04:54:55 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қиссаҳои таърихӣ аз рӯзгори Имом Шомил – IX

Расул Ғамзатов, шоири халқии Доғистон

viskazivaniya shamilya 444-Агар худи модар шир надошта бошад, кӯдакашро ба шири нахчир одат мекунонад,-гуфт Фотимат.

 

Ҷамолиддин ба модар бо чашмони пурҳайрат менигарист. Ба назараш чунин менамуд, ки ӯро бори аввал мебинад. Баногоҳ овони ҷавониву зебоии модар ба ёдаш омад. Дар бачагиаш модар ба ӯ ана ҳамин хел нончаҳо мехӯронд. Дар сари гаҳвораи аспакмонанд нишаста, ба ӯ суруди навҷавонеро, ки шири шер хӯрда, калон шудааст, мехонд. Дар таги болиштакаш ханҷараки чӯбин буд.

-Модарҷон! - монанди тифлияш фарёд зад Ҷамолиддин.

-Ҷамолиддин, писаракам, ба назди ман баргард! - гуфт Фотимат.

Ҷамолиддин модарашро шинохт. Модар дар назди оташи хомӯшшаванда нишаста, бар болои сари писари бемораш хам шуда, чунон ки ҳангоми тулӯи офтоби умри ӯ мехонд, суруди алла мегуфт:

Имоме, ки мақсади писарро нафаҳмида буд, ҳамроҳи муридонаш дар кадом як ҷойи дур меҷангид. Завҷаи ӯ Фотимат дар сари писари ҷондодаистодаи худ суруди видоъ мехонд.

Ба гӯши Ҷамолиддин чунин мерасид, ки дар наздикие, дар миёни шахҳо рӯд нола дорад. Ба назараш чунин менамуд, ки дар таги дар ба рӯйи алафи даравидаи хушк гӯсола хоб аст.

Ӯ ҳавлии дар Гимри будаашонро ба ёд овард, падараш, аспи аввалинашро ба ёд овард. Модар суруди Дингир-Дангарчуи шодмонро мехонд, ки вай бо ҷараёни борон ба осмон баромадааст.

- Куҷо будӣ, Дингир-Дангарчу?

- Ҷангал рафта буд Дингир-Дангарчу

- Чаро рафта буд, Дингир-Дангарчу?

- Дарахт бурид Дингир-Дангарчу.

- Чаро буридӣ, Дингир-Дангарчу?

- Хона месозад Дингир - Дангарчу.

- Хона чаро, Дингир-Дангарчу?

- Арӯс меорад Дингир-Дангарчу.

- Арӯс чаро, Дингир- Дангарчу?

- Қаҳрамон зояд Дингир- Дангарчу.

- Қаҳрамон чаро, Дингир-Дангарчу?

- Олам з-ӯ фахрад Дингир -Дангарчу.

Дар пеши назари Ҷамолиддин кӯҳҳои кишвараш падид омаданд. Барф об мешавад, сангҳоро гулдурросзанон селоб меорад. Аз болои қаторкӯҳҳо абрҳо хазида меоянд. Доғистон, ки дар кишвари бегона фаромӯш гашта буд, акнун ӯро иҳота намуд. Модар ҳамон мехонду мехонд. Дар байни хондаҳояш таронаҳое буданд, ки ҳангоми таваллуди писар месароянд, сурудҳое буданд, ки ҳангоми вафоти писар мегӯянд. Дар сурудҳои  ӯ инчунин гуфта мешуд, ки пас аз марги писарон дар ҳаққашон сурудҳо боқӣ мемонанд. Модар дар ҳаққи Шомил, дар бораи Ҳоҷимурод, Қозимуҳаммад, Ҳамзатбек, дар хусуси Хочбори ҷасур, дар васфи Парту-Фотимат, дар бобати Нодиршоҳро торумор кардан, дар ситоиши онҳое, ки аз тохтутозҳо барнагаштанд, сурудҳо мехонд.

Оташ дар оташдон хомӯш мешуд. Доғистон дар оғӯши оташи ҷанг буд. Ҳардуи ин оташ ҳоло дар чашмони Ҷамолиддин акс меёфт. Суруди модар ӯро ба изтироб овард. Меҳри фарзандӣ дар дилаш бедор шуд, шуъла зад, ин меҳр илқо мекардаш, ки дар паҳлуи падар рафта истад.

-Модар, ман нав ба Доғистон баргаштам. Акнун бо падарам вохӯрдам. Ба ман силоҳ биёр. Ман писари Шомилам… Ман набояд дар назди оташдон бимирам. Маро сар диҳед, ба ҷойи тирпарронӣ равам.

Ҳамин тариқ, суруди модар коре кард, ки на Қуръон карда тавониста буду на амри падар, аммо ин фақат барқе буд. Сурудҳои модар сурудҳои дигарро дар дили Ҷамолиддин хомӯш карда наметавонистанд. Ӯ Петербургро, ки дар он ҷо ба воя расидааст, фаромӯш карда наметавонист. Вай ба кӯҳистониёни Доғистон ба забони барояшон номафҳуме мисраъҳои номафҳуме мехонд:

Люблю тебя, Петра творенье,

Люблю твой строгий, стройный вид.

Невы державное теченье,

Береговой её гранит,

Твоих оград узор чугунный,

Твоих задумчивых ночей

Прозрачный сумрак, блеск безлунный,

Когда я в комнате моей

Пишу, читаю без лампады

И ясны спящие громады

Пустынных улиц, и светла

Адмиралтейская игла… (А.С. Пушкин).

Ин мисраъҳо дар хонаи дудолуди авули кӯҳистон аҷибу ғариб садо медоданд. Ҷамолиддин шабҳо хоб медид, ки боз дар корпуси кадетӣ гаштааст, дар назди панҷараи Боғи тобистона бо гурҷидухтари соҳибҷамол Нина мулоқот мекунад…

Дар дили Ҷамолиддин ду уқоб мезист ва ҳар кадом ӯро ба сӯйи худ мекашид. Дар дилаш ду суруд садо медод. Нинаи азиз дур буд. Миёни онҳо - рӯди бузурге. Аз болои ин рӯд почта равуо надорад. Дар ин рӯд афсари рус, писари имоми Доғистон, ғарқ шуд.

Ин рӯд тамоми орзуву ормонҳои ӯ ва гули таманнои вайро шуста бурд. Гули таманнои Ҷамолиддин дар болои рӯди бузург пуле сохтан, ҳарду соҳилро ба ҳам пайвастан, бераҳмиҳои ҷанг, кушторҳои бемаъниро бар дӯстиву рафоқат, бар меҳру шафқат, бар ҳаёту зиндагӣ бадал кардан буд. Вай сурудҳои кӯҳистон, сурудҳои модарро мефаҳмид, аммо сурудҳои Пушкинро ҳам мефаҳмид. Ду суруд дар як дил маъво гирифта буд. Кошкӣ инро падар мефаҳмид. Кошкӣ инро ҳама мефаҳмиданду ба ҳам меҳр мебастанд!

Аммо суруду таронаҳо мисли шамшер буданд. Онҳо дар осмон ба ҳам бархӯрдаву шарора пошида, якдигарро меафканданд. Доғистони хунрехтаву аз қувват рафта дар бораи хун, дар ситоиши далерон, дар ҳаққи чашмоне, ки туъмаи зоғон гаштаанд, аз хур-хури аспон, аз садои ханҷар, аз боиси саманде, ки савораи худро дар корзор гум карда, бармегардад, сурудҳо мехонд.

Даме ки сурудҳо якдигарро мефаҳмиданд, вақте ки одамони як соҳил таронаи одамони соҳили дигарро мефаҳмиданд, тирпаррониҳо басанда мешуданд, шамшерзаниҳо қатъ мегаштанд, хунрезӣ бас карда мешуд, интиқом дасти ба зарба болошударо бармедошт ва дар дилҳо ба ҷойи ғазаб меҳру муҳаббат пайдо мешуд.

Дар муҳорибаи назди рӯди Валерик муриди захмишудаи Шомил Мулло Муҳаммад ба дасти русҳо асир афтод. Дар авул ӯро ҳалок шуд, гӯён азову мотам гирифтанд, аммо пас аз як моҳ ӯ зиндаву саломат ба хона баргашт. Мардуми ҳайроншуда аз ӯ пурсуҷӯ мекарданд, ки чӣ хел озод шуда тавонист. Мурид аз ин гапҳо ранҷида, гуфт:

-Гумон накунед, ки Мулло Муҳаммад дурӯғ гуфта ё хушомад зада, озод шудааст. Ман буздил нестам.

-Мо медонем, ки ту ҷанговари далерӣ. Аз афти кор, бо шамшер ба худ роҳ кушодӣ.

-Ман шамшер надоштам. Агар мебуд ҳам, кор намедод.

-Ин хел ки бошад, чӣ хел халос шудӣ?

-Маро ба таҳхона шинонданду ба дар қулф заданд.

ӯш, дар он ҷо чӣ хел шудӣ?

-Нахчири дар қафас афтода барин шудам, аммо дар таҳхона нишаста, якбора суруди Алие, ки бародарони маккораш дар сари шахи баланд партофта рафтаанд, ба ёдам омад. Ҳамон сурудро хондам. Баъд сурудҳои дигарро хондам. Ман дар бораи мурғоне, ки баҳорон парида меоянд, дар бораи турнаҳое, ки тирамоҳон парида мераванд, аз қиссаи оҳуе, ки сайёди ноуҳдабаро нуҳ бор захминаш кардааст, дар васфи тирамоҳ ва зимистон сурудҳо мехондам. Ман се рӯз ҳеҷ кор накарда, фақат суруд хондам. Посбонҳо ба ман намерасиданд. Суруд агарчи суханҳояшро на ҳар кас мефаҳмад, суруд аст. Сурудро ҳама гӯш мекунанд.

Боре ба назди посбонон як афсари ҷавон омад. Дар дил гуфтам, ки кори ман тамом шуд. Ҳамроҳи афсар як одами дигар ҳам омад, ки забони моро медонист. Ҳамон шахс аз ман пурсид: "Афсар донистан мехоҳад, ки ту чӣ мехонӣ? Сурудат дар бораи чист? Бори дигар ба мо бихон". Ман дар бораи Доғистони оташгирифта хондам. Аз ман хоҳиш карданд, ки боз бихонам. Ман дар ҳаққи модари зорам ва завҷаи азизам хондам.

Афсар гӯш мекарду нигоҳаш ба сӯйи кӯҳсор буд. Кӯҳҳо дар оғӯши абрҳо буданд. Ӯ ба посбонҳо гуфт, ки маро сар диҳанд. Шахсе, ки забони моро медонист, гуфт: "Ин афсар туро озод мекунад. Сурудҳоят ба ӯ хеле писанд омаданд, бинобар ин, туро рухсат медиҳад, ки ба ватанат биравӣ". Баъди ҳамин ман баъзан чунин андеша мекунам: шояд Доғистон ҳам хунрезӣ накарда, доим сурудҳои худро мехонд, мешуд.

Вале Шомил аз муриди аз асирӣ баргаштаи худ суол кард:

-Ман сурудхониро манъ карда будам-ку, чаро ту хондӣ?

-Имом, ту дар Доғистон суруд хонданро манъ карда будӣ, дар он ҷо нахонед, нагуфта будӣ.

-Ҷавобат ба ман маъқул шуд,-гуфт Шомил ва каме андешида, илова намуд:-Майлаш, сурудатро хондан гир, Мулло Муҳаммад.

Аз ҳамон вақт Мулло Муҳаммадро одамон "Муҳаммади бо суруд халосшуда" ном доданд.

Суруде лозим буд баҳри наҷот додани Доғистон, вале ҳама, мисли он афсар, сурудро фаҳмида метавонистанд магар? Он афсар кӣ буд? Магар поручик Лермонтов буд? Охир, Лермонтов ҳам дар назди ҳамон Валерик ҷангидааст.

Боз як ҳодисаи дигар. Ҳоҷимурод аз ҳуҷуми ба авули Темурхон-Шӯра овардааш комёб шуда, ҳамроҳи дастаи худ бармегашт. Дар як бешаи сари роҳ ӯ ду нафар солдати русро дид. Он ду нафар дар назди гулхан оромона суруд хонда менишастанд. Ҳоҷимурод аз як ҷанговари худ, ки русиро каме медонист, пурсид:

-Онҳо чӣ мехонанд?

-Суруди модар, суруди маҳбуба, таронаи боронҳои ватани дурашонро мехонанд.

Ҳоҷимурод суруди русҳоро хеле гӯш карда истод. Сипас бо овози паст гуфт:

-Ин одамон душман нестанд. Онҳоро ором монед. Бигузор, онҳо суруди модарро хонанд.

Ҳамин тариқ, суруду тарона тирро аз сари одамон дур кард. Агар одамон дилҳои якдигарро мефаҳмиданд, чӣ қадар тирҳо аз сари инсонҳо дур карда мешуданду аз камонҳо намеҷастанд.

Аз китоби "Доғистони ман", тарҷумаи Абдулло Зокир, мутарҷими шеърҳо Аслам Адҳам,  таҳияи Қиёмиддин Сатторӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi