12:51:55 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ДАСТАИ МУНТАХАБИ ИСПАНИЯ ҚАҲРАМОНИ ҶОМИ АВРУПО - 2012

Чуноне, ки мухлисони гиромӣ медонанд, дирӯз дар варзишгоҳи «Олимпик»-и шаҳри Киеви давлати Укроин охирон бозӣ, яъне финали сабқати Ҷоми Аврупо 2012 баргузор гардид, ки дар он дастаи мунтахаби Испания бо ҳисоби 4:0 дастаи мунтахаби Италияро шикаст дода, қаҳрамони сабқати Ҷоми Аврупо - 2012 гардид.

/images/stories/2012/07/02_chempion-020712.jpgЁдовар мешавем, ин дуюмин бозии онҳо дар ин сабқати Ҷоми Аврупо - 2012 буд. Аввалин рақобат байни ин ду даста, дар бозии гурӯҳӣ буд, ки бо ҳисоби 1:1 муосвӣ анҷом ёфта буд. Дастаи мунтахаби Испания аввалин дастае мебошад, ки номи худро дар таърихи футбол бо гирифтани се унвони пайдарпай сабт кардааст.

Аввалин бор онҳо соли 2008 қаҳрамони Ҷоми Аврупо, соли 2010 Қаҳрамони Ҷахон ва инак соли 2012 қаҳрамони Ҷоми Аврупо - 2012 гардиданд. Пеш аз ин ба ягон даста чунин дастовард муяйсар нагардидааст.

Барои тамошои финал ба шаҳри Киев як қаттор шахсони олимақоми ҷаҳон аз давлатҳои ба монанди Испания, Италия, Армения, Грузия, Белоруссия, Молдавия, Полша, Тоҷикистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва ғайра ширкат доштанд.

Акнун дар пеш сабқати Ҷоми Ҷахон - 2014-ро интизор мешавем, ки дар давлати Бразилия баргузор мегардад. Кӣ дар он пирӯз мегардад, вақт нишон медиҳад.

Сӯҳроби Бохтарӣ, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi