02:30:33 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фарзонамарде аз миллати Озодагон

«Ба хотира дурахшони олим ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик, аъзои вобастаи  АФ-и Тоҷикистон, профессор Қандил Шарифович Ҷӯраев , ки чанде пеш 90 сола шуд, бахшида мешавад»

Дер боз мехостам, ки дар бораи яке аз олимон асил  ва нобиғаи илми ҷуғрофиёи иқтисодии Осиёи Миёна, олими  ба маънои томаш №1-и Тоҷикистони Шӯравӣ, олиме , ки аз ӯ то ҳол дар собиқ кишварҳои пасошӯравӣ ба некӣ ёд оварда,  пайваста аз навиштаҳояш иқтибос оварда мешавад шодравон Қандил Шарифович Ҷӯраев (бисёриҳо замони шӯравӣ соҳиби унвонҳои баланди илмӣ ва  мукофотҳои давлатӣ, роҳбарони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ва илмӣ  мегаштанд, лекин имрӯз бо гузашти 26-сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ маълум мегардад, ки қисмати зиёди ин ба ном «саромадони илм» на олим будаанду на тадқиқотгар, асарҳои лозимаи актуалӣ низ эҷод накардаанд ва онҳоро на танҳо дар хориҷи кишвар, балки дар худи Тоҷикистони хурдакак низ касе намешиносад ва аз як номенклатураи болшевики беш набудаанд!).

1 q.dzhuraev 5555

Имсол иттифоқ уфтода, ки аввалан яке аз олимони бузурги сатҳи ҷаҳонӣ доир ба ҷуғрофияи табиӣ ва геоботаника, дӯсти тоҷикону ошиқи Тоҷикистон ,профессор Окмир Оғохонянс, ки камина шефтаи навиштаҳои илмӣ-оммавии ӯ ҳастам санаи 5-уми январи соли равон 90 сола шуд ва аз ин рӯ ибораи устод Турсунзода «расми хуби тоҷиконро гум макун»-ро  ба ёд оварда, аввалан дар бораи ин нобиғаи илми ҷуғрофияи ҷаҳонӣ, ки барои Тоҷикистон хизмати арзандаеро нисбати садҳо  олимони беамали ватанӣ  анҷом додасту аз  мо на унвону на хонаву дареро низ талаб накардааст, мақолае навишта аз ӯ ёд намудам. Мақолаи банда дар бораи ӯ бо номи «Абармади  ҷуғрофиёи Тоҷикистон»  ба таври васеъ бо сураташ дар 2 шумораи рӯзномаи «Ҳамрози халқ» интишор ёфта, дар шакли фишурда бошад дар маҷаллаҳои «Илм ва Ҳаёт»  ва «Маорифи Тоҷикистон» чоп гашт.Аз ин рӯ аз сармуҳаррирони ин нашрияҳо бениҳоят сипосгузорам. Ба ҳар ҳол тавонистем, ки як хизмати хурди тоҷиконаро дар назди рӯҳи ин олими бузург ва дилбохтаи Тоҷикистон ба ҷо оварда, аз ӯ бо некӣ ёд намоем ва то андозае номи ӯро зинда кунем ва ба насли нави миллат иттилло расонем, ки чунин олимони бузург барои миллати мо хизмати содиқона ва шоёнеро  анҷом додаанд ва насли навро лозим ҳаст, ки ба чунин шахсиятҳо доиман арҷ гузоранд.

Инак фурсате расида, ки қаламу коғаз  гирифта,  дар бораи яке аз чеҳраҳои намоёнтарини илми тоҷик  дар асри 20, дар доираи  Иттиҳоди Шӯравӣ ва ва берун аз он,  қи бо навиштаҳои назариявӣ ва таҷрибавиии илмии худ ва бо таҳлилҳои амиқану дақиқан фаррохи илмии худ сар масъалаи ҷуғрофияи иқтисодӣ,  ҷуғрофияи табиӣ,  масъалаҳои экология ва ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи об дар кишвар ва минтақаи Осиёи Миёна,   чобачокунии дурусти захираҳои  меҳнатӣ ва корхонахои саноатӣ  дар минтақаҳои кишвар бо нигоҳи тозааш дар сатҳи Иттифоқи Шӯравии бузург дар солҳои 60-ум ва солҳои 70 ум дар доираи  роҳбарони сатҳи Кремл, минтақа     ва кишвар чун гулдуроси раъд дар осмони софро ба вуҷуд оварда буд ва мақоми шоистаи олимиро дар сатҳи СССР комёб гашта буд,  аз дидаҳо, шунидаҳо ва мутолиаҳоям инҷо иншо намоям.Сухан дар ин мақола дар бораи яке аз олимони асил ва сермаҳсули тоҷик дар асри ХХ,  аъзо корреспонденти АФ -и Тоҷикистон, (аслан шоистаи академикӣ) профессор, собиқ ректори Донишкадаи педагогии замоне хело машҳури ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе    Қандил Шарифович Ҷӯраев меравад.Мавсуф санаи 9-уми майи соли 1927 дар оилаи бузургтарин нобиғаи санъати тоҷик, яке аз бузургони санъати мусиқаэҷодкунии халқҳои порсизабон дар асри ХХ дар қатори Муҳаммад Валии Таронасоз (писари шоҳи охири Дарвоз) ва Найнавоз (устодони бузургтарин овозхони мардуми порситабор дар 100 соли охир Аҳмад Зоҳир) дида ба дунё кушодааст. Дар хусуси ҳаёту фаъолият, зиндагониномааш зиёд навиштаанд ва бинобар ин сабаб таваҷҷӯҳи   хонадагони азизро  ба ин масъала ҷалб намекунем.Танҳо гуфтан мехоҳам , ки дар чунин хонаводаи бузург тарбия ёфтани чунин олим барои миллати мо нобиғаи дигареро дар илми ҷаҳонии ҷуғрофиё тақдим намуд ва аз ин рӯ  ба рӯҳи поки устоди шодравон Акашариф Ҷӯрави  машҳур дуруд мефирестем. Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад. Омин!

2 q.dzhuraev 5555

Хонандаи нуқтасанҷи ман ҳаминро гуфтан мехохам, ки дар бораи Қандил Шарифович бисёриҳо навиштаанд ва ва ин табиист зеро, ки олиме, ки барои миллату ватани худ дар замоне , ки овоз баланд кардан мумкин набуд ва хостан дар Тоҷикистон зери идеологияи болшевикӣ (дар Тоҷикистон зери идеологияи ҳукмрони туркӣ-болшевикӣ) бешармона озодагони озодфикр  ва олимоне, ки шурии хосаи бедории  миллӣ ва ифтихори миллиро доштанд зери ниқоби «интернатсионализми ҳақиқӣ» сахт саркӯб мешуданд овоз баланд намудану матлаби илмӣ  ва хело саҳеҳу дурусти худро то рӯзномаҳои бонуфузи ҳизбии марказӣ  навишта, дар сатҳи иттифоқ чоп намудан ва дар симпозиумҳои байналмилалӣ ва умумиттифоқӣ  оиди масъалаю камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи илми ҷуғрофиёи иқтисодӣ, проблемаҳои экологӣ, ҳифзи табиат ва  истифодаи босамари об  суханронӣ  намудан болотар аз унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравист! Ана ҳамин амалҳоро Қандил Шарифовичи бузург чун алломаи бузурги тоҷик, бо ғурури тоҷикона, сарбаландона ва бо навиштаҳои раднопазир ва илман асосноки худ ва нутқи буррои худ пайваста дар назди роҳбарияти кишвар ва Кремл, Раёсати Академияи Фанҳои СССР, Шӯрои Вазирони СССР ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистону, КМ КПСС   ва кумитаи ҳизби  болшевикии ҷумҳуриявӣ  пешниҳод менамуд.Ӯ  дар он давраҳои муборизаҳо ва дору гирҳо барои пешравии иқтисодии Тоҷикистон дар муқобили маснаднишинони бесаводе, ки танҳо дар фикри мансаб буда, аз «лабайгӯяк»-и Кремл беш набудан ва танҳо барои курсӣ ва вазифа ҷон мекоҳонданд , машъалеро мемонд! Машъалеро ,ки роҳи илми тоҷикро равшан ва зиёиёни камфаъоли тоҷикро аз зулмати шаб дар қиболи идеологҳои туркӣ-болшевикии Тоҷикистон ба пеш баровардан мехост.Ӯ танҳо як орзӯ дошт, ободӣ  ва шукуфоиии Тоҷикистони азиз ва зиндагии хуби мардуми шарафманди худ.Табиист, ки зиндагиномаи чунин мардони шариф,  ки замони тоталитарии шӯравӣ чунин зиёиён ва олимони баландовоза дар кишварамон аз 2-3 нафар зиёд набудан боварӣ дорам, ки дар асри ХХ1 мавзӯъи асосии тадқиқотии насли ҷавони олимони замони истиқлол хоҳанд гашт.Оре таърих худаш чун  қозӣ ва прокурори одил оҳиста-оҳиста ҳама кас ва ҳама  чизро ба ҷояш оварда хоҳад шинонд ва ин фалсафаи нонавиштаи ҳама давру замонҳост! Номи ин нобиғаи илми   ҷуғрофияи иқтисодии шӯравӣ  ва минтақаи Осиёи Марказӣ  барои ман аз замони кӯдакиям шинос аст. Чун замони наврасӣ дар мактаб фани ҷуғрофиё  дустдоштатарин фани банда маҳсуб меёфт (ҳоло низ) муаллимаи азизам Низорамоҳ  Зуҳурова  гоҳ-гоҳ ба мо дар бораи ин олими маъруф, он замонҳо ректори хело машҳури Донишкадаи Давлатии ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе  бо шавқ нақл намуда,  дар бораи  Тоҷикистон ба мо мавзӯъҳои хонишҳои беруназсинфӣ медод ва  мо аз китоби дарсии ин нобиғаи илми ҷуғрофиё, ки дар солхои 60-ум бо номи «Ҷуғрофиёи Тоҷикистон» нашр шуда буд ва аз чи сабаб  бошад ки дар ибтидои солҳои 70-ум аз программаи мактабҳои миёнаи ҶШС Тоҷикистон бароварда шуда буд (хотиррасон бояд намуд, ки кишвари мо ягона кишваре дар байни субъектҳои иттифоқӣ ва автономии СССР буд, ки ҷуғрофияи худашро дар мактабҳояш  солҳо и 70-ум дарс намедоданд! Дар як мақолаам бо номи «Ҷуғрофия ва худшиносии миллӣ» чанд сол муқаддам кайд намуда будам, ки яке аз сабабҳои маҳалгаро шудани тоҷикон дар замони шӯравӣ ва дур мондан аз асолати миллӣ ин наомӯхтани ҷуғрофиёи ватани худ дар мактабҳо буд.Фикр мекунам, ки роҳбарони пантуркисти кишвар дар мубориза ба муқобили ин кадри хело босаводи тоҷик ин фанро аз программаи таълимиии мактабачагон баровардаанд ва оянда муҳаққиқон бояд оиди ин масъала ва корҳои ифлосу аблаҳонаи  пантуркистони ҳизбии дохилӣ дар муқобили пешгирии худшиносии миллии тоҷикон бояд тадқиқотҳои доманадореро анҷом диҳанд).

Баъдан тағоям Юсуфи Алимардон, ки он вақт дар факултаи ҷуғрофиё ва биология таҳсил мекард ( ҳоло беҳтарин омӯзгори ҷуғрофиё ва собиқадори педагогии кишвар)  бошавқу завқ дар бораи ин олими бузург нақл мекард. Ёд дорам, ки он давра оиди мақолаи илмӣ-проблемавии устод Қандил Шари фович, ки соли 1972 дар органи   КМ  КПСС рӯзномаи бонуфузтарини ҷаҳонӣ «Правда» чоп гашта, дар доираи Академияи Фанҳои СССР ва Академияи Фанҳои Ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ щавқу шӯреро ангехта буд ва дигар мақолаҳои имии дар сатҳи шӯравӣ  чопгаштаи ӯ  ва пешниҳодҳои саҳеҳи устод боҳарорат нақл мекард. Баъди хатми мактаби миёна таваҷҷӯҳи ман ба ҷуғрофиё на кам балки зиёдтар гашта, то имрӯз садхо китобҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва дигар асарҳои ёддоштӣ-бадеъии ҷуғрофидонҳои  шӯравӣ  ва кулли оламро  бо шавқ мутолиа ва ҷамъоварӣ  менамоям.Дар ин росто аз навиштаҳои устодоне  чун Х.Муҳаббатов , Сафаров С.,  Умаров Х. мақолаҳои профессори шодравон Ҷонон Икромӣ ва дигарон  дар бораи устод Қандил Шарифович Ҷӯраев фаҳмидам,  ки ӯ на танҳо олим, балки нобиғаи давру замони худ машъалбардори  илму  маориф дар Тоҷикистони азиз буда, дар сатҳи умумиттифоқ  ва бурун аз он шӯҳрати хосаеро касб намуда будааст ва ба рости ҳамчун тоҷик ифтихорам аз чунин фарзанди фарзона ва бономуси миллат хело боло рафт. Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ,  нанотехнология,  суръати баланди тарақиёти техникаи алоқаи нақлиётӣ, кайҳонӣ, ҳавопамоӣ,  пайдошавии корхонаҳои зиёди сӯзон ва дигар омилҳо бухори газҳои гулхонагӣ  нисбати 20- 30 сол пеш даҳҳо маротиба зиёд гашта, дараҷаи гармшавии ҳаво боиси об шудани пиряҳо (танҳо дар Помир 30 фоизи пиряҳо об гаштаанд) дар тамоми сайёра, камобӣ, аз байн рафтану сӯхтани садҳо ҳазор гектар ҷангалзору наботот гашта,боиси вайроншавии экология, эрозияи замин ва ҳазорон фалокатҳои табии дигар гашта истодааст, ки боиси ташвиши ҷиддии ҷомеъаи фаъоли сатҳи ҷаҳонӣ гашта истодааст. Хавфи фоҷиаҳои экологии  ба сари сайёраи Замин омада имрӯз садҳо миллион одамонро дар тамоми ҷаҳон бетараф гузошта наметавонад ва ҳаракати ҷамъиятии  ҷаҳонии ба истиллоҳ «Сабзҳо»  ҳамарӯза ба гирдиҳамоӣ  ва шиорпартоӣ бо мақсади пешгирии фалокатҳои ҷуғрофӣ машғул ҳаст. Ин намоишҳоро тариқи оинаи нилгун тамошо намуда ва дар интернет ва нашрияҳо хонда,  баъдан ба асару монографияҳои олими нуктасанҷ Қандил Шарифович Ҷӯраев  оиди проблемаҳои экологии Осиёи Миёна ва СССР, истифодаи дурусти захираҳои об ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи Амударё ва Сирдарё ва пешгирии фоҷиаи баҳри Арал аз хушкшавӣ шинос гашта , ангушти ҳайрат мегазӣ. Охир проблемаҳои мазкури  баҳри Арал ва хосатан азхудкунии  даштҳои беоби Дилварзин ва  бахусус даштҳои сӯхтаи Қаршӣ , ки ҳукумати вақти шӯравӣ ва Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби СССР  даҳҳо миллиард рубл (бо мабалағи имрӯза 100-ҳо миллиард доллари амрикоӣ) масраф намуда, технологияи пуриқтидори насосию обкаширо сохта оби рӯдхонаи Амударёро пурра ба баландиҳо ба хотири пахтакорӣ солҳои 60-ум ва -70 ум кашида буд, ҳамон давра олими нуктасанҷ ва дақиқкор, устод Қандил Шарифовичро ин амали беақлона ба ташвиш гузошта , масъалаи аз аз байн рафтани баҳри Арал ва хатари бузурги экологиро дар оянда дар минтақа ва қораи Осиё ва Аврупо аз ҳисоби партоби ҳарсолаи 100-ҳо миллион тонна намакҳои кимиёи пешгӯӣ  карда буд! Соли 1990 асари «Перестройка», ки дар Маскав  чоп гашта,  аз тадқиқотҳои журналистии олимон , адибон ва рӯзноманигорони номвар оид сохтмони ин ё он корхонаю заминкушоиҳо иборат буд.

3 q.dzhuraev 5555

Хушбахтона  онро чанде пеш дастрас намуда хондам. Онҷо ба таври дақиқ навишта буданд, ки аз сохтмони истгоҳии насосии Қаршӣ ва обёрикунии заминҳои ташналаби ин мавзеъ ҳукумати шӯравӣ  садҳо миллиард доллар зарар  дида, пахта ба дараҷаи лозима насабзида ва ҳосили дилхоҳе низ дар чунин заминҳои нимбиёбонӣ  надода,  ҳама ҷо ботлоқзор гашта,  бемориҳо афзуда, муриш зиёду баҳри Арал хушк гаштааст ва тамоми гуноҳро ба вазорати он вақт аз ҳама сарватманди Иттиҳоди Шӯравӣ,  Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби СССР зада,  онҳоро ҷинояткор номидаанд. Дар ҳақиқат, ҳама далелҳои оварда дурустанд , лекин фоҷиа ва ин зарарро 20 сол муқаддам,  ибтидои солҳои 1970 олими номвар, нобиғаи ҷуғрофияи иқтисодии шӯравӣ  Қандил Ҷӯраев баён дошта буд. Он вақт дар Кремл , Академияи Фанҳои СССР, Академияи Фанҳои кишоварзии шӯравӣ ва Прокуратураи генералии СССР ба куҷо нигоҳ мекарданд? Оё ҳамин хараҷу мараҷи бефоидаи пули халқи шӯравӣ  ахиран дар поёнии солҳои 80-уми асри гузашта, давлати  шӯравии пуриқтидорро ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ,  ки ахиран ба парокандагии он анҷом ёфт набурд магар? Инҷо танҳо як чиз аён аст, ақли солим ва пешрафтаи олим ва зиёӣ, ки аз андешаи тира ва бесаводонаи роҳбари ҷумҳуриявӣ ва ё роҳбари кремлӣ  лоақал 20-30 сол пеш буд  ва ин ақлҳои тира ба хотири нигоҳдошти ҷомеъа ва давлат зарурияти шунидани чунин суханҳоро бояд дарк мекарданд. Мутаасифона, онҳо ин суханҳои ояндабинонаро қабул накарданд ва ҳизбашон ҳам пош хӯрду ҳамаи сохтмонҳои бо хуни дил дар зари 70 сол сохтаи бобоёну падарони мо мардуми шӯравӣ  низ дар як дам ба боди фано рафт. Беҳуда шоир нагуфтааст:

Ҳарчанд Сикандари замонӣ,

Бе пир марав, ки  дар намонӣ!

Устод дар асарҳояш вобаста муҳити иқтисодии шаҳри Душанбе, оиди проблемаҳои ҷойгиркунии корхонаҳои иқтисодӣ  дар пойтахт, оиди проблемаҳо ва масъалаҳои вобаста ба Комплекси иқтисодӣ- террриториявии Тоҷикистони Ҷанубӣ фикрҳо ва пешниҳодҳои дурусти илмии худро пеш гузоштааст,  ки имрӯз низ пешниҳодҳои саҳеҳи ин донишманди худод барои Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур ҳастанд. Муттаасифона, он давра пешниҳодҳои босаводонаи  устод аз тарафи роҳбарияти то андозае бесаводи кишварамон ва хосатан қишри идеологии он, ки аслан дар ҷумҳуриҳои миллӣ аз чи сабаб бошад, ки ба ин вазифаҳои муҳими давлатӣ занҳои дар бисёр вақт бесаводро таъин мекарданд бо иборае бо камонғулак пешвоз гирифта мешуданд. Натиҷа ҳамин мешуд, ки баъди чандин сол чунин ҷойгиркунии саноату корхонаҳо фоҷиаҳои зиёдеро ба бор оварда, ба кишварамон миллионҳо рубл зарари иқтисодӣ ва ҳамчунин маънавӣ мерасониданд.Танҳо охири замонҳои бозсозӣ роҳбари аввали кишвар,  шодравон Қаҳҳор Маҳкамов аз мақомотҳои шӯравӣ, ҳизбӣ  ва хостан  аз олимон интиқоди шадиде  ба амал оварда, иброз дошта буд, ки дар   ҷумҳуриямон ягона олиме,  ки ҳама вақт барои пешравии кишвар бо пешниҳодҳои дурусту  асосноки илмӣ дар сатҳи  Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон мебаромад ин Қандил Шарифович Ҷӯраев буд. Ҳаққо, ки баъди чандин сол, замони босозӣ ва фалаҷшавии кишвари шӯравӣ номенклатураи партократии шӯравӣ ба дурустии суханҳои ин олими асил ва ватандӯсти ҳақиқӣ  тан дода,  сари таъзим фуруд овард! Ин ғалабаи  дурахшони ақл бар ҷаҳолат, нур бар зулмот,  адл бар беадолатӣ буд!

Устод чун  Аъзои ҳақиқии Ҷамъияти ҷуғрофидонҳои  СССР ва олими маъруфи ҷуғрофиё дар бисёре аз симпозиумҳои баланпояди сатҳи байналмилалӣ,  уумумиитифоқӣ  ва минтақавӣ оиди ҷуғрофия,  экология,  аҳамияти иқтисодии обҳои Точикистон ва СССР   ва ғайраҳо баромад намуда, обрӯи Точикистон , минтақаи Осиёи Миёна  ва СССР-ро дар сатҳи ҷаҳон боло мебардошт.

Дар бораи олими асил ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик будани устод Қандил Шарифович , профессори зиндаёд Ҷонон Икромӣ   дар мақолаи хело ҳам  аълои  худ бо номи «Фарзанди Акащариф» (рӯзномаи «Озодагон» №2 аз санаи 14- уми майи  соли 2008)  чунин менигорад: «Вай китобҳои чопшудаашро ба ман нишон   медоду ҳадя мекард. Ман онҳоро варақ мезадам сатҳи ошно мешудаму ба мазмуну аҳамияти онҳо амиқ фурӯ намерафтам.Вале вақту шароит кори худро карданд.Чунин иттифоқ афтод , ки чанде пеш бароям лозим омад масъалаи ташкили минақаи озоди иқтисодиро дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ омӯзам ва арзёбӣ кунам.Вақте хостам баъзе масъалаҳои минтақаи озоди иқтисодиро фаҳмам зарурияти донишҳои   ҷуғрофиёи иқтисодӣ, ки маълум мешавад , ки дар сурати  бархурдор набудан аз чунин донишҳо  наметавон имкони ин ё он минтақаро фаҳмид, ба пеш омад. Бароям лозим омад   таълифоту китобҳои Қандил Ҷӯраевро мутолиа намоям. Ва акнун фаҳмидам, ки ман ин одамро комилан нашинохта будам. Доманаи алоқаҳо, амиқию муҳим будани афкору ниятҳои ӯ манро моту маҳбут карданд. Қандил Шарифович танҳо бо тадқиқоту чопи  таълифоти худ , гирифтани унвонҳои илмию ифтихорӣ иктифо накардааст. Вай аз ҷону дил ғамии ҷумҳурӣ, ғами сарзаминашро мехӯрд. Хостори сарватмандию пешравиии халқаш буд, мехост дар иқтисоду ободии кишвари худ саҳм гузорад. Вай ватанпарастӣ воқеъии мардуми тоҷик буд!»

Фикр мекунам,  ки ҳамин баҳои шодравон Ҷонон Икромӣ -писари устоди бузург Ҷалол Икромӣ,  ки худ олими намоёни кишвар буд, барои устод Қандил Шарифович басандааст, вагарна метавон иқтибосҳои олимони Осиёи Миёна ва шӯравиро низ оиди фаъолияти густурдаи ин фарзонамард аз насли миллати  озодагон  инҷо овард. Устод Қандил Шарифович Ҷӯраев дар зиндагӣ шахсияти ҷиддӣ, серталаб, якрӯ, ростқавл, ҳақиқатпараст ва  ба маънои томаш  ватандӯсти асил ва миллатдӯст буд…

4 q.dzhuraev 5555

…Тирамоҳи соли  соли 1990 баъди вафоти бемаҳали ин фарзанди фарзона ва бузургтарин олими тоҷик дар асри ХХ, олими обрӯи сатҳи ҷаҳонӣ дошта ,бо такудав ва пешниҳоди коллективи Донишкадаи педагогии давлатии ба номи Т.Г.Шевченко  ба ин донишкада номи ин олим , алломаи асри  ХХ-и илми тоҷик дода шуд. Муттаасифона бо гузаштани зиёда аз 12 сол аз номгузорӣ  боз он душманони миллати мо, ки замони шӯравӣ зери пардаи пинҳонии пантуркизми дохилӣ  ва ниқоби болшевизми тоҷикӣ   бар зидди худшиносии миллии миллати тоҷик мубориза мебурданд,  боз ба ҳаракат даромад бо пешниҳоди он, ки номи ин алломаи давр касро ба маҳал мебарад (?!) номи ӯро аз ин донишкада барчиданд.Хандаам меояд!Бузургтарин фидоии миллат ва бузургтарин тоҷики асилро бар асри оне, ки падараш Борбади сонӣ,устод  Аккашари Чураев-Сардафтари фарҳанги шӯравии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дарвоз аст, ба маҳалагароӣ гунаҳгор карданд! Беҳуда дар урфият намегӯянд, душман агар баҳонае наёбад эрод мегирад, ки думи сагат каҷ аст! Куҷои ӯ маҳалгаро буд! Устод якумин шахсияте аст, ки доир ба масъалаи ҷойгиршавии этнографии халқи тоҷик дар илми ватанӣ, ҷаҳонӣ  ва минтақавӣ асари тоҷикон аз лиҳози чойгиршавии этнографиро эҷод карда,  барои олимон дар оянда сари ин мавзӯъи муҳим ва дар илм   роҳи нав  кушодааст! Устод ватангаро буд. Агар маҳалгаро мешуд халки шарифи Дарвоз дар интихоботи вакилӣ ба ӯ овоз медод! Аслан устод аз замони шӯравӣ орзӯ дошт, ки номи Донишгоҳи педагоги шаҳри Душанбе ба номи Шайх Саъдии Шерозӣ гузошта шавад на каси дигар! Зеро дар тамоми ҷаҳон Шайх Саъдиро бо номи муаллими башарият мешиносанд ва арҷ мегузоранд! Ҳамарӯза тоҷики бесавод дод мезанад, ки ҳой мардум суханони шоири бузурги мо Шайх Саъдии Шерозӣ дар даромадгоҳӣ СММ бо оби тилло навишта шудаанд, лекин донишгоҳу донишкадае ба номаш то ҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нест.Умед мебандем,ки якумин  мактаби олии Тоҷикистон дар ояндаи наздик номи Шайх Саъдии Шерозиро мегирад ва бо ин паванди наслҳо, асрҳо аз замони қадим  то имрӯз (на аз соли 1924) шурӯъ мешавад.

Хулоса, навиштаҳои актуалии олими номвари тоҷик Қандил Ҷӯраев то имрӯз барои Тоҷикистон, минтақа  ва умуман вобаста ба масъалаҳои экологӣ барои кулли ҷаҳон муфиданд ва аз онҳо ҳоло  ҳам истифода мебаранд. Бахусус монографияҳояш доири масъалаи об ва истифодаи иқтисодии он, ки ҷаҳон имрӯз ба проблемаҳои об ниёзи зиёдеро дорад ва торафт истгоҳҳои  бо ангишт коркунанда аз байн рафта,  истеҳсоли ба истилоҳ, барқи экологӣ зиёдтар  ба миён омада истодааст, нақши мондагор доранд. Имрӯз бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва дар доираи СММ ба масъалаҳои  об барои ҳаёт,10 солаи оби тоза, 10 солаи нави «Об барои рушди устувор» ва дигар ташаббусҳо чораҳои мушаххас андешида  шуда, санадҳои муҳими байналмилалӣ қабул карда мешаванд.Фикр мекунам,ки орзӯю омоли ин  олими бузурги тоҷик ва навиштаҳои пайғамбаронааш дар ин боб ахиран бо ибтикори  Пешвои муаззами  миллати тоҷик дар замони истиқлолият амалӣ шуда  истодаанд ва аз ин рӯ рӯҳи ҳама вақт ба хотири миллат ноороми ин олими бузург аз ин амали роҳбари Тоҷикистони азиз шоду мамнун аст!

Зиндагиномаи ин олими бузурги тоҷик ба зиндагиномаи олими маъруфи генетик, академики Академияи фанҳои СССР, лауреати мукофоти ленинӣ, олими шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, ки аз тарафи ҳизбиён ва бархе аз олимони ҷоҳил, якраву бесаводе чун  академик  Т.Д.Лисенко, ки бо ақидаҳои анархистии  худ пешравии илми генетакиро дар СССР 50 сол(!) қафо кашида, ба хоҷагии халқи мамлакат ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хатти баталон кашид, бисёр монанд аст. Маҳз дар кишвари мо низ ҳамин номенклатураи бесаводи ҳизбӣ ва илмӣ пешравии чуғрофиёи иқтисодии кишварро қафо кашида, кишварро ва ҳатто мамалакат ва минтақаро бо фишороварӣ  ба нобиғае чун Қандил Шарифович барои иҷро нагаштани пешниҳодҳои дурусти илмияш ба фоҷиаҳои азими экологӣ ва табиӣ  гирифтор кард! Аҷаб монандиеро дидам дар зиндагиномаи ин ду олими асил (Н.П.Дубинин»Вечное движение»).

Аз фурсат истифода бурда  пешниҳод менамоям, ки ба шарафи ин олими асил аз тарафи Академияи Фанҳои кишвар мисли дигар муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷа  медали тиллоӣ таъсис дода шавад. Вақти он расидааст, ки Тоҷикистони мустақил бо он шароити мураккаби тектоникӣ ва релефию ҷуғрофиии  доштаи худ, ки дар ҷаҳон назир надорад, соҳиби институти илмӣ-тадқиқотии чуғрофиё дар ҳайати Академияи Фанҳои кишвар гардад. Номи ин пажӯишгоҳ ба номи устод Қандил Шарифович Ҷӯраев гузошта шавад. Вазъияти геополитикӣ  ва докторинаи ҳарбӣ низ аз мо доштани чунин иниститути тадқиқотӣ -илмиро тақозо дорад.

Хулоса,номи ин олими асил ва фарзонамарди тоҷик , озодмарди замони болшевикӣ  дар муқобили пантуркистони пасипардагӣ қарор дошта, дар таърихи илми тоҷик ва ҷаҳон абадан боқӣ  монда , дар борааш  чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар тадқиқотҳо анҷом дода хоҳанд шуд.

«Гардад кӯҳан замонаву хомӯш намешавад,

Он шӯълахои ҷаста бурун аз даҳони  ман!»

Рӯҳаш шоду хонаи охираташ обод бод! Омин!

Варқаи Зайниддин, Узви ИЖҶТ,  

Аълочии матбуоту фарҳанги  Тоҷикистон,

3.09.2017.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi