11:02:15 02-уми Июни 2025 сол

ФАРОНСАВИҲО «МЕҲРИ ВАТАН»-РО ДАР ДИЛИ МО ҶО ХОҲАНД КАРД?

Субҳи рӯзи шанбеи гузашта чойхонаи рақами 1-и Тоҷикистон, чойхонаи «Роҳат», аз ҳарвақта дида серодамтар ба назар мерасид.Ҷолиб он буд, ки одамони ба ин ҷо ташрифовардаро, ки аксаран ҳунарпешаҳои театр ва синамои тоҷик буданд, филмбардорони фаронсавӣ истиқбол мегирифтанд  ва ба утоқе дар дохили бино раҳнамоӣ мекарданд. Ин ашхос баъди аз он утоқ хориҷ шудан, барои он афроде, ки чанд лаҳза пеш онҳоро дида буданд, ношинос ба назар мерасиданд.

 

lahza az filmЗеро аксари онҳо тағйири либос карда, дар тан колоҳои афғонӣ аз он утоқ берун мешуданд. Мана, Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар тан пироҳантумбону дар сар саллаи ба тарзи профессор Раббонӣ басташуда дар атрофи мизе дар паҳлӯйи сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Онри де Фабиани, ки дар ин филм  нақши эпизодиро бозӣ мекунад, нишастааст. Дар рў ба рў онњо Абдурашид Исоев, машњур ба «Сталини тољикон» нишастааст.Ана, он тарафтар бошад, дар мизи дигар Муҳаммадҷон Шодиев, дигар ҳунарманди машҳури мо дар сар телпаки карзайӣ бо муҷоҳиддин афғонӣ гарм сӯҳбат дорад.

 

Чун одати  ҳамешагиаш Аҳмадшоҳи Улфатшоҳ, ҳунарманди маъруф  ҷиддиву бовиқор  ба назар намояд ҳам, вале  дар ҳалқаи маълулини афғон  парешонхотир аст. Њунарманд ва коргардони маъруф Тўрахон Ањмадхонов ўро дилбардорї карда истодааст. Коргардони филмҳои тасвирӣ Бахтиёр Қаҳҳоров бо ҳамроҳии ҳунарпешаи шинохтаи театри академикӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ  акаи Муҳаммадалӣ, ки дар тан пироҳантунбони обӣ дорад, сари масъалае бо ҳам  баҳсу мунозира доранд…

 

Бале, дар ин чойхонаи маъруфи кишвар синамогарони Фаронса лаҳзаеро аз як филми навашон ба навор мегирифтанд.  Баъди дидани ин лаҳзаҳо «Ин кадом филм аст?», «Дар бораи чист он?», «Дастандаркорони филм киҳоянд?», «Оё онҳоро мо мешиносем?» ва ба ин монанд чандин суолҳое  эҳсоси кунҷковии моро гиребонгир шуданд. Дар ҳалли ин мушкил ба мо Рухшона Мирзоширинова, ки  худ рӯзноманигор асту имрӯз бо ин гурӯҳи эҷодии фаронсавиҳо ҳамкорӣ дорад, дасти мадад дароз кард. Ӯ моро бо Филипп Готье, продюссери филми  мавриди зикр шинос мекунад.

 

Бо вуҷуди танқисии вақт Филипп розӣ мешавад, ки ба чанд суоли мо дар робита бо ин филм посух гӯяд. Бояд бигӯем, ки Филиппро дар Фаронса инчунин ба ҳайси сенариянавис, ҳунарпеша ва коргардони филм низ  мешиносанд. Филми ҳунарии ӯ «Ҳатҳӣ», ки дар бораи дӯстии писарбачае бо як фили пир  нақл мекунад, ҳанӯз соли 1998 ба навор гирифта шуда буд. Филипп дар солҳои ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон бо ҳамроҳии коргардони машҳури Фаронса, марҳум Кристоф де Понфили ба Афғонистон сафар карда, дар таҳияи филме дар бораи  сипаҳсолори бузурги тоҷик  Аҳмадшоҳи Масъуд саҳм дорад. Хулоса, инак мову Филипп Готье.

 

-Филипп, лутфан дар бораи  филм каме ба мо маълумот бидиҳед?

 

migel kurtua-Филм «Меҳри Ватан» ном дорад. Онро режиссёри машҳури Фаронса Мигель Куртуа ба навор гирифта истодааст. Мигель ҳамчун сенариянавис,продюссер ва ҳунарпешаи синамо  низ маъруф аст. Аввалин филми ҳунарии ӯ ба ҳайси коргардон  Preuve damur» («Далели ишқ») соли 1988 ба  навор гирифта шуда буд. Охирин филми ӯ  «Skate or Dia» («Марг дар болои скайт» (скайт-лижабозӣ дар рӯйи замин) ду сол қабл ба экранҳои калон баромад. Аслан Мигель коргардони филмҳои ҳунарии телевизионӣ буда, бештар аз 10 филм барои телевизиони давлатии Фаронса таҳия намудааст.

 

Филми «Меҳри Ватан» низ аз ҳамин қабил  филмҳои телевизионӣ аст. Филм калонҳаҷм буда, якуним соат давом мекунад. Он дар бораи низомиёни фаронсавие, ки дар Афғонистон хизмат мекунанд, нақл хоҳад кард. Қисса аз он шурӯъ мешавад, ки толибон дар як амалиёти худ духтури низомиёни фаронсавӣ Надияро бо ҳамроҳии тарҷумони афғонаш, ки  барои муоинаи беморе ба як деҳа мераванд, ба гарав мегиранд. Дар филм нақши Надияро ҳунарпешаи машҳури синамои Фаронса Мари Жозе Кроз бозӣ кардааст. Мари Жозе Крозро тамошобинони тоҷик шояд бишиносанд. Ӯ дар беш аз 30 филми ҳунарӣ нақш бозидааст.

 

Метавон гуфт, ки Мари яке аз нақшҳои аввалини худро дар синамо ҳанӯз соли 1989 дар филми биёрсериягии телевизионии «Пуаро» бозидааст. Шӯҳрати ҳақиқӣ ба ӯ баъди ба экранҳо баромадани филми «Maelstrom», («Гирдоб») дар соли 2000 ёр мешавад. Ӯ дар ин филм нақши асосиро бозидааст. Дар кинофестивали байналмилалӣ дар Монреал ин филм ба гирифтани ду ҷоиза ноил мегардад. Ба  Мари Жозе Кроз бошад  дар ин кинофестивал ҷоизаи «Беҳтарин иҷрокунандаи нақшаи занона»-ро  сазовор медонанд.

 

Ҳамин унвонро ӯ дар 56-умин ҷашнвораи синамоӣ дар Канн соли 2003 барои иҷрои нақши Натали дар филми канадагии «Les invasions barbares»Ҳамлаи ваҳшиҳо») низ  лоиқ мегардад.  Хулоса, ана ҳамин Мари Жозе Кроз дар филми «Меҳри Ватан» дар нақши Надия, яъне духтури низомиёни Фаронса бо ҳамроҳии тарҷумон ба асорати толибон меафтад. Тарҷумонро толибон мекушанд. Аммо баъди чанде онҳо Надияро бе ягон шарту шароит аз асорати хеш озод мекунанд. Надия ба қисми низомии фаронсавиҳо бармегардад ва дар фикр  мешавад, ки чаро ӯро толибон аз банди хеш  бе ягон шарт раҳо карданд.

 

mari-zhoze-krozБа ёдаш мерасад, ки чанд сол муқаддам дар Париж ӯ бо як духтари афғон дар Донишгоҳе якҷо таҳсил мекарданд. Бо ҳам дугона буданд.  Баъди хатми таҳсил он духтари афғонӣ ба Афғонистон бармегардад. Надия солҳо буд, ки аз ӯ хатту хабар надошт. Надия дар фикри пайдо кардани дугона ва хешу ақрабои ӯ мешавад. Дар ин кор ба ӯ мақомоти амниятии фаронсавиҳо кӯмак  мекунанд.  Ӯ дугонаашро пайдо мекунад ва мефаҳмад, ки яке аз бародарони ҳамин духтараки афғон дар гурӯҳи толибон муҷоҳид будааст ва он духтари афғон тавассути бародараш ӯро аз асорати толибон наҷот додааст.

 

Надия дар талоши он мешавад, ки чӣ гуна ҳамин бародари духтаракро аз тобеъияти толибон дур сохта,  коре кунад, ки ӯ  ба тарафи  ҳукумати Карзай гузарад.Хулоса ҳамин  нияти Надия амалӣ мегардад ва он ҷавони афғонӣ ба тарафи ҳукумати Карзай мегузарад. Вале дар ин вақт толибон боз як бори дигар Надияро ба гарав мегиранд ва шарт мегузоранд, ки ӯро танҳо  дар сурате раҳо хоҳанд кард, ки  ҳамон ҷавоне, ки ба онҳо хиёнат карда буд, ҳамонро ба онҳо супоранд. Хулосаи филм ҳамин аст, ки ҷавони афғонӣ худро ба дасти толибон супурда ҷони Надияро аз марги ногузир халос мекунад ва худ  кушта мешавад.

 

-Ба ғайр аз Мари Жозе Кроз боз кадом ҳунарпешаҳои  машҳури синамои Фаронса дар ин филм нақш мебозанд?

 

- Дар ин филм боз Давид Каминос, Соня Манкай, Кристиан Шахматон  барин ҳунарпешаҳои шинохтаи Фаронса нақш мебозанд.

 

- Филмро  боз дар куҷоҳо ба навор гирифтед?

 

Тибқи нақшаи мо филм дар чор ҷой ба навор гирифта мешавад. Дар Фаронса, дар Тоҷикистон дар ду ҷо, яъне  дар Данғара ва дар Душанбе. Ва инчунин дар  пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул. Тақрибан ҳафтод дар сади филмро мо аллакай  дар ин бист рӯзе, ки дар ин ҷо ҳастем, ба навор гирифтем.  Ҳамин тариқ бештари  ин филмро мо дар Тоҷикистон ба навор гирифтем.

 

Махсусан, сафари мо ба Данғара хеле ҷолиб ва самаранок буд. Мо аз он изҳори миннатдорӣ менамоем, ки дар Данғара  як ҷои хушобу ҳавоеро ба ихтиёрамон гузоштанд, ки ба табиати Афғонистон хеле шабоҳат дошт. Мардуми Данғара ба мо кӯмаки зиёд карданд. Умуман, дар Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар дар вақти наворгирӣ дар саҳнаҳои мухталиф иштирок карданд.

 

-Дар вақти ба навор гирифтани ин филм бо синамогарони тоҷик  оё Шумо ҳамкорӣ доштед?

 

navorbardor-Мо ба  Хонаи синамои Тоҷикистон, ба Сафар Ҳақдодов  барои дастгириашон ташаккур арз мекунем. Мо хеле миннатдор аз ҳунарпешаи тоҷик Аловуддин Абдуллоев мебошем.  Ӯ натанҳо  дар ин филм нақши худ, нақши як тоҷири афғониро хеле ҷаззоб бозӣ кард, балки барои  хубтар шудани корҳоямон  ҳамчун ассистенти продюссер маслиҳатҳои худро дареғ намедошт.

 

-Таҷҳизоти филмбардориро низ бо худ оварда будед?

 

Агарчӣ мо таҷҳизоти банаворгириро асосан аз Фаронса оварда бошем ҳам, вале дар ин ҷо аз таҷҳизоти  ҳамкасбони тоҷикии худ васеъ истифода бурдам ва барои ин мо ба онҳо ташаккур мегӯем. Гурӯҳи кории мо иборат аз 70 нафар аст, ки нисфи онҳо аз ҳамин Тоҷикистонанд. Мо аз кори наворбардорони тоҷик, ки бо мо ҳамкорӣ карданд, қаноатмандем.

 

-Оё дар назар доред, ки бо синамогарони тоҷик  дар оянда ҳамкориҳое дошта бошед?

 

-Бале, бо Сафар Ҳақдодов мо каме дар ин мавзӯъ сӯҳбате доштем. Ин сӯҳбатро давом хоҳем дод. Ният дорем, ки дар оянда чунин ҳамкориҳое сурат бигиранд.

 

-Филм кай ба намоиш гузошта мешавад?

 

-Тибқи нақшаҳои мо он бояд моҳи октябри соли 2011  дар телевизиони Фаронса ба намоиш гузошта шавад. Дар ҳоли ҳозир ба навор гирифтани чанд лаҳзае дар Тоҷикистон ва чанд лаҳзаи дигар дар Афғонистон боқӣ мондааст. Сипас бо дубляжу монтажу дигар корҳои филм машғул мешавем.

 

-Тамошобини тоҷик дар Тоҷикистон ин филмро хоҳад дид?

 

-Бале, мо ният дорем, ки тақрибан дар як замон  ҳамон вақт нахустнамоиши ин филмро дар телевизиони Тоҷикистон низ ба роҳ монем.

 

-Ташаккур барои сӯҳбат. Муваффақ бошед.

 

-Ташаккур.

 

Мусоҳиб Султони Ҳамад

Мусоњиба дар рўзномаи «Имрўз нюс» рўзи душанбеи 18-уми ноябри соли 2010 чоп шуд.

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3632--l-r-------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854