МУБОРИЗАИ ИСЛОМ БАР ЗИДДИ ВИЧ\СПИД
ВИЧ\СПИД чигуна беморӣ аст?
ВИЧ - вируси норасоии масунияти бадан мебошад, ки низоми ҳимояи баданро халалдор мекунад ва онро аз мубориза бар зидди ҳаргуна бемориҳои сирояткунанда манъ мекунад. Вируси ВИЧ асосан дар моеъҳо, дар маҳбал, хун ва нутфа зиндагӣ мекунад ва бо воситаи хунгузаронӣ, алоқаи ҷинсӣ, истифодаи сўзандоруи бо ин вирус олудашуда ба ҷисми инсон мегузарад. Маҳз ҳамин вируси ВИЧ боиси сар задани бемории муъолиҷанашавандаи ҳалокаткунандаи хатарноки СПИД мегардад.
Бемории ВИЧ бо роҳҳои зерин ба ҷисми инсон роҳ меёбад:
Бо роҳи алоқаи ҷинсии бе никоҳ байни мард ва зан.
Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ байни ду мард.
Бо роҳи алоқаи ҷинсӣ байни ду зан.
Ба сабаби истифодаи сўзандоруе, ки олудаи вируси ВИЧ аст.
Ба воситаи гузаронидани хуне, ки дар таркиби он ВИЧ аст.
Ба воситаи пайваст намудани узвҳое, ки бо ВИЧ сироят шудаанд.
Ба воситаи ҳомиладоркунии сунъӣ бо нутфа ё тухмаке, ки бо ВИЧ сироят шудааст.
Бо роҳи иҷорадиҳии бачадони зан бачадоне, ки бо ВИЧ сироят шудааст.
Аз модари сироятшуда ба тифл ҳангоми ҳомиладорӣ ё шир маконидан.
СПИД – бемории норасоии масунияти бадан мебошад. Инсоне, ки ба ВИЧ сироят мешавад баъди чанд муддат ба бемории СПИД мубтало мегардад. Бемории СПИД муолиҷанашаванда мебошад ва табибони ҷаҳон то имрўз дар муолиҷаи он дар мондаанд.
Дини Ислом ва пешгирии бемориҳои даҳшатнок
Худованди бузург барои пешгирии бемориҳои даҳшатнок, мисли бемории ВИЧ\СПИД бандагонашро дар Қуръони маҷид дар сураи Исро ояти 32 ҳушдор медиҳад, ки аз фоҳишагӣ ба хусус аз зино парҳез намоянд. «Ва наздик нашавед ба зино, зеро зино беҳаёӣ ва роҳи бад аст».
Ҳамчунин Паямбар (с) қабл аз 1400 сол барои пешгирии ин гуна беморони муолиҷанашавандаи даҳшатнок тамоми умматашро ҳушдор дода гуфтааст:
Эй муҳоҷирон, панҷ хислат аст, ки вақте ба он гирифтор шавед, паноҳ меҷўям ба Худо аз ин ки гирифтор шавед ба ин хислатҳо: Фоҳишагӣ дар кадом қавме зоҳир гашта, ошкор кунанд онро ин амал боиси интишори вабо ва бемориҳои дардноке мегардад, ки дар гузаштагони онҳо набуд ва кам кардан аз тарозу ва паймона сабабгори қаҳтӣ, ранҷи сахт ва ҷаври султон бар онҳо мегардад, манъ кардани закот сабаби манъи борон аз осмон мегардад ва агар чорпоён намебуданд, борон намеборид. (Ривояти Абдуллоҳ ибни Умар)
Пас аз ин ояи Қуръонӣ ва ҳадиси набавӣ бармеояд, ки дини мубини Ислом барои пешгирии бемориҳои даҳшатнок ба хусус ВИЧ/ СПИД тамоми башариятро огоҳ намуда, чигуна аз ин бемориҳо наҷот ёфтанро муайян намудааст.Яке аз роҳҳои асосии пешгирии ВИЧ\СПИД ин дур будану парҳез кардан аз зино, яъне аз алоқаи ҷинсии бе никоҳ мебошад.
Ҳуқуқи сироятшудагони ВИЧ\СПИД аз дидгоҳи Ислом
Албатта на ҳама сироятшудагони ВИЧ\СПИД ба сабаби зино алоқаи ҷинсии бе никоҳ аст. Бавл, ки баъзеи онҳо ба роҳи хунгузаронӣ, истифодаи сўзандоруи олуда ба ин вирус ва дигар роҳҳо мубталои ин мараз мешаванд. Ислом ҳуқуқи тамоми беморонро ҳифзу ҳимоят мекунад.Ҳатто сироятшудагоне, ки ба сабаби зино, бе никоҳи исломӣ алоқаи ҷинси намуда мубталои ин вирус шудаанд ва баъд сидқан тавба намуда, аз кардаи хеш пушаймон шудаанд, ҳуқуқи онҳоро низ Ислом ҳимоя мекунад. Аз ҷумлаи ҳуқуқи ин беморон инҳо мебошанд:
1. Ба онҳо муъомилаи нек намудан
2. Онҳоро аз байни ҷомиа ва мардум ҷудо накардан.
3. Барои муолиҷаи онҳо кўмаки молӣ ва тиббӣ расонидан.
4.Тамоми ҳуқуқҳое, ки инсонҳои солим доранд онҳо низ аз ин ҳуқуқҳо бархурдоранд.
5. Онҳоро ба хотири ин беморӣ сарзанишу таҳдид кардан мумкин нест.
Паёмбар (с) дар ин мазмун фармудааст:
Раҳм кунед бар касе, ки дар замин аст, раҳм мекунад бар шумо он Зоте, ки дар осмон аст. Яъне шумо бандагони Худоро раҳму шафқат кунед, Худованд шуморо раҳм мекунад. Пас бояд мусулмонҳо бо ин беморон муомилаи неку хуб кунанд ва ҳуқуқи онҳоро риоя намоянд.
Оё истифодаи рифола инсонро аз сироятшудани ВИЧ нигоҳ медорад?
Мутаассифона баъзе ташкилотҳои мубориза бар зидди ВИЧ\СПИД дар байни мардум ба хусус ҷавонон ташвиқ менамоянд, ки агар онҳо дар вақти алоқаи ҷинси аз рифола истифода баранд, ба ВИЧ сироят намешаванд. Вале дар воқеъ аз нигоҳи илмӣ ва таҷрибаи донишмандон ин фикр ва ин гуна ташвиқотҳо хато аст. Профессор Разнатовский К.И аз донишгоҳи Санкт-Петербург ва доктор Баринова А.Н дар саҳифаи 53-и китобашон, «Алоқаи ҷинсӣ бемори венерикист» иброз намуданд, ки рифола сад дар сад кафолати сироят нашудан ба ВИЧ-ро надорад.
Зеро аксари рифолаҳое, ки истеҳсол мешаванд ба талабот ҷавобгў нестанд ва дар аксари қуттиҳои онҳо штрихкод вуҷуд надорад. Ҳамчунин сарвари бахши таҳлили тибби оилавӣ профессор О.Ю.Кузнесова дар китоби мазкур дар саҳифаи 53 ибрози ақида намудааст, ки тибқи таҳқиқоти илмӣ ва ташхисҳои тиббӣ 10% истифодабарандагони рифола ба ВИЧ мубтало шудаанд.Хулоса ягона роҳи наҷот аз ин беморӣ дур будан ва парҳез намудан аз зино, яъне алоқаи ҷинсии бе никоҳ аст.Пас ҷавонони мо хуб бидонанд, ки истифодаи рифола сад дар сад кафили амнияти саломатии онҳо намебошад ва аз фоҳишагӣ дур бошанд, то ба ин бемории даҳшатвори муолиҷанашаванда гирифтор нашаванд.
Бемории даҳшатвори муолиҷанашавандаи ВИЧ\СПИД аз сол 1991 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.Соли 2006 – 2007 дар Тоҷикистон беш аз 1000 нафарро бо ин беморӣ ба қайд гирифтанд. Соли 2007 дар 48 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Имрўзҳо ин беморӣ дар 153 давлати олам паҳн шудааст ва зиёда аз 40 милён нафар мубталои ин беморианд.
Маълумоти ба қайдгирии беморони ВИЧ\СПИД дар Тоҷикистон
Соли ба қайдгирӣ
1991 – 2 нафар
2000 – 7 нафар
2001 – 34 нафар
2002 – 32 нафар
2003 – 43 нафар
2004 – 198 нафар
2005 – 189 нафар
2006 – 204 нафар
2007 – 162-1000 нафар
2008 – 1340 нафар
Маълумотҳои мазкурро дар бораи бақайдгирии беморони ВИЧ\СПИД аз конфронси илмӣ-амалии «Пешгирӣ аз ВИЧ\СПИД» ки рўзи 12 –уми ноябри 2007 бо ташаббуси ҷамъияти «Гули сурх» баргузор гардид, ҷамъоварӣ шудааст. Ҳамчунин ин сарчашмаи баъзе маълумотҳо аз конфронсе, ки муассисаи «Назорати СПИД дар Осиёи Миёна» аз таърихи 20 то 22 юми майи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузоргардида ҷамъоварӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки ин рақамҳо танҳо шумори беморонест, ки ба қайд гирифта шудаанд. Аммо дар бораи бемороне, ки ба қайд гирифта нашудаанд ягон маълумоте нест. Ягона наҷот аз бемории ВИЧ\СПИД ин рўй овардан ба Ислом аст.
Манбаъ: «Рисолат»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3522-2010-11-07-16-03-30.html