02:36:47 25-уми Майи 2025 сол

ИСЛОМСИТЕЗӢ БО РӮҲИЯИ ФАРҲАНГ ВА ТАМАДДУН ДАР ТАЗОД АСТ

Герат Вилдерз, раҳбари Ҳизби озодии Ҳоланд, ҳизбе, ки бо исломситезӣ шӯҳрат пайдо кардаасту мухолифи масҷиду манора ва рӯсарии бонувони мусалмон аст, шурӯъ аз 5 -уми декабр то дирӯз ба намояндагӣ аз ҳизбаш барои аввалин бор дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳузур дошт.

 

islamНомбурда қабл аз сафараш ба сарзаминҳои ишғолӣ дар мусоҳибае бо рӯзномаи ибрии «Ядеъут Аҳорнут» таъкид карда буд, ки Исроил ба намояндагӣ аз Аврупо бо арабҳо ва мусалмонон меҷангад. Виледрз шахсест, ки қабл аз интихоботи парлумонии Ҳоланд дар соли 2006 филми 14 дақиқаии зидди исломиро таълиф кард, ки он боиси нигаронии ҳукуматдорони Ҳоланд ва сотсиалистҳои кишвараш гардид. Ин филм боис шуд, ки муносибати мардуми Аврупо бо мусалмонони муқими ин қитъа сард гардад.

 

Ҳамзамон филми мазкур ба гунае сароғози фишор ва табъизи ошкоро алайҳи мусалмонони бӯмӣ ва муҳоҷирони мусалмон дар ин қитъа гардид ва пайомадҳои нохуши он ба кишварҳои осиёӣ низ соя фиканд.  Иддае аз коршиносон мӯътақиданд, ки яке аз омилҳои асосии шиддат гирифтани исломситезӣ дар ҷаҳон, ба хусус дар кишварҳои аврупоӣ ношӣ аз коҳиш ёфтани манофеъи ин кишварҳо аз ҷаҳони сеюм мебошад.

 

Чун замоне кишварҳои исломӣ зери як императур қарор доштанд ва раёсати он заъиф гардида буд, аврупоиҳо давлатҳои мусалмоннишинро ҳамчун мероси шахси мурда байни худ тақсим карданд ва аз манобеи онҳо ба нафъи Аврупо кор гирифтанд. Ҳоло бошад кишварҳои исломӣ аз ҷиҳати потенсиали зеҳнӣ ва қувваи корӣ қомати худро рост кардаанд ва аз хоби ғафлат бедор шудаанд. Табиист, ки дар ин ҳол, даромади софи аврупоиҳо аз ҳисоби кишварҳои исломӣ камтар шуд ва дар баробари ин мардуми худро ба ҷойи кори хуб ва талаботашонро дуруст таъмин карда наметавонанд. Ҳамчунин, кишварҳои исломӣ батадриҷ худкифо шудаву рӯз ба рӯз ниёзашон аз аврупоиҳо камтар мешавад.

 

Аз сӯи дигар, бо истифода аз чунин рафторҳои табъизомези кишварҳои аврупоӣ, ки чун намунаи давлатҳои демократию ҳуқуқбунёд барои кишварҳои ҷаҳони сеюм  шинохта шудаанд, кишварҳои мусалмоннишини осиёӣ низ ҷуръат пайдо кардаанд, ки дар мавридҳои муайян алайҳи мусалмонони муқими кишварҳояшон аз фишор ва табъиз кор бигиранд. Бо ҳамин далел аксар давлатмардони кишварҳои мусалмоннишин эътибори худро дар назди мардум гум карданд ва шаҳрвандон дар симои ҳукуматдорони худ афроди ғайрихудиеро мебинанд, ки онҳо бо фикр ва фармони дигарон кори давлатдориро пеш мебаранд.

 

 Ба гузориши «http:// rohama.org», бар асоси  назарсанҷии суратгирифта тавассути муассисаи аврупоии «Евроборуметр» 79 фоиз аз мусалмонони аврупоии ширкаткунанда дар ин назарсанҷӣ изҳор доштаанд, ки  то кунун ҳадди аққал як маротиба мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Дар муқобил фақат 12 дар сад гуфтаанд, ки эҳсоси табъиз накардаанд. Нозирон мӯътақиданд, афзоиши аҳзоби ростагарои зидди исломӣ ба вижа дар кишварҳои Ҳоланд, Олмон ва афзоиши ҳамалоти физикӣ ва каломӣ ба мусалмонон баёнгари шиддат гирифтани исломситезӣ дар Аврупо гардидааст.

 

Ин назарсанҷӣ ба равиши мусоҳибаи телефонӣ ва интернетӣ бо 4 хазор бузургсоли мусалмон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар октябри 2010 анҷом шуд. Дар Юнон низ аҳволи мусалмонон нисбат ба дигар кишварҳои аврупоӣ хубтар нест. Ин кишвар бо вуҷуди фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ доштанаш сахтгириашро нисбат ба мусалмонон то ҷое шиддат бахшидааст, ки ҳатто барои сохтумони як масҷид ва барои ба хок супоридани мурдаҳояшон низ маконеро ихтисос надодааст.

 

Хонум Ано Истому, масъули бахши равобити хориҷии Анҷумани мусалмонони Юнон, ки чанде пеш барандаи ҷоизаи Анҷумани мусалмонони Уврупо (CEDAR) гардида аст, дар иҷлосияи ин анҷуман дар Мадрид, гуфт: «Мутаасифона, таблиғоти ғарб бар теъдоде аз афроди тундрав дар Юнон низ бетаъсир набудааст ва ба ҳамин далел ҳам барои мусалмонони кишвараш ҳар гоҳе, ки хоҳанд музоҳамат ва мушикилотеро эҷод мекунанд».

 

Ӯ меафзояд: «Дар ҳоле, ки ҳазорон мусалмони юнонӣ ва ғайри юнонӣ дар шаҳри Отин  (Афина) зиндагӣ мекунанд ва ҷое барои адои фароизи мазҳабии худ  ва гӯристоне барои гӯронидани мурдаҳояшон надоранд, Отин танҳо пойтахти як кишвари аврупоӣ аст, ки фоқиди масҷид ва қабристони расмӣ барои мусалмонон аст. Бо ин вуҷуд, ман ба кишварам алоқаманд ҳастам ва бо юнонӣ буданам ифтихор мекунам, вале бо адами иҷозати сохт ва бинои масҷиде дар Юнонро  хилофи фарҳанг ва тамаддуни демократӣ дар Юнон медонам».

 

Ба гуфтаи ӯ, таърих  гувоҳ аст, ҳар ҷое табъиз доман паҳн кунад, сутуни давлатдорӣ ва фарҳанги сулҳомези мардумиро латма мезанад ва оқибати давлатмардон чун моҳи шаби чордаҳ рӯ ба завол мениҳад. 

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3916-2010-12-18-05-41-20.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 15.01.2011 02:38
moshoalloh
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ