04:32:28 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Театри давлатии ҷавонон бар зидди натсизм ва фашизм

Дар Театри давлатии ҷавонони пойтахт нахустнамоиши намоишномаи драматургони рус Александр Зак ва Игор Кузнетсов "Баҳори понздаҳум" баргузор гардид. Тарҷумаи ин пиеса ба қалами рӯзноманигори шинохта марҳум Одил Исломӣ тааллуқ дорад.

1-teatri-javonon 45877Дар аввали намоиш директори Театр Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Толиб Бобоев, эълом дошт, ки намоишномаро Мирзоватан Миров, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба муносибати ҷашни 70-солагии ғалаба бар Германияи фашистӣ, ки соли оянда ҷомеаи байналмилалӣ онро таҷлил менамояд, рӯи саҳна овардааст.

Дар идома директори Театр ҳозиринро бо ҳунармандоне, ки дар намоишнома нақш меофаранд, шинос кард. Кореро кард, ки маъмулан дар дигар театрҳои ҷумҳурӣ камтар мекунанд ва умуман намекунанд. Дар гузашта одатан пеш аз намоиш ба мардум барномаи намоишномаҳо пешниҳод карда мешуд. Тамошобин аз он мефаҳмид, ки дар кадом нақш кӣ бозӣ карда истодааст.

Вале мутаассифона солҳост, ки чунин кор ба сабаби камбуди молӣ дар театрҳои мо аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Одамоне, ки нав ба театр меоянд, натанҳо наметавонанд номи персонажҳои намоишномаҳоро дар хотир бигиранд, балки ҳатто намедонанд, ки кадом ҳунарманд чи нақшеро офарид. Аз ин рӯ кори Толиб Бобоев дар вазъе, ки имрӯз Театрҳо доранд, як навъ баромаданд аз вазъияти ногувор метавонад талаққӣ шавад.

Аксҳо аз нахустнамоиши намоишномаи "Баҳори понздаҳум"

Камбуди молии Театрро аз ороиши саҳна низ дарк кардан мумкин аст. Коргардони намоишнома Мирзоватан Миров мегӯяд, ки тибқи драма воқеаҳои намоишнома бояд дар таҳхона ва болохона ба вуқуъ пайванданд. Чун саҳнаи театр ҷавобгӯи талаботи намоишнома набуд, мо танҳо бо таҳхона иктифо кардем. Тамоми воқеаҳо асосан дар ҳамин таҳхона рух медоданд. Албатта ба тамошобин бо ишораҳои махсус мефаҳмондем, ки болохона низ вуҷуд дорад, як қисми воқеаҳо он ҷо гузашта истодаанд.

Бо вуҷуди ин камбудиҳо метавон гуфт, ки коргардон ва ҳунармандон аз уҳдаи вазифаи худ тавонистанд, ки то андозае ба хубӣ бароянд. Инро аз кафкӯбиҳои самимонаи хотимавии тамошобинони намоишнома, ки толорро анқариб пур карда буданд, фаҳмидан мумкин буд.

Воқеан, сюжети асар агарчи воқеаҳои 70 сол қаблро инъикос намояд ҳам, вале мавзӯъ имрӯз низ моҳияти рӯзмарагии хешро гум накардааст. Мутаассифона, хавфи ҷон гирифтани руҳияи натсистӣ ва фашистӣ имрӯз дар аксарияти кишварҳои Аврупо вуҷуд дорад.

2-teatri-javonon 45877Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ, ҳатто кишварҳои собиқ шӯравӣ, ки заҷри фашизмро дар тани хеш дидаанд, ин падидаи номатлуб доман паҳн карда истодааст. Барои мисол метавонем аз Украина ном бигирем, мегӯяд Мирзоватан Миров. Башарият агар сари роҳи ин ваборо нагирад боз метавонад, ки бо бадбахтиҳои азиме гирифтор шавад. Яке аз ҳадафҳои асосии мо ин ҳушдор додани мардум аз ин балои ногаҳонӣ мебошад.

Мақсади дигари мо ин ҷалб кардани тамоми ҳунармандони ҷавони театр дар ин намоишнома буд, то онҳо бо доштани майдони васеъ тавонанд ҳар кадом қобилият ва истеъдоди худро то ҳадди имкон дар ин намоишнома нишон диҳанд, гуфт Мирзоватан Миров.

Бояд гуфт, ки ҳунарпешаҳое, ки дар ин намоишнома нақш офариданд, аз ҷумла Баҳром Обидов дар нақши сарбоз, Диловар Неъматов дар нақши Андрей, Манучеҳр Ҳабибов дар нақши Диттер, Аҳлиддин Ҳасанов дар нақши Рейни, Далер Мирхонов дар нақши Ҳелмут, Сайёҳат Боева дар нақши Урсула ва Ватандор Шеров дар нақши Тео ҳамагӣ аз уҳдаи бозии нақшҳои худ баромаданд. Ба маврид аст бигӯем, ки Ватандор Шеров ахиран барои иҷрои хуби як силсила нақшҳояш дар саҳнаи Театр дар миёни 16 довталаб ба гирифтани ҷоизаи давлатии Созмони Ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шуд. Ин муждаро ба тамошобинон қабл аз оғози намоиш Толиб Бобоев расонд.

Аз саҳнаҳои ин намоишнома чунин ба назар мерасад, ки яке аз ҳадафҳои дигари коргардон бо ин спектакл ба тамошобин талқин кардани афкору андешаҳои гуманистӣ ва ё худ инсондӯстӣ мебошад. Зулму ваҳшигариҳое, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби иддае аз нафарҳои силоҳбадаст дар қиболи инсонҳои бегуноҳ ва бесилоҳ рух медоданд, аз касе пинҳон нест.

3-teatri-javonon 45877Дар ин намоишнома лаҳзае ҳаст, ки яке аз фармондеҳони фашистӣ ба сарбозаш фармон медиҳад, ки аскари асир ва маҷруҳи шуравиро ба қатл расонад. Сарбози немис бо ибрози он ки ин амалӣ зиддибашарӣ ҳаст аз иҷрои фармон сар метобад. Инсон бояд дар ҳама ҳолатҳо инсон бошад. Набояд мисли ваҳшиён рафтор кунад.

Як ҷиҳати ҷолиби намоишнома дар он буд, ки худи коргардон Мирзоватан Миров баъди сӣ соли охирин нақшашро дар саҳна офаридан билохира боз дар нақши Науман, муаллими сарбозони немис рӯи саҳна омад.

-Охирин нақшеро, ки дар саҳна бозӣ карда будам, соли 1988 нақши Ленин дар намоишномаи "Ҳуррият"-и Ғанӣ Абдуллоҳ дар таҳияи режиссёри маъруф Хушназар Майбалиев буд. Аз он ба баъд дигар дар саҳна нақш бозӣ накарда будам, -мегӯяд Мирзоватан Миров.

Ба гуфтаи бархе аз тамошобинон Мирзоватан Миров бо бозии хеш нишон дод, ки актёрони калонсоли мо, ки муддатҳост аз саҳна канор рафтаанд, мисли ҳунармандони театри дигар кишварҳо то дами пирӣ дар саҳна бошанд, ҳам барои тамошобин ва ҳам барои ҷавонони ҳунарпеша беҳтар аст. Зеро аксари онҳо ҳанӯз ҳам тавони иҷрои нақшҳои муталифро дар саҳна доранд ва метавонанд барои ҷавонон намуна бошанд.

Агарчи саҳнаи Театри ҷавонон чандон бузург набошад ҳам, вале ороиши он, ки аз ҷониби рассоми маъруфи кишвар, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдаки Вафо Назаров сурат гирифтааст, хеле мувофиқ ва муносиб ба сюжети намоишнома буд. Мусиқии намоишнома, ки аз суи худи коргардони намоишнома таҳия шудааст, пурракунандаи ҳар он чи дар саҳна мегузарад, мебошад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №20, 11 июни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi