02:27:26 02-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ 41-УМИ ШОХИСИ ТЕРРОР-2011 Хабар 05.08.2011 17:18 1273
Як гузориши коршиносӣ мегӯяд, ки соли гузашта шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон 15 дарсад афзудааст. Тибқи ин гузориш, 75 дарсади ҳамлаҳои даҳшатафканон ба чор кишвар: Сомалӣ, Покистон, Афғонистон ва Ироқ рост меояд.
БОЗДОШТИ АФРОДИ МУТТАҲАМ ДАР ИРТИБОТ БО “ТЕРРОРИСТҲО” ДАР ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН Хабар 05.08.2011 17:16 1460
Додгоҳҳо ахиран ҳукми боздошти чанд нафари мазнун дар иртибот доштан бо ҷонибдорони ҶИӮ дар шимоли кишварро содир кардаанд. Вакилони мудофеъи бархе аз ин афрод мегӯянд, муввакилонашон умдатан барои огоҳ насохтани мақомот аз буду бош ва ё фаъолиятҳои “террористон” муттаҳам шудаанд.
АБДУЛҚОДИРЗОДА СОҲИБКОРОНРО БА АДЛУ ИНСОФ ҲИДОЯТ КАРД Хабар 05.08.2011 17:15 1289
Сайидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо соҳибкорони бозори «Шоҳмансур» - и пойтахт мулоқот анҷом дод.
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ ҶАДИДИ ҲАВОИИ “ХАТЛОН ЭЙР” Хабар 05.08.2011 17:13 1317
“Хатлон Эйр” ширкати ҷадиди ҳавоии Тоҷикистон барои анҷоми парвозҳо муҷаввиз Созмони Ҳавонавардии Байналмиллалиро (ИКАО) дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Анвар Давлатов, раиси “Хатлон Эйр”, ин ширкат акнун метавонад ба интиқоли мусофирон ва колову маводд тавассути чархбол ба Афғонистон машғул шавад.
МАҚОМИ 41-УМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШОХИСИ ТЕРРОР-2011 Хабар 05.08.2011 17:11 1405
Пажӯҳишгоҳи Мейплкрофт, мақараш дар Лондон, гузориши солонааш  таҳти унвони «World Terrorist Index -2011”-ро нашр кард, ки дар он Сомаливу Афғонистон хатарноктарин маконҳои дунё аз нигоҳи хатари ҳамлаҳои террористӣ ном бурда шудаанд.
МЕДВЕДЕВ ТАЛАБИ ХУРУҶИ НИРӮҲОИ РУСИЯРО РАД КАРД Хабар 05.08.2011 17:11 1230
Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев Сенати Амрикоро ба маҳзи  тасвиби қароре, ки  Маскавро ба хуруҷи нирӯҳояш аз вилоёти ҷудошудаи Гурҷистон даъват мекунад, ба боди интиқод кашид.
БОЗ ЯК ФАРЗАНДИ ҚАЗЗОФӢ КУШТА ШУДААСТ Хабар 05.08.2011 17:10 1482
Чирикиҳои Либия мегӯянд, шаби гузашта бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шаҳри Зилтон Хамис, боз як фарзанди дигари Муаммар Қаззофӣ  кушта шудааст.
АҲМАДИНАЖОД: ЭРОН АЗ ТАҚВИЯТИ РАВОБИТИ ДӮСТОНА БО АВРУПО ИСТИҚБОЛ МЕКУНАД Равзана ба ҷахон 05.08.2011 15:02 1608
Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, изҳор дошт кишвари вай моил ба таҳкими равобити худ бо кишварҳои аврупоӣ буда ва ин кор ба нафъи ҳам Эрон ва ҳам ба нафъи Аврупо аст. Вай ин матлабро дар мусоҳиба бо шабакаи «EuroNews» эълом кард.
ВАЗОРАТИ ХОРИҶАИ РУСИЯ: ДАХОЛАТИ ХОРИҶӢ РОҲИ ҲАЛИ МУШКИЛОТИ СУРИЯ НЕСТ Равзана ба ҷахон 05.08.2011 14:59 1178
Вазорати умури хориҷаи Русия танҳо роҳи ҳалли мушкилоти Сурияро гуфтугӯ байни нерӯҳои сиёсии дохилӣ ва адами дахолат аз хориҷ дониста ва Медведев ҳам ба ҳамтои суриягии худ тавсия карда, ки бо мухолифон ба тавофуқ бирасад ...
БОЗДИДИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АЗ ВИЛОЯТИ СУҒД Сиёсат 05.08.2011 14:49 1207
Субҳи имрўз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт. Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд нахуст бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, тўҳфаи арзанда дар арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии ....