04:30:51 01-уми Июни 2025 сол

Хазина аз

ДАСТУРИ ҚАТЪИ ДАСТРАСӢ БА САЙТИ ТӮРАҶОНЗОДАҲО Хабар 24.05.2011 17:42 1623
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет дастур додааст, ки дастрасӣ ба сайти Тӯраҷонзодаҳоро маҳдуд кунанд. Ин хадамот гуфтааст, бино бар зарурати пеш омадани корҳои фаннӣ, дастрасӣ ба сомонаи Тӯраҷонзодаҳо қатъ шавад.
НОМАИ ХАБАРНИГОРОНИ ТОҶИК БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН Матбуот 24.05.2011 17:39 2285
Созмонҳои журналистӣ ва хабарнигорони тоҷик бо ирсоли як нома хостори ислоҳи баъзе аз бандҳои тарҳи қонуни нави “Воситаҳои ахбори умум” шудаанд. Дар номаи хабарнигорон гуфта шудааст, ки ҳарчанд ин тарҳ дар муқоиса ба қонуни феълии "Воситаҳои ахбори умум" бартариҳо дорад ...
АМРИКО ВА БРИТОНИЁ: АЛАЙҲИ ҲУКУМАТҲОИ САРКӮБГАР АЗ ЗӮР ИСТИФОДА МЕКУНЕМ Равзана ба ҷахон 24.05.2011 17:35 1466
Раҳбарони Амрико ва Бритониё зимни таъкид бар ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф аз ҷунбиши эътирозӣ дар кишварҳои араб ҳимоят карда ва алайҳи иқдоми ҳукуматҳо дар саркӯби эътирозоти мардум ҳушдор додаанд. Рӯзи сешанбеи 3 хурдод (24 май) рӯзномаи Тоймз чопи Ландан мақолаи муштараке ба қалами...
ДУ КУШТА ДАР ЯК ИНФИҶОР ДАР ПОЙТАХТИ ҚАЗОҚИСТОН Равзана ба ҷахон 24.05.2011 17:33 1387
Дар наздики боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳри Остона инфиҷоре рух дода ва бар асари он ду нафар кушта шудаанд. Бар асоси гузоришҳои расида аз шаҳри Остона, як утумубили сурхи “Аудӣ-100” мунфаҷир шудааст.
"НАРХИ РОҲКИРО ДАР ДУШАНБЕ АФЗОИШ МЕЁБАД" Хабар 24.05.2011 17:32 1521
Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст аз авоили моҳи оянда нархи роҳкирои васоили мусофирбарӣ дар ин шаҳрро афзоиш диҳад. Шавкат Саидов, сухангӯйи шаҳрдории Душанбе, ба хабаргузориҳо гуфт, ки масъалаи боло рафтани қимати роҳкиро дар ҷаласаи вижаи шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ва масъулони сохторҳои мухталифи шаҳр матраҳ шудааст.
ШОҲИЁН: "БА ШИКОЯТҲОИ ТОЛИБШОҲ РАСИДАГӢ МЕШАВАД" Хабар 24.05.2011 17:28 1509
Номзади мӯътаризи интихоботи ҳавзаи Сино, Толибшоҳи Саидзода шикоёташро ба КМИР супурдааст. Намояндагони Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ин шикоятҳоро  дастрас кардаанд. Худи ҷаноби Саидзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бастаи шикоятҳои расмии ӯ аз чунин мавод иборат аст:
sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854