07:41:07 03-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

«ЁДИ АДАБИЁТШИНОСИ НОТАКРОР» - 2

Устод Асозода дар бораи ҳаёту фаолияти устоди хеш, устод Соҳиб Табаров бо нақлу делеловариҳои боварибахш ва аниқану ҳадафрас суханронӣ намудааст. Баъди хондани ин асар ва асари таҳқиқотӣ оиди устод Лоҳутӣ камина чи қадар аз пастию разолати инсонҳои бехирад, бесавод, разил ва нобакор, ки ин шахсиятҳои бузургро бар асари нотавонбинӣ, бахилӣ ва ҳасудии худ фишор додаанд, ба қаҳр омада, чанд бор пешониамро доштам, ман медонаму худованди бузург.

ustod asozoda 45784545Устод Худойназар Асозода барои аввалин бор дар таърихи адабиёт аз назарияи пучи “партиявияти адабиёт” даст кашида, портрети адибони Тоҷикистонро ба таври мукаммал, мунсифона ва нишон додани ҷойу мавқеъи онҳо ва хидмати онҳо дар адабиёти асри 20 нишон додааст, ки фикр мекунам, ки ин хизмати устод барои адабиётшиносону хонандагон хело ҳам бебаҳост.

Шахсан ҳангоми навиштани мақолаҳо оиди фаъолияти эҷодии устод Мӯъмин Қаноат ва вобаста ба эҷоди достони “Масъуднома” аз тарафи ӯ ва ё иншои мақолае ба муносибати 100 солагии шоири ҷанговару ҷавонмарги тоҷик устод Ҳабиб Юсуфӣ, доир ба ёддошти устод Икромӣ оиди Юсуфӣ (“Он чи аз сар гузашт”-Душанбе-2012) лозим донистам, ки сари масъалаҳои муаммоҳои ба вуҷуд омада, ба асари “Таърихи адабиёти тоҷик” муроҷиат намуда, барои дурусттар пешниҳод намудани фикри хеш аз навиштаҳои устод Асозода сари ин масъалаҳо иқтибос оварам, ки баъдан ин мақолаҳои банда мақбули хонандагон гардидаанд.

Дар мақолаи худ «Суханро вазну тамкини замин бояд!» ё худ чанд андеша перомуни китоби устод Мӯъмин Қаноат "Ёддоштҳо ва бардоштҳо", (нашри "Паёми ошно" - Душанбе - 2012с.), ки дар нашрияҳои даврии кишвар чоп гашта буд навишта будам, ки “Ёддоштнависӣ як анъана,як навъ жанри бадеиест, ки дар осори адибон, олимон, зиёиёни гузаштаи кулли миллатҳои муттамаддин нақши муҳиме ба ҷой гузоштааст.Чунин асарҳо барои таърихнигорон, адабиётшиносон, ҷомеашиносон, соҳаҳои дигари илм сарчашмаи омӯзиши давраи муайяни таърихӣ шуда метавонанд. Хусусан агар чунин асар аз тарафи олиму адиб, сиёсатмадору зиёиёни равшанфикри миллии рӯи кор оянд, арзиши онҳо ба маротиб боло хоҳад рафт. Зеро ёддоштҳо ва андешаҳо на нақли оддӣ, балки гуфтори шахсе мебошанд, ки бо ақлу хиради пешрав, бинишҳои амиқи фалсафӣ ва диди воқеъбинона ба рӯйдоди солҳо нигаристааст ва аз ҳамин назар онро ба риштаи таҳлил кашидааст. Аз ин рӯ бо гузашти солҳо ҳам арзиши фарҳангиву таърихии худро гум намекунанд.Барои ин метавон аз ёддошту хотираҳои классикони илму адаби форсизабонон, адабиёти Аврупо ва махсусан ёддоштнависии асри "тилло"-и фарҳанги рус - асри Х1Х ва ҳамчунин асри ХХ мисолҳои зиёдеро овард.

Кофист ёдовар шуд, ки имрӯз ёддоштҳое чун ёддоштҳои Пушин (адиб, дӯсти А.С.Пушкин), хонума Керн (дӯсти А.С.Пушкин), А.Ф.Кони (ҳуқуқшинос ва адиби бузурги рус), ёдномаҳои И.Панаев ва Д.В. Григоревич, хонума Водовозова, навиштаҳои Аксаков ва дигарон, ки оид ба ҳаёту муҳити адабии асрҳои Х1Х, ибтидои асри ХХ ва дар бораи арбобони илму фарҳанг, арбобони сиёсӣ, ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, маорифи вақти Русия иттилои муҳимеро медиҳанд ва барои муҳаққиқони имрӯзаи рус ва хориҷӣ он оид ба омӯзиши ҳаёту фаъолияти Пушкин, Лермонтов, Белинский, Достоевский, Одоевский, Толстой, Гогол, Тургенев, декабристҳо ва дигарон чун сарчашмаи бебаҳо хизмат мекунанд. Аз адабиёти тоҷик кофист аз ёддоштҳои устод Айнӣ, ки доир ба ҳаёту фаъолияти худ, вазъи фарҳангии шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, дигар мавзеъҳои таърихӣ, оид ба шахсиятҳои таърихӣ бо як маҳорати хосаи қаламкашӣ ва аниқу дакиқ, бо тасвирҳои бадеӣ ба қалам додааст ё аз навиштаҳои Аҳмади Дониш ёд овард. Ин анъанаҳоро минбаъда низ адибону олимон, рӯзноманигорони алоҳидаи тоҷик дар шаклҳои гуногуни ёддоштнависӣ давом додаанд, ки ҳар кадом қиммату арзиши хос доранд”.

Боиси хурсандист, ки устоди равоншод Худойназар Асозода низ давраи фаъолияти худро аз давраи ҷавонӣ то рӯзи вопасини ҳаёташ ёддошт намудааст ва хуш аст, ки аллакай 6 ҷилди он бо номи “Достони зиндагӣ” ба табъ расидааст ва камина камтарин аз сиёсатмадор ва собиқадори меҳнатӣ сатҳи ҷумҳурӣ, Сафар Саидов миннатпазирам, ки ҷилдҳои 1 ва 2-и ёддоштҳоро бароям барои хондан ба орият дод ва ман онҳоро бо як шавқи беандозае хонда баромадам(гарчанде, ки раиси номвар дам ба дам занг зада, аз рӯзи аввали ба орият додани китобҳо баргардонидани онҳо ҳарчи тезтар талаб мекард).

Фикр мекунам, ки устод Асозода низ тарзу усули ёддоштнависияш мисли устодааш Соҳиб Табаров будааст. Яъне қариб ҳамарӯза вазъи ҳоли худ ва воқеъаи рухдодаро ба тасвир мекашидааст ва ин амалҳо барои муҳаққиқони воқеъоти гуногун сарчашмаи хубе шуда метавонанд. Хотиррасон бояд намуд, ки чунин тарзи ёддоштнависии ҳаррӯза хоси як гурӯҳ ёддоштнависони асри 19 рус ва Аврупои ғарбӣ буда, он усули беҳтарини ёддоштнависист. Зеро нависанда ҳамарӯза бо нишон додани санаи рӯйдоди ҳодисаю воқеъаҳо, зиндагии худ ва ҳаёти ҷомеъа, қаҳрамонони рӯзро даққиқан ва пурра нишон медиҳад. Тавре ишора намудем, чунин тарзи ёддоштнависии аниқу даққиқ барои муҳаққиқони оянда сарчашмаи боварибахши таҳқиқи ҳаводиси гузашта шуда метавонанд.

Аз тамоми осори устоди равоншод Асозода Худойназар бӯи маорифпарварӣ меояд.

Бо ибораи дигар устод сари масъалаи босаводноккунии миллат, мактабу маориф, тарбияи наврасону ҷавонон, беҳтар гаштани тарзи таълиму тарбия, одобу ахлоқи шогирдон, фазои фарҳангӣ ва адабии кишвар кӯшишҳои зиёде намуда, андешаҳои тозаи зиёдеро иброз дошта, худ бо иборае як умр тарғибгари маорифу таълиму тарбия будааст.

Устодро аз навиштаҳояш чун педагоги барҷаста, равоншинос ва дӯстдори шогирдон шинохтам, ки муҳаббат ва саммияти хоси устоду шогирдиро дар дили шогирдон коштааст ва чунин самимияту меҳру муҳаббатро бешубҳа дар дили ӯ устоди азизаш Соҳиб Табаров ва дигар устодони меҳрубон ҷой намудаанд.!

Педагоги навовар ва ҷавонмарги тоҷик, Аълочии Марифи Шӯравӣ ва Тоҷикистон, директори хело муваффақи мактаби миёнаи №1-и замоне овозадори ноҳияи Дарвоз, Давлатҷон Зайниддинов дар дафтари “Хотираҳои педагогӣ”- и хеш навиштае дорад:

-Дасти шикаста кор мекунаду дили шикаста не!

Оре инҷо ҳақиқате нуҳуфтааст ва педагоги ҳақиқӣ ва соҳибтаҷриба аз рӯи рукнҳои инсонӣ, дӯстдорӣ, меҳру мӯҳаббати хоси устоду шогирдӣ, бо чеҳраи зебо ва кушода бо шогирдон сару кор мегирад ва натиҷа он хоҳад шуд, ки қадру манзалати устод ва меҳру муҳаббати ӯ дар назди шогирдон ва ҷомеъа ба афлок хоҳад расид.

Фикр мекунам,ки устоди зиндаёд Худойназар Асозода,ки худ дар хонаводаи омӯзгор ба воя расидааст, давоми тамоми умри азизи худ чунин шахс будааст ва сирри маҳбубияти зиёди ӯ байни шогирдони бисёр ва дар ҷомеъа низ дар ҳамин ҷо нуҳуфтааст.

Гардад кӯҳан замонаву хомӯш намешавад,

Он шӯълаҳои ҷаста бурун аз даҳони ман!

Зайниддин Варқаи Давлатҷон, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон,

мушовири адлияи дараҷаи 1, Корманди фахрии мақомоти Прокуратураи ҶТ,

узви ИЖ Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Бохтар. Соли 2019.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi