07:44:28 01-уми Июли 2025 сол

Хазина аз

ТАРКИШ ДАР МАРКАЗИ ИРОҚ 15 КУШТА БАР ҶО ГУЗОШТ Хабар 15.08.2011 11:40 1205
Шабакаи телевизионии «Ал-арабия», рӯзи Душанбе эълон кард, ки вуқӯъи ду инфиҷор дар шаҳри Кут, воқеъ дар маркази Ироқ 15 кушта ва 35 захмӣ бар ҷо гузошт.
СУЛҲ ҲАДЯИ ХУДО БУД Сулҳ, оштӣ, ваҳдат 15.08.2011 10:38 6406
Устод Нурӣ ҳам дар сӯҳбат омодагии хешро ба барқарории сулҳу субот дар кишвар изҳор дошт ва таъкид намуд, ки мехоҳад ин сулҳ одилона ва бозгашти онҳо ба Ватан сарбаландона бошад. Сипас аз мушкилоте, ки дар марзи Афғонистону Тоҷикистон ба амал ...
РӮЗА ГИРИФТАНИ КӮДАКОН АЗ ЧӢ СИННЕ ВА ЧӢ ГУНА БОЯД БОШАД? Дин ва ҷомеъа 15.08.2011 10:35 5609
Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар (с) мефармояд: «Руфиъал қаламу ъан салосин: ъанис сағир ҳатто якбара ва ъанин ноими ҳатто ястайқиза ва ъанил маҷнуни ҳатто юфиқа» (Се гурӯҳ таклиф надоранд: 1. Тифл то болиғ нашавад. 2. Хуфта то бедор нашавад.
ФИРЪАВН ДАР ҚАФАС. ИДОМАИ МУРОФИАИ ҲУСНӢ МУБОРАК Равзана ба ҷахон 15.08.2011 10:33 961
Имрӯз раисиҷумҳури пешини Миср дар мурофиа барои куштори тазоҳуркунандагон ширкат мекунад. Агар айбномаи Ҳуснӣ Муборак дар содир кардани фармони куштори тазоҳуркунандаогон собит шавад, ӯ ба эъдом маҳкум хоҳад шуд.
ҲНИТ РАИСИ НАВ ИНТИХОБ МЕКУНАД: М.КАБИРӢ Ё М.НУРӢ? Сиёсат 15.08.2011 10:30 1531
ҲНИТ дар Анҷумани навбатии худ раис ва ҳайъати Раёсати олиро муҷаддадан интихоб хоҳад кард. Замони баргузории ин анҷуман рӯзи 24-уми сентябри соли ҷорӣ таъйин шудааст. Баробари эълони ин хабар, дар расонаҳо сӯҳбат аз номзадҳои эҳтимолӣ ...
ЗИНДАГИИ МУШКИЛ ПАС АЗ 8 ЗАРБИ КОРДИ МИЛЛАТГАРОҲО Иҷтимоъ 15.08.2011 10:28 1079
Фирдавс Юсуфов мегӯяд, дар сурати ҳимоят наёфтан имкон дорад, ки додгоҳ ӯву бародаронашро муттаҳам кунад. Моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербург миллатгароҳо ба бадани Фирдавс Юсуфов, ҷавони тоҷик ҳашт корд заданд.
ХУДСӮЗИИ ТОҶИНИСО: ДОДСИТОНӢ МЕГӮЯД КАСЕ ГУНАҲКОР НЕСТ Иҷтимоъ 14.08.2011 16:04 1231
Пайвандони Тоҷинисо Раҷабова, зане, ки чанде пеш дар асари худсузӣ ҷонашро аз даст дод, мегӯянд, ки аз боз нашудани парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ин ҳодиса башиддат шигифтзада ҳастанд. Мақомҳои додситонӣ пас аз муддате таҳқиқ дар мавриди худсузии хонуми Раҷабова шикояти пайвандони ӯро дар бораи ба маҳкама кашидани аҳли хонаводаи шавҳараш ....
ШИКАСТИ "РАВШАН". “РЕГАР-ТАДАЗ” БА ҶОИ АВВАЛ БАРОМАД Ҷавонон ва варзиш 14.08.2011 16:02 1489
Бозии мавқуфмондаи даври понздаҳум миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” баргузор шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи давраи 15-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон, бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби ...
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ БАЙНУЛМИЛАЛИИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО Иҷтимоъ 14.08.2011 15:59 1289
Нахустин гурӯҳи байналмилалии омӯзиши ҳолати пиряхҳо ва вазъи зистмуҳитии саргаҳи рӯдхонаҳои Вахш ва Панҷи Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти ин кишвар шурӯъ ба фаъолият кардааст.
БАҲСИ ГАРМ АТРОФИ ПАЙКАРАИ "ҚАҲРАМОНОН" ДАР БОХТАР Иҷтимоъ 14.08.2011 15:55 1286
Ҳукумати ноҳияи Бохтар Файзалӣ Саидовро «Қаҳрамони миллӣ» ном бурда, бо норозигии бархе сокинон рӯ ба рӯ шуд. Ҷаҳонгир Усмонов, сокини ноҳияи Бохтарро бо нимпайкараи Файзалӣ Саидов, қумандони собиқ Фронти халқӣ, ҳар рӯз рӯ ба рӯ омадан хеле нороҳат...