07:37:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Таваҷҷуҳ!!! Дар ҷумҳурӣ талоқ аз порсола бештар шудааст!

Таҳияи Шукронаи Аҳмад

Бино ба иттиллои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ дар шашмоҳаи соли 2013 4107 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ҳаштоду як ҳолат зиёд мебошад. Ин аз чӣ далолат мекунад? Дар шаш моҳ беш аз чаҳор ҳазор оила аз ҳам пошидаст. Ин худ як падидаи номатлуби иҷтимоӣ аст. Вале ташвишовараш он аст, ки ин тенденсия нисбат ба соли гузашта рӯ ба афзоиш дорад.

talaq-taloq 2013Агар ин раванд дар оянда низ афзоиш ёбад ба ҷомеъаи мо он чӣ таъсире хоҳад гузошт? Чӣ пайёмадҳое хоҳад дошт? Оё вақт нест, ки оқибатҳои ногувори онро ҷомеъашиносон таҳлилу баррасӣ кунанд? Мавзӯи мазкур хеле доманадор аст. Вале мо дар ин ҷо фикру назари чанд соҳибандешаро фақат дар мавзӯи таъсири талоқ дар тарбияи фарзандон пешкаши шумо, хонандагони арҷманд мекунем.

Шамсиддин Қурбонов, табиб

shamsiddin qurbonov2013Мақому арзиш ва ҷойгоҳу иззати никоҳ дар ҷомеаи мо хеле ва хеле коста шудааст. Албатта, ин кори шахсии одамон аст. Аммо мардуми мо дар бастани он низ кам масъулият эҳсос мекунанд, ҳамчуноне, ки бар бекор кардани он. Ба ҳар як инсоне каме огоҳ маълум аст, ки кӯдаконе, ки дар оилаҳои ҷудошуда ба камол мерасанд, нисбат ба онҳое, ки дар оғӯши падару модар тарбия меёбанд, хеле фарқ мекунад. Дар чеҳраи онҳо осори дарду андуҳи ҷудоӣ аз падар ва ё модар як умр боқӣ мемонад. Онҳо шикастаруҳу озурдадил ба воя мерасанд.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос

shuhrat-qudratov 222222Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ ақди никоҳ дар ҳолате, бекор карда мешавад, ки дар оила фарзанди ноболиғ, ё ин ки моликияти муштараки баҳснок бошад, дар ин ҳолат ақди никоҳ аз тарафи суд бекор карда мешавад. Дар вақти баррасӣ намудани ариза оиди бекор кардани ақди никоҳ суд ҷои зисти фарзанди ноболиғро ҳам муайян менамояд. Яъне бо кадоме аз волидайн зиндагӣ кардани онро ҳал менамояд. Дар бисёр ҳолатҳо ҷойи зисти фарзанди ноболиғ бо модар муайн карда мешавад.

Дар ин ҳолат фарзанди ноболиғ ҷои зисташ бо модар мешавад, аммо падари ӯ пурра дар тарбия, нигоҳу бин, таҳсилоти фарзанди худ иштирок менамояд. Ба ғайр аз ин волидайне, ки фарзанд бо ӯ мемонад, метавонад барои тарбияи фарзанд алимент талаб намояд. Ҳамин гуна ёрдам аз тарафи дигар волидайн ба фарзанд довталабона расонида шавад.

Маҳмуд Кабирӣ, равоншинос

doctor-tj 2013Муноқишаҳои равонӣ - иҷтимоӣ дар оила  аксаран ба он оварда мерасонанд, ки албатта кӯдакон ба бемории деприватсия (норасоии навозиш) ва сахтии сари дил гирифтор мешаванд. Паёмбари гиромӣ (с) барои ҳамин, ки  атфол бемории деприватсия нашаванд, мегуфт, ки аз воҷиботи имон сари ятимро сила кардан аст. Сабаби талоқи зиёд ҷанҷоли байни шахсии зану мард аст, ки талаботҳои якдигариро ба назар намегиранд ё аз уҳдаи қонеъ кардани талаботи ҳамдигар намебароянд.

Ин  дар баробари сабабҳои инфиродӣ боз омилҳои иҷтимоӣ дорад. Муҳоҷирати меҳнатии давомдор ё худ тӯлонӣ таъсири манфии худро дар ҳаёти хонаводагӣ, ба хусус дар муноситбати занушавҳарӣ низ расонда истодааст. Норасоии яке аз волидайн дар равони кӯдак инкишофи ақлӣ-зеҳнии ӯро халалдор мекунад. Назорат аз болои кӯдак суст мешавад. Дар натиҷа тарбияи ҷисмӣ, зеҳнӣ, ақлӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ коста мешавад ва аз назми зиндагӣ қафо мемонад.

Ҷаннатуллоҳи Комил, исломшинос

Ман фикр мекунам, ки сабаби асосии бекоршавии ақди никоҳ ин дур будани волидон аз таълимоти исломӣ мебошад. Тифле, ки бо вуҷуди дар қайди ҳаёт будани падар ва ё модар аз навозиши пайвастаи яке аз онҳо маҳрум мешавад, албатта ҳаммаҷиҳата тарбияи комил намегирад. Илова бар ин аксарияти чунин бачаҳо ба корҳои мардикорӣ даст мезананд, ки  ин амал ба руҳияи онҳо таъсири ҷуброннопазире мерасонад. Агар падару модар ҳарду аз таълимоти исломӣ бохабар мебуданд, боварии комил дорам, ки масъулияти бештареро дар тарбияи фарзанд эҳсос мекарданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi