НАЗАРИ МАНФӢ ДАР БОРАИ ИСЛОМ
Бано бар натиҷаи як назарсанҷӣ, ки дар Бритониё анҷом шудааст, аксари мардуми ин кишвар исломро бо ифротгароӣ ва саркӯби занон муртабит медонанд. Панҷоҳу ҳашт дарсад аз онҳое, ки ба саволоти назарсанҷии онлойнии Йу гов (You Gov), ширкати назарсанҷӣ дар заминаҳои мухталиф посух додаанд, гуфтаанд, ки вақте номи ислом ва мусалмонро мешунаванд, ифротгароӣ дар зеҳнашон тадоъӣ мешавад.
Ин дар ҳоле аст, ки 69 дарсад бар ин бовар будаанд, ки омӯзаҳои ислом пайравони ин динро тарғиб мекунад, занонро саркӯб кунанд. Дар ин назарсанҷӣ, ки ба суфориши "Бунёди Кенкош дар ислом" анҷом гирифтааст, 2 ҳазору 152 бузургсол ширкат доштаанд. Ин бунёд барои мубориза бо нигаришҳои манфӣ аз мусалмонон дар Бритониё дар истгоҳҳои қатор ва утубус дар саросари Ландан, пустарҳои таблиғотӣ задааст.
Морк Истон, дабири Би-би-сӣ дар умури дохилии Бритониё мегӯяд ин назарсанҷӣ, ки моҳи гузашта анҷом гирифт, тасвире манфӣ аз нигариши бритониёиҳо нисбат ба ислом тарсим кардааст. Яке аз саволоте, ки дар ин назарсанҷии Йу Гов аз ширкаткунандагон шудааст, ин буда: "Оё мусалмонон таъсире мусбат дар ҷомеъаи бритониёӣ доштаанд?" 40 дарсад ба ин савол посухи манфӣ додаанд.
Дар ҳоле ки ниме аз ин посухдиҳандагон исломро бо иқдомоти терруристӣ муртабит донистаанд, фақат сездаҳ дарсад муътақид будаанд, ислом дини сулҳ аст ва шаш дарсад ҳам онро дине одил тавсиф кардаанд. Ҳудуди 60 дарсад изъон кардаанд, иттилоъи чандоне дар бораи ислом надоранд, аммо як саввум гуфтаанд алоқаманд ҳастанд, огоҳии бештаре дар бораи ин дин пайдо кунанд.
Натиҷаи ин назарсанҷӣ дар ҳоле мунташир шудааст, ки кишварҳои урупоӣ саргарми баҳс ва баррасии ҷойгоҳи ислом дар ҷомеъаи ғарбӣ ҳастанд.
Масъулияти иҷтимоъӢ
Аъзои "Бунёди Кенкош дар ислом" умедворанд назароти манфӣ дар мавриди исломро тағйир диҳанд ва барои ин кор тарҳеро роҳандозӣ кардаанд бо унвони "Илҳомгирифта аз Муҳаммад". Барои иҷрои ин тарҳ пустарҳои чоп ва дар маркази шаҳри Ландан насб шудааст, ки нишон медиҳад мусалмонон ҳирфаҳои тахассусии мухталиф доранд.
Ин пустарҳо ҳамчунин ҳовии паёмҳое аст, ки таъкид мекунад мусалмонон тавонистаанд суннани мазҳабии худро бо ҳуқуқи башари имрӯзӣ ва масъулиятҳои иҷтимоъӣ мутавозин кунанд. Рамона Алӣ, раиси таблиғоти Бунёди Кенкош дар ислом гуфт бисёре аз мусалмонон дар мавриди нигоҳи мародуми ҷомеъа ба роҳу равиши динашон нигаронанд.
Хонуми Алӣ гуфт: "Мо мехоҳем боъис шавем мусалмонони Бритониё ва саҳме, ки дар ҷомеъа доранд, беҳтар дарк шаванд. Мо ифтихор мекунем, ки мусалмонон ва дар айни ҳол бритониёӣ ҳастем. Сухангӯи бунёди Киллиам, созмони таҳқиқотии мубориза бо ифротгароӣ аз ҳаракати гурӯҳии ин бунёд истиқбол ва онро "гоме бамавқеъ барои кумак ба беҳбуди равобит" тавсиф кард.
Ин созмон ҳамчунин гуфт иқдоми ин бунёд боъис мешавад, дарки амиқтаре миёни шаҳрвандони бритониёӣ ба вуҷуд ояд. Сухангӯи бунёди Киллиам гуфт: "Ин ибтикор ҳамчунин ба мусалмонони бритониёӣ кумак мекунад паёмбари исломро ба унвони роҳнамои сулҳ муҷиби раҳмат ва адолат дар иҷтимоъ, аз касоне ки ба дунболи таҳрифи омӯзаҳои ӯ ҳастанд, тафкик кунанд."
Бо ин ҳол Кристофер Ландау, гузоришгари Би-би-сӣ дар умури мазҳабӣ мегӯяд мамнуъ шудани сохти манора барои масоҷиди кишвари Суис ва вазъи маҳдудият барои пӯшидани рӯбанда тавассути занони мусалмон дар Фаронса ва Белжик нишон медиҳад урупоиҳо барои интибоқ бо ҳузури ақаллияти мусалмон дар ҷавомеъи худ тақалло мекунанд.
Ба гуфтаи гузоришгари Би-би-сӣ мусалмонони бритониёӣ мусаммам ҳастанд он чи иҷтимоъ дар бораи онҳо тасаввур мекунадро беҳбуд бубахшанд, аммо дар ин талош бо мавонеъи бузурге мувоҷеҳанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/2441-2010-06-08-05-53-12.html