18:44:39 22-уми Ноябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Юсуфҷон Аҳмадзода: "Дар ҷодаи адабиёт намехоҳам, ки аутсайдер бошам"

Юсуфҷон Аҳмадзода соли 1947-ум дар ноҳияи Конибодом ба дунё омада, соли 1965-ум ба Донишгоҳи милли Тоҷикистон дохил мешавад ва баробари таҳсил нахуст дар нашриёти "Ирфон", баъдтар дар нашриёти "Адиб" то соли 2010  кор мекунад.

yousufjon-ahmadzoda 44445 Юсуфҷон Аҳмадзода аз оғоз барои кӯдакону калонсолон асарҳо офарида, даҳҳо маҷмӯаву достон ва қиссаву афсонаҳои хуберо  бо номи "Хурсандӣ", "Ҳулбӯ", "Садсола шав-е, Дурроҷ!", "Панҷоҳ барг", "Оинаи дидор",  "Модарбузург ва Азроил", "Абри сафед", "Мӯрчае дона ёфт", "Хумори ишқ", "Наҷвои хӯшаҳо", "Ҳафт рӯъё" ва "Ишқи духтари кулаҳпӯш"-ро ба нашр расонидааст. Ҳамчунин асарҳои адибони маъруфи ҷаҳон Бародарон Гримм, Андерсен, Ҳауфф, К. Чуковский, С. Маршак, С. Михалков, П. Мӯъмин, Агня Барто, Витаутас Бубнис, Арво Валтон, Л. Тудев ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Юсуфҷон Аҳмадзода, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон дар перомуни фаъолияти эҷодии ӯ ва умуман вазъи адабиёт дар кишвар суҳбате анҷом дод, ки онро пешниҳоди Шумо менамоем.

-Устод, орзуи Шумо аз нахуст шеъру шоирӣ буд ё…?

- На! Балки шофирӣ. Вақте падарам баъд аз кор меомаданд, ҳамаро бӯйи бензини мошин мегирифт, ки бароям гуворотар аз атр буд. Оре, ҳамчунон ишқу ҳавасе маро муставлӣ мешуд, ки пинҳон аз падар, дар ҳоле ки поям ба газу торомози мошин намерасид, бо як илоҷе дар кӯчаҳои хилвату саҳрои васеъи назди ҳавлиамон мошин мерондам. Роҳате аҷибу кайфияте наҷиб бар ман меомад, ғуруре ҳувайдоям мешуд, хоса, миёни духтару духтарчаҳои ҳамсоя, ки бо як ҳавас, бо нигоҳҳои пур аз меҳр мутаваҷҷеҳ мешуданд

- Пас, чӣ гуна даст ба шеъру шоирӣ задед?

- Тасодуфан! Айёми пахтачинӣ буд, ки садое баланд шуд:

- Ҳа, Юсуф-шоир! Монда набошӣ?..

Ин овози акои Усмонҷон буд. Дар синфи даҳ таҳсил мекард. Ман дар ҷавоби ӯ бо қаҳр гуфтам:

- Мебахшед, худатон шоир, ако.

Усмонҷон хандида, китобчаеро нишонам дод, ки рӯйи муқовааш Юсуф навишта шуда буд. Аммо ҳуруфи боқиро бо кафи даст ниҳон медошт, ки лаҳзае пас малеҳ хандиду ба дастам дод:

-Хон, шояд шоир шавӣ

Чун гирифтам, китоби шоири халқӣ Юсуф Вафо буд, ки шеърҳои равону часпонаш дилбастагии маро ба давоту қалам ноаён, ҳамвора-ҳамвора меафзуд. Қариб комилан аз бар карда будам ва миёни шарикдарсонам бисёр мехондам, хосса, шеъри "Имшаб то рӯз дар хона, Шуд ҷанги рустамона"-ро, ки аксари хонандагонро шоиқу шойдо мекард.

-Аслан шоирон аз нахустшеъри худ хотироти ширин доранд. Шояд шумо ҳам қиссаи шеъри аввалинатонро ба хонандагони мо ҳикоя кунед…

-Ин ҳам, айни пахтачинӣ, охирҳои тирамоҳрӯя буд, ки саҳаргоҳон сардтар ҳамеомад, ҳаво низ то офтобзард меғолуду дилгиркунанда мешуд. Табиист, ки дасту дили кас чандон ба кор намерафт. Аксарро зуком мегирифту бинӣ мекашиданд, яке офтоб рух менамуду ба шавқ шеър гуфтаву суруд хонда корро оғоз мебахшидем. Ҳамчунин ҳавову ҳоле буд рӯзе, ки яке аз бачаҳо гуфт, ки шеъри зиёде медониву мехонӣ, аммо чаро шеъре гуфтан наметавонӣ? Ҳамоно гуфтам, ки:

-Чаро натавонам?

Гуфт:

-Ку, бигӯ!

Лаҳзае дар замирам аз гуфта пушаймон шуда, ба атроф назар афкандам ва нахуст гармию нармии офтобро эҳсос карда, гуфтам:

-Офтоб баромад,

Ҷонам даромад…

Ва рафиқеро, ки зукомаш гирифтаву сахт-сахт бинӣ мекашид ва якранг танбалнамое ҳам буд, ки ишорат кардаму "шеърро" идома додам:

-Танбали ношуд

Оби бинӣ шуд.

Ҳама якҷо хандидаву офаринам хонданд, аммо он рафиқ кина ба дил гирифт, ҳамчунон сахте, ки то ҳанӯзам боқист! Ин нахуст мухолафате бар ману бар эҷоди ман буд, ки тӯли ин ҳама умр "дӯсти" бебадали ман, ғуссаафрӯзи чароғи шодмониям шуд ва бисёр вақт занҷире гаронтар аз пӯлод ба дасту поям мезанад; чунон ки аз нашри шеъри нахустинам - "Додохурӯси самбист".

- Шеъре ба ном аҷиб, устод. Чарои ин гуна ном гирифта бошад?  

- Ибтидои солҳои донишҷӯиям тоза ду шеъраке навиштам. Яке аз он ҳамин "Додохурӯси самбист" буд. Ниҳоят ҷураъате ба худ пайдо намуда, ба рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон", айни ҳол "Анбоз" бурдам. Вақте ворид шуда гуфтам, ки шеъре овардаам, яке ба шахсе хушлибосу хушбархӯрде ишорат фармуд, ки ғарқа ба кор  буд. Маро диду бархост ва ба саломи ман даст бидод ва фаармуд, ки ба курсие биншинам, чун дар шафати ӯ буд. Вақте нишастам, худро шинос намуд: Алӣ Бобоҷон ва дар пиёлае чой рехта, сӯям дароз кард. Вақте дастларзон, бо дили тапонтапон чой менӯшидам, шеърро дар як он аз назар гузаронида, ба садое баланд ба дигарон ҳам қироат намуд:

-Медонед, номи ӯ чист?

Додохурӯси самбист.

Дода мушташро нишон,

Мегӯяд: -Ман паҳлавон!

Ҳафтае пас шарикдарсонам маро табрик мекарданд бар ин нахустшеъре, ки аз шодияш дар курта намегунҷидам. Аммо ин шодӣ низ ҳамчунон дуд аз димоғам даркашид. Чун ба таътили донишгоҳӣ расидем, ба зодгоҳам омада, болои ҷашни арӯсии ҳамсинфам шудам, ки айни тафсотафси рақсу бозӣ нафаре маро берун баровард ва миёни даврае даровард, ки таҳамтанамое аз гиребонам бигирифт ва бидуни пурсу посух муште гарон бехи гарданам фуровард.

Ин ҳол чанде аз ҳамсинфон даррасиданду сахт пархоше бархост, то аз куҷое амаки Ҷаббормилиса наёмад ва ҳуштаки хеш дарнакашид, парокандагӣ оғоз наёфт. Ниҳоят дар рӯшаноӣ хуне дар гардану пешонӣ дидам, ки аз фарқам мезаҳид ва чоки ин доғ ҳанӯз ҳам боқист чун вақти тарошидани мӯй ҳар дафъа буруз хоҳад кард. Он ҳама, ки дар қасос афтода будаанд, Додо ном доштаанд. Чун баъди чопи ин шеър мардум онҳоро "Додохурӯси самбист" гӯён, мазоҳ мекардаанд. Валекин бо ин гуна ато маро боз ҷазое низ ҷазилтар дар пеш будаааст…

-Гумон мекунам дар ин бобат дар қиссаи "Раъдубарқи тирамоҳ"-и Шумо ҳам ишораҳо рафта…

-Оре. Чун ин қисса дар китоби "Садсола шав-е, Дурроҷ!" ба чоп расид, чӣ шӯру шараре бархост миёни мардуми зодгоҳам ва чанд ноҳияи ҳамҷавор, ки дар ниҳояте собиқ котиби аввали ҳизби ноҳия, ки чордаҳ соли тамом ҳалқро зери тозёнаи сиёсати сахти худ, ба тарзу тариқати худ кор мефармуд, қиёмате барпо намуд. Зеро сурату симои қаҳрамони асосии он - Қаро Бӯриро бар худ нисбат дода, се соли расо бандаро ба суду судбозиҳои беасос дармекашид. Аммо китобро хонандагонаш талаву талош карда, аз Хуҷанду Хатлон харида мебурданд. Нашриётро нома навишта, чопи такрории онро талаб менамуданд. Ҳарчанд ки парвандаро қатъ карда, корро ба фоидаи ман ҳал карда бошанд ҳам, неши тӯҳмату бӯҳтонҳои беасоси ин "қаҳрамон" ҳанӯз ҳам дар пайи озори мананд…

-Шояд аз ин хотир аст, ки вожаи "тӯҳмат" дар ашъори Шумо ба қадре назаррас кор фармуда шуда, хосса, дар ғазалҳоятон, ҳоло ки дар дигар шоириони муосири мо қариб, ки дида намешавад…

- Шумо, шояд, ҳамон ғазали:

Сад шикаст афтад агар дар кори ман,

Ҷуз худам ҳаргиз набошад ёри ман.

Дар ду олам ҳич кас ҳаргиз кашид

Бори ман, ғайр аз тани афгори ман?..

Ё касе ҳамроҳи манн дар гӯр шуд,

То кашад аз неши кирм озори ман.

Худ шудам дар зиндагӣ хуршеди худ,

Худ шудам маҳтоби шоми тори ман…

Худ шудам дар ҳусн ҳам Юсуфи худ,

Тӯҳмате шуд дар ҷаҳон бозори ман.

Пок гаштам аз замири худ чу субҳ,

Чеҳра шуд оинаи дидори ман-ро дар назар дошта бошед, ки дуруст аст. Ин ишоратест на танҳо ба худи худам, балки ба дигар тӯҳматхӯрдаҳои бечора низ, хоса, ба Ҳазарати Юсуфи таърихӣ

- Дирӯз дар Иттифоқи нависандагон, дар ҷашни 90-солагии устод Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ зимни як хотира, ранҷу азоби солҳои авали донишҷуӣ ва дасту дастгирии шодравонро ҳикояте аҷиб кардед, ки хеле мутаассир намуд. Гумонам, ҷоиз аст, ки барои хонандагони азизи рӯзнома дубора ҳикояташ мекардед.

-Устод Қаҳҳорӣ турфа шоиреву содадил инсоне буданд. Ба ҳар тарзу тариқе, ки бошад, некӣ мекарданд фақат, ҳатто, гоҳо маҷбуран бо дурӯғе маслиҳатомез низ, чунон ки ҳангоми вохӯрии нахуст эҳсос карда будам. Ман он вақтҳо бо сад умеду орзу ба донишгоҳи пойтахт омада, магар аз бепуштупаноҳӣ ҳам буд, ки на танҳо ба шӯъбаи шарқшиносӣ, балки ба шӯъбаи  рӯзонаи забону адабиёт ҳам шарафёб нашудам, сад шукр, ҷуз шӯбаи шабонааш. Он замонҳо аз имтиҳон афтодаву ба деҳ вогаштани  толибилмон бузург нанге буд! 

Ба моҳе мӯҳлат доданд, то ҷои кор ёбем, дар қайдаш истем ва ҳуҷҷате барояш биёварем. Ҷуз корхонаи хишт ҷое наёфтему ба кор пардохтем. Аз чанде рафиқ ду-се нафар деҳотӣ мондем: дошт наёварданд. Зеро баъди коре сангин шомгоҳон шурӯъ ба дарс мекардем, ки дасту панҷаҳои кӯфта беист меларзиданд. Қаламу коғаз аз даст меафтод. Чун рӯзи тамом аз тасмачарҳои гардон хиштҳои сахту дурушт баргирифта, бе як лаҳза ист ба аробачаҳо бор мекардем. Рӯзе шарикдарсам Ҷӯра Ҳошимӣ хушхабаре бар ман овард, ки дар шӯъбаи мусаҳҳеҳон, дар интишороти овозадори "Ирфон" барои як саҳифахон ҷое маҳфуз аст. Агар гурдаву ҷигар дорӣ, зуд бош! Зуд низ рафтам! Аз имтиҳони мудирияташ гузаштам. Пеши раис бурданд, ки устод Қаҳҳорӣ будаанд. Шинос шуданд.

Аз мактабу муллиму деҳа хуб гап гирифтанд, дар интиҳо бо як хоҳиш рӯ ба ман оварда, гуфтанд, ки ҳозир Сорбон ба ҳоҷате бозмеояд, ба таъмири мошини наваш, ки дӣ дучор бар садама шудааш, ҷиҳати пули ваъдагӣ. Лек хазинадор бидуни иҷозаи ман онро сарф кардааст. Чун дидӣ, ки пеши ту сахт танбеҳу танқид кардам, тасдиқ хоҳӣ кард, то ки Сорбон боварам кунад. Мабодо, ки беҳуда хафа ҳам шавад ӯ?! Лаҳзае карахт шудам: чун устод Сорбонро надида будам, аммо бисёр мехондам. Дар ҳоле ки салобату маъруфияташ пахшам мекард, даллолиро бар худ раво надидам, ниҳоят наҷво кардам: "Бигзор, ки ба кор ҳам нагиред… лекин наметавонам". Бе ҳич ҳарф, танҳо бо ишораи сар иҷоза фармуданд, ки хориҷ шудам. "Дигар тамом, албатта! Таммом!!." - дар интизори фармон аз дил мегузаронидам, -

Ба кор қабул нахоҳам шуд! Боз ҳамон заводи хишт… дастларзону панҷаларзон!" Ин дам фаромонро оварданд, ки қабул шудаам! Бо як имзои устоди сапеддилу бекина, инак, беш аз чилу ҳафт соли тамом аст, дар тадвин ва таҳрири адибони мозию муосир нақши қалам мегузорам. Аз як саҳифахони одӣ, дар ин мурур то ба муовини раиси нашриёт баргузида шудам, ба аҳди роҳатзо, яъне, нафақа низ бирасидам ва ҳанӯз ҳам ба масобаи мушовире рафта меоям…               

-Медонем, дар ин мурур китобу асарҳои зиёде ба нашр расонидаед, дастбурде аз назму наср ҳам доред: ҳамвора ҳам барои калонсолон, ҳам барои атфолу наврасон эҷод мекунед. Магар ин заҳамтҳо тоқатшикан нестанд?

-Албатта! Ҳама корҳои ҳалол тоқатшикананд. Чун ҳалол раҳмат ораду ҳаром лаънат! Пас, кори нависандагӣ ҳам шуғле ҳалол аст. Пайваста ранҷу азоби шабонрӯзӣ мехоҳанд. В-арна, ҳама шоиру нависанда мешуданд.

- Оре, мусаллам, устод. Чун оғози эҷоди Шумо аз назму насри кӯдак ибтидо гирифтаву то имрӯз ҳам ин ҷодаро идома медиҳед, дар бораи кӯдакони имрӯзи мо чӣ гуфта метавонед?

- Фақат сухани хуб. Чун онҳо беолоишу бегуноҳанд. Нуре аз қудсиёнанд. Ояндаи замону идомабахши гузаштагонанд. Аз ин лоҳоз, хоҳем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун миллате устувору пурифтихор буруз намоем, такя ба фарҳанги гузашта кардаву даст партофта нашинем, нахуст худи мо бояд тафаккури худро аз худи ҳозир ҳамоно тағйир бидиҳем ва аз пайи тарбияи онҳо бикӯшем ва таваҷҷӯҳе амиқ зоҳир намоем! Чун садаи бистуяк садаи сабқати тафаккур ва уруҷи иқтисод хоҳад буд! Пас, кӯдаконро бештару беҳтар ба таълиму тарбияти улуми дақиқ тавъам бо ҷалби адабу адабиёт фаро бигрифт. Чун илм комил бошаду олӣ, аммо хазинаи адаб холӣ, ба ҳич ваҷҳ зиндагии осударо набояд интизор шуд! Адабиёт намаки зиндагонист!..

(давом дорад)

Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi