08:19:21 02-уми Июли 2025 сол

ХУДСӮЗИИ ТОҶИНИСО: ДОДСИТОНӢ МЕГӮЯД КАСЕ ГУНАҲКОР НЕСТ

Пайвандони Тоҷинисо Раҷабова, зане, ки чанде пеш дар асари худсузӣ ҷонашро аз даст дод, мегӯянд, ки аз боз нашудани парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ин ҳодиса башиддат шигифтзада ҳастанд. Мақомҳои додситонӣ пас аз муддате таҳқиқ дар мавриди худсузии хонуми Раҷабова шикояти пайвандони ӯро дар бораи ба маҳкама кашидани аҳли хонаводаи шавҳараш рад кардаанд.

/images/stories/2011/08/14_tajinisa_suicid_14.8.2011.jpgИн фоҷеъа рӯзи 19 июн дар деҳаи Кумбаки ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон, рух дод. Тоҷинисо, зани ҷавоне, ки 26 сол дошта ва кӯдаке тақрибан сесола аз худ боқӣ гузошт, шабҳангом таҳти шароите машкук даст ба худсӯзӣ зада ва пас аз ёздаҳ рӯзи бистарӣ шудан дар бемористон, дар хонаи падараш дар деҳаи Яхчи ҳамин ноҳия ҷон дод.

Натиҷаи "санҷиши пешакӣ"

Шарифу Заробиддин, ду бародари Тоҷинисо, дар вуқӯъи ин ҳодиса аъзои хонаводаи шавҳарашро муқассир медонанд. Онҳо мӯътақиданд, ки модаршӯй ва хоҳаршӯйи Тоҷинисо аз роҳи фишорҳои равонӣ ӯро "то ба худкушӣ расондаанд." Аммо додситонии ноҳияи Нуробод ахиран бо ирсоли номае Шариф Раҷабовро огоҳ кардааст, ки бар асоси “санҷиши пешакӣ” дар мавриди қазияи худсӯзии хоҳараш парвандаи ҷиноӣ боз нахоҳад шуд.

Ба гуфтаи Шариф, дар ин нома аз ҷумла омадааст: "Дар ҳаракатҳои Мӯъминова Зайнал ва Сафарова Сафаргул (хушдоман ва хоҳаршӯйи Тоҷинисо) аломатҳои таркиби ҷиноят дида намешавад. Бинобар натиҷаи санҷиш дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул карда шуд."

Оқои Раҷабов мегӯяд аз ин тасмими мақомҳои додситонии маҳаллӣ сахт дар таъаҷҷуб аст, зеро: “Ҳам муфаттиши додситонӣ ва ҳам милиса аз забони худи Тоҷинисо запис (забт) карда буданд, ки вай мегуфт, онҳо маро ба ин вазъият расонданд ва ман худсӯзӣ кардам."

Бо ин вуҷуд, мақомҳои додситонии ноҳияи Нуробод пас аз таҳқиқи муқаддамотӣ зоҳиран ба ин натиҷа расидаанд, ки касе Тоҷинисоро ба худкушӣ водор накардааст. Қудратулло Буриев, як масъули додситонии ноҳияи Нуробод, ки масъулияти таҳқиқи ин ҳодисаро ба ӯҳда доштааст, дар тамосе телефунӣ бо Би-би-сӣ аз шарҳи ҷузъиёти ин қазия худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пайвандони Тоҷинисо Раҷабова, корманди пулисе, ки пештар ин ҳодисаро таҳқиқ мекард, гуфтааст, ки худсӯзии ин зан "бар асари фишори рӯҳиву равонӣ" сурат гирифтааст. Гузашта аз ин, аз суханони пайвандони Тоҷинисо чунин бармеояд, ки вай дар хонаи шавҳараш зиндагии осудае надошт ва байни ӯву ҳамсар ва хоҳаршӯву хушдоманаш пайваста муноқишаҳое рух медод.

Гулхумор ва Гуланор Раҷабова, хоҳарони Тоҷинисо, мегӯянд, ки тирамоҳи порсол онҳо шоҳиди "беҷо шудани устухони пойи" хоҳарашон шуда буданд, ки ин иттифоқ пас аз ҷанҷоле хонаводагӣ рух додааст. Бори дигар, Тоҷинисо "пас аз лату кӯби шавҳар" ба хонаи хоҳараш паноҳ бурдааст.

"Аз хона ронда шуд"

Ба гуфтаи пайвандони Тоҷинисо, қабл аз ҳодисаи худсузӣ низ вай пас аз ҷанҷоле бо аҳли хонаводаи шавҳараш "аз хона ронда шуд" ва муддати понздаҳ рӯзро дар хонаи падараш дар деҳаи Яхч сипарӣ кардааст. Ҳодисаи худсӯзӣ се рӯз пас аз бозгашти дубораи вай ба хонаи шавҳар сурат гирифтааст. Пайвандонаш мегӯянд ӯ ҳеч гуна бемории равонӣ, ки мӯҷиби худкушӣ шуда бошад, надошт.

Аммо Ғайзуллоҳ Сафаров, шавҳари Тоҷинисо, ин иддаъоро рад мекунад ва мегӯяд, ки худи ӯ занашро барои муддате ба хонаи падараш фиристода буд, то "худро муъолиҷа кунад." Оқои Сафаров дар бораи ҳодисаи оташсӯзӣ мегӯяд: "Бегоҳ, вақти нишастани офтоб буд, ман Тоҷинисоро барои оби таҳорат фиристодам, аммо вай рафту худсӯзӣ кард."

Суханони шавҳари Тоҷинисо дар гӯшии телефун орӣ аз ҳар гуна эҳсосот садо медод. Вай афзуд: "Ман аз касе нороҳат нестам. Ба ман ин мусибатро худо додааст, на бандагонаш."

Дар ҳамин ҳол, Мукаррама Насруллоева, як масъули Кумитаи занон ва хонаводаи Тоҷикистон, низ аз боз нашудани парвандаи ҷиноӣ дар мавриди ин қазия ибрози таъаҷҷуб кард. Вай ҳарчанд мегӯяд, ки бо ин қазия аз наздик ошно нест, вале бо шунидани ин хабар гуфт: "Охир чи хел касе вайро ба худкушӣ нарасонд? Магар касе худ ба худ даст ба худсӯзӣ мезанад?"

Хонуми Насруллоева гуфт, агар масъулони кумитаи занон ба додситонӣ дар ин бора ҳарф зананд, мақомҳои додситонӣ онҳоро ба дахолат дар таҳқиқоти ҷиноӣ муттаҳам хоҳанд кард. Вай гуфт, ки омори дақиқе дар бораи мавориди худкушӣ ё худсӯзии занон дар даст надорад, аммо дар додгоҳҳои Тоҷикистон чунин парвандаҳо камтар баррасӣ мешаванд.

"Гуноҳе бузург"

Хонуми Насруллоева афзуд: “Ба мо баъзан касоне муроҷиъа мекунанд, ки аз ҳукми суд (додгоҳ) норозӣ ҳастанд. Фақат суди (додгоҳи) шаффоф метавонад исбот кунад, ки кӣ дар худкушӣ гунаҳкор аст.”

Порлумони Тоҷикистон чандин сол аст, ки аз тасвиби тарҳи қонун дар бораи хушунати хонаводагӣ худдорӣ мекунад. Ин вазъ мояи нигаронии созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон шудааст - созмонҳое, ки солҳо пеш ин тарҳро таҳия ва ба порлумон пешниҳод карда буданд.

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои “расондан ба худкушӣ” муҷозоте пешбинӣ кардааст, вале бо дарназардошти мавориди фаровони худкушӣ ва мавориди хеле ками таҳқиқ ва муҳокимаи ин гуна ҳаводис ба назар мерасад, ки аз ин қонун дар кишвар камтар ба кор мегиранд. Хешовандони заноне, ки худкушӣ мекунанд, маъмулан дар мавриди ин гуна қазияҳо ба далоили зиёд, аз ҷумла ба хотири "бепадар нагузоштани" фарзандони онҳо ба додгоҳ шикоят намебаранд.

Ин масъала, ҳарчанд аз масоиле ҷиддӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст, вале мардум талош мекунанд дар ин бора камтар сухан гӯянд. Агар ҳам ин мавзӯъ матраҳ шуд, мардум ғолибан афродеро, ки худкушӣ кардаанд, мазаммат мекунанд ва мегӯянд, ки "ӯ гуноҳи бузурге карда ва хондани намози ҷанозааш раво нест."

Шариф Раҷабов, бародари бузурги Тоҷинисо, низ мегӯяд, ки дар рӯзи аввали "ҳодисаи худсӯзӣ" хоҳараш бардурӯғ гуфтааст, ки нохост дар назди дегдон (танӯр) оташ гирифтааст, аммо пас аз як рӯз ин зан эътироф кардаааст, ки даст ба худсӯзӣ задааст.

Вай гуфт: “Вай ба мо ва ба муфаттиш низ гуфт, ки “маро маҷбур карданд, ба шумо дурӯғ гӯям, ки дар вақти хӯрок пухтан дар учоқ сӯхтам.” Ба ӯ гуфтаанд, ки “набошад, агар зинда монӣ, мо туро зан намекунем ва аз аҳволат хабар намегирем.”

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд далели аслии таҳаммули хушунати хонаводагӣ тавассути занон ва даст задани онҳо ба худкушӣ дар ҷомеъаи Тоҷикистон, аз як сӯ, тасаллут ва нуфузи густардаи фарҳанги мардсолор ва аз сӯйи дигар, фақру нодорӣ ва бими маҳрумият аз хонаву дар аст.

"Фарҳанги мардсолор"

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони мустақил, дар ин бора мегӯяд: “Занҳои зиёде ҳастанд, ки пас аз даст задан ба худкушӣ зинда мемонанд, вале инвалид (маълул) мешаванд. Ба онҳо мегӯянд агар шавҳаратро баранд, ту ва кӯдаконатро кӣ нигоҳ мекунад?”

Вай афзуд: "Аз сӯйи дигар, даъво ва хусумат байни модаршавҳар, хоҳаршавҳар ё шавҳар ва арӯс ба хотири пулу мол зиёд мешавад. Мушкили асосӣ ин қашшоқӣ (нодорӣ) аст. Ман таҳқиқ кардам ва дидам, ки дар оилаҳои сарватманд дар Тоҷикистон худкушӣ хеле кам аст. Маъмулан зане, ки кор дорад, пул дорад, худкушӣ намекунад, балки аз хона баромада меравад."

Ҳарчанд омори тозаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон дар бораи мавориди худкушӣ нисбат ба соли гузашта андаке камтар аст, аммо Мукаррама Насруллоева, як масъули ин кумита, мегӯяд: “Ҳатто худкушии як зан барои мо зиёд аст! Ҳеҷ як зан набояд аз дасти хушунат бимирад."

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 134 зан даст ба худкушӣ задаанд. Бо ин вуҷуд, созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд омори худкушӣ дар кишваре, ки танҳо 7 дарсади ҷанозаҳо дар он мавриди колбудшикофӣ ва муъоянаи пас аз марг қарор мегиранд, ба ҳеҷ ваҷҳ воқеъӣ наметавонад бошад.

Аз сӯйи дигар, мудофеъони ҳуқуқи зан мегӯянд, ки ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва расонаҳо ба мушкили хушунати хонаводагӣ алайҳи занон ва худкушии онҳо таваҷҷӯҳи кофӣ зоҳир намекунанд. То кунун ҳеч созмони ғайридавлатии марбут ба умури занон дар Тоҷикистон ба ҳодисаи худсӯзии Тоҷинисо Раҷабова, ки ба қазияе пурсарусадо дар матбуъоти кишвар табдил шуда, вокунише накардааст.

Шамсияи Қосим, Би-би-сӣ, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ