06:45:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲИКМАТИ «ХАЙР» - 2

Мирзоҳусайни Бадалипур, номзади илмҳои фалсафа

Аввалан, ӯ мувазаф нест ё масъулияте дар иҷроиши ин кор надорад, зеро пулу пайсае баҳри амалӣ кардани он надорад. Чунин ашхос аз назари шаръӣ ва ҳуқуқӣ низ барои иҷроиши ин кор масъулияте дар назди хеш ва ҷомеа надоранд.

22 mirzohusayni badalipur 2021Валекин барои савоби дунявӣ ва охират мешаванд корҳои зиёди хайрия, ки усулан хислати маънавӣ доранд ба сомон расонид; аз қабили аёдати бемор, дарахт шинондан, иштирок дар ҳашарҳои ободонии маҳалла, кӯмаки маънавӣ ба пиронсолон, барҷомондагон, ятимону сағирон, мусофирону дар роҳмондагон, силаи раҳм бо хешовандону пайвандон, оштӣ додани ду шахси бо ҳам қаҳрӣ, дилбардорӣ ва тасаллияти шахси азодор, табассум бар рӯйи муъмин ва ҳоказо. Аслан, хайр як амали наҷиби ахлоқӣ аст, ки аз кирдори рафтори бошарафонаи инсон ё гурӯҳе дарак медиҳад.

Имрӯз аз назари ҳама илмҳои ҷомеашиносӣ ба исбот расидааст, ки барои мувозинат(гармония, қаввом)-и воқеии ҷамъияти инсонӣ бузургтарин илм ахлоқ аст. Камолоти ахлоқӣ нишонаи хайри зиндагии ҳар як фард аст ва афроди ҷомеа мебошад. Хайрхоҳӣ, хайрандешӣ, хайрпарварӣ яке аз нишонаҳои худшиносӣ ва ҷомеашиносии инсон аст. Натиҷаи болоравӣ ва камолоти маънавӣ ва ташаккули шахсияти ӯст. Ҳадду нуқтаи баланди хулқу атвори ҳасанаи фард аст, ки сифатҳои мазмуми ӯро аз қабили бахилӣ, ҳирсӣ, беҳимматӣ, тангназарӣ, бешарафию бетарафӣ, худпарастӣ, бераҳмӣ, бешафқатию золимӣ, кибру ғурур ва ғайра барҳам задаст, аз байн бурдааст, пахш кардааст. Хайр ба маънои васеъ назару амали солеҳу солим нисбати инсонҳо, миллату Ватан, башарияту олами вуҷуд аст.

 Хайру саховат, агар дар ҷомеа ҷойгоҳи баланд намедошт, дар хусуси Ҳотами Той садҳо қиссаву ривоят гуфта намешуд. Дар шеъру адаби гузаштаву муосир таърифу тавсифи зиёд намешуд.

Аз назари мо, тарғибу ташвиқи маъракаҳои хайрия дар расонаҳои хабарӣ то ҷое зарур ва муҳим аст, зеро он шояд воситаи панди дигарон гардад ва баъзе аз ашхоси доро ва сарватмандро ба таҳрик дарорад ва мӯҷиби ибраташон шавад.                

Дар кишвари мо намудҳои гуногуни хайрияҳоро метавон баргузор кард. Ҳоло мӯд шудааст, ки бо ташкили маъракаи издивоҷ ё хатнасур ва рекламаҳои чандинкаратаи он дар радиову телевизион хайроти дигар камтар анҷом дода мешаванд. Албатта зид нестем, чунин кор ва амали савоб сурат нагирад, баръакс ҳамеша дуоигӯи ин ашхоси хайрпарвару хайрхоҳ ҳастем, ки Худо давлату сарваташонро афзун гардонад. Валек намудҳои дигари хайру сахо аз қабили ёрмандӣ ба шахсони муҳтоҷу ниёзманд, камбизоату нодор, бемору дардманд, ятиму бекас, пиронсолу барҷомонда низ зарур аст. Мардуми сарбаланди мо одати дастҷамона ва якҷоя гузаронидани маъракаҳои гуногуни хайрияро доранд. Ин яке аз унсурҳои шоистаи фарҳангу маънавиёт, урфу одат, психология, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ташаккулёфтаи миллати соҳибтамаддуни мост. Намудҳои хайри моддӣ ва маънавӣ зиёданд, ки баршумории ҳамаи онҳо ва тавзеҳу шарҳашон дар ҳаҷми як мақола имкон надорад. Масалан, кӯмаки пулӣ расонидан дар чопи китоби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони миллат, дасти ёрӣ дароз кардан ба толибилмони камбизоат, бевазанҳои муҳтоҷ, пирони бекасу барҷомонда, ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон, умуман, дастгирии қишрҳои дар ҳақиқат ниёзманди ҷомеа, сохтмони боғчаву мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, кандани каналу корезҳо,   бунёди корхонаҳои   истеҳсолӣ, ки боиси бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ мегардад, сохтани купрӯкҳо, манзилҳои истиқоматӣ, ва ғайра амали хайру савоб дар рӯзгори муосири мост. Шукри Худо, ки дар кишвари мо қонуни танзими маъракаҳои серхарҷу миёншикан қабул гардид ва мардумро аз як бори гарони ҷисмонӣ ва рӯҳӣ халос намуд. Валек суоли матраҳ ин аст, ки шиори фақат худоӣ ва таъом додан доданро, ки асли хайр дар мафкураву психология ва урфу одати мардуми мо шинохта шудааст ва шакл гирифтааст аз мағзҳо бо тадриҷ бояд шуст, то ки дар замирамон навъҳои дигари хайр ҷойгир шавад.

Муҳимтарин мавзӯи баҳси ин навишта, он аст, ки чӣ тавр метавон дар ботини инсон эҳсоси хайрхоҳиро тарбия кард. Ин масъала ҳам шарҳу тафсири доманадор ва густардаро талаб менамояд. Муҳтавои хулосаи моро иқтибос аз гуфтаҳои пири ҳакимони Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ташкил медиҳад: «Фарзанди инсон, барра ва гурбача баъд аз таваллуд аз ҳайси муҳтаво ва маъно баробаранд. Ҳам кӯдак, ҳам бара, ҳам гурбача яксон таваллуд мешаванд, бузург мешаванд, менӯшанд, мехӯранд, ҷуфт мешаванд, фарзанд ба дунё меоранд, мемиранд. Дар ин сифат ҳамаи онҳо баробаранд, ҳайвонанд (ҳайвон-яъне ҷондор, растанӣ ва ҳайвоне, ки қобилияти рушду нумӯъ дорад. –М.Б.). Фарзанди одам фақат дар сурате аз олами ҳайвонӣ ҷудо шуда, бо сифатҳои инсонӣ рушду камол меёбад, ки парвариш ва тарбият гирад. Маданӣ шудани инсон, сатҳу дараҷаи ин маданият вобаста ба сатҳу дараҷаи он тарбият ва парваришест, ки ӯ дидааст». ( Назри Яздонӣ, Далер Баҳромӣ. Маданиятшиносӣ. (Курси мухтасари лексияҳо).-Душанбе: Деваштич, 2006. –С. 4).

Агар назокату латофат ва асли гуфтаҳои Ибни Синоро дуруст дарку фаҳм намоем, сухан рӯйи арзиш ва ҳикмати тарбия дар рӯзгори инсон меравад, ки дар замиру ботини ӯ кадом майлу рағбатҳо ва ҳавасҳоро бедор месозад ва кадом хислату сифатҳоро парвариш менамояд. Тарбияи эҳсоси хайрхоҳиро дар инсон бояд аз синни хурдсолӣ шурӯъ намуд ва дар даврони балоғат ва камолот онро зина ба зина такмил бояд дод. Барои ин аз оила то боғчаву мактаб, омӯзишгоҳҳову парваришгоҳҳо, макотиби олӣ, масҷиду мадрасаҳо,ташкилоту идораҳо, гуруҳҳои меҳнатӣ, мардуми диёру маҳалла, шахсони дорои вазифаҳои масъул, роҳбарон, қишри зиёии ҷомеа: шоирон, нависандагон, рассомон, санъаткорон, муаллимону устодон, олимону донишмандон, рӯҳониёни бонуфуз, журналистони радиову телевизион, рӯзномаву маҷаллот яъне кормандони воситаҳои ахбори умум, умуман ҳар фарди рӯшанзамире, ки ҳастӣ ва ҳувияти миллату кишвар барояш азиз муътабар аст, масъул ва вазифадор аст. Ин кор масъулияти имонӣ, инсонӣ ва виҷдонии ҳар шахси соҳибандеша ва бохирад аст, шурӯъ аз падару модар, мураббиёну омӯзгорон, рӯҳониёни муътабару пиронсолон, олимону донишмандон ва дигару дигарон. Дар қатори он, ки аслан масъулияти тарбия бар дӯши падару модар, мураббиён, омӯзгорон ва устодон гузошта мешавад ва дар мо ин кор ҳам расм шудааст, роҳҳои дигари ба амал баровардани он зиёд ва гуногун аст. Агар соддатар шарҳ диҳем, ҳар як инсоне, ки ҳикмати маданиро фаро гирифтааст, қудрат дорад тадбири мушкилоти ҷомеаро пайдо кунад, инсонро даво бахшад, табиби маданӣ, ҳакими маданӣ бошад, нуқсонҳои ҷамъиятро ислоҳ карда тавонад ва ҷомеаро ба сӯйи эътидоли ҳақиқӣ барад. Ба истилоҳи маданиятшиносӣ ва ҷомеашиносии замонавӣ низоми ҷомеа, адолату саодати ҷамъиятиро ҳамин гуна инсонҳое, ки ҳикмати маданиро гирифтаанд, тарбияти маданӣ гирифтаанд, дар замирашон хайру эҳсон манбаи эҳсоси саодат гардидааст, таъмин карда метавонанд. Нуқтаи ҷолиб дар таълимоти «ҳикмати маданӣ»-и яке аз файласуфони забардасти тоҷик Насриддини Тусӣ он аст, ки ҷаҳони кавну макон (аҷроми табиӣ, аҷроми самовӣ, растанӣ, минерал, ҳайвон, одам)-ро дар робитаи гусастанашаванда, ба якдигар мӯҳтоҷ, сабаби камолоти ҳамаи навъҳои ҷаҳони зинда медонад. Айни ҳамин қонунмандӣ дар ҷаҳони одамӣ низ вуҷуд дорад. Инсонҳо бо қудратҳо ва имкониятҳои гуногун ба ҷаҳон меоянд.

Ҷомеаи инсонҳо дар сурате бақову инкишоф ва камол меёбанд, ки тамоми рангорангӣ ва гуногунии инсонҳо ислоҳ шаванд, такмил ёбанд, бар асари робитаҳо (муоинат)-и маданӣ ба шакли эътидол оварда шаванд. Ин илмро Аҳмади Дониш илми тамаддун ва таъовун номидааст. Ҳайфо, ки фарҳангу тамаддуни пурарзиши инсоншиносиву ҷаҳоншиносии ин миллати кӯҳанбунёд, ки саршор аз тараннуми ғояҳои хайрхоҳӣ аст, мавриди омӯзиши ҳаматарафа ва воқейӣ қарор нагирифтааст. Моро дар ин самт мушкилие нест, чун аз Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мавлоно Абдуррахмони Ҷомӣ, Саъдии Шерозӣ… то ба шуъарои муосирамон ҳамагон ровиёни ин фазилати инсониянд. Ҳанӯз ин мисраъҳоро Рудакӣ гуфта буд:

                         Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,

                         Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

                         Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ

                         Киштие соз то бад-он гузарӣ!

               Фақат осори гаронарзиши Саъдии Шерозӣ барои талқину ташвиқи шаборӯзии мо дар ин ҷода кифоят дорад, ки ин чанд мисраъи зер намунаи онҳост:

                         Карам кун чунон, к-ат барояд зи даст,

                         Ҷаҳонбон дари хайр бар кас набаст.

                         Гарат дар биёбон набошад чаҳе,

                         Чароғе бинеҳ дар зиёратгаҳе.

Ё ин ки:

                         Хештанро хайр хоҳӣ, хайрхоҳи халқ бош,

                         З-он ки ҳаргиз бад набошад нафси некандешро.

… Вале мушкил дар низоми маърифати сар-сарии мост. Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ ва ғарбгароӣ хавфу хатари зиёд ба ахлоқи ҷавонони мо таҳдид дорад, ки яке аз он камарзиш ҳисобидан, нодида гирифтани арзишҳои фаҳангӣ ва суннатии миллати хеш аст. Масалан, аксари муйсафедони рӯзгордида, ё ба гуфтаи маъруф, «пирони барнодили мо», хазинаи қиссаву ривоят, шеъру достон аз осори ниёгон махсуб меёбанд ва даҳҳо ва садҳо мисолу масал ва панду андарзро дар хусуси ҳикмати хайр медонанд ва ҳамеша ҷавононро ба риояти одаму одамгарӣ дар асоси ғояҳои башардӯстӣ талқину ташвиқ мекунанд. Шояд, таъсири насиҳатҳои онҳо дар ҳадде бошад, ки на аз дасти падару модар, на аз дасти мураббию устод бадар ояд. Ин «хотираи бузург» бояд ҳифз ва эҳтиром карда шавад ва мавриди истифода бошад. Ҳоло аксари маъракаҳои хайриявие, ки бо воситаи радио, хусусан телевизион реклама мегарданд, характери намоишкорона доранд ва аз обрӯхоҳӣ ва қудратхоҳии соҳибонашон дарак медиҳанд. Дигар масъалаи ташвишовари бо ном «хайриявӣ» аз номи дигарон, ба хусус ташкилотҳои хориҷӣ ба ҷо овардан ва анҷом додани он мебошад. Баъзе афрод дар ин маърака чунон чоплусӣ мекунанд, ки ғаши касро меорад. Худро ҳомӣ ва ҳодии саховатманд нишон доданӣ мешаванд ва дар чашми мардум соҳиби хайр меҳисобанд. Дар назари мардум ва ҷомеа худро фарди хайрхоҳу инсондӯст муаррифӣ карданӣ мешаванд. Вале, дареғ ин ҳама намоишкорӣ на танҳо обрӯ ва иззати ин тоифаро мерезонад, балки муҷиби хиҷолат ва шармандагиашон дар дунё ва қиёмат аст.

Тарбияи ахлоқӣ ба хусус хайрхоҳӣ, хайрандешӣ, хайргароӣ яке аз ҷараёнҳои арзишманди тарбияти аҷдодии мост. Мақсади ниҳоии ин навъи тарбият парвариши инсони ороста бо беҳтарин сифатҳои маънавӣ мебошад. Дониши хуб, муоширати хуб, машраби шоистаи зиндагӣ, ки ҳадафи ниҳоии он омода кардани инсон барои ба навъи инсонӣ баҳраи комил гирифтан аз зебогиҳои зиндагӣ ва дар навбати аввал зебоии манфиатрасонӣ ба халқ аст. Дар ёд дошта бошем, ки бузургони ҷаҳони андеша барои зебоии сухан нагуфтаанд, ки «асли одам барои одамон манфиат расонидан аст».

Солҳои пеш баргузори консерт ва маҳфилҳои дигари хайриявӣ бо иштироки ҳунармандони шуҳратёр ба ҳукми анъана даромада буд, ки ҳоло тақрибан вуҷуд надоранд. Ба гуфти Соиби Табрезӣ:

                     Ҳеҷ касе нест, ки дар фикри дили худ бошад,

                     Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад.

Ин корро бояд ҷоннок намуд, то дар зеҳну шуури ҷавонон ҳиссиёти хайрхоҳиро бедор созем. Навишти як асар ё китоби хуби назмию насрӣ, тарғиби барномаҳои мазмунноки ахлоқӣ бо воситаи садову симо, таҳияи филмҳои аҳаммияти умумимиллӣ ва умумибашарӣ дошта, намоишҳои театрии ҷолибу судманд дар роҳи ташаккули сохтмони афроди миллат, ки аслан бар дӯши ашхоси эҷодкор аст, заминаи асосии парвариши сифатҳои хайрхоҳӣ, хайршиносӣ ва хайрҷӯии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад.  

Мардуми соҳибхайрро дар фарҳанги классики мо соҳибназарон (улу-л-абсор) ва ё соҳибхирадон(улу-л-албоб) низ мегӯянд, ки аслан ибораҳои Қуръониянд. Ҳикмати офариниши соҳибхирадону соҳибназарон дар он аст, ки ӯ барои равшан кардани роҳи қавму миллаташ ва гузашта аз он барои роҳнамоии башарият офарида мешавад.

 Азбаски бунёди ҷаҳон бар хайр аст, маърифат яке аз хайрҳои зеботарин аст. Маърифат танҳо роҳест, ки инсонро ба лаззатҳои маьнавӣ мебарад. Маърифатгароӣ, тарғиби маърифат дар тамоми таърихи миллати мо ҳамеша рӯйи кор, муҳим ва фаъол будааст ва ҳаст. Маърифати воқеии арзишҳои ҳувияти инсонӣ сарчашмаи ҳама хайрхоҳии фард аст. Дигар ба ҳаққи манзалати ояти 47-уми сураи «Тоҳо»- «Ва-с-салому ъало мани-т-табаъа-л-ҳудо»(Ва дуруд ба ҳар, ки пайрави ҳидоят бошад). Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ин ояти қуръониро дар як ғазалаш чунин иқтибос кардааст:

           Ҷомӣ, раҳи Худо. ба Худо ғайри ишқ нест,

           Гуфтем ва-с-салому ъало тобеъи-л- ҳудо.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi