САЙИДМУКАРРАМИ АБДУЛҚОДИР: “ҒОЛИБИ ОЗМУНРО САФАРИ ҲАҶҶИ ФАРЗӢ ИНТИЗОР АСТ!”
Бахшида ба бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Маркази исломии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Донишкадаи исломии Тоҷикистон рӯзҳои 18-19-уми июни соли 2011 озмуни ҳифз Қуръони каримро баргузор хоҳанд кард. Ба ин муносибат хабарнигори “Рӯзгор” бо раиси Маркази исломии Тоҷикистон, Сайидмукаррами Абдулқодир, мусоҳибае анҷом дод, ки ба шарҳи зайл сурат гирифт:
-Мусобиқае, ки қарор аст дар рӯзҳои 18-19-уми моҳи равон баргузор шавад, аз озмунҳои қуръонии солҳои гузашта бо чӣ фарқ мекунад?
-Фарқияти ин озмун дар онаст, ки озмунҳои солҳои гузаштаро Донишкадаи исломӣ бо ҳамроҳи Маркази исломии Тоҷикистон анҷом медод, аммо ин озмунро Маркази исломии Тоҷикитсон бо Донишкадаи исломӣ якҷоя, албатта, зери сарпарастӣ ва ташаббуси ҷаноби Олӣ Президенти кишвар, мегузаронанд. Як дигургуние, ки дар ин озмун ҳаст, мо хостем ҳамчун як ришта аз рӯи ҳифз, таҷвиду тиловати Қуръони карим, ҳамзамон аз рӯи рақами саҳифа ва рақами оят, яъне ин мусобиқа аз рӯи чунин шохисаҳо баргузор шавад, ки ин банд ва ё ин намуди мусобиқа дар солҳои собиқ вуҷуд надошт.
- Ин мусобиқаи муҳташами қуръонӣ дар куҷо баргузор хоҳад шуд, яъне ҷояш муайян шудааст ва барои чанд гурӯҳ аз ҳофизони Қуръони карим ихтисос дода шудааст?
- Ин озмун тайи ду соли ахир дар қасри равобити Пойтахт, дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, имсол низ мо талаб намудем, ки ин озмун дар ҳамин Қаср гузаронида шавад. Албатта, то ҳол ин масъала ҳал нашудааст, аммо мо дар талош ҳастем, ИншоалЛоҳ, умед дорем, чаро, ки ин озмун зери сарпарастӣ ва ташаббуси ҷаноби Олӣ, ки ҳаст, яъне бояд дар сатҳи баланд ва низ дар макони муносиб гузаронида шавад…
Тақрибан, сездаҳ сол боз мусобиқаҳои қуръонии мо бо ҳайъати оламии байналмилалии таҳфизи Қуръон гузаронида мешавад. Меҳмонон аз хориҷ даъват мешаванд. Яъне барои боз ҳам шаффоф гузаронида ин мусобиқаи қуръонӣ мо ҳакамони сатҳи байналмилалиро аз кишвари Арабистони Саъудӣ ва Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя даъват кардаем. Ҳамзамон меҳмонон аз Туркия ҳам, бо хоҳиши худашон, даъват шудагӣ ҳастанд ва ҳамчун иштирокчӣ ва бинанда дар ин мусобиқа ҳузур хоҳанд дошт.
Чаро, ки бачаҳои тоҷики мо вақте ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ рафта иштирок мекунанд, савту садо ва таҷвиду тиловати хеле баланд, ки доранд, дар аксар маврид ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Туркҳо мехоҳанд бубинад, дар воқеъ мо дар дохили Тоҷикистон мусобиқаи ҳифз ва қироати Қуръонро чи тавр мегузаронем, ки ҷавонони мо дар озмунҳои байналмилалӣ ба чунин натиҷаҳои хуб ноил мешаванд.
Шарҳи ҷузъи дигар суоли шумо чунин аст, ки ин озмун аз рӯи панҷ ришта баргузор хоҳад шуд:
1. Ҳифзи кулли Қуръони карим бо тиловату таҷвид ва бо донистани тафсири се пораи Қуръони карим бо забони арабӣ;
2. Ҳифзи кулли Қуръони карим бо тиловату таҷвид ва бо донистани рақами саҳифа ва рақами оят;
3. Ҳифзи кулли Қуръони карим;
4. Ҳифзи бист ҷузъи Қуръони карим;
5. Ҳифзи даҳ ҷузъи Қуръони карим бо риояи тартил ва таҷвид.
- Иштирокчиҳои асосии ин мусобиқаи қуръониро киҳо ташкил медиҳанд, оё танҳо онҳое, ки дар мадориси расмӣ Қуръони каримро ҳифз кардаанд ва ё ин, ки нафароне, ки дар ҷойҳои дигар, яъне мадориси ғайри расмӣ Қуръони каримро ҳифз кардаанд, низ ширкат карда метавонанд?
- Тайи сездаҳ сол, ки ин озмун баргузор мешавад, то ҳол чунин маҳдудияте вуҷуд надоштааст, ба вижа сар аз соли 2009, ки президенти кишварамон ин озмунро сарпарастӣ мекунад, чунин маҳдудияте вуҷуд надоштааст. Дар ин мусобиқа низ ҳеҷ маҳдудияте дида намешавад, ва то кунун беш аз 170 нафар аз фарзандони тоҷик, ки зери 25 сол доранд, барои рақобат кардан дар ҳифзу хушхонии Қуръони маҷид, номнавис шудаанд…
Албатта, мо дорем бисёр ҳофизони Қуръон,ки дар хона, яъне дар назди падару модар ё ин, ки дар назди бародари худ, Қуръони каримро ҳифз кардааст, аммо бисёр таҷриба ва маҳорату истеъдоди хуби тиловати Қуръонро доранд…бо ин вуҷуд мо маҳдудият гузоштанӣ нестем, чаро, ки мо расман то ба ҳол ягон мадрасаи махсуси таҳфизи Қуръоние надорем, мо танҳо кафедраи улуми исломӣ дар Донишкадаи исломӣ дорем, ки дар он ҷо ҳофизони Қуръонро қабул мекунанду на барои ҳифзи Қуръон шогирд мепазирад. Ба ин хотир қабл аз он, ки мо маҳдуд кунем, бояд кадом мадрасаи хосе дошта бошем, ба ҳамин хотир ҳеҷ маҳдудияте дар ин самт вуҷуд надорад.
- Ҷаноби Муфтӣ, ин мусобиқае, ки он қадар дар борааш пурҳайаҷон ҳарф мезанед, мегуфтед, ки оё худи ҷаноби Олӣ низ расман дар он иштирок хоҳанд кард, яъне дар оғоз ва ё анҷоми он, ба иборати дигар президенти кишварамон вақти ҷоизасупорӣ иштирок хоҳанд кард, то худашон шоҳ ҷоизаи ин мусобиқаро ба нафари аввали ин озмун бисупоранд ва ё хайр?
- Дар ду соли ахир, албатта иштирок карда натавониста буданд, корҳояшон зиёд аст, шояд аз ин сабаб. Ҳамоне, ки маблағ ҷудо мекунанд аз тарафи фонди худи Президент ва бо ташаббусу сарпарстии ҷаноби Олӣ ин мусобиқа баргузор мешавад, барои ҳофизони Қуръони карим ва хусусан барои ман ҳамчун муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин як ифтихор аст. Ман ин дастгириву ташаббускории ӯро дар чунин мусобиқа, ҳамчун ҳузур мешуморам.
- Дар бораи шоҳҷоизаи ин озмуни сартосарии кишвар мегуфтед? Ғолиби ин мусобиқаро чӣ интизор аст?
- Мо барои иштирокчиёни ин озмун, ба хусус онҳое, ки сазовори ҷойҳои намоён мешаванд, тӯҳфаҳои арзандаеро хоҳем супорид, вале, нафаре, ки сазовори ҷои аввал мешаваду шоҳҷоизаи ин озмун насибаш мегардад, тӯҳфааш аз ҷоизаи дигарон ба кулли фарқ мекунад. Ғолиб-соҳиби шоҳҷоизаро сафари ҳаҷҷи фарзӣ интизор аст.
-Муҳтарам Муфтӣ, барои чунин як сӯҳбати самимӣ арзи сипос менамоем!
- Ташаккур, ба шумо низ барори кор мехоҳам.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»