03:15:26 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАБИ ЭҶОДИИ ХОСИЯТ ВАЛИЗОДА

Чанде пеш  дар Кохи «Тоҷикистон»-и пойтахт бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти ҷумҳуриамон бо иштироки сарояндагони варзидаи кишвар шаби эҷодии шоираи хушбаёну рангинхаёл, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996), барандаи ҷоизаи «Сухан», дорандаи медали «Хизмати шоиста» Хосият Вализода баргузор гардид.

/images/stories/2011/08/02_khosiyat-valizoda_2.8.2011.jpgХонандаи тоҷик солҳои зиёдест, ки аз маҷмӯаҳои шеърии Хосият Вализода ғизои маънавӣ гирифта, дарси одаму одамгарӣ, ишқу муҳаббат, худшиносиву худогоҳӣ ва меҳандӯстиву ватанпарварӣ меомӯзад.  Китобҳои то ба имрӯз ба нашр расонидаи шоираи ширнсухан аз инҳо иборатанд: «Давоми роҳ» (1989), «Таронаи ишқ» (1994), «Дардҳоям шеър шуд» (1995), «Пайғоми Кӯлоб» (1996), «Сушёнс» (1997), «Такядори хуршед» (2000), «Наозоред дили занро» (2001), «Меҳани ҷон, Тоҷикистон» (2001), «Таърихи сабз» (2006), «Дуруди сапеда» (2009), «Фасли поизӣ надорам» (2010), «Парвозро даричае бикшо» (2010).

Муҳити шоирона ва дар рӯҳияи эҷодкорӣ тарбият ёфтани ӯ сабаб гардидааст, ки Хосият Вализода ҳамчун яке аз қаламкашони шинохтаи хатлонии Тоҷикистон ба майдони сухан қадам гузорад. Шоира дар шеърҳояш розу ниёз, орзую умеди мардуми диёр, симои бонуи тоҷик ва талошу мубориза бурдан барои расидан ба ҳақиқату адолатро васф кардааст.

Чорабинии мазкур хело хуб гузашт ва сарояндагоне ба монанди Меҳринисо Ҳоҷибоева, Парда Қосимов, Лола Азизова, Азиз Ваҳҳобов, Аҳмадҷон Муҳаммадиев ва дигарон сурудҳои аз эҷодиёти шоира тайёркардаи худро ба самъи ҳозирин расониданд. Ин хеле падидаи нек аст, ки сарояндагон шеърҳои шоираро аз маҷмӯаҳояш баргузида, онҳоро чун суруди дилкаш пешкаши мухлисон мегардонанд.

Толори Кохи «Тоҷикистон» ҳам чандон аз мухлисону аҳли қалам лабрез набуд. Мо боварӣ доштем, ки дар чунин чорабинии фарҳангӣ аҳли сухану қалами ҷумҳурӣ, хоса шоиру шоираҳои пойтахт, зиёиёну дигар фарҳангиён барои пос доштани каломи мавзун ҷамъ меоянд, вале афсӯс, ки иштироки эшон хеле кам ба назар расид. Шояд ҷанбаи тиҷоратии чорабинӣ имкон надод, ки аҳли қалам, адибон, хоҳишмандону мухлисон ва ҳаводорони шоира ба толор роҳ ёбанд.

Ҷамъомади доиргардида гарчанде дар рӯҳияи идона сурат гирифта бошад ҳам, шоира Хосият Вализода аз иштироки ками адибон ва ё аз дигар сабабҳо бошад, ки каме озурдахотиру малулранг менамуд ва инро мо аз шеърҳои бо алам хондаи ӯ хуб ҳис кардем. Шоира ба он адибоне, ки «Хосият ба шеъргӯӣ дертар сар кард» гуфта буданд, чунин ҷавоби муносибе дод, ки «ҳеҷ замоне барои шукуфтан дер нест».

Хуб мебуд, ки дар ин шабнишинӣ эҷодиёти Хосият Вализода аз нигоҳи адибони варзида, муҳаққиқону манаққидон мавриди арзёбӣ қарор мегирифт, то хонандагону мухлисон, сарояндагону мутрибон ба офаридаҳои шоира бештар таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд, ки чунин шабнишиниҳоро ройгон ташкил кунанд, то ки мардум ба ин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ бештар ҷалб гарданду рӯ ба сухани воло биоранд. Бо вуҷуди нуқсонҳои ҷузъӣ чорабинии мазкур хеле хуб гузашт.

Раҷабалӣ Худоёров, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi