ФАРҲАНГИСТОНИ ЭРОН ВОЖАНОМАЕ ҲАШТҶИЛДӢ БА ТОҶИКИСТОН ЭЪТО КАРД
Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ “Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон”-ро дар ҳашт ҷилд мунташир карда ва ба ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон эъто кардааст. Ҳасан Ризо Боғбедӣ, раиси Фарҳангистони забон ва гӯйишҳои эронӣ, ки дар раъси як ҳайъати фарҳангии Эрон вориди Тоҷикистон шудааст, чопи китоби “Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон”-ро ҳадяе ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон унвон кард.
Ҳамакнун ин китоб ба Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллӣ, Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи навтаъсиси Осиё ва Урупо, Фарҳангистони улум ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ва донишгоҳи шаҳри Хуҷанд тавзеъ шудааст. Ҳамчунин, Қонуни забони Тоҷикистон ва суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба Рӯзи забон дар 5 октябри соли 2010 ба форсӣ баргардон шуда ва дар шаҳри Теҳрон мунташир гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол дар Тоҷикистон фарҳанги вижаи вожаву истилоҳот таҳия нашуда ва дар ин кишвар марказҳои илмии тахассусӣ барои танзими истилоҳот вуҷуд надорад. Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ин кишвар имкони пазируфтани куллия вожаҳо ё истилоҳоти “Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон”-ро надошта, вале ба ҳангоми сохтани вожаҳо аз ин китоб истифода хоҳад шуд.
Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, китоби “Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон”-ро барои Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ кард. Дуктур Саймуддинов афзуд: “Мо аз забонҳои арабӣ, туркӣ ва русӣ вожа ва истилоҳотро бидуни тағйир ва мутобиқ сохтан ба забони худ қабул кардем. Аммо халқҳои туркзабони Осиёи Марказӣ ин гуна калимоту вожаҳоро ба забони худ мутобиқ сохтанд. Мо тобеъи суннати бегонагон будем.”
Дар китоби “Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон”, ки Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон таҳия кардааст, вожаҳои инглисӣ ё фаронсавӣ ва дар паҳлӯи онҳо вожаҳои сохти эронӣ бо шарҳу тавзеҳ оварда шудаанд. Ҳамаи ин вожаю истилоҳот дар Эрон пазируфта шуда ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин, дар ин китоб вожаҳои бахшҳои сиёсат, мухобирот, тибб ва шимиё аввал дар қолабҳои лотинӣ, инглисӣ ё фаронсавӣ омада ва сипас муродифи форсии онҳо пешниҳод гардидааст. Бо ин вуҷуд масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ин кишвар имкони пазируфтани куллия вожаҳо ё истилоҳоти “Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон”-ро надошта, вале ба ҳангоми сохтани вожаю истилоҳот аз ин китоб истифода хоҳад кард.
Додихудо Саймуддинов дар ин бора чунин тавзеҳот ироа кард: "То ҳол дар забони тоҷикӣ вожаҳо ва истилоҳоти даврони шӯравӣ ё вожаҳое, ки хоси мардуми тоҷик аст, истифода мешаванд ва мо наметавонем аз онҳо сарфи назар кунем. Ин вожаю истилоҳот дар қавонин ва санадҳои мухталиф ворид шуда ва онҳо ба истилоҳоти хоси тоҷикӣ мубаддал шудаанд."
Фарҳанистон ҳамчунин ба хатти форсию сирилик "Фарҳанги имлои хатти форсӣ ба сирилики тоҷикӣ"-ро мунташир кардааст. Окодемисян Саймуддинов гуфт, ки ҳоло тадорукот барои таҳияи фарҳанги вожаҳои муштараки Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон шурӯъ шудааст. Вай ин иқдомро навъе талош барои гусаста нашудани пайвандҳои фарҳангию забонӣ ва танзими фарҳанги муштараки истилоҳот арзёбӣ кард.
Бо ин ки дар Тоҷикистон баҳсҳо дар бораи зарурати омӯзиши хатти форсӣ аз сӯйи насли ҷавони тоҷик "барои беҳбудӣ ва ғанисозии забони тоҷикӣ" идома доранд, Фарҳанистони забон ва адаби форсии Эрон бо хатти форсию сирилик "Фарҳанги имлои хатти форсӣ ба сирилики тоҷикӣ"-ро мунташир кардааст, то ин ки ин китоб баръакс мушкили эрониҳоро дар омӯзиши алифбои сирилик осон кунад.
Дар назар аст, дар соли оянда дар шаҳри Душанбе конфаронси донишмандони Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ва эроншиносон аз куллияи кишварҳои ҷаҳон баргузор шуда ва дар ин ҳамоиш дар канори масоили марбут ба рушди забони форсӣ, мавзӯъи танзими вожаҳою истилоҳоти муштарак матраҳ шавад.
Би-Би-Си