10:38:01 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист

Таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 воқеъ дар деҳаи Баҳористони ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритус маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдгорӣ ба ифтихори собиқ мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия шодравон Мустафоқул Набиев, ки мактаби мазкур номи ӯро дорад, баргузор гардид. Ин маросим дар рӯзҳое барпо шуд, ки аз зодрӯзи ин марди шариф 85 сол сипарӣ мешавад.

mustafoqul-nabiev-55512155

Маҳфили ёдбудро рӯзноманигори шинохта, яке аз шогирдони соҳибҷашн, Азиз Фаттоев ҳусни матлаъ бахшид. Ӯ ба ҳозирин зиндагиномаи ин марди шарифро ташреҳ дод. Сипас шогирди дигари ин педагоги маъруфи ноҳия, Саймуддин Лоиқов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳукумати ноҳияи Шаҳритӯс дар суханронии худ саҳми Мустафоқул Набиевро дар инкишофи соҳаи мароиф ва фарҳанги ноҳия таъкид намуд. Ба гуфтаи ӯ қариб ҳамаи масъулоне, ки имрӯзҳо дар соҳаи маорифи халқи ноҳия заҳмат мекашанд, азҷумлаи шогирдони Мустафоқул Набиев буда тибқи шиори

Бе маориф пояи давлат намонад устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр,

софдилона меҳнат карда, ба дастовардҳои чашмрасе ҳам ноил шудаанд. Ӯ қайд кард, ки рушд додани соҳаи маориф, ки яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар маркази таваҷҷуҳи раҳбарияти ноҳия низ қарор дорад.

Баъди ин парда аз болои лавҳаи ёдгорӣ бардошта шуд. Дар он дар баробари ному номи падар ва санаи таваллуду вафоти ин омӯзгори шодравон инчунин ин байт ҳаккокӣ шудааст:

Аё устод, то ҳастем, фаромӯшат нахоҳем кард,

Чароғӣ дар дили моён, хомӯшат нахоҳем кард.

Дӯст ва собиқ ҳамкори Мустафоқул Набиев, Нарзуллоҳ Ҷӯраев, ҷонишини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳанати ноҳияи Шаҳритӯс хотираҳои худро дар бораи собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳия бо як меҳру муҳаббати зиёд ва эҳсосоти самимӣ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ соҳаи маориф дар замоне, ки Мустафоқул Набиев роҳбарии онро дар ноҳия ба уҳда дошт, рушду тараққӣ кард. Чандин мактабҳои нав бо ибтикор ва талошҳои ӯ сохта шуданд. Шароити таълим дар мактабҳо беҳтар карда шуд. Ҳамчун роҳбар кордону ғамхор ва ҳамчун дӯст рафиқи шафиқ буд.

Назокат Олимова, шоираи шинохтаи тоҷик, ки замоне дар шуъбаи маорифи ноҳия таҳти роҳбарии Мустафоқул Набиев фаъолият кардааст, аз кордониву одамгариҳои ӯ қиссаҳои ҷолибе кард. Дар хотимаи суханрониаш Назокат Олимова иброз дошт, ки устод ҳамеша аз ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ ҳарф мезаданд. Имсол мардуми мо ҷашни 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд, гуфт шоира. Ба ин муносибат шеъри дар бораи Ваҳдат навиштаашро ба ҳозирини ин маҳфил қироат кард:

Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд,

Тарсу ҳаросу ғусса ҳама пушти бом шуд.

Аз синаҳо ғубори алам пок шуд, аҷаб,

Бар дидаҳо шарори саодат пайём шуд.

Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд,

Раҳ ёфт сулҳ боз бар ин хонадони мо,

Лабрези нӯш гашт дили тифлакони мо.

Андуҳ рафту ғам зи дари ошиёни мо,

Бар дидаҳо шарори саодатпайём шуд,

Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд,

Ваҳдат ба дарди миллати ман мӯмиё шуда,

Хоки Ватан ба ҳар яки мо тӯтиё шуда,

Ин хонаи умед зи нав пурзиё шуда,

Бар дидаҳо шарори саодат пайём шуд.

Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд,

Ин неъматест бо гарави ҷон харидаем,

Бо хуни бегуноҳ шаҳидон харидаем,

Хеле гарон фитод, на арзон харидаем.

Бар дидаҳо шарори саодат паём шуд.

Ваҳдат расиду зулмати шабҳо тамом шуд,

Тиркаш Қарабоев, собиқ раиси ноҳияи Шаҳритӯс, собиқ узви Маҷлиси Миллии МОҶТ дар бораи аз он ибрози хурсандӣ кард, ки аввалин сабақҳои рӯзгорро дар фаъолияти меҳнатиаш аз Мустафоқул Набиев, аз ин марди кордину одамшинос гирифтааст. Баъди хатми донишгоҳи олӣ, фаъолияти меҳнатиам дар идорае шуруъ шуд, ки роҳбариашро ӯ ба ӯҳда дошт, гуфт собиқ раиси ноҳия. Таҳкурсии ман ҳамчун хидматчии давлатӣ дар оянда дар ҳамин идора гузошта шуд.

Султон Ҳамад, рӯзноманигор, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири сомонаи «Рӯзгор» дар суханронии худ аз нақши муаллим дар тарбияи насли наврас дар мисоли фаъолияти педагоги шинохта Мустафоқул Набиев ҳарф зад ва низ зикри хайри ин устоди зиндаёдро кард.

Сипас шогирдони мактаб ашъори дар васфи омӯзгор, аз ҷумла Мустафоқул Набиев азёд намудаи худро ба ҳозирин қироат карданд.

Дар хотима Шаҳристон Набиева, духтари Мустафоқул Набиев, корманди Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравиеро, ки аксаран китобу ашёи хониш буданд ва аз тарафи ин Боргоҳи бузурги илми кишвар таҳия шуда буданд, ба хонандагони пешқадами мактаби мазкур эҳдо намуд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз ин маҳфили ёдбуд гузориши мусаввареро омода сохтааст, ки онро пешкаши муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» мекунем.

Зиндагиномаи Мустафоқул Набиев

Набиев Мустафоқул 5-уми феврали соли 1932 дар деҳаи Лоҷурги ноҳияи Сангвор ба дунё омадаст. Ӯ соли 1942 ба Омӯзишгоҳи муаллимтайёркунии ноҳияи Ғарм дохил шуда онро соли 1946 хатм намуда аз ҳамон сол то соли 1947 ба ҳайси директории мактаби 7-солаи деҳаи Лоҷурги ноҳияи Сангвор фаъолият кардааст. Соли 1947 ба Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Самарқанд дохил шуда, онро соли 1950 бомуваффақият ба итмом расонда, соҳиби маълумоти миёнаи махсус гардидааст.

Соли 1953 ба шуъбаи ғоибонаи факултаи география ва биологияи Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1957 хатм кардааст. Аз соли 1953 то соли 1956 ҳамчун муаллими мактаби деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён фаъолият кардааст. Солҳои 1956-57 ба ҳайси директори мактаби совхози ҳамонвақтаи «Тоҷикистон» кору фаъолият дошт. Аз соли 1957 то соли 1958 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Баъди адои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз соли 1959 то соли 1961 дар деҳаи Қизил Иттифоқи ноҳияи Қубодиён ҷонишини директори мактаб шуда фаълият намудааст.Ӯ солҳои 1961-1967 дар деҳаи Болшевики ноҳияи Қубодиён, солҳои 1967-1968 дар деҳаи Ленин юлии ноҳияи Шаҳритус директори мактаб шуда кор кардааст.

Соли 1968 Набиев Мустафоқулро мудири шубаи маорифи ноҳияи Шаҳритус таъйин намуданд ва ӯ то соли 1977 дар ин вазифа фаъолият намуд. Аз соли 1977 то соли 1979 дар вазифаи инспектори назорати халқии ноҳияи Шаҳритус кор кардааст.

Солҳои 1979-1980 роҳбари муассисаи хӯроки умумии ноҳияи Шаҳритус буд. Аз соли 1980 то соли 1982 дар вазифаи раиси Главснаби ноҳияи Шаҳритус ба мардуми ноҳияи мазкур хидматҳои арзандае кардааст. Аз соли 1982 то соли 1989 ба ҳайси директори Омӯзишгоҳи касбӣ -техникии рақами 23-и ноҳияи Шаҳритус фаъолият намудааст.

Набиев Мустафоқул 24-уми октябри соли 1989 аз олам даргузашт. Барои хидматҳои шоёнаш ба давлату миллат ӯ борҳо бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо сарфароз гардонда шудааст. Соли 1968 раҳбарони ҳукумати ҷумҳурӣ ба ӯ унвони фахрии «Аълочии маорифи халқ»-ро лоиқ донистанд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi