«ПАРАСТУ»-Е, КИ ДЕР ОМАД…
Дирӯз, 28-уми март дар Театри давлатии академии драмавии ба номи устод Лоҳутӣ маросими кушодашавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту»-2011 баргузор гардид. Маросимро бо сухан муқаддимавӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ кушод.
Фестивал-озмуни мазкур маъмулан дар ҳар ду сол як бор доир мегардад. Вале ҷашнвораи феълӣ баъди чаҳор сол баргузор гардид. Масъулини соҳаи театри тоҷик яке аз сабабҳои таъхир дар баргузории озмуни мазкурро дар мушкилоти иқтисодӣ ва камбуди молӣ арзёбӣ кардаанд.
Дар ҷашнвораи имсола, ки то 3-юми апрел давом хоҳад кард, 15 театри касбии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд. Ғолибони фестивал- озмунро Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои барои беҳтарин ҳунарманди офарандаи нақши мардона, барои беҳтарин иҷрокунандаи нақши занона, барои беҳтарин кори коргардонӣ ва ғайра интизоранд.
Дирӯз нахустин шуда Театри давлатии академии драмавии ба номи устод Лоҳутӣ дар чаҳорчӯбаи ин озмун пиесаи Сотим Улуғзода «Рӯдакӣ»-ро, ки басаҳнагузорандаи он Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадоев мебошад, манзури тамошобинон ва доварони ҷашнвора намуд.
Бегоҳии ҳамон рӯз театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа намоишномаи Султон Умар «Моҷаро, саҳна, ишқ»-ро дар таҳияи коргардон Б. Раҷабов пешкаши мухлисони театр кард.
Имрӯз, 29-уми март, дар чаҳорчӯбаи фестивал – озмун се намоишнома ба тамошо гузошта мешавад. Соати 10 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи Ҷумъа Қуддус «Тавбашикан» дар таҳияи С. Шехов дар иҷрои Театри драмавии русии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Чкаловск, соати 14 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе спектакли Ҳ.Салимов «Маликаи шӯх» дар таҳияи З.Ҷаводов дар иҷрои Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва соати 17 дар Театри давлатии русии ба номи В. Маяковский намоишномаи драматург Ғ. Ашӯров «Мизон» дар таҳияи коргардон Давлат Убайдуллоев дар иҷрои ҳунармандони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом пешкаши алоқамандони ҳунари театрӣ мегарданд.
«Рӯзгор»