11:20:55 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар Теҳрон китоби “Сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро” муаррифӣ шуд

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, ки пайвандҳои Тоҷикистон ва Эрон аз назари таърихӣ ба қадре қавӣ ва ногусастанӣ аст, ки девори оҳании Шӯравии собиқ ҳам натавонист онро бишканад. Бино ба гузориши ИРНА-хабаргузории давлатии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар маросими рӯнамоии китоби “Сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро” дар муассисаи фарҳангии ЭКО дар Теҳрон афзуд: “Эрон ва Тоҷикистон ҳамчун ду руҳ дар ҳам омехта ҳастанд, ки ҳокимияти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ низ натавонист ин иртиботро аз байн бибарад. Баъд аз он ки он девори оҳанӣ фурӯ рехт, ду миллат Эрон ва Тоҷикистон дар бозшиносии ҳам ҳиммат гуморида ва сайъ карданд бори дигар худашонро бозёбанд. Ба гунае, ки тоҷикҳо Эронро ватани дуввуми худ фарз карда ва дар муқобил эрониён низ Тоҷикистонро порае ҷудошуда аз ватани худ талаққӣ карданд”.

2 tehron 555666ИРНА дар идомаи гузориши худ меафзояд: Низомиддин Зоҳидӣ, ки як шахсияти фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд ва пештар Раиси Донишгоҳи Хуҷанд ва қоиммақоми вазири хориҷии кишвараш буд, дар оини рӯнамоии китоб сафарноманависиро яке аз заминаҳои шинохти ду миллат аз якдигар дар асри ҷадид тавсиф кард ва гуфт: “дар воқеъ “Сафарномаи Тоҷикистон, Самарқанд ва Бухоро” асари Нодира Бадеӣ меҳрномае барои ду миллат аст, ки ҳамчун дигар осори фарҳангии муштараки ду кишвар метавонад таҳкимбахши ваҳдати Тоҷикистон ва Эрон бошад”.

Дар ин маросим илова ба Нодира Бадеӣ, нависанда, шоир, тазкиранавис, мутарҷим, пажӯҳишгар ва муаллифи ин китоб ва чандин китоби дигар дар ҳавзаи мутолеъоти Осиёи Марказӣ ва Ғарби Чин, Муҳаммад Маҳдии Мазоҳирӣ-раиси муассисаи фарҳангии ЭКО, доктор Алӣ Ашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ-сафири пешини Эрон дар Т оҷикистон ва Раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон ширкат ва суханронӣ карданд.

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ дар ин иртибот хабари муфассале интишор дода ва гуфтааст, ки ин рӯнамоӣ рӯзи 14-уми август дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд ва дар он аҳли илму адаб, аъзои Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон. роҳбарияти Муассисаи Фарҳангии СҲИ ва Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ширкат варзиданд. 

1 tehron 4465656Дар суханрониҳои аҳли илму адаб дар маросими рӯнамоии китоб ибтикори хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷик, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъсиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – “Пайванд” ва нақши он дар ваҳдати маънавии тоҷикон ва форсизабонон таъкид гардид. Ин ибтикор боис гардид, ки намояндагони илм, адабиёт ва фарҳанги кишварҳои ҳамзабон дар ростои шинохти беҳтару хубтари фарҳангу маънавияти муштарак саъйу талоши густарда ба харҷ диҳанд. Дар ин робита таъкид шуд, ки  Нодира Бадеӣ низ яке аз муҳаққиқону пажӯҳишгарон ва шоирони ростинест, ки дар таҳкими пайвандҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва мардумони форсизабони минтақа гомҳои устувор бармедоранд.

Нодира Бадеӣ дар ростои муаррифии фарҳангу адаби Тоҷикистон дар Эрон талошҳои холисона ва ошиқона дорад. Аз ҷумла мақолаҳои таҳқиқӣ дар бораи устодони шеъри тоҷик - Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб ва дигарон нигоштааст, ки мавриди истиқболи алоқамандони адаби ду кишвар қарор гирифтаанд. Навиштаҳои адабӣ ва намунаҳои ашъори ба Тоҷикистон бахшидаи Нодира Бадеӣ дар маҷаллаҳои адабии Тоҷикистон низ ба нашр расидаанд.

Дар рӯнамоӣ таъкид шуд, ки китоби тозанашри Нодира Бадеӣ моҳиятан меҳрномаест ба Тоҷикистон, ки ҳар сатр, вожа ва ҳарфи он бозгӯи ихлосу иродати муаллиф ба сармояи таърихӣ ва дастовардҳои маънавиву моддии диёри зебоманзари тоҷикон аст.

Дар суханронии Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ изҳор гардид, ки муаллифи китоб  дар роҳҳои пурпечутоби дараи Варзоб бо бӯи ҳар гулу гиёҳ ҳамнафас шудааст, дар ҳар хишти бурҷу бораи қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук нишоне аз таърихи пурбору ифтихорофарини кишварамон дидааст, дар зулоли обҳои Норак қудрати созандагии мардуми тоҷикро эҳсос кардааст, дар назди мақбараи Одамушшуаро Рӯдакӣ ва муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ аз шаҳомату бузургии шеъри тоҷикон ва форсизабонон ифтихор кардааст, дар пояи муҷтамаи таърихиву меъмории Амир Исмоили Сомонӣ  бо баргардони саҳифаҳои таърихи давлату савлати Сомониён аз давраи пуршукӯҳи таърихи тоҷикон ва нақши пурдурахши он дар таърихи Эронзамини бостонӣ ёдовар шудааст, ҳангоми мурур аз марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳадафи боздид аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аз истиқрори дӯстиву накӯҳамсоягии анъанавӣ миёни ин ду кишвар изҳори шодмонӣ кардааст. 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi