо низ ба таври худ мӯътақид будаанд, ки ҳастӣ, зоиш ва парвариши тамоми офаридаҳои моддии рӯи дунё аз об аст ва заминро ободонӣ ва инсонро зиндагонӣ аз об мебошад.

Ба замми мисолҳои фавқулзикр дар байни тоҷикон як силсила қиссаҳо, афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо густариш ёфтаанд, ки дар онҳо низ нуқтаи назари одамон дар бораи қобили эҳтиром ва сазовори парастиш дониста шудани об бозтоб гардидааст. Барои исботи ин даъво аз як ривояти ҷолиби халқӣ, ки бо номи «Об, шамол ва намак» сабт шудааст, ёдовар мешавем. Ин ривоят нишон медиҳад, ки дар маърази эътиқоду эҳтироми мардум қарор гирифтани об барои ба миён омадани имконоти ҳаллу фасли як масъалаи муҳими марбути маросими арӯсии мардуми мусулмон, ки бо унвони «маҳр» ё «маҳр додан» маъмул мебошад, мусоидат кардааст. Мӯҳтавои ривояти мазкур чунин аст:

«Рӯзи тӯи арӯсии Бибифотима ва ҳазрати Алӣ фаро расидааст. ҳазрати Муҳаммад пайғамбар (с) падари Бибифотима дар бисоташон ягон чизи ба маҳри духтарашон арзанда надоштаанд. Аз ин сабаб обу шамолу намакро ҳамчун маҳри духтарашон ба домодшаванда-ҳазрати Алӣ фиристодаанд. Аз ҳамон вақт то ба имрӯз мардуми мо обу шамолу намакро аз чизҳои поку муқаддас медонанд. Ана барои ҳамин ҳам об қатӣ шамолу намакро «эҳ нагӯй» мегӯянд. Шамол (бод)-ро ҳангоми сахт ва бемавқеъ вазиданаш «э гӯр ҳамин шамол шавад» ё «ин чӣ тавр шамоли ганда» гуфтан мумкин нест, убол аст. Об ҳам ҳамин хел, обро покиза, тоза нигоҳ доштан лозим. Дар ҳар куҷо рехтани об, барои ҳар чиз истифода бурдани об, ба об партофтани ҳар гуна чизҳои нопок ё рехтани ифлосиҳо ва ё ба об туф кардан ҳам гуноҳи азим аст, Худо намебахшад.

Намакро беҳуда сарф кардан, дар ҷои нопок гузоштан, дар замин ё таги пой рехтани он низ гуноҳ аст».

Тасвири масъалаи марбути муқаддасоту қудсияту эъҷозҳои гуногуни об мӯҳтавои чанде аз қиссаю ривоятҳои оид ба «Оби ҳаёт», «Оби зам-зам» ва ғайраро низ эҳтиво менамояд. Вале дар ин ривоятҳо об бештар ба ҳайси мӯъҷизаи ҳаётбахш ба ҷилва меояд. Ин масъала хусусан дар силсилаи ривоятҳое, ки бо номҳои «Оби ҳаёт», «Оби ҳайвон», «Оби Хизр», «Чашмаи Хизр» ва назири инҳо машҳуранд ва теъдоде аз онҳоро фолклоршиносони тоҷик таи солҳои мухталиф аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷамъоварӣ намудаанд, бештар инъикос ёфтаанд.

Тибқи маълумоти ин қабил нақлу ривоятҳо «Оби ҳаёт» гӯё дар мамлакати торикистон-зулмот воқеъ будааст ва нӯшидани он ба кас умри дароз ва ҷовидонӣ мебахшидааст. Масалан, мувофиқи тасвири  ривояти «Искандар ва Оби ҳаёт» Искандари Мақдунӣ барои пайдо кардани «Чашмаи Оби ҳаёт» тамоми дунёро давр зада ва ранҷи бисёре кашида, оқибат дар ин роҳ ноком мондааст. Ин ривоят собит менамояд, ки хӯрдани «Оби ҳаёт» аз тамоми мавҷудоти рӯи дунё танҳо ба ҳазрати Хизр ва дарахти арча муяссар шудаасту бас.

Ифодаи ғояи мӯъҷизакории «Оби ҳаёт» ва ба нирӯи сеҳромези ҳаётбахш соҳиб будани он дар ривояти зерин, ки хусусияти пандомӯзию тарбиявӣ дорад, низ ба мушоҳида мерасад:

«Худо ба ҳазрати Сулаймонпайғамбар «Оби ҳаёт» фиристодааст, ки «хӯраду умри дароз бинад» гуфта. Ҳазрати Сулаймон ҳамаи деву парӣ, паррандаю чарранда ва хазандаю даррандаро ҷамъ карда, аз онҳо маслиҳат пурсидааст:

-Худо барои ман «Оби ҳаёт» фиристодааст, агар хӯрам, ҳеҷ вақт намемурам. Ҳамин корро кунам ё не? Дар ҳамин масъала маслиҳати шумоён чист?

Аз байни паррандагон бум баромада пурсидааст:

-Ҳазратам, «Оби ҳаёт»-ро бо аҳли байту ёру дӯстон мехӯред ё як худатон?

Сулаймонпайғамбар гуфтааст:

-«Оби ҳаёт» фақат барои ман фиристода шудагӣ.

Бум гуфааст:

-Шумо «Оби ҳаёт»-ро хӯреду абадӣ зинда монеду ҳамаи аҳли байту ёру дӯстонатон муранд, ин хел ҳаёти бе ёру дӯсту бӯстони бедӯстон ба кӣ даркор?

Гапи бум ба Сулаймонпайғамбар маъқул афтодаасту ӯ «Оби ҳаёт»-ро нахӯрда, ба таги дарахти арча рехтааст. Барои ҳамин ҳам дарахти арча ҳамеша сабзу умраш дароз будааст».

Арҷгузорӣ ва бузургдошти об ҳамчун аз муқаддастарин мӯъҷизаҳои зиндагиофарини табиат мавзӯи баъзе аз дуоҳои мардумӣ низ қарор гирифтааст. Масалан, ҳангоме, ки шахсе одами ба об ташнаро об медиҳад ва боиси шикастану рафъи ташнагии ӯ мешавад, аз забони касе, ки обро хӯрдааст, ин ибораҳоро мешунавад: «Илоҳо, умрат умри об барин дароз шавад», «Худо умри обро ба ту диҳад», «Об барин азиз шавӣ» ва амсоли инҳо. Чунин ибораҳоро дар вақти бо об шӯёнидани дастони одамон ва ё ба истилоҳ, об рехтан ба дастони одамон дар маъракаҳо, тӯйҳо, меҳмониҳо ва ғайра низ бисёр шунидан мумкин аст.

Ба ҳамин тариқ, об моҳиятан неъмати бебаҳост ва дар дунё чизе, ки ҷои онро иваз карда метавониста бошад, вуҷуд надорад. Воқеан ҳам об мӯъҷизаи беҳамтост. Ин аст, ки одамон обро ҳамчун яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин бо камоли эҳтиром парастидаанд, аз он арҷгузорӣ кардаанд ва қудсияту эъҷозҳои ҳаётбахши зиндагиофарини онро тавассути эҷоди суруду таронаҳо, қиссаву афсонаҳо ва нақлу ривоятҳои дилпазир ба ситоиш гирифтаанд. Гумон меравад, ки ин гуна парастиш ва ин гуна ситоишу арҷгузорӣ то даме, ки дар рӯи замин ҳаёт-зиндагӣ арзи вуҷуд менамояд, шарафмандона ва бо шоистагии тамом давом хоҳад кард. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi