РАДДИ ТУҲМАТНОМАИ ШУРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон
Дар тули таърихи 1400 сола, таърихи ислом пур аз фоҷиаҳое аст, ки дар он идддае аз “уламо” ҳамвора ба хотири лагандбардории ҳокимону фармонравоёни давр ва барои пиёда намудани ҳадафҳои сиёсии ҳокимон даст ба динфурушӣ задаанд. Ин гуруҳ уламоро таърих бо номи уламои салотин ё уламои дарбор ёдовар шудааст. Паёмбари ислом низ ин зумра “уламо”ро мавриди танқид қарор дода дар ҳадисҳо ёдовар шудаанд, ки ҳаргоҳ олимеро дидед, ки ба хонаю дарбори ҳокимон равуои бисёр дорад, аз чунин уламо ҳазар кунед.
Воқеан ҷои таассуф аст, ки дар рузҳои охир, баъд аз суҳбати банда дар атрофи таърихи шаҳодати имом Ҳусайн –набераи Паёмбари Худо (алайҳиссалом) сарусадоҳои иғвоангез эҷод карданд. Албатта ба ҳар як шахси оқил маълум аст, ки чунин иғвогариҳо бекумаку дастгирии идораҳои ҳукуматӣ дар як муддати кутоҳ имконпазир нест. Хусусан нашр шудани баёнияи аз якдигар фарқкунандаи аз номи “шурои уламо” дар як руз, дар фосилаи 15 дақиқа аз якдигар, яке соати 09:55 дигаре соати 10:08 дақиқа дар сайти хабаргузории давлатии “Ховар” ва маҷбур намудани тамоми имомҳои масоҷиди кишвар аз ҷониби кормандони идораҳои ҳукуматӣ барои ба намозхонони масоҷид эълони “варианти саввуми баёния”, ки аз ду варианти дар “Ховар” нашр шуда фарқ мекунад дар рузи ҷумъа 9 декабри соли ҷорӣ исботи дастгирии ин идораҳо ва ҳатто супоришӣ будани ин амали иғвогаронаро тасдиқ мекунад.
Тибқи маълумотҳои ба мо расида дар баъзе масоҷид, ки имомҳояшон аз хондани матни ин буҳтоннома худдорӣ карданд, намояндаҳои идораҳои ҳукуматӣ ва ҳатто дар баъзе масоҷид занҳои беҳиҷобу бесатр дар ҷои муқаддас- меҳроб масҷиди Худо рост истода ин биёнияи иғвоангезро хонда доданд. Ҳоло он, ки тибқи моддаи 8уми Конститутсия (Сарқонун) “ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо аст”. Чаро ин меъёри конститутсионӣ дар ин ҷо поймол гардид ва чаро идораҳои давлатӣ дар ин масъала хидматгорӣ раиси Шурои уламо Мукаррами Абдулқодирзода шуданд? Ҳоло он, ки падари Мукаррам эшони Абдулқодир аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруф ва мавриди эҳтирому тақдири мо буданд. Худо раҳматашон кунад.
Дар инҷо нақле аз таърих ба ёдам расид, ки зикри он дар ин мавзеъ ба маврид аст. Пас аз воқеаи Карбало иддае аз мардуми Куфа, ки ба адои ҳаҷ ба Макка рафта буданд, бо ҳазрати ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) мулоқот дошта, аз эшон дар мавриди хуни магас пурсиданд, ки оё қатли он бар ҳоҷӣ дамро (хунбаҳо) воҷиб мегардонад ё на? Эшон лабханде зада гуфтанд: Аҷаб мардуме ҳастед шумо. Шумо аз ҳукми хуни магас мепурсед дар ҳоле, ки набераи Паёмбари Худоро (алайҳиссалом) куштед ва боке надоштед.
Воқеан ин идда “уламо” ҳангоме, ки хоҳарони моро аз ҳиҷоби исломӣ, ки бо далели Қуръон фарзияти он собит гаштааст, маҳрум карда буданд ва ё вақте қонуни мамнуъияти ба масҷид рафтани аз 18 сола поён баромад, гуё ҳеҷ кори хилофи шаръие руй надода бошад, ҳама хомуш буданд, ҳатто баъзеашон ин иқдомҳоро маъқул донистанд ва тарафдорӣ карданд, вале аз зикри ёдбуди таърихи шаҳодати имом Ҳусайн нороҳат шуданд. Субҳоналлоҳ!!! Ин амали чунин идда “уламо”ро ба ҷуз ихтилофэҷодкунӣ ва динфурушӣ дигар чи мешавад унвон кард? Магар пушиши ҳиҷоб ва адои намозҳои фарзӣ дар масоҷид барои ҷавонони ба балоғатрасидаи аз 18 сола поён, аз ҷумлаи муқаддасоти мазҳаби ҳанафӣ ҳисоб намешавад? Ё ин, ки ҳурмати Язид барои онҳо аз ҳурмати ҳукми ҳиҷобу намозҳои фарзӣ муқаддастар аст?
Аввал ин, ки суҳбати мо дар рузи ҷумъа баргузор гардид, ки ба 6 уми моҳи муҳаррам рост меояд ва ҳоло он, ки маросими мотам ва азодории шиаҳо дар рузҳои нуҳум ва даҳуми моҳи муҳаррам аст, ки бо номҳои “тосуъо” ва “ошуро” бо синазанӣ, занҷирзанӣ ва ҳайат шуда дар хиёбонҳо роҳпаймоӣ намудан баргузор мегардад. Ҳоло куҷои ин суҳбати мо, ки чаҳор руз қабл аз ошуро буд, шабоҳат ба маросими ошуроии бародарони шиъӣ доштааст?
Фарқияти дигар ин, ки мо мардумро ҳамеша дар мавъизаҳо таблиғ ба руза доштани рузи нуҳум ва даҳуми муҳаррам мекунем, ки аз назари шиа руза гирифтан дар ин рузҳои мотам гуноҳ аст. Сабаби рузаи ин рузҳо ҳам ҳеҷ рабте ба ҳазрати имом Ҳусайн надорад. Балки ин рузаро қабл аз шаҳодати имом Ҳусайн Паёмбари Худо (алайҳиссалом) фармуда буданд ва худашон низ ин рузҳо руза медоштанд.
Хулоса ин ёдоварии мо аз шаҳодати имом Ҳусайн ҳеҷ иртиботе ба рузҳои мотам ва аъзодории шиаҳо надорад. Он чи мо аз Ҳусайн (Худованд аз вай розӣ бод) зикр мекунем ба хотири он аст, ки ба ибораи Паёмбари Худо Ҳусайн порае аз ҷигари Расулуллоҳ (алайҳиссалом) мебошад. Ҳусайн фақат имоми шиаҳо нест. Муҳаббати Ҳусайн дар дили тамоми мусалмонон ба хотири он аст, ки Паёмбари Худо уро дуст медошт. Расули Худо (алайҳиссалом) фармудаанд: “Ҳасан ва Ҳусейн ду гули хушбуи ман дар ин дунё ва охират ҳастанд”. Ривояти ибни Умар (разияллоҳу анҳумо). Ривоятҳо дар мадҳу фазилати ин бузургвор дар манбаъҳои исломӣ хеле зиёданд.
Мавлоно Абдулҳай аз бузургони мазҳаби ҳанафӣ дар китоби машҳури худ “Маҷмуъатул-фатово” дар мавзуъи ёдбуди шаҳодати имом Ҳусайн гуфтааст: “Баёни воқеаи шаҳодати имом Ҳусайн ва гиристан бар он ба шарте, ки аз навҳа ва аз ақди маҷлис (роҳпаймоӣ), ки муҷиби ташаббуҳи равофиз аст, холӣ бошад, дуруст аст”.
Пас чуноне, ки дар боло зикр кардем маҷлиси мо аз навҳа, синазанӣ ва аз роҳпаймоӣ, холӣ буд. На дар рузи хосе яъне даҳуми моҳи муҳаррам, балки дар рузи ҷумъа шашуми моҳи муҳаррам зикр кардем, ҳамчуноне, ки дар моҳи рабиулаввал зикри таваллуд ё вафот беҳтарини башарият ҳазрати Паёмбарро (алайҳиссалом) ёдоварӣ мекунем. Худи мавлоно Абдулҳай дар хутбаи ҷумъаи моҳи муҳаррам қиссаи шаҳодати имом Ҳусайнро бо тафсил баён кардааст, ки дар китоби “Алхутабул-лакнавия” саҳ.7 омадааст. Пас ба фикри ин “ъулламо” мавлоно Абдулҳай низ шиа буданд?
Агар мо дар ин маъизаи худ Язидро лаънат карда бошем, пас бояд бигуям, ки аз назди худ чунин накардаем. Зеро бисёре аз гузаштагони мо, уламову солиҳин Язидро лаънат кардаанд. Ҳоло дар лаъни Язид бойгонии китобхонаҳои исломӣ беш аз муҷалладҳо китоб дорад. Аз ҷумлаи бузургоне, ки лаъни Язидро ҷоиз донистаанд, имом Аҳмади Ҳанбал (муассис ва имоми мазҳаби ҳанбалии аҳли суннат ва ҷамоат), Ибни Ҷавзӣ, аллома Тафтаззонии Самарқандӣ, ки яке аз уламои машҳури мазҳаби мост ва ибни Камоли ҳанафӣ ва ғайра сароҳатан Язидро лаън кардаанд ва ба ҷавози лаъни вай фатво додаанд.
Аз ҷумлаи Козӣ Абуяъло дар ин робита китобе навиштааст, ки дар он бо далелҳои зиёде лаъни Язидро ҷоиз донистааст. Аз тарафи дигар агар Язид дар байни мусулмонҳо маҳбубият медошт пас чаро ҳеҷ касе аз мусалмононии Тоҷикистону Афғонстон, Осиёи минаву Африқо, кишварҳои араб ёфт намешавад, ки фарзанди худро Язид ном гузошта бошад, ҳоло он, ки номи аксари саҳобагону тобиъини Паёмбари Худоро (алайҳиссалом) мардуми мусалмон табаррукан ба фарзандони худ мегузоранд.
Агар мо шиа мешудем ҳаргиз барои дифоъ аз асҳоби киром хусусан ҳазрати Умар дар радди шубаҳоти як шиа мақолае пур аз далелҳои ақлию нақлӣ наменавиштем. Ин мақоларо Эшони Маҳмудҷон бо мувофиқати мо зери унвони “ҳазрати Умар символи адолат ва адолатхоҳӣ” навиштааст?
Агар мо шиа мебудем барои радди “никоҳи мутъа ва ҳаром будани он” ва инчунин дар фазилати уммулмуъминин Оишаи сиддиқа (Худованд аз вай розӣ бод) мақолаҳо наменавиштем?
Агар мо шиа мешудем оиди шубаҳоти ҳазрати Усмон мақолаҳо наменавиштем. Шумо ҳамаи ин мақолаҳоро аз сомонаи мо (www.turajon.com) пайдо ва мутолиа карда метавонед.
Бале, мо пайравони мазҳаби ташайуъро аз ҷумла бародарони эрониро бародарони исломии худ медонем ва ба аҳкомҳои мазҳабии онҳо коре надорем ва ин ҳама ба хотири ваҳдати суфуфи муслимин аст. Ҳама ба хотири он аст, ки ин уммати заифшудаи ислом набояд имруз гиребони якдигарро бидарад ва ба якдигар душманию кинаварзӣ намояд. Ҳам аҳкоми шариати ислом ва ҳам ақли солим хилофи инро тақозо мекунад. Бояд ин уммат даст ба дасти ҳамдигар худро аз ин вартаи ҳалокатбор берун орад.
Вақте дар конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон бо даъвати доктор Вилоятӣ иштирок доштам, сароҳатан дар минбар аз уламои ташайюъ дархост кардам, ки фатвое содир кунанд, то дигар лаъни саҳоба ва азвоҷи мутаҳҳари Паёмбари Худо (алайҳиссалом) манъ карда шавад.
Пас бояд ба ҳамаи азизону дустон, кинатузону ҳангомаҷуён бигуям; Ман Эшони Нуруддин ҳаргиз дар гуфтани сухани ҳақ аз ҳеҷ касе ҷуз Худо ҳарос надоштам ва нахоҳам дошт. Сароҳатан мегуям, ки то ҷон дар бадан дорам сухани ҳақро хоҳам гуфт ва ҳеҷ чизе дар роҳи Аллоҳ монеаи ман шуда наметавонад. Ман ҳаргиз шиа набудам ва нестам. Чуноне, ки ҳаргиз салафӣ набудам ва нахоҳам буд.
Дар охир ҳаволаи ин ашхоси кинатуз ва иғвогарро ба Худо месупорам. Зеро ман бовар дорам, ки Худованд ҳаққи мазлумонро аз золимон дер ё зуд хоҳад ситонид.
Аз ҳамаи дустон, шогирдону бародарон, мухлисону муридон даъват мекунам, ки ваҳдат, оромиш ва амнияти кишварро ҳамчун мардумаки чашм эҳтиёт кунанд ва ба ҳеҷ дасиса дода нашаванд. Аз он, ки баъзе афроди манфиатдори идораҳои ҳукуматӣ дар ин иғво даст доштанд, ин маънои онро надорад, ки ҷаноби Президент аз ин кор хабар доранд. Ман умедвор ҳастам, ки ҷаноби Олӣ ин масъаларо баррасӣ мекунанд ва касоне, ки тарҳрези ин иғво буданд, муаррифӣ мешаванд.
Вассалому ало ман иттабаъал ҳудо.
Эшони Нуриддини Тураҷонзода
10.12.2011
Маводи мазкур, ки ба унвони сомонаи “Рӯзгор” аз номи Эшони Нуриддини Тӯраҷонзода ирсол шудааст, бе ягон тағйироту иловаҳо бидуни таҳрир ба хотири риояи гуногунандешӣ ба нашр расонда шуд.
Дар ин мавзӯъ:
Эроди Шӯрои уламо нисбат ба ташкилкунандагони Ошӯро дар Тоҷикистон
Тӯраҷонзодаҳо бори дигар дар саргаҳи иғво истодаанд…
Тӯраҷонзода иттиҳомоти Шӯрои уламо алайҳи хонаводаашро рад кард
Тӯраҷонзода Раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ мекашад
Боздиди намояндагони давлат аз масҷиди «Муҳаммадия»