19:03:21 30-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Е.Гусева: Худойназаров воқеан ҳунарманд буд

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо Екатерина Гусева таассуроташро аз ҳамкорӣ бо ин коргардон ва дар бораи шахсияти ӯ ёдоварӣ кард.

ekaterina-guseva-546556.jpgБахтиёр Худойназаров рӯзи 21 апрел дар синни 49-солагӣ баъди бемории тӯлонӣ дар бемористони шаҳри Берлин даргузашт. Ӯ муаллифи ҳадди аққал 10 филми бадеиест, ки барояш шӯҳрат ва ҷоизаву муваффақияти зиёд берун аз марзҳои Тоҷикистону Русия овардааст. Коргардонро бо васияти ӯ дар шаҳри Берлин ба хок месупоранд.

Ҳунарпешаи синамову театри Русия, ки дар филми «Танкер «Танго» (2006)-и Бахтиёр Худойназаров нақш бозӣ кардааст, хабари даргузашти коргардонро аз матбуот шунидааст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо Екатерина Гусева таассуроташро аз ҳамкорӣ бо ин коргардон ва шахсияти ӯ ёдовар шуд.

Екатерина Гусева:Ҳамаи мо барояш хеле ғам мехӯрдем, чунки медонистем, ки вақтҳои охир ҳолат хеле вазнин шуда буд. мо, ҳунармандон, дӯстону наздиконаш, ки хеле зиёданд, барояш пул ҷамъ мекардем. Ҳамаи мо хеле ва хеле андӯҳгин шудем.

-Таҷрибаи коратонро бо ӯ нақл мекунед? Кор бо ӯ душвор набуд?

як ҳунарманд буд. Ин вожаро дар нисбати ҳар кас, ки кори эҷодӣ мекунад, гуфта намешавад. Вале ӯ як шахсияти воқеан ҳунарманд буд. Вай ҳар як кадри филмро эҳсос мекард.  Дар як саҳнаи филми «Танкер «Танго», ки ман дар он нақши маллоҳдухтар Аняро бозӣ кардаам, вай шахсан худаш омада ба мӯйҳои ман пулакчаҳои моҳиро бофта буд. Вай чеҳраи маро дар он саҳна ҳамингуна дидан мехост. Чизеро фикр ва эҳсос мекард, ҳамонгуна мекард. Ман ва дигарҳо аз вай хеле чизҳоро омӯхтем. Кино як хусусият дорад, ки шумо ҳамеша аз обу ҳаво вобаста ҳастед ва худо мегӯед, ки ҳаво мусоид бошаду филмро ба навор бардоред.

Мо он филмро дар кӯҳи Меганоми Қрим бардошта будем. Он ҷо як манзараи хеле зебое буд, дар пушти мо ҳамеша он кӯҳи баланд намудор буд. Ва дар дуриҳои дур як роҳи борике буд, ки онро вай ҳамчун саҳнаи сеюми навор истифода карда, як мошини навъи «Газел»-и зардро аз поён ба боло ба ҳаракат даровард ва он мисли як доғи зарде, ки нақши тулӯи офтобро иҷро мекард, пайдо шуд. Вай диди хоси худро дошт, ки онро тавассути кино ифода мекард. Як ҳунарманди аҷиб ва барҷастае буд. Инсони беҳтарин, маҳбуби ҳамаи мо буд, ки корҳои хеле зиёде аз дасташ меомад…

амчун инсон чӣ шахсе буд?

-Дар муошират хеле инсони хуб буд, вале дар ҷараёни кор кам касе бо ӯ забон ёфта метавонист. Ҳамеша кор мекард. Мешавад гуфт, ки ӯ бо наздиконаш одат дошт кор кунад, одамоне, ки ба ӯ вафодор ва содиқ буданд, онҳое, ки гуноҳҳояшро мебахшиданд, чунки ӯ дар вақти кор гузашт намекард. Ҳамеша хеле хуб медонист, ки чӣ мехоҳад. Дар вақти кор дилтанг буд. Бисёриҳо ба ин чиз тоқат намекарданд. Баъзе вақтҳо ӯҳатто намефаҳмид, ки чӣ мехоҳад, вале бо як роҳе ҳамон идеяи худро амалӣ мекард. Онҳое, ки бо ӯ кор мекарданд,  хеле босабру таҳаммул буданд, то ки роҳҳали иҷрои фикри ба сари ӯ омадаро пайдо кунанд. Айни замон, идеяи хеле зиёд дошт.

-Шумо дар ҷараёни кор ҳис мекардед, ки ӯ аз Русия нест, яъне миллату фарҳангаш дигар аст?

як шахсияти ҷаҳонишуда,  як инсони комил буд. Вай солҳои зиёд дар Олмону Русия кору таҳсил кардааст, решаҳои шарқӣ дошт, вале як шахсияти оламгир буд.

-Вале мо медонем, ки ӯ оилаву фарзанд надошт?

-На, надошт.

-Боз чӣ чизе аз Бахтиёр Худойназаров дар ёди шумо мемонад?

-Ман дар як филми ӯ бозӣ кардам, ки мо онро давоми ду сол, аниқтараш ду тобистон наворбардорӣ кардем. Наворгириро моҳи май шурӯъ карда моҳи октябр ҳам тамом накардем. Ёдам ҳаст, дар пеши чашмам кӯҳи Меганом, ороишоти тобистонаи филм истодааст. Ва ногаҳон охири моҳи октябр якбора барф борид. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки чӣ хел вай дар болои он кӯҳ истода якбора гиря кард. Вай аз он мегирист, ки натавонист бар табиат пирӯз шавад.

Мо маҷбур шудем корро қатъ кунем ва моҳи маи соли ояндааш барои идомаи кор баргаштем. Ҳамин тавр боз то октябр корро идома дода ниҳоят филмро бардошта тамом кардем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки чӣ гуна гиря карда буд. Ӯ он лаҳза мисли як тифле буд. Бале, ӯ рафт, вале метавонист корҳои хеле зиёди дигаре барои ҳамаи мо анҷом диҳад…

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi