23:57:15 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Баҳром Сайфиддинов: «Тоҷикфилм» инқилоб кард!

Ба назар мерасад, ки синамои тоҷик бо талошҳои ҳунармандони касбӣ филмҳои тоза ба тозаи ҳирфаиро пешниҳоди мардум мегардонаду гувоҳи ҳол қариб ҳар ҳафта дар «Кохи Ҷомӣ» ба намоиш гузоштани филми ҷадидест. Филми «Парӣ аз паси Куҳи Қоф»-ро коршиносони соҳа қадами ҷиддие хонданд дар бахши филмҳои фоҷеаи мазҳакавӣ-мусиқӣ. Дараҷаи воқеии ин филм дар тасвири коргардони он Баҳром Сайфиддинов лоиқи таваҷҷуҳ аст.

- Имӯз мебинем, ки насли ҷавон бо дилгармӣ ба синамо ва режисура рӯй оварда истодаанд. Метавонем бигӯем, ки филми Шумо дар ин миён ангезаи тозае дораду навовариеву пайвандест байни насли ҷавону собиқадор?

bahrom-sayfiddinov 12568954- Мо собиқадорҳо дар вақташ ҷавон будем ва моро кино, синамо тарбия кард. Бахусус синамои тоҷик. Ба устодони бузург Кимёгаров, Тоҳир Собиров ва тамоми сулолаи кинокоргардонҳое, ки дар киностудияи «Тоҷикфилм» кор мекарданд, офарин, тавонистанд. Як фосилае буд, ки кинои тоҷик аз мадди назари миллат фаромӯш шуда, дур афтода буд. Ягон вақт ман ҳамчун коргардони собиқадор имконият намедиҳам, ки санъат аз мадди назари мяиллат, аз мадди назари ҷавонҳое, ки имрӯз мо тарбия карда истодаем, дур яравад. Чунки, санъати кино санъати озод аст. Тасхиркунандаи тамоми олам - ин санъати кино аст. Кино тарбия мекунад, кино бероҳа мекунад, кино аз доираҳо мебарорад. Бале, киноофарон зиёд ҳастанд, вале мақсади ягонаи мо ташаккули насли ояндаи тоҷик тавассути киност. Имрӯз киностудияи давлатии Тоҷикистон филмҳои олиҷаноб офарида истодааст. Тасаввур кунед, ки дар соли 2014-ум чиқадар филмҳое истеҳсол шуданд. Ана, соли 2015 нахустнамоиши филми мо шуд. Ин чиз дастоварди кинои Тоҷикистон аст.

Заруратҳое, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон буданд, ҳамаашон асосиянд. Имрӯз навбати кино расид ва мо - кормандони синамои тоҷик ҳамеша омода ҳастем, ки филмҳои нав офарем. Худатон шоҳид будед, ки дар «Кохи Ҷомӣ» нахустнамоиши филми ҳунарии «Парӣ аз паси Куҳи Қоф» гузашт. Чанд муддат муқаддам филми «Муаллим», «Як ҷаҳон аз ману ту» ва чандин филмҳои дигар. Имрӯз киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» фаъол шудааст. Фикр мекунам, ки тамоми майдони кинои тоҷик гулзор мегардад, чун ҷавонҳои мо кор карда истодаанд. Ман ваъда намедиҳам, вале медонаму мегӯям, ки кинои тоҷик ҳаст ва бояд ҷовидона монад!

Филми ман филми сирф миллӣ аст. Филми миллиро танҳо фарзандони миллат офарида метавонанд. Зери филми ман менталитети соф тоҷикии худамон нуҳуфтааст. Характер, гуфтор, рафтор, мурданҳо, зинда шуданҳо, хафагиҳо, тӯйҳо, баъзе дигар хислатҳо, ҳамааш танҳо барои миллати мо, миллати ҳақиқии тоҷики ман… Чаро дигарон дар филми худ миллияти худашонро муаррифӣ карда метавонистаанду Тоҷикистон, кинои тоҷик ин корро карда наметавонистааст? Мо метавонем, ҳамеша метавонем ва тавоно ҳастем!!! Мо метавонем, тавассути «Тоҷикфилм»-у филми «Парӣ аз паси Куҳи Қоф».

- Аслан чӣ шуд, ки ба ин мавзуъ рӯ биёред ва тафовут байни ин филм аз эҷодкориҳои пешинатон чист?

- Ман ҳамкорӣ кардам бо устод Шамсӣ Қиёмов, ки барои ҳамчун коргардон ба воя расиданам заҳматҳои хеле зиёд кашидаанд. Аслан, устоди аввалини ман модарам ҳастанд. Дар оилаи мо ҳамеша таҳаммул буд, одоб буд, дониш буд, китоб буд, телевизион буд, ҳамааш буд. Вале, вақте ки соли 1964-ум модарам маро гуфтанд, ки устод Насибулина мехоҳанд рафта дар субҳи телевизион иштирок кунам, хурсанд шудам. Ин лаҳзаро ҳеҷ вақт аз ёдам бароварда наметавонам. Тақдирам бо телевизиону радио пайваст будааст. Аз соли 1964-ум то имрӯз, аз радио фаъолиятро оғоз кардаму дар кино давом дода истодаам, гарчанде нафақагир ҳастам.

Диди ҳақиқии эҷодкор ин аст, ки бояд ҳар як давраю ҳар як замонро аз мадди назар гузаронад. Ман бисёр лаҳзаҳоро аз пеши назар гузаронида, бевосита шоҳид будам. Вақте ки соли 1968-ум ба телевизиони Тоҷикистон омадам, бо устод Шамсӣ Қиёмов вохӯрдам. Гуфтанд, ки «ҳаминҷо кор мекунӣ», сари маро сила карданд. Идеали ман дар зиндагӣ фақат Шамсӣ Қиёмов монданд. Мондашавӣ надоштанд он кас. Соати даҳ театрҳои шаҳри Душанбе корашонро ба охир мерасониданд.

Мо дар ҳамон вақт филми «Парии ҷазира»-ро ба навор мегирифтем. Боз аз рӯйи асари Шамсӣ Қиёмов дар ҳамон давраҳо «Булбулакон месароянд»-ро ба навор гирифтем. Мактаби бузург буд он давра барои ман. Шамсӣ Қиёмов, Майрам Исоева, худораҳматии Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова, ҳамаашон мегуфтанд, ки мо телевезион рафта сабт мекунем. Он вақт телевезион як шабака дошт ва аз соати 8-и пагоҳӣ то соати 11 барномаҳои худашро сабту пахш мекард.

Аз соати 11-и шаб то 7-и пагоҳӣ дар ихтиёри мо буд. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо видеофилмҳои аз ҳама олитарину волотарин эҷод мешуданд. Устод Шамсӣ Қиёмов, устод Акбар Ҷӯраев, устод Мирзоев ҳамин давраҳо хеле фаъолияти олӣ доштанд. Аксар киноконсертҳое низ, ки шумо мебинед, дар ҳамон лаҳзаҳо ба навор гирифта шудаанд. Муслима Боқиева, Барно Исхоқова, Аҳмад Бобоқулов, дигарон… Ташаккур ба телевизиони «Сафина», ки имрӯз ҳам онҳоро намоиш медиҳад. Бахусус Лутфулло Давлатов хеле хизмати олиҷаноб кардаанд, ки ин чизро баъзан такрор карда меистанд.

Ман дар Маскаву Қоҳира ва дигар ҷойҳо хондам. Мактаби асосии ҳунармандии киноматографу телевизионро дар хориҷа омӯхта омадам. Хурсанд ҳастам, ки дар ҳамон давраҳо таваллуд шудаму ба воя расидам.

Дар ҳамон давраҳо филмҳои аҷоиб ба навор гирифтем. Масалан «Духтари ҷасур». Баъд филми «Аввалу охир», ки нақшофарандагонаш Тағоймурод Розиқову Мавлуда Обидоваю Абдулҳафиз дар тӯли як соати филм мардумро «девона» карда буданд. Як филми ман буд бо номи «Амвоҷи зиндагӣ», бовар кунед, қариб якрӯзпас дар телевизион пахш мешуд. Чунки тарбия кардани насли наврас ҳамчун мутахассис, ҳамчун бофанда дар комбинати бофандагӣ зарур буд. Ҳунарманди беҳтарини кино ва театри тоҷик шодравон Тӯйдӣ Ғаффорова дар он нақши асосиро бозӣ карда буданд.

Аз соли 2010 дар киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ҳастам ва 14 филми ҳуҷҷатиям дар ҳамин давра рӯйи кор омадаанд. Ду филми ҳунарӣ - «Муъҷизаи ишқ» ва «Парӣ аз паси Куҳи Қоф» низ.

- Хуб аст, ки филм аз рӯйи асаре офарида шавад ё беҳ, ки аз тахайюлоти худи коргардон ба вуҷуд ояд?

- Мо - коргардонҳо ҳамеша интизор шуда меистем, ки чигуна асарҳо пайдо мешаванд. Агар мӯҳтавои асар мувофиқу барои ҷомеа лозимӣ бошад, мо ҳамеша омодаем, ки филм созем. Лекин, мутаассифона, лаҳзаҳое буд, ки кинои тоҷик хуфта буд. Он қадар асарҳои ҷолиб ҳам пайдо намешуд, ки коргардонҳо кор кунанд. Ҳар кас ба таври худаш кор мекард.

Баъд аз соли 2013, вақте ки Носирҷон Саидов омад, дар кинои тоҷик як инқилоб шуд. Инқилоб тавассути чор филми олиҷаноби кинои тоҷик ва ҳунари волои Носирҷон. Тавонистанд ва агар ана ҳамин хел кӯшишҳо бошад, ҳамин хел эҷодкорон сари кор бошанд, мо метавонем!!!

- Бурди ҳар як режисёрро дар кашфи чеҳраи наву касбӣ, ояндабиниву дарёфти актёри тозакоре мебинанд. Симоҳои ҳунарии кашфкардаи Шумо кадомҳоянд?

- Ман дар таҳияи филми «Парӣ аз паси Куҳи Қоф» танҳо ба ҳунармандони ҳирфаӣ такя кардам. Дилбар Умарова, Нурулло Абдуллоев, Гулсара Абдуллоева, Фатҳулло Абдуллоев, Нигина Табарова чеҳраҳое ҳастанд, ки воқеан метавонанд қаҳрамон шаванд. Зеро таҷрибаҳоро дар саҳна ҳам аз сар гузаронидаанд, дар зиндагӣ ҳам.

Ман рӯйи ин сенария аз соли 2008 то 2012 кор кардам. Ин чиз дар тахайюли ман пайдо шуду рӯйи кор омад. Тайи чор сол заҳмат кашидам ва хушбахтона, ин сенария соли 2013-ум дар Озмуни байналмилалии киносенариянависон дар шаҳри Сеули Корея аз миёни 350 сенарияи пешниҳодшуда дар қатори 7 сенарияи беҳтарин ворид гардид.

- Гуфтед, ки такя кардед ба ҳунармандони касбии салиқадошта. Аммо вақте бо ҷавонон кор мекардед, дар мисоли интихоб шудани образи Моҳпарӣ ё Ворис, инҳо интихоби худи Шумо буд ё аз кастиг гузаштанд? Чун маъмулан дар филмҳои тозаэҷод ҳамин хел мешавад.

- Бале, филмҳое ҳастанд, ки кастинг эълон мекунанд, ҷавонони бисёре меоянд. Дар филми аввалини ман кастинг буд. Вақте «Муъҷизаи ишқ»-ро наворбардорӣ мекардам, дар арафаи наворбардорӣ кастинг эълон карданд ва тавонистанд беҳтарин чеҳраҳоро дарёфт намоянд. Аммо, ҳамагӣ як нафарро интихоб карда тавонистам ман. Чӣ лозим, вақте шогирдони худам ҳастанд? Ман устоди Донишкадаи санъати Тоҷикистон ҳастам, худам ҳунармандонро тарбия мекунам. Пас чӣ лозим, ки кастинг эълон кунаму ба ҷойи Дилбар Умарова аз ким-куҷо касе биёяду ӯро интихоб намоям? Ҳеҷ гоҳ! Дар аввал ҳам гуфтам, ки барои ана ҳамин ҳунармандон филмро навишта будам ва барои ман лозим набуд кастинг. Дар доираи шогирдони худам бисёр ҳунармандоне буданд, ки ин нақшҳоро иҷро карда тавонанд. Хушбахтона, ҳам Савлатмоҳ Ҳақназарова, ҳам Фарҳод Холҷонов шогирдони худам ҳастанд, ки нақшҳои асосӣ - Моҳпариву Ворисро бозиданд.

- Чаро барои наворбардории филм маҳз мавзеи Айнӣ интихоб шуд?

- Ин чиз борҳо интишор шуд тавассути рӯзномаҳою маҷаллаҳову телевизиону радио. Боз як бори дигар мегӯям, мавзеъҳое, ки мо дорем, дар тамоми олам нотакроранд. Барои мо - эҷодкорон пеш аз ҳама як чиз лозим буд - муаррифӣ кардани хислат ва симои миллати тоҷик. Дигар, муаррифии мавзеъ, табиат ва маҳаллаҳои худамон. Ман ҳабдаҳ мамлакати дунёро гаштам. Африка, Осиё, Австрия, ҳамаашро дида омадам, вале мисли Вешаби Тоҷикистон дар ягон ҷо надидам. Дар яке аз сафарҳоям чун Вешабро дидам, гуфтам, ки «тамом, Баҳром Сайфиддинов, мемуриву ба тасвир мекашӣ он чиро, ки дар ин деҳа мегузарад». Вақте ман Вешаб, маҳал, мардум, лутфу марҳамт, одобро дидам, бовар кунед, ба шигифт омадам. Ин чиз барои ман асосӣ буд, ки маҳфуз дошта омадаанд миллати тоҷик ҳамин деҳаро. Деҳае, ки ягон вақт якто бомаш чаппа нашудааст, ҳавлӣ болои ҳавлӣ, бом болои бом. Ана иттиҳод, ана муттаҳидӣ! Ана ҳамин чиз асоси наворбардории филм дар Айнӣ буд.

- Устод, дар баробари он, ки мавзӯро муҳим медонед, ё бигирем драмаи кинорову ҳирфаияти ҳунармандонро, маблағгузорӣ ҳам муҳим аст. Дар баробари ин Шумо боз кадом бахши муҳими соҳаро медонед, ки метавонад кӯмак намояд барои офаридани филми бисёр хуб?

- Мавзӯе, ки кадом маблағгузоре хонад, гӯяд: «Аҳ! Ана ин корро ман карда метавонам!». Ин чиз муҳим аст. Вақте ман сенарияро бурдам, дар ширкати «Тоҷикпалимер» гуфтанд, ки фақат фурсат лозим аст, як ҳафта. Баъд худашон занг заданд, ки «мо тайёр». Ана ҳамин қадар гап. Чунки мавзуъ барои онҳо хос буд.

Ман имрӯз бисёр мехоҳам, ки кадом одаме маблағгузорӣ мекунад, зарурати мавзуро як бор омӯзад ва баъд гӯяд: «Ҳа! Барои ана ҳамин мавзуъ ман маблағгузорӣ мекунам». Бигзор як сомонӣ диҳанд, вале гӯянд, ки «мо бо дили соф додем». Он тарафашро мо - эҷодкорон худамон ҳал мекунем. Аз ягон чиз гила надорем. Ҳамин қадар дастгирӣ кунанд, кифоя.

Мусоҳиб Зулолаи НУР, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi