09:52:34 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРГУЗАШТИ МУМТОЗИ ТАРОНАНАВИСҲОИ ТОҶИК

 

Шоири маъруфи тоҷик Абдулло Қодирӣ дар баҳори 73-солагии умраш бар асари сактаи дил ин дунёро падруд гуфт. «Лаҳни булбул» охирин китоби Абдулло Қодирӣ буд, ки дар соли гузашта ба нашр расидааст. ӯ дар Душанбе таваллуд шуда дар ҳамин ҷо мактаби таҳсилоти ҳамагониро хатм карда таҳсилашро дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон давом додааст. Баъдан дар рӯзномаҳои Тоҷикистон ва чанд муддат дар Филармонияи давлатӣ фаъолият кардааст. Абдулло Қодирӣ бештар ба ҳайси шоири таронасаро дар Тоҷикистон ва берун аз он дар кишварҳои форсзабон маълуму машҳур аст. Дар ин бора маълумоти бештареро мо бароятон аз китоби журналист Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир- султони қалбҳо» пешкаш менамоем.


«АЙ НИГОРИ НОЗАНИН, ЯК ДАМ ПАҲЛӮЯМ БИШИН»


Муаллифи матни боз ду суруди Аҳмад Зоҳир шоири боистеъдод ва ширинсухани муосири тоҷик Абдулло Қодирӣ мебошад, ки бо тахаллуси Мумтоз низ шӯҳрат дорад. Қиссаи эҷоди ин таронаҳо ва чӣ гуна ба репертуари Аҳмад Зоҳир ворид шудани онҳо хеле аҷиб аст. Устод Абдулло Қодирӣ дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо дар бораи таърихи эҷод ва саргузашти ин сурудҳояш муфассал ҳикояти хеле ҷолиб карданд. 

Суруди аввал бо номи «Ай нигори нозанин» дар Афғонистону Эрон машҳур буд. Абдулло Қодирӣ ин таронаро соли 1957 дар арафаи баргузории рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Маскав бадеҳатан бо хоҳиши оҳангсози дар ҳамон вақт ҷавон, вале баъдан маъруф Амнун Бободӯстов, ки феълан дар Венаи Австрия зиндагӣ мекунад, гуфтааст. Абдулло Қодирӣ дар он вақт 18 – сол дошт ва донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Бо Амнун Бободӯстов дар як маҳалла зиндагӣ мекарданд ва дӯсти наздик буданд. Амнун оҳангеро эҷод карда буд ва барояш матн меҷуст. 

Абдулло Қодирӣ бошад, машқи шеър мекард ва ҳамон вақт мавриди таваҷҷӯҳи устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар ва Боқӣ Раҳимзода қарор гирифта буд. Амнун барои навиштани матне барои оҳанги эҷодкардааш ба дӯсташ Абдулло Қодирӣ муроҷиат мекунад. Абдулло Қодирӣ оҳангро шунида бадеҳатан дар зарфи 15 дақиқа ҳамин матнро барои оҳанги шунидааш эҷод мекунад:


                   Ай нигори нозанин,
                  Як дам паҳлӯям нишин.
                  Аз он лабон бӯса бидеҳ,
                  Дили маро ғусса мадеҳ,
                  Эй ёри ман,
                  Дилдори ман.
   
                                             Хуршеди тобони ман,
                                             Моҳи дурахшони ман.
                                             Аз он лабон бӯса бидеҳ,
                                             Дили маро ғусса мадеҳ,
                                             Эй ёри ман,
                                             Дилдори ман.

                Ғунчаи лабро бикушо,
                Ҳарфе бигӯ баҳри даво.
               Аз он лабон бӯса бидеҳ,
               Дили маро ғусса мадеҳ.
               Эй ёри ман,
               Дилдори ман.  
               Эй ахтари шабҳои ман,
               Марғубу зебои ман.
               Аз он лабон бӯса бидеҳ,
              Дили маро ғусса мадеҳ,
              Эй ёри ман,
              Дилдори ман.


Сипас баъди як ҳафта ин сурудро аввалин маротиба дар як консерти калон дар театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Раъно Ғолибова месарояд. Баъд ӯ ин сурудро дар ҷараёни рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав борҳо пешкаши ҳаводорони таронаҳои тоҷикӣ месозад. 

Ин суруд ба Артисткаи Халқии СССР Тамара Хонум хеле писанд меафтад ва онро ба репертуари худ ҷой медиҳад. Баъдҳо суруди «Ай нигори нозанин»-ро овозхони машҳури туркман Анна Қулиева, сипас ҳунарманди боистеъдоди Қарақалпоқистон Гулшод Отаҷонова месароянд. Як сол пас соли 1958 ба Тоҷикистон гурӯҳе аз ҳунармандони маъруфи Афғонистон, бо шумули Ҳафизуллоҳ Хаёл, Абдуҷалил Залонд, хонум Рухшона, хонум Жило ба гастрол меоянд. Қабл аз оғози консертҳо оғои Ҳафизуллоҳи Хаёл бо кӯмаки ҳунармандони тоҷик суруди мазкурро таҳия намуда, онро чандин маротиба дар ҷараёни гастрол манзури тамошобинон месозад. 

Ҳамон вақт барандаи яке аз консертҳои муштарак Акбар Ҷӯраев Абдулло Қодириро ҳамчун муаллифи ҳамон суруд ба Ҳафизуллоҳ Хаёл муаррифӣ мекунад. Устод Хаёл дар тааҷҷуб мемонад, ки чӣ гуна як ҷавон чунин суруди хубро эҷод кардааст. Баъдтар ин суруд дар иҷрои бисёре аз овозхонҳои афғонӣ, аз ҷумла Абдураҳими Сорбон, Зоҳир Ҳувайдо, Афсона, Наим Пупал ва ғайра борҳо садо додааст. 

«Вале онро вақте, ки тасодуфан дар навори як дӯстам, Хуррам Раҳимов, дар иҷрои Аҳмад Зоҳир шунидам, хеле мутаассир шудам. Аҳмад Зоҳир он сурудро дар як консерти маҳфилиаш хеле дилкаш месуруд, - мегӯяд худи Абдулло Қодирӣ. Дар омади гап бояд бигӯем, ки ин суруди Абдулло Қодириро овозхони машҳури эронӣ Саттор низ хеле хуб сароидааcт. Ба гуфтаи Абдулло Қодирӣ суруди мазкур тавассути Наим Пупал, ки баъди марги Аҳмад Зоҳир ба нишони эътироз аввалин шуда ҷилои Ватан карда буд, мақбули ҷавонони иронӣ мегардад. 

Саттор ҳам онро ҳамчун таронаи халқии иронӣ ба репертуари худ дохил карда будааст. Воқеан, ин сурудро овозхонҳои машҳури қариб 10 кишвари ҷаҳон бо забони тоҷикӣ хондаанд. Қариб, ки бо ҳамон матну дар ҳамон оҳанге, ки Абдулло Қодирӣ ва Амнун Бободӯстов эҷод карданд. Вале дар ҳеҷ куҷое номи муаллифи матн ва оҳангсозро нагирифтаанд. Суруд солҳое, ки дар толорҳои консертии ҷумҳуриҳои мухталифи шӯравӣ садо медод, онро суруди тоҷикӣ гуфта, муаррифӣ мекарданд. Дар кишварҳои форсизабон бошад, ҳамин чизро намегуфтанд. Ин сурудро, дар он ҷое, ки садо медод, моли халқи худ медонистанд. Ин суруд дар номгӯи 500 таронаи беҳтарини эронӣ дар китобе, ки соли 1978 дар Теҳрон чоп кардаанд, дохил шудааст. Онро ҳамчун таронаи халқии эронӣ пешкаши хонандагон кардаанд. 


«АВВАЛИН ИШҚАМ ТУ БУДӢ»


Суруди дигареро, ки Аҳмад Зоҳир бар матни шоири ширинкаломи мо Абдулло Қодирӣ мехонад, таронаи «Аввалин ишқам ту будӣ» мебошад. Таърихи ба дасти Аҳмад Зоҳир расидани ин матн ҷолиб аст. Абдулло Қодирӣ соли 1964 ҳангоми хизмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳайси афсари тарҷумон дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод бо ҳайати ҳунармандони афғонӣ бори дигар вомехӯрад. 

Хонум Рухшона ва Абдуҷалил Залонд, ки Абдулло Қодириро нағз мешинохтанд, аз ӯ боз дархости ягон шеъри хубе барои оҳанг бастан мекунанд. Абдулло Қодирӣ, мегӯяд, ки ман ҳамон вақт шеъри «Аввалин ишқам ту будӣ» - ро навишта будам ва онро ҳамон лаҳза ба оғои Залонд додам. Солҳо мегузаштанд. Вале аз шеърам дараке набуд. Боре як дӯсти даврони донишҷӯиям Ашӯр Ғулом, ки дар Афғонистон кор мекард, билохира ба ман мужда овард, ки Аҳмад Зоҳир яке аз шеърҳоямро оҳанги хеле дилошӯбе бастааст. 

Чӣ гуна ҳамон матн ба дасти Аҳмад Зоҳир расидааст, ба ман маълум нест. Шояд оғои Залонд матнро ба ӯ дода бошад. Ба қавли дӯстам вақте ин таронаро Аҳмад Зоҳир бори аввал дар Мазори Шариф мехонад, бисёриҳо аз таъсири он гиря кардаанд, - мегӯяд Абдулло Қодирӣ. Матни ин таронаи Аҳмад Зоҳир дар он ду китоби қаблан ёдшуда, яъне «Боз омадам» ва «Танҳо садост, ки мемонад» низ оварда шудааст. Вале дар ҳарду ҳолат ҳам мураттибон номи муаллифи шеърро зикр накардаанд. Муқоисаи матнҳои китоб бо наворҳои суруд тағйироти на чандон ҷиддиеро дар байни матнҳо нишон медиҳанд. Ин таронаро Аҳмад Зоҳир дар ҳамин шакл мехонад:

  Аввалин ишқам ту будӣ,
  Охирин ишқам ту будӣ.
  Рафтӣ аз ман дил гирифтӣ,
  Бо гапи мардум намудӣ.
  Дарду андӯҳам фузудӣ,
  Дар сукути нимашабҳо,
  Бо худам танҳо нишастам.
  Нағмаи маргам сурудам,
  Кош ҳаргиз ман набудам.
  Кош ҳаргиз ман набудам.
  Худ бигӯ бо ман чӣ ҳастӣ?
  Саркашу мағруру мастӣ?
  Ишқ, яъне нима мурдан
  Риштаи ҳастӣ буридан
  Кош ҳаргиз ман набудам,
  Кош ҳаргиз ман набудам.
  Оҳ ай ишқ, бош, куҷоӣ?
  Як ҷаҳони ғуссаҳоӣ.
  Бо дили афсурдаи ман
  Солҳо шуд ошноӣ
  Кош ҳаргиз ман набудам,
  Кош ҳаргиз ман набудам.


Вале бо ҳамин ду тарона мавзӯи робитаи Абдулло Қодирӣ бо Аҳмад Зоҳир қатъ намешавад. Шоири тоҷик, чи навъе, ки худаш мегӯяд, якчанд шеъри худро баъди шунидани ин ва ё он суруди Аҳмад Зоҳир эҷод кардааст. Аниқтараш илҳом аз таронаҳои мушахасси Аҳмад Зоҳир гирифтааст. Абдулло Қодирӣ ҳамчун намуна суруди Аҳмад Зоҳир бар матни устод Халиллулоҳи Халилӣ «Ба доғи номуродӣ сӯхтам ай ашк, тӯфоне» - ро мисол меорад. 

Сурудро бори аввал мешунидам, - мегӯяд Абдулло Қодирӣ. Ҳамин, ки Аҳмад Зоҳир мисраи «Ба танг омад дилам з –ин зиндагӣ, ай марг ҷавлоне» - ро бо як сӯзе хонд, дигар худро дошта натавонистаму талх гиристам. Чунон дар зери таъсири ҳамин суруд мондам, ки худи ҳамон шаб назирае ба ҳамин ғазали устод Халиллулоҳи Халилӣ навиштам». 

Мо барои намуна чор мисраеро аз ин ғазал пешкаши шумо, хонандагони гиромӣ мекунем:

  Шаби ҳиҷрон набошад ҳосилам ҷуз ашки сӯзоне,
  «Ба танг омад дилам з-ин зиндагӣ, ай марг ҷавлоне!».
  Гуноҳам чист, ай золим, чунин озурда медорӣ?
  Магар дар ғафлатӣ аз мавҷхезӣ ашки туфонӣ?


Абдулло Қодирӣ мутаассир аз марги Аҳмад Зоҳир шеъреро дар вазну услуби суруди овозхон «Ай ба дидаам торик, моҳи осмон бе ту» эҷод мекунад, ки баъдан ҳофизи хеле боистеъдоди тоҷик Дона Баҳромов дар пайрави ба сабки таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба он оҳанг баста, хеле таъсирбахш сароидааст. Инак чанд байти он сӯгворӣ:

  Навҳа мекашад чун дил абри дидагон бе ту,
  Тира дар назар тобад шамъи шабравон бе ту.
  Ашки сабза шуд Шабнам, лола дар даман дилхун,
  Ғунчаҳои нашкуфта дар чаман хазон бе ту.
  Базми мо басе дилгир ҳарфҳо пароканда,
  Талх аз ҷудоиҳост айши ошиқон бе ту…


Шоири маҳбуби тоҷик Абдулло Қодирӣ ба ҳунари Аҳмад Зоҳир чунон ҳам меҳр баста буд, ки вақте бо Масъуд Ҷамол, яке аз овозхонҳои маъруфи афғон шинос мешавад ва мефаҳмад, ки ӯ қаблан найнавози Аҳмад Зоҳир будааст, бадеҳатан барояш мегӯяд:

  Ай найнавози Аҳмад Зоҳир, чӣ гӯямат?
  Сӯзи ҳазор нола ба ноят мукаррар аст.


Баъдан шоир ин байтро ба ғазале дар васфи найнавози Аҳмад Зоҳир табдил медиҳад.

Иқтибос аз китоби Султони Ҳамад «Аҳмад Зоҳир- султони қаблҳо», Душанбе, соли 2005, саҳ. 128-134.

Таҳияи Ҷаҳонгири СУЛТОН 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi