09:07:08 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мусоҳиба миёни ду нома

…Шукр мо дар шахси Абдурофеъ Рабеъзода (Шераки Ориён) эҷодгаре пайдо кардаем, ки ба сатҳи халқҳои дигар андешаву таҳлил дорад, балки дар сатҳи болову волое…

Барзуи Абдураззоқ, таҳиягар

…Ҳикояи нахусти Абдурофеъ "Обхез"-ро хонда, хулоса намудам, ба адабиёт ҷавони боистеъдод ва хушсалиқа ворид гардида ва оянда ба насри мо нафаси тоза ва фаҳмиши дигар ворид карда тавонад…

Сотим УЛУҒЗОДА.

1-rabizoda_132124515.jpg…Таассуф мехӯрдам, дар кишвар эҷодгаре надорем (хоса насрнавис), ки ақаллан ба сатҳи миёнаи халқҳои пешрафта таҳлил карда ва андеша ронда тавонад. Ин ташвиш ҳастии маро мудом мехӯрд, то даме ки китоби "Эҷод чист? Эҷодгар кист?" ба дастам биафтод. Аз мутолиаи асар ақидаам дигаргуна бишуд. Хоса бахшҳои "Сукунат ва хилват", "Дар миёни балоҳо", "Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест" ва ғайраву ғайраҳо зиёд мафтунам бикард ва ҳанӯз зери таъсири он мондаам… Яъне, шукр, ки мо дар шахси Абдурофеъ Рабеъзода (Шераки Ориён) эҷодгаре пайдо кардаем, ки ба сатҳи халқҳои дигар андешаву таҳлил дорад, балки дар сатҳи болову волое…

Барзуи АБДУРАЗЗОҚ, таҳиягар

Муаррифнома:

Шераки Ориён дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, Рабизода, Рофеи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Саид Муҳаммади Рофеъ ва чанд тахаллуси дигар эҷод кардааст, ҳоло муаллифи 68 китоби ба нашр расида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то бо русӣ), 39 филми бадеӣ, фалсафӣ ва ҳунарӣ ба шумор биравад, навиштаҳояш қариб ба чил забони хориҷа тарҷумаву чоп гардида, филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам дар намоиш гузошта шудаанд ва эҷодиёташ ба ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ мушарраф гардидааст…

Филмҳои вай ба амсоли "Марди мутааллиқи ду зан", "Вақте болои шаҳр борон мерехт", "Дӯстонро намефурӯшанд", "Афсонаи зиндагӣ", "Чор фасли умр" ва ғайра маъруфу машҳур бошанд.

Инунин Шераки Ориён таҳиягар (режиссиёри) як миқдор филмҳо буд, ба амсоли "Пампеи машриқзамин", "Чакомаи дарахт", "Асрори тоқиҳои Вароруд", "Зиндагиномаи як инсон" ва ғайра.

Нигоштаҳои Шераки Ориён ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия ("Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ"), макотиби кишварҳои аврупоӣ ("Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ") ва макотиби як қатор мамолики Шарқ ва макотиби олии Тоҷикистон ("Эҷод чист? Эҷодгар кист?") ворид шудаанд.

МУСОҲИБА МИЁНИ ДУ НОМА

"Абдурофеъ бо эҷодиёташ басо гиреҳкушоӣ кард, ки бо ин васила, шояд, гиреҳҳои зиндагии одамон ва гиреҳи худи ҳаёт то ҳаде кушода бишавад…

Аммо зиндагӣ ва одамони зиндагӣ чӣ гиреҳҳо зада бар ӯ ва қисмати ӯ ва эҷоди ӯ, балки гиреҳу ӯқдаи дили худро амсоли гиреҳҳои дор ба гардани вай овехтан ва ӯро дар дори ғазабу бухлу ҳасади ботини худ маҳв намудан мехоста…

Ба ин ҳосидону кинаварон он чиз намефорид, ки Абдурофеъ (яъне Шераки Ориён) ба онҳо монанд набуд ва дар эҷод пешравиҳо мекард. Яъне Шерак, яъне ин шерча ҳаргиз ба рубаҳмиҷозон, рубаҳтинатон намефориду намефорад…"

Чунин омадааст дар номае

Ва мо бо ҳамин нома бирасидем назди ӯ то бихонаду посухе бигӯяд.

- Чӣ ҳам мегуфтам, - баъди таммули зиёд сар бардошту изҳор дошт Шераки Ориён, - вақте ки мардум худашон аллакай хулосабарорӣ кардаанд. Барои вобастаи ману эҷоди ман бетараф набуданашон сипосгузор.

-Адувоне, ки худашонро дӯстнамо мегиранд, аз шумо чӣ мехоҳанд, дар асл?...

2-rabizoda 132124515- "Дӯстонам" (яъне адувонам) ҳамеша ба чизе ҳасуду бухл мепарварида, (яъне чизҳои асоси маро аз ман рабуданӣ ё аз ман дур афканданӣ мешуда), ки худашон онҳоро ба ман надода, набахшида, дар он саҳм надошта. Яъне эҷоди маро чунин кардан мехоста, ки вай маҳсули ранҷу азобу заҳматҳои муттасилу ҷонкоҳи шаборӯзии ман бошад. Ва ин обруву шӯҳраро аз ман дур афканданӣ мешуда, ки ин ҳамаро онҳо не, балки хонандагони осори ман ва тамошобини осори ман дар дилашон пайдо карда, пасон миқдоре аз ин шукӯҳ ва меҳру муҳаббат, аз онҳо, парвоз карда, то ман расида.

Бадхоҳони ман ҳамеша ҳасуд мебурда, ки бо ҳама тӯфону фоҷиаҳои қисмат чаро ҳанӯз намурдаам, ҳанӯз зинда, ҳанӯз нафас кашида метавонам, чаро ба ҷойи девонаю шайдо ва беёду масхараи хурду калон шудан ҳанӯз фикр карда метавонам, балки эҷод карда ҳам метавонам. Яъне эҷоде, ки аз мани беҳоли дилшикастаю маҳзун рӯида, вале аҷибаш, ки парвоз гирифта, дур рафта тавониста, ҳанӯз парвозро идома бидиҳад… Яъне инро на аз мӯъҷизаи Худо, на аз иродаи ман, ки онҳо садҳо бор шикаста, рахна кардаанд, на аз талоши пайвастаи ман медониста.

Онҳо ҳеҷ намедониста ё донистан намехоста, ки хости онҳо ҳеҷ бошад назди хости Худованд ва назди қисмати асаре, албат, агар, он асар арзанда бошад.

-Яъне адувон дер монда барои мағлубияти Шумо?

-Албат ҳанӯз мағлуб карда тавонанд маро, аз миён бардошта ва шикаста тавонанд, яъне онҳое, ки ҳанӯз орому осуда нагашта аз рабуда шудани хӯҷраи ман дар маркази Душанбе, аз рабуда шудани ду боғчасаром берун шаҳр. Яъне колову маводе, ки сесад ҳаззор доллар мешуда ҳоло ва ман такя ба ин қариб сесад сол бе дастнигар ба нокасе зиста метавонистам, яқинтараш эҷод карда метавонистам. Яъне барои ҳамин миллату халқ эҷод карда метавонистам, ки дар асл ба ман чизе надода. Вале ин адувони маро қонеъ накардааст то ҳанӯз.

Ду фарзанди азизу ҳамсар аз даст рафта, аз бозии онҳо барин кас ва бозиҳои зиндагӣ нобуд гашта. Хуллас гӯё чизе барои ман намонда, вале ин рақибон ҳанӯз ноомаду шикасти маро мехоста. (Дар ин кишвар гӯё масъуле нест, ки бигӯяд: эй фалониҳо, Абдурофеъ дуздӣ накардааст, ғарӣ накарда, ҳақи касеро нахӯрда, боиси ранҷурии касе нашуда, солҳое, ки тоҷик хуни тоҷикро мерехта, вай зидди тарафе тир накушода… касеро наранҷонда… балки гуноҳи ягонаи вай истеъдодаш бошад, ки аз шумо андак зиёдтар буда (чунон ки азони Улуғзода буду аз ин боис варо дар зиндагиаш рӯз надода, чунон ки азони Ҷумъа Одина буду аз ин боис рӯз надодедаш).

Гуноҳи Абдурофеъ, шояд, навиштаҳош бошад, ки нисбат ба навиштаҳои Шумо дурпарвоз аст, ки сӯи кишварҳои дигар рафта, бо забони онҳо тарҷума гардида. Аммо азони шумо чунин нашавад, зеро шумо ба ҷои навиштаи дурпарвоз ба миён овардан, яъне ба ин васила барои халқи худ хизмат нишон додан, роҳи бухлу кинаро пеш гирифтаед, балки аз чунин хисол тавба накардаед, ҳанӯз.

-Яъне ғолибанд ҳанӯз хасакиҳо?

3-rabizoda 132124515-Онҳо барои пас гирифтану маҳв кардани он чизҳое, ки ман эҷод кардааму ба парвоз дароварда, шояд, дер мондаанд. Албат, ман инсонаму рӯзе, амсоли инсонҳои дигара, аз дунё бираваму зери гурпуштагӯре қарор гирам ва ҷойи дигар рафта натавонам, вале эҷоди ман маҳсули заҳмати ман аз парвоз намонад, сӯи ояндаҳои дигар, шояд, биравад, Балки ҳар нигоштаи ман номаҳои ман бошанд ҷониби фардо. Ва адувакони имрӯзаи ман бошанд дасти кӯтаҳ доранд сӯи ояндаи дур, чунон ки имрӯз ҳам дар эҷодгарӣ дасти кӯтаҳ доранд, ҳарчанд дар ҳасуду бадхоҳӣ дастдарозанд зиёд… Яъне адувакон имрӯзи маро мағлуб карда тавонанд, вале ояндаи маро натвонанд, ояндаи эҷодиёти маро натвонанд, ки ба ояндаи дасти зиндаи имрӯзае нарасад…

-Хуллас онҳо хоҳанду нахоҳанд дар доираҳои маънавию адабӣ доири шону шукӯҳи шумову эҷодиёти шумо ва пешравиҳои он ҳарф мезананд…

- Шону шукӯҳро мардуми оддӣ обрӯ биноманд. Оби рӯй, яъне арақи рӯй. Ва сару рӯи кас ҳам вақте арақшор бигардад, ки бисёр давутоз ва талошгарӣ ва афту хез бикунӣ, яъне заҳмат бикашӣ. Яъне шону шукӯҳ натиҷаи нооромӣ ва талошгарӣ ва худфарсоӣ бошад, дар асл. Яъне чизест, ки ба осонӣ даст надиҳад, аз ин боис на ҳар кас обрӯ биёбад.

- Боре дар дилатон майле рӯ задааст, ки аз ин касбу пешаи худ, яъне эҷодгарӣ даст кашида бошед ё дур шуда бошед, ки шуморо то ҳаде хастаҳол кардааст?

- Ягон соҳибкасбе рӯи замин набошад, ки дар дилаш андеша нарӯяд: ба касби дигар мегузаштам, шояд, азобаш, кам мебуд ва он ҷо муваффақ шудан осон буд. Чунин андеша мерӯяд барои он, ки ҳар касб хаста ва дилбазан кунад одамиро. Ана барои чӣ аз хонаводаҳои соҳибкасбони бузург (яъне заҳматкашоин бузурги роҳи эҷодгарӣ) ками андар кам фарзандон сар зада, ки ба роҳи онҳо, касби онҳо бираванд.

Зеро фарзандон азобҳои волидайни вобастаи ин касбро ва хастагии дар ин роҳ ҳосилшудаи онҳоро ва ташвиши мудому фишори мудомро эҳсос карда, аз пайи пешаҳои дигар мераванд, ки шояд азобаш камтар бошад. Хуллас ман ҳам борҳо дур мерафтам аз ин касб ё аз баҳри он баромадан мехостам. Аммо амсоли марде, ки аз баҳри зани беҳтарин баромадаю вале дер ва ё зуд сӯи он баргардад, ман ҳам бармегаштам ҷониби бонуи эҷод.

Ё шояд ишқи беҳадам бозмеовард маро назди ин бону. Ва ниҳоят пеши пои ӯ сари зону мезадаму бе сухан мегуфтам: ҳарчанд бо ту будан ор аст, ки заҳмату азобиву ҷадали зиёди зиёдро бихоҳад, вале то лаҳзаи охир пеши ту хоҳам монд ва дар домани ту ҷон хоҳам дод… (Чунонки: "Зиндагӣ чист? Зери девори орзу мурдан!") Бонуи таннози эҷод ҳам бе сухан маро қабул кард ва ба оғӯши худ кашид. Чунон бикашид, ки то дами мурданам сар надиҳад ва раҳо насозад. Ҳамин тавр бонуи эҷод бо ман монду ман ҳамроҳи ӯ

-Вале дар имрӯз, дар ин ҳангоми умр чӣ мерасиду чӣ намерасад барои Шумо, донистан хоҳанд ҳавохоҳони роҳи эҷодгарии Шумо?

ӣ сер будаму чӣ нимгурусна ва чӣ пушида ва чӣ нимлуч, дар ҳама ҳолати умрам намерасид бароям ВАҚТ. Яъне он чизе, ки барои ман ҳамеша камӣ мекард Вақт буда. (Мисли он, ки умри одамӣ ҳамеша камӣ кунад барои зиндагии як инсон).

-Эҳсоси танҳогӣ шуморо фарогир мешавад, гоҳе? Хосатан, ки наздиктарин касони Шумо намонда рӯи замин?

-Ин ягона чизе бошад, ки маро шиканҷа бидиҳад якмаром. Ҳарчанд аввалин раҳкушоён танҳоянд, дар асл. Қуллапаймоён танҳо бошанд. Душвориҳои тоқатфарсаро касони танҳо таҳаммул бикунанд, аксар… Тай кардани ҷода ва қуллаҳои душвори эҷодӣ низ фардонро тақозо бикунад, яъне одамони танҳоро. Душвортарин қуллаҳои осмонраси дунёро коллектив ва саду ҳазор кас неву аксар танҳогарде ё ду-се фард фатҳ карда тавониста. Фатҳи қуллаҳои азими эҷодӣ низ насиби танҳоён бошад. Яъне танҳоёне, ки талоши азим доранд ва бори азим бикашанд. Яъне борҳое, ки гар онро касе набардораду накашад худи зиндагӣ пеш наравад. Танҳоён боркаши азиманд зери бори азим сӯи ояндаи азим... Зиндагӣ ҳам муҳтоҷ аст ба кашида бурдан, ки ба ибораи имрӯз "такон бахшидан" биноманд…

- Доири ғалаба…

4-rabizoda 132124515- Инсон, ки ба дунё биомад то мағлубияти охиринаш, ки марг ном дорад, бояд сӯи ғалаба равон бошад. Пеш аз он, ки сину сол, беҳоливу бемадорӣ ва иллату ҷурм туро мағлуб бикунад, бояд мағлуб намуда бошӣ наомаду дарду беҳоливу носозиро, яъне ғалаба карда бошӣ ба онҳо. (ҳеҷ не муваққатӣ). Агар ту ба дунё омада ба чизе ғалаба карда натавонистаӣ, пас барои чӣ омадаӣ. Ақаллан ғалаба бояд кард ба беҳолии худ, ба коҳилии худ, ба костагии худ, ба фориғболии худ, яъне ба худат. Охир зиндагӣ як майдони азим аст барои қувваозмоӣ

-Умрбахшоӣ дар роҳи эҷоду эҷодгарӣ.

ҷод чунин аст, ки умратро ба он бахшида аз зиндагӣ мемониву вале муваффақ нашудан ҳам мумкин… Чунон ки қариб аксари одамон рӯи дунё басо талошу ҷадал кунанд барои дарёфти бахту иқбол ва дарёфти зиндагии шоиста, вале на ҳама комёб гардад, на ҳама ҳамоғӯши бахту омад бишавад…

-Баъзе гӯянд, ки Шумо на вобаста ба бозиҳои қисмат ва ноомади бахт калимаи "шукр"-ро, вирди забон медоред…

-Шукр, ки аз миёни ин қадар фоҷиа ва балову офат ва маргу нестиҳо ҳанӯз нафас кашида тавонам, яъне ҳанӯз зиндаам… Вале ин зиндагӣ ашки сари мижгонро монад. Ашки сари мижгон, ки ҳамеша ларзон асту моили фитодан… (Охир ба ҷойи ман каси дигар мебуд кайҳо фано шуда мерафт).

-Мо ҳам шукр мекунем, ки Шумо ҳастед. Ва ҳанӯз дилатон метаппад дар таппиши зиндагӣ. Вобастаи эҷоди Шумо номаи дигарест, ки онро бо Шумо қироат кунем ва пешкаши хонандаи нозукфаҳм низ бисозем. Яъне он нома:

"Китобе, ки Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) ба миён оварда (яъне бо номи "Эҷод чист ва эҷодгар кист?") гӯяндаи файзи огаҳӣ бошад. Яъне муаллифаш огаҳ бошад аз умқи эҷоду эҷодгарии худиву хориҷӣ, балки саргузашти онҳо аз бар бидонад, балки он тарафҳоро донад, ки мову дигарон билкул аҳамият надодаем ё дарк накардаем. Китоб гӯянда аст, ки муаллифаш аз равону олами ниҳони эҷодгару эҷодгарӣ огаҳӣ дорад, ин асрорро дарк кардааст. Аз ин боис чизи пурмӯъҷиза ба миён овардааст, ки амсолашро надида будем ё амсолаш кам буда то ин замон. Чуноне ки:

То зи файзи огаҳӣ Туғрал сухан сар кардаам,

Мисли ман шоир касе дигар намебинад ба хоб!...

Шояд баъзеи мо аз баъзе саргузашту осору рӯзгори эҷодгарон бохабар будаем. Вале чаро мисли муаллифи ин китоб офарида натвонистаем? Зеро Худованд ба ӯ, яъне ба Шераки Ориён он истеъдод, он пайвастагӣ бо осмон (яъне бо илҳом) ва заҳматкашиву талошгарие дода, ки ба кам касон ато бикунад. Хоса касоне, ки чунин саргузаштҳои пурбалоро аз сар гузаронида, ки дар тамоми тӯли қарни бист ва оғози бистуяк амсолаш кам буда дар саҳфаи эҷодгарии ватан. Хуллас хоҳему ноҳем (хоса мо адибону адабиётшиносон) чунин асари арзанда, балки арҷманду дилписанд ба миён оварадааст вай, ки мо яке натвонистаем.

Ёд меоварем, солҳое, ки навҷавон будем қутби назарамон китоби устоди беҳамто Муҳамддаҷон Шакурӣ қарор дошта бо номи "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад". Он китоби арзанда доири забон буда, яъне як пораи забон буда, яқинтараш забони матбуоти давр.

Аммо чизе, ки бо номи "Эҷод чист ва эҷодгар кист?" ба миён омада фарогирии азим дорад, ки ҳам адиб, ҳам журналист ва ҳам пайкарасозу мусаввир ва ҳам муҳандису лоиҳакаш ва бастаи ҳама ҳунарҳои эҷодӣ баҳра бурда тавонанд. Балки мисли чашмае буда ин асар дар саҳрову паҳнои регзорони беоб, ки нохост пеши ташнаи бемадор сар зада ва ташнагии моро то ҳаде шикаста, ба мо неруи тоза, балки нафаси нави зиндагӣ ҳадя намуда. Пас ба ин чашмаи атошуда ва нерубахш чаро ношукрӣ кунем ҳамаи мо ё бадхоҳаш монда бошем?..."

Н. Паризод, махсус барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi