13:02:47 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

Вазорат: Тоҷикистон 14000 танфурӯш ва 30000 ҳамҷинсгаро надорад Иҷтимоъ 18.05.2015 21:33 1142
Як мақоми баландпояи Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилои Бунёди ҷаҳонии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷаро дар бораи теъдоди танфурӯшону ҳамҷинсгароёни тоҷик "тахминӣ ва бепоя" хонд.
22 сол ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон барои қатли корфармо Хабар 18.05.2015 21:31 965
Иззатулло Неъматов, ки барои куштори Владимир Фукалов ва ёвараш - Димтрий Болшаков 22 сол зиндонӣ шуд, гуфтааст, дар ин ҷиноят даст надорад ва фақат таҳти фишор айбро ба гардан гирифтааст.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи "иҷозатнома"-и ришу ҳиҷоб Иҷтимоъ 18.05.2015 21:30 1163
Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи омода ва паҳн кардани иҷозатномаи қалбакӣ аз номи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар бораи доштани ришу ҳиҷоб парванда боз кардааст.
Ҳалокати чор сокини Бадахшон дар роҳ ба ҷанозаи модарашон Хабар 18.05.2015 21:28 838
Се узви як хонавода ҳамроҳ бо ронандаи "Ниссан", ки барои азогирӣ дар марги модарашон аз Душанбе ба Рӯшон мерафтанд, дар пайи ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошин ҳалок шудаанд.
Размоиши низомӣ дар марз аз Хатлон то Бадахшон Иҷтимоъ 18.05.2015 21:23 1412
Марҳилаи аввали размоиши низомии кишварҳои узви СПАД дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон, ки аз ноҳияи марзии Шаҳритуси Хатлон то Дарвози Бадахшонро фаро гирифт, поён ёфт.
Осиёи Марказӣ бе раҳбарони "дарозумр"-аш чӣ ҳол хоҳад дошт? Сиёсат 18.05.2015 21:16 1048
Ояндаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа камтар мавриди гуфтугӯст, аммо дар хориҷа ҳарчӣ бештар чаҳор фарзияи интиқоли қудрат аз дасти раҳбарони дарозумри ин давлатҳо баррасӣ мешавад.
Нархи имсолаи сафари Ҳаҷ чӣ қадар аст? Иҷтимоъ 18.05.2015 21:15 1430
Имсол аз Тоҷикистон 6300 тан ба зиёрати Каъба хоҳанд рафт. Аммо то кунун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар дар пайи боло рафтани қурби доллар маълум накардааст, нархи "роҳхат" ба Хонаи Худо чӣқадар меистад?
Қурби доллар дар Узбакистон ба 5000 сӯм расид Равзана ба ҷахон 18.05.2015 21:13 1155
Қурби доллари амрикоӣ дар бозори сиёҳи асъори Узбакистон дар поёни ҳафтаи гузашта барои нахустин бор ба 5000 сӯм расид.
Ба шарти ислоҳи "Барқи Тоҷик" ба CASA-1000 пул меояд Иҷтимоъ 15.05.2015 23:45 1146
Тоҷикистон ризоият дод, ки барои дарёфти сармояҳои Банки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) дар иҷрои тарҳи машҳури “CASA 1000” ба дар ширкати «Барқи Тоҷик» ислоҳот гузаронад.
САҲА парда аз рӯи "иқтисоди пинҳон"-и Тоҷикистон бардоштанист Иқтисод 15.05.2015 23:43 1270
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мехоҳад, ки иқтисоди пасипардагии Тоҷикистонро ҳисоб ва барои ҷилавгирӣ аз он ба ҳукумати кишвар пешниҳодҳояшро ироа кунад.