02:44:02 25-уми Майи 2025 сол

МАРКАЗИ ТАҲФИЗИ ҚУРЪОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Нахустин Маркази ҷумҳуриявии таҳфизи Қуръон дар назди Маркази исломии Тоҷикистон таъсис шудааст, ки қасд дорад қуръономӯзони худро дар зарфи ду сол қории қуръон бикунад. Мудири иҷроияи Маркази таҳфизи қуръон Аловуддин Қосимов ба «ИмрӯзNews» хабар дод, ки ин Марказ дар чорчӯби Оиннома амал намуда, ҳадаф аз таъсиси он сарҷамъ намудани қориёни қуръон ва таблиғи фарҳанги қуръонию шеваҳои осони ҳифз кардани он аст.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин Марказ бо сармоягузории хайрхоҳони ватанӣ ва ҳаққуттаҳсили муҳассилин фаъолият хоҳад кард. Довталабон метавонанд баъд аз гирифтани шаҳодатномаи таҳсилоти ҳамагонии синфи 9 ва 11 ба Маркази таҳфизи Қуръон шомил шуда дар ду баст таҳсилоти худро идома диҳанд.

 

Таҳсил дар ин марказ аз рӯи усули шартномавӣ ба роҳ монда шудааст ва хоҳишмандон метавонанд шабонарӯзӣ дар он ба сар баранд. Илова бар қуръономӯзӣ дар ин тадрисгоҳ забону адабиёти тоҷик, алифбои ниёгон ва забони арабӣ низ тадрис хоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносон, то таъсиси Маркази таҳфизи қуръон дар назди қориёни шинохта ва рӯҳониёни кишвар дарсгоҳҳои алоҳидае низ амал карда истодаанд. 

 

Амруллоҳи Низом, “ИмрӯзNews”

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3005-2010-08-30-18-54-26.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ