09:33:40 01-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОР ДАР МАВРИДИ ТАҲДИДИ ТАРҲИ "РОҒУН"

Масъулони Анҷумани саҳомии “Гидропроект”-и Ӯзбакистон тарҳи феълии нерӯгоҳи “Роғун”-ро барои минтақа таҳдиди ҷиддӣ хондаанд. Сергей Жигарев, раиси маркази “Гидропроект” дар шаҳри Тошканд дар яке аз нашрияҳои маҳаллӣ бо номи “Тарҳи Роғун барои Осиёи Марказӣ ҳамсони тӯфоне (суннамӣ) аст” матлабе чоп кардааст.

roghunДар матлаби оқои Жигарев омадааст: “Агар дар минтақае, ки нерӯгоҳи “Роғун” бунёд мешавад, зилзилаи шадиде рух диҳад, фишори оби 335 метрӣ боло рафта ва мумкин аст, садди обанбор рахна шавад. Амвоҷи бузурги об барои минтақа ҳамчун таҳдиди тӯфони бузург ё суннамӣ хоҳад буд.”

Дар посух ба суоли Би-би-сӣ дар мавриди далели чунин нигаронӣ оқои Жигарев гуфтааст, минтақаи нерӯгоҳи Роғун зилзилахез маҳсуб шуда ва иддаъои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ғайричашмдошт будани зилзилаи беш аз 6 дараҷаи Риштер дар ин минтақаро бепоя хондааст.

Ба гуфтаи Сергей Жигарев, ҳамзамон бо зилзилахез будан дар ин минтақа қабатҳои намак ҳам пайдо шудааст. Ӯ гуфтааст, дар сурати рух додани зилзилаи 9 дараҷаи Риштер мавҷи 10 метрии об ба манотиқи поиноб сарозер шуда ва имкон дорад обанбори нерӯгоҳи Норак низ хароб шавад. Мумкин аст амвоҷи об то ба дарёчаи Орол расад.

Гуфта мешавад, тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” 30 соле қабл маҳз аз ҷониби маркази “Гидропроект” таҳия шуда, аммо бо гузашти муддати тӯлонӣ авомили ҷадид пеш омада ва онҳо бояд ба назар гирифта шавад. Ба эътиқоди коршиносон, дар ҷараёни иҷрои тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” тағйироти зиёди табиъӣ рух додааст.

Сергей Жигарев мегӯяд: “Ба унвони яке аз муаллифони тарҳи қаблии нерӯгоҳи “Роғун” ба эътибор гирифта нашудани авомили ҷадид маро шадидан нигарон сохтааст. Дар муқоиса ба давраи таҳияи тарҳ ҳоло тағйироти зиёд рух додааст.”

Ба гуфтаи раҳбари маркази “Гидропроект”, иттилоот дар бораи ин гуна авомил ба ширкату созмонҳои байналмилалӣ, ки тарҳи нерӯгоҳи “Роғун”-ро бозрасӣ мекунанд, ироъа шудааст. Оқои Жигарев мегӯяд, ки дар тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” таҷдиди назар шуда ва ба таври қобили мулоҳиза поин бурдани иртифоъ ё баландии садди обанбори он мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, ин амр метавонад хатари камбуди об барои кишварҳои поиноб ва рух додани ҳаводиси табиъӣ дар минтақаро коҳиш диҳад. Сергей Жигарев гуфтааст: “Ба эътиқоди коршиносони байналмилалӣ низ баландии садди обанбори “Роғун” набояд аз 175 метр боло бошад. Аз ин лиҳоз, раванди эҳдоси нерӯгоҳи “Роғун” ва истифодаи он таҳти назари коршиносони байналмилалӣ сурат гирад, мувофиқи мақсад хоҳад буд.”

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 06.06.2011 11:25
Мо бояд хар чи зудтар Рогунро созем.Жигаревхо ву каримовхо ва Медведхо хукуки сади рох шудани ин неругохро надоранд.Умуман моро Рогун мутахид кардааст ва ин ягона умеди миллат ба ояндаи нек аст.
 
 
+1 #1 Guest 31.03.2011 20:57
in ogoi Jigarev ishkamash ser az enerjia,ilojash meshud teztar mesokhtand inkadar gap kam meshud okhir murdem az be sivetiya
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854