00:01:41 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Зиёиён парчамбардори маънавиёт

Андешаҳо дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар

Чун анъана ҳар сол дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар мулоқот мекунад. Имсол низ мулоқоти Сарвари давлат бо равшанфикрони ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ сурат гирифт.

ziyoiyon 5426564556Ҷараёни мулоқоти мазкур тавассути телевизион ва радиоҳои ватанӣ намоиш ва пахш шуда, матни суханронии Президенти ҷумҳурӣ дар рӯзномаҳои давлатӣ интишор гардиданд, ки ҳар як шаҳрванди меҳанамон аз он нек бохабар аст. Мулоқоти имсолаи Сарвари давлат бо зиёиёни кишвар ба якчанд мавзӯъҳо нигаронида шуда, зиёиён ва аҳли илму фарҳанги Ватанро вазифадор менамояд, ки ба нуктаҳои дар он зикршуда бетафовут набошанд ва баҳри амалишавии онҳо камари ҳиммат банданд.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ аввал аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шуда, ба зиёиён ва тамоми мардуми кишвар таъкид намуданд, ки "мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, худогоҳиву худшиносии миллиро, ки асли он арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан - модар, забону фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад, густариш бахшем, наслҳои наврас ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Зеро танҳо шахси ватандӯсту ватанпараст, аз таъриху фарҳанги миллати хеш бохабар, худогоҳу худшинос ва дорои ифтихори баланди миллӣ метавонад дар ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннату ойинҳои неки миллӣ саҳми фаъол гузорад".

Роҳбари давлат баъдан роҷеъ ба ойини басе қадимии тоҷикон (таърихи беш аз шашҳазорсола), яъне ҷашни Наврӯз, ки тибқи қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 19-уми февраси соли 2010 қабул гардидааст, ёдовар шуда, ҷашнгирии онро дар бедории ҳисси миллӣ ва ифтихор бо анъанаву суннатҳои неки ниёгон нек арзёбӣ карданд.

Дар суханронии имсолаи Президенти мамлакат диққати асосӣ ба ду санаи таърихӣ яке ҷашнгирии 600-солагии орифи Ҷом, Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаре ҷашнгирии 20-умин солгарди қабули Сарқонун ва яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Суруди миллӣ нигаронида шудааст. Дар суханронии хеш вобаста ба ин санаҳои таърихӣ аз ҷумла омадаст: "Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард.

"Ҳамчунин соли ҷорӣ мо бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон - Конститутсия ва яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Суруди миллиро таҷлил мекунем".

Роҳбари давлат баъдан роҷеъ ба рӯзгор ва осори Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ муфассал суханронӣ карда, ироа намуд, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи донишмандону ховаршиносони дунё баргузории конференсияи байналмилалии илмӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки мардуми адабпарвари тоҷик дар қатори мардумони дигари дунё маротибаи сеюм аст, ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Соли 1964 550-солагӣ ва соли 1989 575-солагии Ҷомӣҷашн гирифта шуд ва ба ин муносибат як қатор осори манзуму мансури эшон интишор гардида буданд. "Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор баровард".

Баргузории чунин конференсияи байналмилалии илмӣ дар Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ фарзанди арзандаи ин миллат буда, осори мондагори ӯ асрҳои аср китоби рӯимизии фарзандони ин сарзамин мебошанд.

Нуктаи дигаре, ки дар суханронии Президени ҷумҳурӣ садо дод, ин густариш додани истифодаи корбурди забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет буд. Донистани забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад. То он вақте ки шахс забони модарии худро нек намедонад, дар ниҳоди ӯ ҳиссу ифтихори миллӣ ҳанӯз бедор нагаштааст. Баланд гардидани ҳиссу ифтихори миллӣ, дӯст доштани Ватан, худшиносу худогоҳ будани ҳар кас аз дараҷаи забондонии ӯ ҳувайдо мегардад.

Эҳтиром ба забони миллӣ, ин эҳтиром ба миллат ва давлат аст. Набояд фаромӯш кард, ки дар Тоҷикистон тамоми фаъолият, алоқаву муносибат, таълиму тарбия, муҳокимаву баррасӣ, таҳлилу тадқиқ, ҳисобу китоб, интишори рӯзномаю маҷаллаҳо, чопи китобу осори илмӣ, гузориши телевизиону радио ва ғайра хидматрасониҳо тавассути забони модариамон сурат мегирад. Бинобар ҳамаи моро зарур аст, ки ба қадри забон, фарҳанг, таърихи миллати хеш ҳеҷ вақт бетафовут намошем ва дар ҳифзу омӯзиши он сахт талош варзем.

Президенти мамлакат дар суханронии худ ба ҷуз масъалаҳои дар боло зикршуда, инчунин ба масоили таълиму тарбия фарзандон, тайёр намудани мутахассисон, худшиносиву худогоҳӣ, ихтирокору эҷодкорӣ низ дахл карданд ва ин чиз мо зиёиёнро водор менамояд, ки дар маҷмӯъ ин ҳамаро бояд дар байни мардум тарғибу ташвиқ намоем.

Мо, зиёиёни мамлакатро зарур аст, ки матни суханронии Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишварро гаштаву баргашта хонем ва кӯшишу талош намоем, ки дар амалишавии ҳар як нуктаи он саҳмгузор бошем.

Раҷабалӣ Худоёров, номзади илмҳои филологӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi