03:25:56 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар сарои бевафо дурӯза меҳмонем мо

Заробиддин Каримӣ зодаи деҳаи Навободи ноҳияи Бохтар буда, аз айёми ҷавонӣ ба адабиёти классикии форсу тоҷик дилбастагии зиёде дорад. Мавсуф осори гаронбаҳои шоирони бузурги форсу тоҷикро пайваста мутолиа карда, аз сеҳри сухани онҳо баҳравар гардидааст.

masjid 4569899745445Ҳамин дилбастагӣ ба шеъру шоирӣ буд, ки ӯ худ низ ба гуфтани шеър мепардозад ва нахустини маҷмӯаи шеърҳояш бо номи "Нолаи қалам" (2007) интишор мегардад. Маҷмӯаи дуюми муаллиф "Рози дил" (2012) ном дошта, аз муноҷотҳо, ғазалиёт, маснавиҳо, мухаммасот ва рубоиёти ӯ иборат мебошад. Саидаҳмади Қаландар дар пешгуфтори китоб аз ҷумла овардааст, ки Заробиддин Каримӣ "дар тамоми хати ашъори гирдовардаи ин маҷмӯа қаламро роздор ва ҳамдаму мӯниси худ медонад ва ҷуз қалам қарину роздори дигареро намешиносад".

Дар поён аз маҷмӯаи охирини Заробиддин Каримӣ чанд намунаеро пешкаши хонандагони азиз гардонида, ба эшон дар эҷоди шеър илҳоми саршор таманно дорем.

МОДАР

Ҳар субҳ, саҳар хезаму такрор ба такрор,

Орам ба даҳон номи туро, модари ғамхор.

Аз баҳри мани хаста басе ранҷ кашидӣ,

Зодӣ ту маро чун гулу парвардӣ ба гулзор.

Бо меҳру муҳаббат ту маро кардӣ ба оғӯш,

То ки нарасад ҳеҷ ба ман заҳмату озор.

Шаб то ба саҳар бар сари гаҳвораи фарзанд,

Гуфтӣ ба алам аллаву биншастӣ ту бедор.

Модар! Бикунам хидмати ту аз дилу аз ҷон,

Танҳо туӣ бар қиммати ин ном сазовор.

Ман хоки қадамҳо-т кунам сурмаи чашмон,

Бошам ба ҷаҳон баҳри ту фарзанди вафодор.

То ҳаст Каримӣ ба ҷаҳон, баҳри ту, модар,

Гирад қалам эҷод кунад чомаву ашъор.

ҚИССАИ ИШҚ

Мекунам дар ғами ту шому саҳар оҳу фиғон,

То ба кай меҳри маро дар дили худ дорӣ ниҳон.

Ту биё, боз бикун ин дили садпораву бин,

Дар ҷавонӣ шуда аз ишқи ту маҷрӯҳу хазон.

Солҳо шуд, ки гирифтори ғами рӯи туам,

Ташнаи васли туам, лек ту чун оби равон.

Раҳм бар ҳоли мани хаста надорӣ ту, афсӯс,

Ғами ишқи ту шуда бар дили ман бори гарон.

Гар ба гӯши мани дилхаста каломат бирасад,

Сухану ҳарфи туро гӯш кунам аз дилу ҷон.

Ҳар чи хоҳӣ ба мани хаста ту аз рӯи вафо,

Хоҳишу рози дили зор ҳамон асту ҳамон.

Қисса кӯтаҳ бикуну бош, Каримӣ, ту хамӯш,

Қиссаи ишқ дароз асту надорад поён.

МЕҲМОНЕМ МО

Дар сарои бевафо дурӯза меҳмонем мо,

Аз намозу кори Ҳақ доим гурезонем мо.

Гуфтаву амри Худо бар ҷо наовардем, лек

Аз гуноҳу айби худ садҳо пушаймонем мо.

Бехабар аз он, ки рӯзе меравем аз ин ҷаҳон,

Рӯзу шаб андар қафои кори шайтонем мо.

Қобизи арвоҳ рӯзе қасди ҷони мо кунад,

Аз нигоҳу ҳайбаташ чун бед ларзонем мо.

Гаштаем сар то қадам ғарқоби дарёи гунаҳ,

Сирри худ пӯшидаву лаб зери дандонем мо.

Рӯзи маҳшар сар бурун орем аз хоки лаҳад,

Аз гуноҳу айби худ гирёну нолонем мо.

Чун ба дасти рост бидҳанд номаи аъмолро

Шукр оварда ба ҷо хурсанду шодонем мо.

Безарар чун бигзарем мо аз сирота-л-мустақим,

Дар биҳишти ҷовидон ҳамроҳи ҳуронем мо.

Эй Каримӣ, кас чӣ донад, то чӣ бошад ҳоли ту,

Ғайри Зоти поки Ҳақ дигар намедонем мо.

Таҳияи Раҷабалии Худоёрзода, барои "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi