22:48:12 28-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"НОМА БА ПАНҶШЕР"

Чанд вақт боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла фейсбук сару садоҳо дар бораи рӯи чоп омадани китобе бо номи «Нома ба Панҷшер», моро хушҳол намуд. Гоҳ гоҳе иддае аз аҳли илму фарҳанг бо дар даст доштани китоб ба ҳамагон мужда медоданд, ки «Нома ба Панҷшер» ба дасташон расид.

noma-ba-panjsher 2021Мо низ дар қатори дигарон хоҳиш доштем ҳарчӣ зудтар китобро пайдо созем. Огоҳ будем, ки аксҳои зебоӣ рӯи муқоваи китоб маҳсули эҷоди дӯстам Тоҳири Назар аст. Бинобар ин аз ӯ хоҳиши дастраст намудани китобро намудем. Тоҳирҷон хабар расонд, ки ният ҳаст рӯзҳои наздик рӯнамои китоб доир хоҳад гашт ва ба шумо ҳатман даъватнома равон хоҳам кард.

Дӯстам ба ваъдааш вафо карду моро ба рӯнамои китоб, ки дар Китобхонаи миллӣ дар таърихӣ 15 октябр баргузор гашт даъват намуд. Ростӣ дар бораи маҳфил алакай дӯстон дар рӯзномаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфи асосиро гуфтанд, дигар ба мо имкон намонданд ҳарфе бигӯем. Кӯшише кардем ҳадди ақал як шеър аз ин маҳфил ба навор гирифта рӯи саҳфа корем, аммо бахт ба рӯи мо нахандид.

Навор бо сабабҳои техникӣ (паст будани садо) ғайри қобили истифода гардид.

Китоб бо заҳматҳои зиёд ва аз ҳисоби маблағҳои шахсияш Иброҳимҷон Дӯстализода мураттаб ва ба чоп омада сохтааст.  

Чуноне, ки Иброҳимҷон навиштааст, «Нома ба Панҷшер» маҷмӯъаи шеърҳо ва андешаҳои адибон ва аҳли зиёи тоҷик аст, ки дар васфи Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва фарзанди некномаш Аҳмад Масъуд суруда шудааст».

Китоб бо сифати хеле ҳам баланд ва бо ду ҳуруф сирилик ва форсӣ набишта шудааст. Ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфароз гардонидани собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Самонӣ дараҷаи I, муқоваи муҳкам бо аксҳои хеле ҳам зебои Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъӯд ва писараш Аҳмади Масъуд, паёми ҷавонони шуҷоъу далери тоҷик, ба бародарони Хуросонии худ, ба ҳусни китоб зебогӣ зам намудааст. Беҳтараш барои Шумо хонандагони гиромӣ мо пешгуфтори китобро мегузорем то андаке бошад ҳам Шумо аз мӯҳтавои и нома огоҳ гардед….

Нома ба Панҷшер

Тоҷикон бо рӯҳи озодихоҳ, ки сириштаи азалии онҳост, пайваста аз душманони нотавонбину нотавон ҷавр дидаанд, саркуб шудаанд ва имрӯзҳо дар тамоми дунё паҳну парешонанд. Чашмсайри мухтасари саҳифаҳои тамаддун - аз ҳуҷуми юнониён то ҳамлаи Русияи подшоҳӣ кофист, то ҷонсахтиву дилгудозӣ ва ҳамзамон, эҳёву худсозии ин миллатро дар ойинаи қаднамои таърих бубинем.

Агар заминро як хонаи бузург ва сокинонашро пайвандони як хонавода пиндорем, тоҷик фарзанди сахт саркашу худрой аст. Аз модарандари дунё борҳову борҳо шаппотиву шаллоқ хӯрда бошад ҳам, боз ҳам аз қафас гурехтааст, бо хости дилу майли рӯҳаш зистааст ва мушкил ҳам бошад, бо роҳи худ, бо роҳи нав рафтааст.

Дар соя набудаст, дар хонаи кас нанишастаст, ҳеч чизу ҳеҷ фарҳангро аз бегонагон ба орият нагирифтаст, аз забону коғазу килк, аз коху кулбаву хишт, аз шамшеру камону асб, аз кашфиёту тараққиёту маънавиёт, то соғару майу гулобу пироҳану атр... ҳамаро доштааст. Бавижа, ҷанговару ҷангдидаву корозмуда будани ӯро «Шоҳнома» муҳри бовар мезанад. Ҳар ки ривоёте андар тарсуии тоҷик паҳн кардааст, аз нотавониву оҷизӣ кардааст, ки таърих медонаду шояд мебахшад, аммо мо намебахшем!

Имрӯз, ки як зумра худкомагоии жарфшикам ҷаҳонро чун себ газидан, чун тухм фурӯ бурдан мехоҳанд, бо пахши як тугма аз ин сӯйи кураи Замин ба он тарафши тир кушодану таркондан коре шудааст осон, абаркудратҳо ҳамдигарро пинҳону ошкоро бо силоҳи ҳастаӣ тарсонданду метарсонанд, Тоҷик боз ҳам музаффар монд.

Бо ин ҳама таҳдидҳои гӯшношуниди даҳшатафкан сари болои тоҷикро хам карда натавонистанд. Инро дар ҷуръату шуҷоати Аҳмади Масъуд ва ёронаш мебинем, ки - дар дараи маъруфи Панҷшер чароғи нангу номус афрӯхтааст. Чароғи танҳои кӯчак имрӯз харитаи чаҳонро равшан кардааст, номвожаи Панҷшер дар забони сарони кишварҳои бузурги ҷаҳон, дар телефону роёнаҳошон, дар хобу бедорияшон чарх задан дорад.

«Бузургон»-и арсаи сиёсату ҷадал ҳайрони дили бузурги Аҳмади 32-сола ҳастанд. Як ҷавонмарде. ки на сиёсат маъруфият дошт (чандест дар сиёсати ҷаҳон номвар шуда), на молу ҷоҳ, на қоху бӯстонсаро, на пуштибон дошт, чӣ гуна ба рағми неруи бузурги тундрав истода?

Абарқудратҳое, ки дар коргардонӣ ҳам маҳорати том доранду аз Шекспир камӣ надоранд, Афғонистон - замини рустамхезу сиёвушпарварро ба саҳнаи театр табдил доданд. Ин бор намоишро пурра фоҷиа бояд фаро мегирифт ва чунин ҳам шуд. Накшҳову нақшофаринон ҳама мушаххас буданд, кӣ дар кадом ҳолат дар саҳна пайдо мешавад, кӣ аз саҳна фирор мекунад, кӣ мемираду кӣ ҷон ба саломат мебарад, ки дафи шодӣ менавозаду кӣ марсия месарояд, кӣ мисли нақш дар девор беҷон меистад. ҳама дақиқ тарҳрезӣ шуда буд, намоиш бо маргу хуну боруту дуд бояд ба охир мерасид, аммо ногаҳон Аҳмади Масъуд ба саҳна омад. «Коргардонҳо» паси парда ба ҳамдигар чашм ало мекардан, ин кист? Кадом ҳунарнамо аст? Кӣ ӯро ба саҳна роҳ дод? Нақши ӯ кадом аст?

Аҳмади Масъуд нақшаҳоро барбод дод, нақш наофарид, балки пардаи тазвир, риё, манфиат, қудрат ва ватанфурӯширо оташ зад, ба мардуми олам, ки бештарашон тамошогаре беш набуданд, фарёд зад, ки охири намоиш фоҷиаест, ки даст ба домани хонаводаҳои шумо ҳам дер ё зуд мезанад, ин фоҷиа заволи нангу номус ва одамияти шумост. Ин ҷо оташ гирад, ҷои гурез нест, зеро ҳама дар дохили як театр ҳастем, ки дарҳояшро кайҳо аз берун қуфл задаанд.

Аҳмади Масъуд намоди озодагони «Шоҳнома» аст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Ҳаққо, ки Амир Хусрав фармуда:

Тоҷики гарданкашу лашкаршикан,

Бештарӣ найзавару теғзан!

Шерак, Хубиёншоҳ Конишаки Кӯшонӣ, Спи-тамони Суғдӣ, Маздаки Бомдод, Ғӯрак, Деваштич, Хуршеди Корзанҷӣ. Хурзоди Хоразмӣ, Сумбоди Муғ, Устод Сис, Муқаннаъ, Тоҳири Фушанҷӣ, Яъқуби Лаис, Абумуслими Хуросонӣ, Исмоили Сомонӣ, Ғиёсуддини Ғурӣ, Санҷари Сипарӣ, Темурмалик, Маҳмуди Торобӣ, Восеъ дар симои Аҳмади Масъуд зинда шуданд, хӯйи ғуломӣ надоштани тоҷикро аз китобҳо нахондем, балки дидему шунидем.

Котиби таърих ба сарбаландии тоҷик, ба муҳри ашрофзодагии ӯ боз ҳам имон овард. Ҳоло оқибати ҷанги Масъуд, ниҳояти кори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер бо чӣ меанҷомад, норавшан аст, аммо ин қадар ғуруру номус ва нангу номе, ки Аҳмади Масъуд дар рагу пӯсти мо барангехт, равшану ҷорист. Бори дигар маълум гашт, ки дар ниҳоди тоҷикон хуни нангу номус ҳаст, танҳо дар рагҳо камтар суръат дорад ва онро бедор кардану сари кор овардан зарур асту бас.

Соҳибдилон медонанд, ки тоҷикон се дармон доранд: гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ ва сухан-дармонӣ. Ва шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд низ ҳар замоне, ки аз ҷангҳо хаста мешуд, ноумедӣ дар вуҷудаш чира мегардид, рӯ ба рӯи китоб боз мекард.

Ҳамсари Аҳмадшоҳи гурд - Сиддиқа Масъуд, модари гурдофарине, ки Аҳмади Масъудро ба ҷаҳон овард, дар ёддоштҳояш чунин менависад: «Аҳмадшохи Масъуд дар як даст силоҳ ва дар дасти дигараш китоби Ҳофизро дошт». Ҳамчунин, дар чанд наворҳои таърихй мебинем, ки Қаҳрамони миллии Афғонистон китоб дар даст ғазалеро аз Ҳофиз замзама мекунад, аз рӯҳи бузурги Сухан мадад меҷӯяд. Дар ин росто, қуввати дили мо ҳарфҳои сулҳҷӯёнаву ҷасорати Президевти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: «Бунёди ҳукумаги фарогир бо иштироки ҳамаи қавму миллатҳои муқими он кишвар, аз он ҷумла тоҷикон, ки зиёда аз 46 дарсадро ташкил медиҳанд, зарур аст. Тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мақоми сазовор ва муносиби худро гиранд».

Чунин мавқеъгирии дуруст, пуштибонии амиқ ва эътибору эътино ба фардои тоҷикони ҷаҳон моро рӯҳу тавони тоза мебахшад. Ҳамзамон, Сарвари кишвари мо 2 сентябр ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду шахсияти номвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи І сарфароз гардонда, садоқати хешро ба дӯстони деринаи ин миллат нишон доданд. Ёдовар бояд шавем, ки 2 сентябр рӯзи мелоди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки расо бист сол қабл аз ин дар ҳамин моҳ - 9 сентябри соли 2001 шаҳид гардид.

Бо умеди он ки кӯчактарин ёрмандӣ ба сангари Панҷшер аз мо расида бошад ва дармоне ба синаи реши шерони Панҷшер гардад.

Умедворем ва диламон равшан аст, ки ин номаи тоҷикони хуниҷигари Тоҷикистон то ба сангари Панҷшер, то ба дасти Аҳмади Масъуд мерасад.

Субҳиддини Султон, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi