11:48:45 06-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳамоиши бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон

Бо ибтикори Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Саъдии Шерозӣ, ки ҳамасола ба рӯзи якуми урдубиҳиштмоҳ (21-уми апрел) рост меояд, дар яке аз толорҳои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ҳамоиши бузургдошти ин адиб ва мутафаккири оламшумулу забардасти форс-тоҷик баргузор гардид.

ortiqi-qodir 54897898998Баъди сухани муқаддимавии муҷрии ҳамоиш устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҷаноби оқои Қиёмиддин қорӣ Қуръони азимушшаън ҷаноби оқои Додхоҳ бо қироати оёте чанд аз Каломуллоҳи маҷид фазои ин маҳфили алоқамандони сухани волову нобро музайяну муаттар сохт. Ҳуриниссо Ализода-муовини аввали директори КМТ ҳозиринро, ки умдатан аҳли фарҳангу зиё ва донишомӯзони мактабҳои миёнаву олӣ буданд, хайра мақдам гуфт.

Масъули дафтари ройзании Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ҷаноби оқои Муҳаммадҳасани Санъатӣ, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъйин гардидааст, дар суханронии худ иброз дошт, ки таҷлили Саъдӣ, танҳо таҷлили шеъру насри шево нест, таҷлили ахлоқу ҳикмату маърифати балиғу расо низ ҳаст.

Шеваи сухани бетакаллуфу шаффофи ӯ низ имтиёзи дигар ин омӯзгори бузурги мардумию муҳаббат аст. Каломи ӯ чун ҷӯи оби зулоле, зарра-зарра ҷони мустамаъро сероб мекунад ва бе ҳеҷ ғуббори тасаннуъ, бар дили ӯ менишинад. Бисёранд онҳое, ки дар ҳар ду қаламрави илму наср саманди фасоҳат тохтаанд, аммо фақат Саъдист, ки шеъре равон чун насру насре оҳангин чун шеър падид оварда ва омезаи шигифтоваре аз мазмуну таркиб ва маъниву лафз дар ҳар ду арса фароҳам сохтааст.

Сипас дар ин ҳамоиш озмунеро ҷамъбаст намуданд, ки бо ибтикори ройзании ҶИЭ ба ифтихори бузургдошти Саъдии Шерозӣ созмон ёфта буд. Чандин нафарҳоеро, ки дар ин озмун ширкат намуда доир ба паҳлуҳои мухталифи аҳвол ва осори Саъдии Шерозӣ, таъсири ӯ дар адабиёти ҷаҳонӣ мақолаву маърӯза навишта буданд, ғолиб эълон карданд.

Наврӯз Сатторов-устоди Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон ва Виктория Петрушкова-устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, ки азҷумлаи ғолибони ин озмун ба ҳисоб мерафтанд, дар ин ҳамоиш дар мавзуъҳои "Дидгоҳҳои таълимии Саъдӣ" ва "Таъсири Саъдӣ дар Русия ва муқоисаи ӯ бо А.С. Пушкин" маърӯзаҳои ҷолибу пурмазмун карданд.

Қироати ғазалҳои Саъдӣ ва байтбарак дар иҷрои хонандагони мадрасаи Имом Содиқ (а) ва мактабҳои шаҳри Душанбе хеле ҷолибу диданӣ буд. Дар поёни ин сабқат сарпарасти Сафорати ҶИЭдоктор Маҳмуди Садрӣ дар Тоҷикистон ва бону Ҳуриниссо Алиева ба ғолибони он ҳадоё тавзеҳ намуданд. Лаҳзаи дигари хотирмон он буд, ки як гуруҳи донишҷӯёни пойтахт ғазалҳои Саъдии бузургворро бо забонҳои русиву туркӣ ва забони модарии Саъдӣ - забони ноби форсиву тоҷикӣ басе шевову гуворо қироат карданд.

Абдунабӣ Сатторзода, донишманди маъруфи тоҷик, профессор, Ҷӯрабек Назрӣ, донишманд ва ҳунарманди машҳури кишвар, доктори илмҳои филологӣ, Муҳсини Руҳонӣ, устоди мадрасаи Имом Содиқ (а) фикру андешаҳои тозаи хешро оиди аҳвол ва осори шайх Саъдии бузургвор  дар ин ҳамоиш иброз доштанд.

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, яке аз беҳтарин ровиёни кишвар ғазалҳои ноби ин устоди каломро ба шеваи беҳтарин ва ба худ хос қироат намуд.

Давлат Назрӣ, Ҳунарманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, овозхони хеле маъруфи кишвар таронаҳои зебоеро  бар ашъори шайх Саъдии Шерозӣ дар қолаби оҳангҳои ҷолибу дилкаш манзури тамошобинон кард. Ҳангоми сурудани таронаи машҳури  "Ай сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад" аҳли толор ба ӯ ҳамовоз шуданд.

Хабарнигори "Рӯзгор" аз ин ҳамоиш гузориши мусаввареро низ омода намуд, ки ҳамакнун онро шумо мебинед.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №16, 23 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi