14:27:01 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳодур Рафӣ: "Зиндагӣ" идома дорад…

Соҳаи синамо баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ холигаҳиеро касб кард ва дар даврони пургирудор бозоре шуд ба ҳаёт носозгор. Имрӯз ҳам бозори синамои тоҷикро моли аврупову Туркиё дар даст дораду бегонагароӣ ба афкори ҷомеа таъсир мегузорад.

1-bahodur-rafi 1544Баробари роҳ паймуданаш дар соҳаи санъати овозхонӣ Баҳодур Рафӣ муқобили маҷро ҷодакушоӣ менамояд. Ҳарчанд, ба навиштаи чанд расона ӯ аз консертҳояш бо сарояндагони шинохта Носир Садру Умеди Ҷаҳон дар Тоҷикистон даромади молӣ надошт, ҳунарнамоии ҳамҷоя бо ин овозхонҳо ва талошҳо бо Садриддину Зиёвиддини Нурзод нерӯи сарояндагони ҷавони тоҷику форсизабонро барои ривоҷи санъату ҳунари мардуми хеш нишон медиҳад. Аз ҳама чашмрас, филми "Зиндагӣ" буд, қадаме дар ин ҷода. Мавзӯи сӯҳбати мо бо ҳунарвар дар ин бобат:

-Аз санъати овозхонӣ ба соҳаи синамо рӯ овардед. Чаро? То куҷо ин ду якдигарро комил  месозанд?

-Ман аз хурдӣ истеъдоди ҳам сарояндагиро доштам ва ҳам актёриро. Вале чи тавре, ки медонем, дар Тоҷикистон Синамо ба таври лозима рушд наёфтааст, Барои ҳамин, ман аввал роҳи сарояндагиро пеш гирифтам, то ки истеъдоди худро нишон диҳам. Аз ин лиҳоз, соли 2006 ба Амрико сафар кардам ва якумин видео-клипи худро дар ҳамон ҷо дар шаҳри - New York ба навор гирифтам. Баъдан, ба Los Angeles рафта, он ҷо бо машҳуртарин коргардони эронӣ дар Амрико Коҷӣ Зардорӣ боз 3 видео-клипи дигар ба навор гирифтам ва соли 2012 ба Ватан баргаштам ва дар инҷо боз 3-4 видео-клипи дигар ба навор гирифтам.

Пас, соли 2013 имконият пайдо шуд, ки ман филми худро бо номи "Зиндагӣ" ба навор гирам. Сенарияи филмро ман ҳамроҳи коргардони тоҷик - Бахтовар Сафаров якҷоя тайёр кардем ва бо шакли кутоҳметраж ба навор гирифтем, ки ин филм аз - 30 дақиқа иборат аст, вале боз давом дорад, Чун имконият шуд, онро боз давом медиҳем. Баъд аз ин филми худ маро ба дигар филм даъват карданд ва ин дафъа дар филми дарозметраж нақш офаридам. Номи ин филми нав, ки рӯзҳои наздик мебарояд, "Тоҷик -Мафия 2014" аст...

-Ҳар як клип ҷузъе аз филмнома аст. Агар ҷузъиётро ба инобат нагирем, клипҳоятон нақши Шуморо мусбат нишон медиҳад, ва аммо… Чаро дар филм нақши манфӣ бозидаед, на мусбат?

-Ман дар ҳардуи филмҳоям нақши манфиро бозидам, чунки ба ман ингуна нақш писанд аст ва аз ӯҳдаи инхел нақш мебароям. Барои ҳамин, ман инхел нақшро интихоб кардам, то ки истеъдод ва профессионалии худро низ дар ҷодаи Синамо нишон диҳам... Вале, ман дар зиндагӣ ва ҳаёт одами хубам ва бораҳм ҳастам. Танҳо дар филм накши бадро нишон медиҳам...

-Оё мешуд рухдодҳо тобиши дигар бигирад ва "Зиндагӣ" намирад?...

2-bahodur-rafi 1544-Филми "Зиндагӣ" давом дораду ман-қаҳрамони филм намемирам ва дар қисми дуввум нақшро давом медиҳам. Лекин, айни ҳол маълум нест кай давоми филми "Зиндагӣ" ба навор гирифта мешавад.Чунки, барои ин маблағи хело зиёд сарф мешавад, на кам аз 50 ҳазор доллари амрикоӣ, то ки ин филм аз 2 соат иборат шавад ва боз дар сатҳи баланд барояд.

-Оё мешавад синамои тоҷикро бо санъати овозхонӣ пайванд дода, чун синамои Ҳинд машҳур кард?

- Чӣ хеле гуфтам, барои он, ки синамои тоҷик пеш равад мисли синамои Ҳинд, маблағи калон ва сарпарастони боқувват лозим аст.

- Назари Шумо ба филмҳои даврони Шӯравӣ ва ҳунари Ҳошим Гадо…

- Бале, ҳама соҳа вобаста ба имконот пеш меравад, ки даврони Шӯравӣ аз ин чиз истисно нест. Мо дар даврони Истиқлол бо дастгирии устодони соҳаву заминаҳои дошта метавонем гоми пештаре бардорем. Ман устод Ҳошим Гадоро хело ҳурмат мекунам ва ҳунарашонро меписандам. Ҳoшим Гадо беҳтарин ҳунарманд ҳастанд.

-Бо чанд ҳунарманди шинохта ҳунарнамоӣ намудед. Садои кадоме бароятон наздикӣ дошт?

-Аз сарояндагони маъруф садои Мансур ба ман наздик ва писанд аст.

-Агар ҳунари Худро ба истеъдоде чун Ҳошим Гадо қиёс диҳед, метавонед бигӯед, ки дар даҳсолаи ахир нобиғае чун ӯ рӯ хоҳад зад? Ва ҷавонони мо то куҷо дар ин ҷода имконияти рушд доранд?

- Ҷавонони мо метавонанд то ҳамон дараҷа рушд ёбанд. Албатта, агар аз тарафи сарпарастон ва мутахассисони соҳаи синамо дастгирии хуб бошад. Миёни ҷавонон зиёд ҳастанд одамони болаёқат ва боистеъдод.

Зулолаи Нур, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi