Урун Куҳзод: "Замон дигар шуда, аммо андешаи мо ҳамон шахшуда"
-Шумо дар романи "Ҳайҷо" дар мавриди воқеоти сад соли ахири миллати мо нуктаҳоеро овардаед, ки ҳанӯз таърихнигорони мо нагуфтаанд. Дар навиштани романи "Ҳайҷо" аз кадом манобеъ истифода шуда?
- "Ҳайҷо" аз сар то охир ягон ҷумлаи бемаъхаз надорад. Ҳамаи нуктаҳо дар асоси ягон факт ё далеле оварда шудаанд. Дар ин роман вазифаи ман ҳамчун иншонавис тарзи баён ва чида гирифтани далелу фактҳои лозимӣ буд. Ман аз ҳамаи он чизҳое ки дар ин бобат хондаму омӯхтам, танҳо бист фисадашро дар роман истифода бурдаму халос. Ҳаштод фисади дигар дар паяш истодааст. Лекин ишораҳо ҳаст ва бояд хонанда онҳоро худ дарк кунад. Дар "Ҳайҷо" ягон ҷумлаи аз андешаи ман бофташуда нест, ҳамаи ҷумлаҳо асоси таърихӣ доранд ва бемақсад навишта нашудаанд.
-Омӯхтану истифодаи чунин маъхазҳои вақти бисёрро талаб мекунад. Устод Куҳзод чанд соли умри худро ба навиштани романи "Ҳайҷо" сарф карда?
- Аз рӯзе, ки фикри навиштани роман дар сари ман пайдо шуд то анҷоми дафтари панҷум бист сол гузашт.
-Баъди романи "Ҳайҷо" чӣ чизҳои тозае навиштед?
- Дар ду соли охир чанд маводи публисистӣ навиштам.
-Як навиштаи Шуморо бо номи "Фарҳанги ватандорӣ" дар "Садои Шарқ" хонда будам…
-"Фарҳанги ватандорӣ" дар рӯзномаи "Озодагон" ҳам нашр шуда буд. Ин навишта дар мавриди он буд, ки бояд фарҳангшиносӣ ва фарҳангдонии моро аз ҳамин рӯз тамоман нав кардан даркор. Акнун бо Мавлавию Саноӣ ё дигар бузургони гузаштаамон зиндагиро пеш бурда наметавонем. Ин маънои онро надорад, ки мо онҳоро инкор кунем. Не, мо бояд онҳоро донем.
Онҳо дар замони худашон кори худро карданд, вазифаашонро иҷро карданд. Мо бояд имрӯз донем, ки чӣ хизматҳои бузурге онҳо анҷом доданд. Лекин мо имрӯз дорем, фардо дорем. Бояд дар бораи ояндаи худ ҳам андеша намоем. Шароиту вазъ дигар шудааст ва ин чизҳоро бояд ба назар гирифт, даркор. Аммо аз нашри мақола ду сол гузашта бошад ҳам, атрофи он ягон фикри умумӣ пайдо нашуд.
-Чӣ гуна бояд фарҳанги моро нав кард устод?
-Суханҳои имрӯзаро бояд гуфт. Аз оне ки мо гапҳои ҳазор пешро такрор карда мегардем, ҳарчанд, ки ҳамаи онҳо ҳикмати рӯзгор ҳастанд, нафъе нест. Дар қатори онҳо бояд суханҳои имрӯзаро гуфт. Гуфтан даркор, ки фалон хел масъала ҳаст, фалон хел мушкил аст, ба инҳо чӣ хел муносибат кардан даркор, ҷаҳонфаҳмиро чӣ хел кардан лозим, тарбияро чӣ гуна ба роҳ бояд монд. Имрӯз гуфтани мушкилоту ҳарфҳои рӯз муҳимтар аст.
-То андозае аз адабиёт дур мондани насли ҷавони мо ҳам шояд ба ҳамин бастагӣ дошта бошад?
-Умуман ақидае, ки мардум китоб намехонад, ғалат аст. Мардум китоб мехонад, ба шарте, китоб ба дарди вай хӯрад, ба вай лозим бошад. Китоберо, ки дарду сухани ба вай даркориро надорад, албатта намехонад.
-Чӣ кор бояд кард, ки китобхонӣ оммавӣ шавад?
-Барои ин шароит ва талаботи имрӯзаи мардумро ба назар гирифтан даркор, ки чӣ гуна китобҳо ба онҳо лозиманду кадом китобҳо не. Дар тамоми ҷаҳон ин чизҳоро меомӯзанд, таҳлил мекунанду хулоса мебароранд. Дар кишвари мо марказҳое, ки фикру ақидаи мардумро омӯзаду таҳлил кунад, нест. Мо ҳанӯз бо ҳамон тасаввуроти куҳна ва қолабҳои куҳна зиндагӣ карда истодаем. Муҳите намесозем, ки фикри мардум бедор шавад. Фикри мо дар хоб аст, фикри бедор надорем. Акнун барои он ки ҳамин фикр бедор шавад, чӣ бояд кард?
Албатта, ин масъалаи якрӯза ё дурӯза нест. Ба ин масъала ҳамешагӣ машғул бояд шуд. Дар халқи мо ҳамин хел як зарбулмасал аст, ки "дунёи васеа чӣ кунам, вақте ки кафши поям танг аст". Яъне ин ҳамин хел як тафаккурест, ки ҳамин кафши танги маро ягон кас омада, ба пойи ман мувофиқ карданаш даркор.
Ин ақидаи куҳнаи дар майнаи мо ҷошуда аст, ки мо то имрӯз инро берун карда наметавонем. Аз ин ақида акнун бояд гурезем. Кафши ман танг бошад, бояд ман худам илоҷашро ёбам, ба поям мувофиқ кунам. Ман ба умед нашинам, ки ягон каси дигар меояду кафши танги маро соз мекунад. Фаҳмише, ки каси дигар бояд ҳоҷати маро барорад, аз решааш нодуруст аст. Дар ин бора чӣ қадар зарбулмасалҳои мо ҳаст, классиконамон дар ин бора зиёд гуфтаанд, мисли:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Ба ин ҳарфҳо сарфаҳм рафтан лозим. Маънии "ҳиммат баста гардад" ин аст, ки ту корро бо дили гарм, дониста бикунӣ ва ба худат такя намоӣ, на ба каси дигар. Ту ба худат такя кун, коратро ҳалол ва бо дили гарм иҷро кун, олам гулистон мешавад. Дар тарбияи имрӯзаи мо, на танҳо имрӯза балки давоми асрҳо ҳамин чизҳо нест.
Моро ҳамин хел тарбия кардаанд, ки ту корат набошад, гаштан гир, ягон қувваи дигар омада, кори туро буд мекунад. Ҳоло он ки дар зиндагӣ ин хел намешавад. Албатта, ҳар кас умед доштанаш даркор, эътиқод доштанаш даркор, вале дар айни замон худ бояд фикри бедор дошта бошад. Он фикре, ки пареррӯз доштӣ, мумкин имрӯз куҳна шуда бошад, пас онро бояд раҳо кард ва навашро гирифт. Ана ҳамин проссес нест. Барқарор кардани ин проссес аз таълиму тарбия сар мешавад, аз хона, аз ҳавлӣ, аз деҳа, аз шаҳр сар мешавад.
-Шояд ҷомеаи мо банди мушкилоти худ аст ва ба тарбия аҳамият намедиҳад…
-Ин чиз ҳам ҳаст, аммо амиқтар бояд нигоҳ кард. Мо, падаронамон, бобоёнамон, бобои бобоёнамон ҳама дар руҳияи мутеӣ тарбия ёфтаем, ки ҳатман бояд мутеъ бошем, ҳатман нафари дигар бояд дасти моро гирад. Фарзандро аз кӯдакӣ чунон бояд тарбия кард, ки вай ба худ такя дошта намояд. Модари мо ба худаш такя накунад, падари мо ба худаш такя накунад, мо ба худ такя карданро аз куҷо меомӯзем?
-Ҳамчунин ҳисси тарс, боварӣ надоштан ба худ низ дар тафаккури мардуми мо реша дорад. Ман бисёр ҷавононеро медонам, ки корҳои зиёд аз дасташон меояд, лекин чун ба худ бовар надоранд, тасмим намегиранд… Шояд адабиёти классикиямон дар зеҳни мо ин гуна ақидаҳоро ҷо карда бошад?
-Фақат адабиёти классикӣ не, умуман рӯзгорамон ба ҳамин равия аст. Ба дараҷае расидааст, ки ин ақидаҳо дар майнаи мо чун хишти рехтагӣ устувор гаштаву касе аз пайи тағйир додани он ҳам нест. Лекин акнун замона маҷбур мекунад, ки мо инро тағйир диҳем.
-Мардуми мо мақоли дигар ҳам дорад, мегӯянд , ки "таваккал нар бувад, андеша мода.."
-Албатта ҳама не, лекин ба ҳукми аксарият мо мардуми таваккалием. Зиндагии мо таваккалӣ, кору борамон таваккалӣ ва ҳама умри мо таваккалӣ гузашта меравад. Ин чизи хуб ҳам нест. Ин ба ҷуз бетарафӣ нисбати тақдири худ чизи дигар нест.
-Оё роҳи тағйир вуҷуд дорад?
-Таълиму тарбияи фарзандро аз рӯзи нахустини ба дунё омаданаш бо назари нав ба роҳ мондан даркор. Масалан, кӯдакро набояд паст зад ва набояд гуфт, ки "ҳар коре, ки ман гӯям мекунӣ, ҳар коре, ки нагӯям не". Гуфтан даркор, ки ба гапи ман гӯш кун, лекин медонистагии худатро кун. Мо бо ин роҳ аз сари бача тарс, фурӯтанӣ, бефаъолиятиро дур мекунем.
Дар дунё ҳама чиз аз сухан сар мешавад, ҳар коре, ки одам мекунад, аз сухан сар мешавад. Ҳатто сухане, ки Шумо аз дилатон мегузаронед, ба хислати шумо таъсир дорад. Фарзанд бояд аз худаш дилпур бошад, ки ман метавонам. Ақли мо дар гӯши мост, на дар майнаи мо. Мо фикри мустақил надорем.
Чун фикри мустақил надорем, на қувваи худро пурра истифода бурда метавонем, на ба ҷомеа манфиате аз мо мерасад. Мо фикр мекунем, ки дар асри нуҳ фалонӣ фалон хел гуфта буд, бояд аз рӯйи гуфти ӯ амал намоем. Охир бо ин намешавад, зиндагӣ ин хел нест. Замон дигар мешавад ва фикри андешаи мо ҳам бояд дигар шавад. Замон дигар шуда, аммо андешаи мо ҳамон шахшуда.
-Ба фикрам дар ягон адабиёти халқҳои дунё мисли адабиёти мо чунин насиҳати зиёд дида намешавад. Ҳамин насиҳат гуфтан ба зеҳни инсон таъсири мусбӣ расонида метавонад?
- Саволи дуруст, насиҳат кардан ин ақлу фаросати ҳамсуҳбатро писанд накардан аст. Адабиёти классикии мо ба як меъёри худаш бузургтарин адабиёт аст. Дар радифи насиҳатҳо адабиёти классикии мо дурдонаҳои бисёр дорад. Ҳатто ҳамин суханҳое, ки ману шумо гуфта истодаем, классикони мо ҳамаи ҳаминҳоро ҳам борҳо таъкид кардаанд. Лекин насиҳатҳо бештар чопу тарғиб шудаанду ҳамон дурдонаҳое, ки бевосита ба рӯзгор вобастаанд, камтар пинҳон монда ва мардуми мо ҳам бештар ба насиҳатҳои онҳо таваҷҷуҳ намудааст.
-Дар проссеси тағйир додани тафаккуру андеша адабиёт чӣ рисолатро иҷро карда метавонад?
-Дар ин маврид адабиёт бузургтарин рисолат дорад. Боз мегӯям, ки ҳама чиз аз сухан сар мешавад ва адабиёт сухан аст. Сухан ҳамон хел гуфта шавад, ки ба дарди имрӯзаи ҷомеа хӯраду мушкилоти вайро осон карда тавонад. Баъдан, ин гуна сухан ба мардум умуман дар бораи ҷамъият, маданият чӣ хел андеша карданро ёд медиҳад, ёд медиҳад, ки ин масъаларо ин хел фаҳмидан мумкин ва оқибаташ ин гуна мешавад. Агар ҳамин хел набошад, вай адабиёт адабиёти муфид нест. Адабиёти муфид бояд дар замони худаш, дар ҳолате, ки даркор аст, гуфта шавад. Масалан, як ҳикмати бисёр нағзе, ки дар асри ҳабдаҳ гуфта шуда, мумкин имрӯз куҳна шуда бошад.
Пас, имрӯз дигарашро гуфтан лозим. Ман гумон мекунам, ки адабиёт таҳкурсии ҳамаи дониши инсон аст.
- Оё мо имрӯз ҳамин гуна адабиёт дорем?
- Ба ин савол мутахассис бояд ҷаво диҳад. Нафаре ҷавоб диҳад, ки ҳамаи адабиётро фаро гирифтаву пайдарҳам осори нашршудаи чанд соли охирро мехонад ва дар мавриди ҳамаи осори нашршуда аққалан тасаввуроти умумӣ дорад. Ман танҳо андешаи шахсиямро гуфта метавонам.
-Андешаи Шумо чӣ гуна аст?
-Дорем, аммо хеле кам ва он ҳам дар доираи забон ва маърифати худамон. Агар дар доираи маърифати умумиҷаҳонӣ гирем, мо бисёр қафо мондаем. Аммо ҳамон асарҳо ҳам саривақт тарғиб намешаванд. Ғайр аз ин асарҳои хуб аз даруни асарҳои носара берун ва ба мардум нишон дода намешавад. Ба хонанда китоби нағзро пешниҳод кардан даркор, ҳамон китоберо пешниҳод кардан даркор, ки фикри ӯро бедор кунад, ба ҷунбиш биёрад. Ҳозир ҳар касе, ки хоҳад, китоб чоп мекунад. Сара кардани адабиёт нест.
-Нашриётҳо ҳам шояд танҳо барои фоидаи худашон ин гунна китобҳоро нашр кунанд…
-Маъмурони нашриётҳои шахсӣ ҳам бояд андеша кунанд, ки чӣ хел карда, асари хубро ба хонанда расонанд. Ҳар чизе, ки дар рӯйи мизашон пайдо шаваду онро нашр кардан гиранд, аз ин ба кӣ фоида? Бубинед, мо маҷаллаҳо дорем, рӯзномаҳо дорем, лекин дар инҳо як ҷунбиши фикру андеша дида намешавад. Дар як қолабу ҳар чӣ пеш омад, хуш омад мегӯянду саҳифаҳоро пур мекунанд ва ба фурӯш мебароранд. Рӯзномаву маҷаллаҳои мо мақсад надоранд, мақсади муайяне, ки аз саҳифаи аввал то саҳифаи охир равад. Талаботи хонандаи имрӯза ба назар гирифта намешавад.
-Чаро мардум "Одина"-и устод Айниро дӯст доштаву то имрӯз мехонад ва қиссаҳои нави моро не? Шояд хонанда дар асарҳои мо қаҳрамонеро намеёбад, ки нисбат ба тақдири ӯ бетарафиро ихтиёр карда натавонад?
-Комилан дуруст, ҳамин хел аст. Дар асар қаҳрамони ибратбахш бояд бошад. Шумо "Одина"-ро мисол овардед, тақдири Одина аз чӣҷиҳат барои хонанда ибратбахш аст? Дар симои Одина симои миллат тасвир ёфтааст ва ҳамон воқеаҳо аз сари як қаҳрамон нагузаштааст. Вай тарҷумаи ҳоли як миллат дар як давраи муайян аст. Бинобар ин, вай ба дили мардум наздик аст. Одина намояндаи як халқи мазлуми беҳуқуқ аст, ки воқеан дар ҳамон давра ин тақдири халқи мо буд.
-Аммо Одина барои тағйири сохтори давраш мубориза набурда…
- Бале, лекин бо вуҷуди ин ба дили мардум нишастааст. Барои он ки мардум дар он асар симои худро шинохтааст. Зиндагии худро дидааст. Барои офаридани ин гуна қаҳрамон мо бояд тарҷумаи ҳоли умумии миллатамонро ёбем, мо бояд амиқ дарк кунем, ки дар кадом шароит зиндагӣ мекунем ва ин шароит аз кадом ҷиҳат дилинишин асту аз кадом ҷиҳат дилгир.
-Ташаккур устод барои суҳбати самимӣ
Суҳбати Баҳманёр