17:49:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ситораи тобноке дар уфуқи илму ҳунар - I

 

Донишманди закӣ ва ҳунарманди соҳибмактаб дар ҷодаи санъат, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ, Арбоби шоистаи  санъати РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Ҷӯрабек Назрӣ имсол ба синни мубораки 70- солагӣқадам мегузоранд.

1_jurabek-nazri_45214554.jpg

Дар имтидоди ин умри бобаракат тавонистанд, ки бо як силсила асарҳои тадқиқотии пурарзиш хазинаи илмро ғанӣ гардонанд, бо офаридани сурудҳои ҷаззоби хосси мактаби ҳунарии эҷодиашон дар ситоиши Ватани азизу мардуми ҷоноҷон, ишқу садоқат, ваҳдату ҳамдилӣ гулзори санъатро зинат бахшанд, рушд диҳанд. Асарҳои «Лайлӣ ва Маҷнун»- и Мактабӣ(1983), Матни илмии интиқодии «Лайливу Маҷнун»- и Мактабӣ(Теҳрон, 1993), «Сулаймоннома»- и Зулолии Хонсорӣ(1996), «Қиссаи Сулаймону Билқис дар адабиёти форсӣ»(1996), «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома»(Теҳрон, 2001), «Таърихи Ҳумоюн»-и Гулшанӣ(2007), «Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома»(2014)… хоси қалами эшонанд.

Устод Ҷӯрабек Назрӣ баробари тадқиқотҳои илмию мусиқиофаринӣ, ҳамчунин, солиёни дароз дар мақоми директори Иттиҳодияҳои музейҳои адабӣ ва Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ низ фаъолият нишон додаанд. Алҳол, ба ҳайси мудири «Ганҷинаи мероси хаттии ба номи академик А. Мирзоев» заҳмат мекашанд.

Банда тасмим гирифтам, ки дар ин мавод меҳрномаи хешро ба масъалаи соҳибмактабии ин соҳибдили фарҳехта дар ҷодаи санъат ва ҳунари таронахониашон бахшида, пешниҳоди хонанда гардонам.

Дар музофоте марди ҳунарманди парҳезкор, покниҳоду некмаҳзаре мезист, ки овози муъҷизаофару панҷаҳои сеҳрофари найнавозӣ дошт. Ҳар нафареро, ки марг аз гиребонаш чанг мезад, тори сараш бо шаҳдхонию найнавозӣ зинда мегардонд. Ин буд, ки марг ба ин музофот дигар қадам нагузошт ва парчами умри ҷовидонӣ парафшон гардид.

Рӯзе марди ҳунарманд ба боғистоне омад, ки дарахтони солиён пурмевааш хушкида. Мутааҷҷиб суол кард:

- Муҷиби ба чунин сарҳади  ҳалокат расиданатон чӣ буда?

- Об…об… об…- аз решаҳои дарахтон аранге нолиш ба гӯш расид.

Ҳунарманд андешаманд болотар роҳ паймуда ба домони дашту марғзор қадам ниҳод. Атрофу акнофро заъфаронӣ дид. Ҳайратзада суол кард:

- Чӣ омил шуморо ба ин фоҷиа расонд?

- Ташнагӣ

Ҳунарманд тори кӯҳ расид. Чашмае дид кайҳо хушкида, нуқтае, ки обаш ҷонбахши дашту марғзор ва боғистон буд. Ӯ болои тобасанге нишаста бо сӯзу гудоз шаҳди дарду алам хонду бо най фиғон кашид. Ин дам оби чашма аз нофи замин ҷӯш зада берун баромад, ҷӯй пуроб шуда, шилдирросзанон ҷониби дашту марғзор роҳ кушод. Ҳаёт пар кушод дар ин мавзеъ.

Ҳунарманд дар домони дашту марғзор низ шаҳд хонду  бо най нолид. Ба қалби дашту марғзор ҷон дамид ва ҳама шукуфою сарсабз гашт. Оби чашма бо шӯру шавқ ба ҷӯйи боғистон даромад. Шаҳди мутантани овози ҳунарманд ва садойи ғамолудаи найи ӯ ба боғистон ҷон бахшид, дарахтон сарбасар сабзу хуррам ва гулафшон шуданд.

Солҳо чун насими раҳгузар ноаён мегузашт. Ҳунарманд бо шаҳди овозу оҳанги пурфасонаи найи худ ба ҳама ҷон ато мекард. Аммо фаро расид, ки рӯзе худи ӯ ба марг мувоҷеҳ гардида, шаҳди он бичашад.  Одамону табиатро, ки  марг бо онҳо ҳатто соягӣ надошт, воҳима гирифт, фиғон кашиданд, ба оҳу нола даромаданд. Кулли одамон, дашту марғзор, боғистону чашма… даст ба дуо бардошта, аз Худованд илтиҷо намуданд, ки ҳунармандро зинда гардонад, вагарна онҳо низ...

Аз ғайб овозе ба гӯш расид:

- Мисли ӯҳунарманди дигаре мебояд…

Охири солҳои 60-уми садаи гузашта буд. Муҳассили синфҳои болоии мактаби миёна  будам. Ёдам ҳаст, ки бори аввал ҳамин ки овози ширадору тасхиркунандаи устод Ҷӯрабек Назриро шунидам, ҳаяҷони муассири дигаргунае вуҷудамро фарогир шуд, ки то ин муддат ҳеҷ гоҳ эҳсос накарда будам, мисле ки дар оромиам инфиҷор рух дод. Лаҳни ҳофизи ҷавон чунон неруи сеҳру тилисм дошт, ки мани бача дар як они воҳид даступобастаю ҳушбохтаи он гардидам, худамро дар ихтиёри худ надидам, мисле ки ақлам ҷудою танам ҷудо буда.

Аҷиб ки ҳамин гуна эҳсоси ширину муъҷизаосои ботиниро Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон, ки садоқату эҳтиромаш ба устоди азизаш Ҷӯрабек Назрӣ чун ситора дар осмон нур меафканад, низ аз сар гузаронда будааст. Мавсуф дар барномаи «Ногуфтаҳо»-и шабакаи «Сафина»(декабри соли 2015) қисса кард, ки айёми бачагиаш ҳамин ки бори аввал овози ҷодувонаи устодашро шунидааст, мӯйҳои баданаш рост хеста будааст.

Мусиқӣ барои инсон насими гулбези субҳро монад, ки асабро навозиш кунад, ноҷуриҳои рӯҳиро, ки майнаи сар аз таззодҳои ҳаёт маншаъ мегирад, ором гардонад.

Мусиқӣ танини оби софу зулоли чашмаи кӯҳист, ки баҳри ташнагон аз қаъри сангҳои кӯҳҳои азим худро берун зада, дар домони дашт ҷӯй мекушояд, ба ҷисму рӯҳи инсон ворид шуда, кайфияти ҳол мебахшад.

Тазаккур медиҳам, ки банда аз хурдӣ ташнаи шунидани таронаҳои ҳунармандон будам ва аз ин аҷибам ҳам меомад, ки чаро мусиқӣ саропои ҷисми маро бедор мекунад, эҳсосамро ба таҳрик меорад, аммо гуна-гуна бачагонро не  ва ё ман ягон узви мусиқидарккунии иловагӣ дорам? Ба ин баъди гузашти солҳо посух дарёфтам: эҳсос ирсист!

Бале, ба ҳамин натиҷа расид, банда…

Падарам Абдураҳим Ҳасанов солҳои 30-40 дар куҳистони Вахё корманди идораи молия буд, аммо бинобар он ки меҳри домангири санъат ӯро аз хурдӣ ба оғӯши гарми худ гирифтаю тарбия карда будааст, дар маъракаҳои мардумӣ бо дутор машшоқию ҳофизӣ доштааст. Баъди муҳоҷиршавӣ ба ноҳияи Ҷиликӯл(охири солҳои 40-ум) баробари дар вазифаҳои гуногуни хоҷагидорӣ бо нерӯи ҷону тан заҳмат кашидан ҳам, ин ҳунари волою худододро пушти сар ҳаво надод, ин истеъдоди дар хун ҷо шударо ба замин нагузошт, хор накард, балки боз ҳамчун гулдастаи мусиқӣ ба мардум эҳдо кард. Қиблагоҳ бо дутор, «ёри мушфиқу ғамгусор»- и худ, хумори ташнагони овозашро мешикаст, ба онҳо лаҳзаҳои фароғату хушдилӣ нисор мекард. Айёми бачагиам ёд дорам, ки чӣ тавр арӯсро болои зини асп савор мекарданду падарам канори онҳо бо дутор ғазалхон пиёда мерафт. 

2_jurabek-nazri_45214554.jpg

Падар овози булбули боғи санъат Акашариф Ҷӯраевро доштанд, фидои овози нотакрораш мешуданд, таронаҳояшро нағмапардоз буданд. Ҳамон давра ба деҳаамон яке аз аъзои дастаи ҳунарии Акашариф Ҷӯраев, шогирдаш Ёфтулло Рӯзиев(як-ду бор ҳамроҳи  Акашариф ба деҳаамон меҳмон шуда, консерт нишон дода буданд) кӯчида омаданд ва бо падар як гурӯҳи ҳунарии дунафара шуда дар маъракаҳо таронахонӣ доштанд. Падар қурбони овози Абдулло Назрӣ ва Иброҳим Кобулӣ низ буданд. Лаҳзаҳои фароғат рӯйи кати ҳавлӣ бо дутор аз таронаҳои онҳо бо овози марғубашон паст-паст замзама мекарданд. Медидам, ки чӣ сон дар ин ҳолатҳо оламро дар оғӯши худ дидагӣ барин ба ваҷд меомад, анбӯҳи абрӯвонашро болои чашмон мехамбонд, чашмонашро пӯшида ба ду паҳлӯ сар меҷунбонд, китфонаш хаму рост мешуд. Ин барои мани бача аҷиб намудаю ба гирдоби андеша ғӯтида, аз худ суол мекардам, ки чаро дар як деҳаи калон фақат падари ман дутор дораду халос, аз як деҳаи даҳҳо ҳавлидошта танҳо падари ман ғазал мехонаду бас? Чӣ чиз ӯро дунболи ин ҳунар водор карда? Ба худ мегуфтам, ки дар ҳавзи хоҳиш, розу ниёзҳои ӯ чизе намерасад ва эҳтимол суруд ана ҳамон холигоҳро пурра мекунад.

Боре омӯзгори куҳансоли деҳаамон Ҳисорӣ Мирзоев, ки бачагиаш дар кӯҳистони Вахё гузаштаю ба банда ҳам ҳаққи устодӣ доранд, аз ман чунин суол карданд:

- Солҳои бачагиам дар Вахё васияти кадом марди бемореро шунида будам, ки чун ҷонро ба ҷонофарин таслим гардонд, Абдураҳим(яъне, падараи ман С. Ҳ.) бо дутор аз қафои тобуташ то гӯристон ашӯлахон биравад, бо танини овози ӯ ба лаҳад гузошта шавад, чунки масти овози ширадораш будааст, нашунидаӣ, ки ӯ кист?

- Аз ҳофизии падар дар кӯҳистон зиёд шунидаам, аммо чунинашро не, -иқрор кардам ман. 

Бародари калонам Ҳиммат, ки ибтидо муҳосиби колхоз, солҳои охир котиби ҷамоат шуда кор кардаанд, шукуфае шудан дошт дар гулзори санъат, зеро ҳунари таронахониро аз падар мерос гирифта буд ва метавонист дар ин пайраҳа мудовими ӯ гардад . Дар хона бо рубоб бештар сурудҳои устод Зафарро шогирдона замзама дошт. Ёдам ҳаст,  ки гоҳе аз рӯйи ҳавою ҳавас дар магнитофони  хонаамон низ сабт мекарданд. Аммо умр вафо накард ва бо ҳамсару фарзанди навҷавонаш қурбони деви ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Он айём таъсири ҳама сурудҳо бароям қариб ки якранг буд, як санъаткорро болои санъаткори дигар тарҷеҳ намедодам. Аммо баъди шунидани лаҳни устод Ҷӯрабек Назрӣ (тавре дар оғоз ишора рафт), худро дар олами дигар дидам, олами пурфасонаю пурчағона. Ин овоз овозе буд, ки нав кашф кардам, гӯиё Худованд онро маҳз барои ман туҳфа фиристод ва ё дар ҷустуҷӯи ин овоз будаму бехост ба кулбаи қалбам ворид гардид. Ин овозе буд, ки ҳар ҳарф, ҳар ҳиҷо, ҳар калима ва ҳар мисраи он ба дарду ниёзи ман мехӯрд, шавқу шӯрамро мехезонд, ҷону танамро ба таҳрик меовард. Ман бори аввал таъсири матн, таъсири сухан, таъсири он чӣ шоирон гуфтан мехоҳанд, жарфнотар дар овози Ҷӯрабек Назрӣ  эҳсос кардам. Ҳол он ки аз ин пеш ба торҳои эҳсосам таъсиру нуфузи оҳанг ҳокимият дошт, на матни суруд. «Модари ман», «Аз дасти ғамат», «Гул хор дошт», «Во гуле», «Дасти манасту доманат», «Намеоям дигар», «Ҷӯра то ту шод бошӣ»… барин таронаҳояш он қадар маро дар фазои рангини худ чархонданд, ки хаёлам дар ин дунё танҳо ману устод зиёд ҳам кӯҳи аламу ҳам хирмани шодӣ дорем, ғами ишқу ватандорӣ мисли парчам фақат дар дасти ману устод мебошад, дар ин дунё ҷуз ману устод дигар нафаре аз дигарон хостори садоқату вафодорӣ набуда.

Ин ҷо мехоҳам як нуктаро рӯшан гардонам. Дигаронро намедонам, аммо шахсан камина истифодаи асбобҳои мvсиқии аккордеону таблакро нахуст дар дасти санъаткорони афғон, ки охири солҳои шастум ба ш. Душанбе меҳмон шуда, ҳунарнамоӣ карда буданд, дидаам. Ёдам ҳаст, ки Акбар Ромиш бо аккордеон хеле олӣ сароида буд. Мани бача дар симои ин ҳунарманди мумтоз Раҷ Капурро аз филмҳои ҳиндуии «Оворагард», «Ҷаноби 420», «Сангам» тасаввур доштам.

Баъдан, агар саҳв наравад, чунин асбобҳои дар санъати миллии тоҷик истифода набуда бори аввал ба ҳайати ансамбли устод Ҷӯрабек Назрӣ илова гардид, ки таъсирпазирии оҳангу сурудро ба самъи шунаванда хеле муассир гардонд. Чунончи, шогирдони устод Ҷамшед Исмоилов ва Қурбоналӣ Раҳмон ба саҳнаи ҳунар бо аккордеон ворид гардида буданд.

Ин андешаро ҳеҷ кас мухолиф нахоҳад шуд, ки устод Ҷӯрабек Назрӣ аз ибтидои ба майдони санъат чун як ниҳоли навруста ворид шуданаш мактаби ҳунарии худро таъсис дод, чаро ки, аввалан, лаҳну оҳанг мисли як бодоми ду мағз бо ҳам  сабки хоси ӯ буд. Дувум, ман ба ҳама устодони бузург эҳтиромро қойилам ва ҳеҷ гоҳ якеро аз дигаре боло нагузоштаам, зеро ҳар кадомӣ дар мавқеи худ бузурганд. Аммо нав ҳамеша нав аст, он ҷило ва рангу таровишҳои дигар дорад. Ва шояд қисме аз хонандагони ин сатрҳо чунин андешаи каминаи камтаринро муболиға пиндоранд, ки ҳамон давра пайравони устод Ҷӯрабек Назрӣ аз пайравони устодони номдор кам набуд, балки дар қиёс бо баъзеи онҳо ҳатто бештарро фарогир буд. Инро дар аксар манотиқи кишвар бо чашмони сар дидаам. Барои далел ноҳияи Ҷиликӯлро ном мебарам, ки пайравони устод аз даҳҳо нафар беш буд ва имрӯз ҳам ҳастанд.

Имрӯз чунин гумон бар ман ғолиб меояд, ки ин гуна ҳолати рӯҳӣ ногузир аз сари он ҳама пайравони устодони бузург низ гузаштааст, зеро маҳз ҳамин омил аст, ки дар ибтидо бо овози онҳо мехонанд, маҳз ҳамин таъсирпазирист, ки дар зинаи тақлидкорӣ солҳо гом мебардоранд, баъдан бо ранҷу талошҳо худ ба кӯи устодӣ мерасанд. Аммо, тавре боло ишора рафт, дар майнаи сарам боз суоле пар мекашид, ки чаро эҳсоси ғайриинтизор ва ҳатто, гуфтан мумкин, ғайривоқеӣ, фақат ба ашхоси алоҳида, минҷумла ба пайравон таъсиргузор асту ба дигарон бетафовут? Бале, посух як аст: ин ҳамон доди Худовандист, ки танҳо ба баъзе бандагони маҳбубаш арзонӣ медорад. Ростӣ, ҳамин гуна ҳолати матбӯи лаззатбахш  ва эҳсоси афсунангезро айёми донишҷӯӣ, ҳангоми бори аввал шунидани сурудҳои Аҳмад Зоҳир, низ амиқ аз сар гузаронда будам ва имрӯз ҳам дарк дорам.

Шояд ин гуфтаҳои банда ба назари он нафароне, ки ба чунин ҳолати рӯҳӣ мувоҷеҳ нагардидаанд ва ё санъатро танҳо санъат шунидаанд, мисли сангрезаҳои қади роҳ беарзиш ва  ҳатто як чизи нодаркору дилбазан намояд, аммо воқеияти ҳол чунин буд, на таври дигар.  Барои тасдиқи гуфтаҳо муште аз хирвор далел меорам.

Солҳои 80-ум дар идораи рӯзномаи мо зане фаъолият дошт(гирифтани номашро лозим намедонам), ки чӣ тавр таҳти таъсири таронаҳои ошиқонаи овозхони машҳури Шарқ Аҳмад Зоҳир монданашро бо эҳсоси муассир баён дошта буд: «Ибтидои солҳои 70-ум, айёми донишҷӯӣ, шефтаи таронаҳои ҷигарреши Аҳмад Зоҳир гардидам. Хаёлам ин овоз овози инсони заминӣ набуд, балки нидое буд аз ғайб, ки ақлу ҳушамро мерабуд, сеҳри овози ҷозибадораш маро пайваста ба сӯи худ мехонд, чун боди сабо даричаи қалбамро во карда ҳокими мутлақи он гардид,  гӯё он ҳотифи дарду ғами ман буд ва шояд танҳо мондаю маро ёри худ гардонданист.Бо мурури вақт дилбастагиам ба садои ҳофиз хирмани ишқ гардид ва ин хирман ба олами рӯъёҳоям бурд. То он дам ман як парандаи озоду аз панҷаи ғаму ғусса дур будам. Аммо таронаҳои ҷонгудози ин булбули хушилҳонро дӯст доштаму дарду аламҳои набуда аз қаъри дилам хурӯҷ кард ва ё шояд қаблан онҳо таҳшин буданду ман эҳсос надоштам? Чунин менамуд, ки  Аҳмад Зоҳир аз дарду алами ботиниам хабар ёфта, барои навозиши рӯҳи камина месарояд, мухотаби ишқу мубтадои таронаҳояш манам. Шаҳр пур аз одам, пур аз ғалоғула буд, аммо аксар вақт ба чашм танҳо, хомӯш, парешонавзо менамудам, садои дигаронро самъ надоштам. Фақат овози ин ҳунарманди ғамсаро қулфи гӯшҳоямро кушода танин меандохту бас.

Охируламр, рӯҳан ба шаҳри сурудҳои ин санъаткори нотакрори осмонӣ афтодаму аҷзу заъф ҷисмамро фарогир шуд ва чӣ тавр аз инҳисори он берун баромаданамро надониста мондам. Мисле ки дар дунёи дигар, дар дунёи рӯҳонӣ, дар хобу бедорӣ бошам, бо ҳавои сурудҳояш чарх мезадам, нафаси атрогин мегирифтам, ҷаҳони зеборо дар оғӯши худ медидам. Духтарони ҳамсабақам инро пай бурда ҳушдорам доданд, ки ақламро кор фармуда хонаи қалбамро олами сурудҳои ҷодувонаи Аҳмад Зоҳир нагардонам, мабодо он бароям фоҷиабор анҷомад.

Воқеан, эҳсоси нозукам минбаъд қудрати солимона қабул кардани садои ҷовидонии ҳофизро аз даст дод ва агар бо тавсияи табиби рӯҳшинос амал намекардам, ки медонад, шояд ба сарам, тавре шоир мефармояд, «ошӯби маҳшар» меомад ва панҷаи бемории рӯҳӣ аз асабам медошт».

3 jurabek-nazri 45214554

Дар мавриди таъсирпазирии таронаҳои Аҳмад Зоҳир далели дигар меорам.

Айёми донишҷӯӣҷавони дарвозие аз факултаи шарқшиносӣ(номаш дар ёдам намондааст) меҳмони дунёи таронаҳои ошиқонаи Аҳмад Зоҳир гардид. Пайваста машқ кард ва бо ишқи чун вулқон аз қалб ҷӯшида овозхон шуд. Дар хобгоҳ бо гитор аз ӯ мехонд. Овозаш ба ханҷараи Аҳмад Зоҳир монанд буд ва хеле ғамолуду дарднок ҳам месуруд. Гӯш кардан кайфият медод, Аммо баъди як сол ҳаракатҳои зоҳирию ботинии ӯ дигаргуна гардид, мисле ки ҳам бо худ буду ҳам бо худ набуд. Ниҳояти кор шамоли бемории рӯҳӣ бар ӯғолиб омад. Мисли як девонаи оворагард дар хобгоҳ, кӯча, дохили троллейбус… фақат аз Аҳмад Зоҳир мехонд. Баъдан, пайвандон воқифи ҳол шуда, ҷавонро аз таҳсил ҷудо карда ба зодгоҳаш бурданд ва дигар чизе аз тақдири ӯ бароям маълум набуда.

Ва ё ба ёд орем, ки чӣ тавр Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар гиреҳи ишқи Шамси Табрезӣ афтода буд ва барои халосии ӯ пайвандон чӣ тадобире ки наандешиданд.

Тавре мебинем, ба водии оҳангҳои пуршӯри Ҷӯрабек Назрӣ афтодани банда ҳам, як амри воқеӣ буд.

Мусиқӣ сафири Офаридгор барои оромиши ҷону тани инсон аст. Вай ба инсон аз шаҳри шодию нишот дуруд мегӯяд, аз дорулмулки ғаму андӯҳ наът мехонад, аз водии ошиқони ҷунун ҳушдор медиҳад.

Мусиқӣ ба инсон дасти тараҳҳум дароз мекунад, нигоҳи раҳму шафқат мепайвандад, садои ошноӣ мешунавонад, нафаси гарм мебахшад.

Номи Ҷӯрабек Назрӣ бо таронаҳои нахустин мисли ҳалво дар забони хосу ом ширинӣ дошт, чун чароғи пурнур ба қалбҳо рӯшанию нерӯи созанда мебахшид. Ва ҳамзамон амсоли гулҳои худрӯй пайравонаш низ чеҳранамоӣ мекарданд.

Дар кӯчаи мо хонаи сардори бригадаи пахтакорӣ мавқеъ дошт, ки писараш Рустам аз рӯзҳои нахуст дилбохтаи таронаҳои устод гардида, аз шаҳр, махсус, лентаи сурудҳои ӯро оварда, дар магнитофон бо овози баланд мемонд ва ҳар ки мешунид, омада гӯш медод. Ёдам ҳаст, ки магнитофони дар ҳаҷм мисли сандуқча дарози ҳама паҳлӯҳояш чӯбин дар пештоқи хона меистоду давраш ҷавонон чу парвона гирди шамъ ҳалқа зада буданд. Он солҳо ғарами молу сарват на ҳама хонаро зеб медод, аз ин сабаб дар деҳа дасти фақат як- ду хонаводаи пулдор ба хариди чунин магнитофон мерасид. Ман, ки бача будам, ба хона надаромадаю дар лаби ҷӯйбор чунгурак нишаста, аз садои ҷонбахши устод ҳаловат мебурдам. Аммо ташнагии хоҳишҳоям намешикаст ва бесаброна шунидану шунидан мехостам. Ҳатто мешуд, ки гоҳе миёни сабрам шикаста боз паси хона омада гӯш меандохтам, ки овози устод аз магнитофон ба гӯш мерасад ё на. Солҳои 80-ум Рустам орзую ҳавасашро шикастанӣ шуда устодро ба яке аз маъракаҳояш овардан хост, аммо он кас дар сафари хориҷа буданд, ба ин сабаб шогирдаш Қурбоналӣ Раҳмон даъват гардид. Гулдастаи таронаҳои ин ҳофизи хушадо ба маърака зебу фар бахшид, давраро ситораборон кард, ин базми осмонкаф то имрӯз ҳам аз ёди мардуми деҳ нарафта. Воқеан, таронаҳои дилпазири Қурбоналӣ мисли устоди худ аз ибтидои по ба майдони санъат ниҳоданаш зуд ба қалби мухлисон роҳ ёфт ва онҳоро асири худ гардонда буд. 

Ҳангоми дохилшавӣ ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1971) буду бошам муваққатан дар хонаи Ибод  ном хешамон дар шаҳри Ваҳдат (директори идораи маҳсулоттайёркунии шаҳр) буд. Шодравон Зокир Вазиров(собиқҷонишини Сарвазири ҷумҳурӣ), ки аз ҳамсоядеҳаи мо буду маро хуб мешинохт, бинобар қаробати хешӣ доштанаш ба ин хонавода гоҳ-гоҳе меҳмони кошонаи мазкур мешуд. Рӯзе ғайричашмдошт ӯ бо устод Ҷӯрабек Назрӣ ба ин хона ташриф овард. Баробари дидани қомати баланди устоду чеҳраи гарму пурнурашон бароям чунин намуд, ки ҷаҳони шодӣ пеши мани бача фуруд омад. Ҳаяҷону хурсандиам дар баҳру бар намеғунҷид, гӯё ман бо орзуҳои нурполоиам дидор кардам. Охир устодро то имрӯз фақат хаёлан тасаввур доштам!

Ҳарду, роғибони каломи бадеъ, сари дастархон атрофи масоили адабиёту фарҳанг суҳбати гарму самимӣ оростанд. Он вақт онҳо унвонҷӯ(аспирант) буданду дар майдони орзу кӯшиши илмро об карда хӯрдан доштанд. Ман сари дастархон дар суҳбати қаймоқини онҳо набошам ҳам, аммо овозашон аз хонаи дувум шунаво буд. Ёд дорам, ки суҳбат атрофи таҳлили байтҳои кадом як Мактабии Шерозӣ ном шоири бароям ноошно авҷ гирифту он ресмони баҳсро гирифт. Устод дар дарки маънии абёт дастболо мешуданд. Баъдтар фаҳмидам, ки эшон бинобар ком ширин кардан аз меваи расидаи дарахти илм, оид ба достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Мактабии Шерозӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд. Ва рӯзе ҳам фаро расид, ки устод бо овози шаҳдрези худ маъракаи хурсандии ҳамин хонаводаро гул гардонда, хумори ташнагони овозашро бишкаст.

Азбаски факултаҳои филологияи тоҷику шарқшиносӣ мисли ҷилддонаи зардолу дар таркиби як бинои сеошёна мавқеъ доштанд, ман ҳамеша чеҳраи моили табассум ва нигоҳи андешапарваронаи устодро медидам, гӯё аз он нури саодату ошноӣ меборид, вале ҷуръатеро, ки бо ӯ шинос мешудам, бо худ надоштам. Устод он вақт сарварии гурӯҳи ҳунарии таъсисдодаи худ «Гулдаста»- ро ба уҳда дошт, ки эълони баргузории консертҳояшро бо сураташон дар кӯчаҳои шаҳр медидам. Яке аз аъзои фаъоли он ҳамсоядеҳаи мо НазаралӣҚурбонов ва баъдан Ҷамшед Исмоилов, Қурбоналӣ Раҳмонов … буданд. Ҳамон давра Назаралӣ «Ҷӯён шав» ном ғазали, агар хотираам кундӣ накунад, шоир Ғоиб Сафарзодаро дар қартаи овоз сабт кард, ки мо, дӯстон, бо як ҷаҳон ифтихормандӣ, гӯё дар лотореяамон бурди мошин баромада бошад, онро аз дукони фиттафурӯшии бозори Шоҳмансур харида будем. Ҳоло ҳоҷӣ НазаралӣҚурбонов директори муассисаи давлатии ёдгориҳои таърихии ноҳияи Ҷиликӯл буда, гоҳ-гоҳе ҳунари худододи дар қалб таҳшиншудаашро бедор карда, овозхонӣҳам дорад. Бародари ӯ АбдувалӣҚурбонов дар ҳайати ансамбли «Сомон», ки сарвариашро ҳунарманди хушадо Қурбоналӣ Раҳмон ба дӯш дорад, фаъолият нишон медиҳад. Бародари дигараш Камолиддин Қурбонов, корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷиликӯл ҳам, бо овози Ҷӯрабек Назрӣ ширин мехонад. Ҳамин тавр, бародарони як оила дунболи овози устод Ҷӯрабек Назрӣ рафта, чун эшон ба ҳаёти инсонҳо ҳаловат, суруру нишот мебахшанд.

Устод Ҷӯрабек Назрӣ барои мани донишҷӯ ба як ҳисоб, тавре мегӯянд, идеал шуда монд. Силсилаи таронаҳояш мазҳари орзуҳои тиллоӣ, барозандаи ҳаёти афсонавиам буд. Масту махмури таронаҳояш гардида, мехостам овозам нусхаи овозаш бошад, чашмаи орзуям ҷӯш мезад, ки бо рубоб таронаҳои латифашро сароям, яъне хаёлан хешро дар пайраҳаи ҳунари ӯ диданӣ будам, мисле ки садои ғайриодие аз ғайб маро ҷониби хеш даъват дорад. Хушбахтона, дар ҳуҷраи зисти хобгоҳамон, ҳамсабақам Нусратулло Нарзуллоев(солиёни зиёд дар ноҳияи Ваҳдат раиси ҷамоати деҳот шуда фаъолият мекард) бо рубоб овозхонӣ дошт. Бинобар аз кӯчаи рубобнавозӣ дур буданам аввалҳо бо навозишҳои ӯ ман сурудҳои ошиқкуши устодро шогирдона месароидам. Чун дар рӯзҳои ҷашн ва ё зодрӯз ҳамсабақон дастархон меоростанд, Нусратулло мани шармгину паскашро ба сурудхонӣ меандохт. Ёд дорам, ҳамон давра яке аз таронаҳои дилангези устод бо номи «Ту чӣ ёрӣ ?» байни ҳамсабақон маҳбубият пайдо карда, матни онро ба чанд нафар дастӣ навишта дода будам. Баъзан онҳо ғами истеъдоди худододамро хӯрда мегуфтанд: «Овозат ба овози Ҷӯрабек Назрӣ шабоҳат дорад, ки ин хандаи бахт аст. Хубаш истеъдодатро хор накарда пешаш рав, дасти пир гирифта бо ӯ машқ кун». Ҳамон давра, ҳамчунин, шунида будам, ки устод ба ансамбли «Наврӯз»-и университет ҳам роҳбарӣ дорад ва яке аз сурудҳояшон бар ғазали машҳури Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ «Дидам нигори худро» маҳз бо асбобҳои мусиқии он сабт шуда буд, ки шунавандагони хеле зиёд дошт.

Ҳине аз шӯри шавқ навохтани рубобро ёд гирифтам, хаёлам дар ҳавои таронаҳои устод Ҷӯрабек Назрӣ фалаки давворро чарх задам, худам ба худам хушбахттарин инсони рӯйи замин намудам, таври дигар гӯем, ҷӯйи орзуям пуроб гардид, аз ин оби мусаффо нӯши ҷон карда, мисли як паррончак дар самои орзу бол задам. Ҳамин ки танҳо мемондам, дар ҳуҷраи зисти хобгоҳ паст-паст машқи сурудхонӣ мекардам, хастагии ҷону тан мебаровардам, ҳатто гоҳе бо садои баланд авҷҳам мегирифтам. Мешуд, ки дарро кушоям, аз пас донишҷӯдухтарон истода гӯш мекарданд. Воқеан, онҳо низ чун ман ташнаи шунидани сурудҳои дилнавозу рӯҳбахши устод буданд.

saidahmadi-hasan_455115.jpgАз мусиқӣ суол карданд:

- Ёри ту кист?

Посух дод:

- Инсон.

- Чаро маҳз инсон?

- Тавлидгари ман худи уст барои навозиши рӯҳу оромии асаб.

Саидаҳмади Ҳасан, адиб, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ҷиликӯл»

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi