05:52:21 23-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АФШИН БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД

Ҳунарманди шинохтаи эронӣ Афшин, ки дар кишвари мо низ маҳбубияти зиёд дорад, ба сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омада, рӯзи 5-уми декабр бо сарояндаи ӯзбекистонӣ Севинч ва сарояндаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова консерти муштарак барпо менамоянд. 

Афшин - эронии муқими Канада буда, дар кишвари мо низ ҳаводорони зиёд дорад. Ӯ 6-уми майи соли 1978 дар шаҳри Бобул, дар қисмати шимолии Эрон ба дунё омадааст. Айни замон вай яке аз сарояндагони муваффақи мусиқии навини Эрон ҳисоб меёбад, зеро мусиқии суннатии форсиро бо поп-мусиқии ғарбӣ бо сабки хос омезиш додааст. Дар репертуараш ҳатто суруде бо забони немисӣ ҷой дорад. Фиттаҳои сурудҳояш бо теъдоди зиёд дар байни мухлисони ҳунари Осиёву Аврупо, Амрикою Канада паҳн гаштааст.

 

Рӯзе Афшин хабар дода буд, ки аз сабаби вазъи оилавӣ саҳнаро тарк месозад. Аммо мухлисонаш боисрор талаб карданд, ки саҳанро тарк насозад ва эҷоди оҳангу сурудро идома диҳад. Имрӯзҳо сурудҳои «Бӯи борон», «Дилам ҳавои ту карда», «Дӯстат дорам», «Дигар дӯстам надорӣ», «Ситора», «Одамфурӯш», «Оташ» боиси муваффақияти Афшин гаштаанд. 

Консерти мазкур ба ин се ҳунарманд имкон медиҳад, ки тибқи ҳамин лоиҳа дар ояндаи наздик ба Аврупо низ роҳ ёбанд ва ҳунарнамоӣ кунанд. Аз як ҷиҳат хуб аст, ки робитаҳои фарҳангӣ густариш меёбанд, вале хуб мешуд, продюссерони тоҷик низ ин илми замонавиро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намуда, баргузории чунин консертҳои боҳашаматро дар Тоҷикистон ва берун аз он бар зиммаи худ мегирифтанд ва боиси дар саҳнаҳои бузурги хориҷӣ муаррифӣ гаштани санъаткорони тоҷик мешуд. 

Насрулло Тӯйчизода, «Чархи гардун» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi