Хазина аз
Cабоҳат Қосимова: "Агар сарҷамъ шуда, дасти Фаррухро мегирифтем, шояд ӯ умри зиёд медид"
Адабиёт ва фарҳанг
24.02.2014 12:32
1301
Театри "Аҳорун" соли 1990-ум дар заминаи театр-студияи таҷрибавии Фаррухи Қосим, дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Рӯзи 30-юми январи ҳамон сол нахустин намоиши ин театр "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон" Гран-Прии нахустин Ҷашнвораи театрҳои тамошобини ҷавони Осиёи Марказиро ба худ касб карда ...
Юсуфҷон Аҳмадзода: "Дар ҷодаи адабиёт намехоҳам, ки аутсайдер бошам"
Адабиёт ва фарҳанг
24.02.2014 12:28
2028
Чун гирифтам, китоби шоири халқӣ Юсуф Вафо буд, ки шеърҳои равону часпонаш дилбастагии маро ба давоту қалам ноаён, ҳамвора-ҳамвора меафзуд. Қариб комилан аз бар карда будам ва миёни шарикдарсонам бисёр мехондам, хосса, шеъри "Имшаб то рӯз дар хона, Шуд ҷанги рустамона"-ро, ки аксари хонандагонро шоиқу шойдо мекард.
Адибаҳо чӣ ҳол доред?
Адабиёт ва фарҳанг
24.02.2014 12:25
1351
Ҳарчанд зан дар киёси мард ҳеҷ асари фавқуллодаю ҷовидона наофарида бошад ҳам, аммо амалеро анҷом додааст, ки бузургтару муҳимтар аз ҳама ин аст, яъне инсон офаридаву модари кулли ҳамосасароёну шоҳноманависони дунёст. В-агардасти меҳрубону навозишгари модар намебуд, магар марде метавонист, ҳамоса офарад ва ё Шаҳнома эҷод намояд?
Ҳаҷвнигорон зиёданд, вале мо ба ҳаҷви Убайдулло Раҷаб ниёз дорем
Аз ҳар мавзуъ
24.02.2014 12:21
1460
Ман баъди Убайдулло Раҷабов дигар саҳнаи касбии ҳаҷвро дар Тоҷикистон намешиносам. Ҳамаи он чӣ мо аз тариқи телевизион мебинем, дар пояи ҳаҷви Убайдулло нестанд. Вале то ҷое муваффақҳо низ, мисли "Лаҳзаҳои гуворо" ва Аловиддин ҳастанд.
Қатрае аз баҳр
Аз ҳар мавзуъ
24.02.2014 12:15
3440
Пеш аз ҳама ба мураттибони силсилаи "100 фарди маъруф" Ёр Муҳаммад ва Ҷамил Валиев барои тартиб додани ин кори муҳиму масъулиятнок ва хеле заҳматталаб комёбӣ орзумандам. Бисёр мехостам,ки аввал ақидаи дигаронро фаҳмида баъд фикри хешро баён намоям.
Парвози баланд
Аз ҳар мавзуъ
24.02.2014 12:07
1474
Дар китоби бузурги таърихи кишвар,оғози фаъолияти авиатсияи граждании Тоҷикистон 3-сентяри соли 1924 сабт гардидааст.Яъне,аввалин парвоз тавассути ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) аз Бухоро ба Душанбе дар ҳайати сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев маҳз дар ҳамин рӯз сурат гирифт ва он дар таърих ҳамчун рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон боқӣ монд.
Пурсишеву посухе: Нишонаҳои нашъамандии наврасон кадомҳоянд?
Аз ҳар мавзуъ
24.02.2014 12:03
1356
Чанд вақт инҷониб дар вуҷуди фарзанди худ тағйироте эҳсос мекунам, ки метарсам нашъаманд нашуда бошад. Бисёр мехостам нишонаҳои нашъаманд шудани наврасонро бидонам.
Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – IX
Таърих
24.02.2014 11:55
1556
Ҷамолиддин ба модар бо чашмони пурҳайрат менигарист. Ба назараш чунин менамуд, ки ӯро бори аввал мебинад. Баногоҳ овони ҷавониву зебоии модар ба ёдаш омад. Дар бачагиаш модар ба ӯ ана ҳамин хел нончаҳо мехӯронд. Дар сари гаҳвораи аспакмонанд нишаста, ба ӯ суруди навҷавонеро, ки шири шер хӯрда, калон шудааст, мехонд. ....