17:59:39 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ДАР ҲОШИЯИ НАХУСТФЕСТИВАЛИ «НАЪТХОНӢ»

Чанде пештар (2-6-и август) дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бахшида ба соли бузургдошти Имоми Аъзам (Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит) эълон шудани соли 2009 нахустфестивали ҷумҳуриявии «Наътхонӣ» баргузор гардид.

Ин чорабинии фарҳангӣ аз қабили ҳамон маъракаҳое мебошад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонистанд 18 сол қабл дар замони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон баргузор шаванд. Агарчанде наът беш аз ҳазор сол ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг, адабиёт ва таърихи мо ба шумор мерафт, вале дар замони шӯравӣ онро натанҳо нодида гирифтанд, балки алайҳи он муборизаи беамонро шурӯъ карданд. Наът чист, ки дар замони шӯравӣ бар зидди он як дастгоҳи пурқудрати идеологӣ мубориза мебурд?

Дар китоби «Энсиклопедияи советии тоҷик» (ЭСТ) азҷумла омадааст, ки «Аксари шоирону нависандагони гузашта дар муқаддимаи маснавӣ, достонҳои лирикиву эпикӣ, девонҳои ғазалиёту қасоид, баъзе асарҳои илмиву таърихӣ ва ғайра баъди ҳамду муноҷот наът гуфтаанд. 

Мазмун ва мундариҷаи наътро асосан тавсифу таърифи пайғамбару ёрони ӯ ташкил медиҳанд». Ончиро, ки соли 1984 дар бораи наът дар ЭСТ омадааст, панҷ сол баъд айнан, на кам на зиёд, дар ҷилди дуввуми китоби «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» муаллифонаш овардаанд. Ва ин эҳтиёткории олимону муҳаққиқони он замонро фаҳмидан мумкин аст. Аз ин бештар дар бораи наът дар он замон гуфтан ин ба маънои таблиғи наътро кардан буд.

Акнун бубинед, шуаро ва нависандагони гузаштаи мо пеш аз он ки ягон асар бинависанд, дар муқаддимаи он ҳатман ҳамду санои Худованди бузургро ба ҷо меоварданд, бо ӯ муноҷот мекарданд, ки ба корашон кушоиш,ба умрашон тавфиқ бидиҳад ва сипас ба гуфтани наът, яъне тавсифи Пайғамбари Акрам Муҳаммад (С) мепардохтанд. 

Тӯли беш аз ҳафтод соли ҳукумати шӯравӣ ҳукуматдорон дар адабиёт на танҳо равия, услуб, тарзи асарнависиеро бо номи реализми сотсиалистӣ ҷорӣ карданд, ки адибони замони навро аз навиштани ҳамду муноҷот, наът манъ мекарданд, балки ҳини ба чоп тайёр кардани осори шоирони классик ҳамин қисмати хеле муҳими асарҳои онҳоро ҳатман «қайчӣ» менамуданд. 

Агарчӣ дар адабиёти хаттии мо дар тӯли солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ расман навиштану интишор кардани ҳамду муноҷот ва наът қариб ки азбайн рафта бошад ҳам, вале дар адабиёти шифоӣ, махсусан дар ҳунари таронасароии он ба таври пинҳонӣ аз ҳукуматдорон ҳам бошад, сурудани ҳамду муноҷот ва наътхониҳо идома доштанд. 

Бо вуҷуди ба роҳ мондани назорати шадид аз болои барномаҳои консертии муассисаҳои фарҳангӣ, ташкилотҳои фароғатӣ, радиову телевизион ва эҷодиёти овозхонҳои алоҳида дар байни мардум, миёни иҷтимоъ ёфт мешуданд нафарҳои алоҳидае, ки ашъори дар васфи Худову Расул гуфтаро азёд намуда дар маъракаҳои мухталиф: ҳам шодиву хурсандӣ ва ҳам андӯҳу мотам бо як эҳтиёткории хеле зиёд месуруданд. Ин гуна овозхонҳо баъзан аз сӯйи мақомоти марбута кашф мегардиданд ва бисёр вақт ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешуданд. 

Яъне бо ибтикори ҳамон мақомот онҳо дар коллективҳои меҳнатии худ мавриди муҳокима ва сарзаниш қарор мегирифтанд, онҳоро аз имтиёзҳо маҳрум месохтанд, ба онҳо додани унвонҳои ифтихориро манъ мекарданд, роҳи онҳоро ба радио ва телевизион мебастанд ва ғайраву ҳоказо. Хулоса, онҳоро барои он ҷазо медоданд, ки онҳо Парвардигори олам ва Хотамуланбиёву ёрони ӯро ҳамду сано мегуфтанду васф мекарданд. На каму на беш. 

Бо вуҷуди фишору тазъиқҳои фаровон бархе аз онҳо на танҳо ин кори хешро идома медоданд, балки барои дар оянда идома пайдо кардани кори худ ҷойгузин низ тайёр мекарданд. Шогирдонро тарбия менамуданд. Ман ҳоло аз овардани номҳои мушаххас худдорӣ менамоям. Зеро метарсам, ки мабодо номи азизеро азҷумлаи ин шахсиятҳои сарсупурда дар роҳи Худо, фаромӯш созаму боиси малоли хотири эшон гардам. 

Ҳамин қадарашро мегӯям, ки ин гуна афрод бидуни истисно дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ буданд ва қисмате аз онҳо агарчи дар қайди ҳаёт набошанд ҳам, дастпарварони онҳо, имрӯз ҳамду муноҷот ва наътхониро дар шароити як давлати соҳибистиқлол акнун озодона идома медиҳанд.

Хушбахтона, як иддаъ аз ин наътхонҳоро мо дар нахустин фестивали ҷумҳуриявии наътхонӣ, ки се рӯз дар толори консертии Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев ва дӯ рӯзи дигар дар чойхонаи «Саъодат»-и шаҳри Душанбе ҷараён дошт, дидем. Озмун, ки бо ибтикор ва кӯшиши Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гардид, бешубҳа, як амали хайр, муфид ва савобҷӯёна ҳаст.  

Нахустфестивали наътхонӣ чӣ гуна гузашт? Бояд рӯйи рост, ошкоро гуфт, ки бо вуҷуди таҷрибаи нахустин будан, ин фестивал хуб гузашт. Вазорати фарҳанг барои хуб гузаронидани он талошҳои зиёдеро ба харҷ додааст. Муносибати вазорати фарҳангро ба ин фестивал аз он метавон ҷиддӣ арзёбӣ кард, ки яке аз муовинони вазир хонум Фароғат Азизӣ тӯли ҳамин панҷ рӯзи фестивал ҳамеша дар толор ҳузур дошт ва яке аз роҳбарони фаъоли ин чорабинӣ ба ҳисоб мерафт. 

Роҳбари бадеӣ ва таҳиягар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов, роҳбари мусиқӣ С. Каримов, директори фестивал З.Тошев дар ҷолиб шудани нахустфестивали наътхонӣ хизматҳои шоёне кардаанд.

Вале бо вуҷуди корҳои хуб ба гуфтаи бархе аз тамошобинон, мутахассисони соҳа, журналистон дар ташкил ва баргузории ин нахустфестивали наътхонӣ камбудиву норасоиҳое низ ба чашм мехӯрданд, ки ислоҳ ва бартараф кардани онҳо дар маъракаҳои минбаъда аз манфиат холӣ нахоҳанд буд.  

Масалан, ба гуфтаи сардабири ҳафтаномаи пуровозаи «Фараж» Хуршеди Атоуллоҳ, ки азҷумлаи бинандагони фаъоли ин фестивал буд, созмондиҳандагони ин чорабинӣ корҳои зиёдеро анҷом дода бошанд ҳам, вале ба масъалаи ҷалби тамошобин чандон аҳамияти ҷиддӣ надодаанд. Дар ҳақиқат, бо вуҷуди нисбатан арзон будани нархи чипта ( панҷ сомонӣ) аз нисф зиёд ҷойҳои толори консертии Филармония ҳамарӯза холӣ буданд. 

Ба гуфтаи Хуршеди Атоуллоҳ агар роҳбарони вазорати фарҳанг ҳангоми эълону ҳини баргузории ин чорабинӣ аз хизмати уламои шинохтаи ҷумҳурӣ, барои мисол Ҳоҷӣ Мирзо истифода мебурданд, боварӣ буд, ки ҳам тамошобин ба ин озмуни наътхонӣ зиёд меомад ва ҳам аҳамияти бештареро он касб мекард. 

Воқеан, агар вазорати фарҳанг чунин кореро анҷом медод, яъне яке аз уламои саршиноси ҷумҳуриро даъват мекард то дар маросими ифтитоҳи ин фестивал суханронӣ карда дар бораи фазилатҳои наътхонӣ ва истифодаи мусиқӣ дар дини мубини ислом ҳарф мезаданд, шояд сару садоҳои носазое, ки дар робита бо баргузории консертҳо бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам, дар байни ақшори мухталифи ҷомеъа ривоҷ гирифтааст, камтар мешуданд. 

Бояд гуфт имрӯз на танҳо бархе аз онҳое, ки як вақтҳо худро атеист мешумориданду ҳоло ҳам наметавонанд ин уқдаро аз пойи хиради хеш во бикунанд, бар зидди баргузории чунин маъракаҳоянд, балки онҳое низ табли мухолифат мезананд, ки худро мубаллиғи дини мубини ислом меҳисобанд, даъвои пешвои қавме буданро мекунанд. Баъди суханронии эҳтимолии уламои шинохта дар чунин ҷамъомадҳо якумиҳоро ку намедонам, вале боварӣ дорам, ки дуввумиҳо дар мавқеи худ оиди баргузории чунин чорабиниҳо таҷдиди назар хоҳанд кард. 

Ба ҳар ҳол чунин мавқеъгирии баъзе аз муллоҳо ба фикри ман, бештар вобастааст ба он ки то кадом андоза аз мӯҳтавои чунин чорабиниҳо мутталеъ ҳастанд. Боварӣ дорам дилхоҳ чунин муллое, ки наъти «Шоҳест, ки аз ҳоли гадо огоҳ аст»-ро, ки онро донишҷӯи Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (Абӯҳанифа Нӯъмон) Қаноатшо Салимов бо як истеъдоду маҳорати баланди хонандагӣ ва садои ҷигарсӯз хонд, мешунид, билкул нуқтаи назари хешро дар бораи ин фестивали наътхонӣ дигар мекард. 

Ҳар гоҳ ки Қаноатшо даст болои дил бурда ин мисраъҳоро бо як гудоз месуруд, бархеро медидам, ки ашки чакида бар рухсорро бо кафи даст ноайён пок карданӣ мешуданд:

Саргашта осмон ба ҳавои Муҳаммад аст, 
Хуршед посбони сарои Муҳаммад аст.


Ё худ «Ашкам чакад ҳар ними шаб» ном ғазали Абдулатифи Ансорӣ дар иҷрои бародарон Эҳсониддин ва Сиротуллоҳ Рауфовҳо меҳри шунавандаро ба каломи Худовандӣ боз ҳам афзунтар месозад. Воқеан Сиротуллоҳ чанде пештар дар як озмуни байналмиллалии қориёни Қуръони маҷид, ки дар шаҳри Маскав барпо гардид, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. 

Нахустин фестивали наътхонӣ нишон дод, ки дар ҷумҳурии мо наътхонҳои хеле қавӣ зиёданд. Бархе аз онҳо дониши хуби динӣ қисмати дигар дониши касбии мусиқӣ доранд. Дар байни онҳо овозхонҳое ҳастанд, ки собиқаи 30-35 солаи наътхонӣ доранд. Барои мисол Ҷумъахон Сафаров, Абдураззоқ Абдуалимов, Сарабек Раҳмонов, Баёнқул Облоқулов, Муродмад Раҳимов, Маҳмадсафар Муродов, Сафар Қодиров, Талабшоҳ Қӯқанов, Нурулло Холов, Саидалӣ Сабзов, агарчӣ дар назди мардум бештар ҳамчун овозхонҳои сурудҳои лирикиву меҳанӣ, панду ахлоқӣ маъруфият доранд, вале ин озмун нишон дод, ки дар сурудани наът низ онҳо маҳорати комил доштаанд. 

Умари Темур, Муҳаммадалӣ Аҳмадов, (мутаассифона дар озмун бо сабаби касалӣ ширкат карда натавонист) Маҳмадалӣ Аюбӣ, Ғолибшо Акобировро метавон наътхони касбӣ номид. Зеро инҳо ҳанӯз аз даврони шӯравӣ ба мақомоти дахлдор ҳамчун наътхонҳои касбӣ маълум буданд ва пайваста мавриди таъқибу озори ниҳодҳои амниятӣ қарор мегирифтанд. 

Имрӯз дар даврони истиқлол албомҳои ин овозхонҳоро, махсусан наътхониҳои онҳоро дар кишварҳои ҳамҷавор ҳам бемалол пайдо карда метавонед. Масалан ман кассетаҳои Умари Темур ва Маҳмадалии Аюбиро дар шаҳрҳои Кобулу Файзободи Афғонистон дар дасти нафарҳои зиёде дидам, ки бо шавқи зиёд гӯш мекарданд.

Ҳунарнамоии Ҳақназар Ҳаловатов, Олуча Муалибшоев, Шукрихудои Карамиён, Саломуддин Кобулиев, Гулназар Кенҷаев,Сафаралӣ Маҳмадуллоев, Шокир Қодиров ва дигарон низ мақбули тамошобинони сершумор гардид. Дар вақти сурудхонии бародарони бадахшӣ бемуҳобот толор ба ваҷд омада буд.

Дар хотима бори дигар ҳамин нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки нахустфестивали ҷумҳуриявии наътхонӣ бо вуҷуди баъзе камбудиву норасогиҳояш чорабинии муфиде ба шумор меравад. Хуб мешуд, ки гузаронидани фестивали наътхонӣ дар ҷумҳурии мо ба ҳукми анъана медаромад ва онро аз ин ба баъд ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон, моҳе, ки мусалмононро ба Худои хеш боз ҳам наздиктар месозад, баргузор мекарданд. 

Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi