22:48:34 31-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Сафарбеки Солеҳ: Ба Кумитаи радиову телевизион додани соҳаи синамо иштибоҳ буд

Оғоз

Бо Сафарбеки Солеҳ аз хеле замонҳо ошноям. Аммо боре ҳам иттифоқе науфтода буд, ки барои матбуот суҳбат кунам. Чун ҳамеша суҳбатҳои мо сарироҳӣ ва хеле зудгузар буданд. Кам воқеъ мешуд, ки муфассал сари мавзуе баҳс дошта бошем. Вале он чӣ бароям аз ӯ роҳатовар аст, кушодадилии ӯст. Дар ҳар тасодуфе ҳам мебинам, ончунон гарм ҳолпурсӣ мекунад, ки гӯё наздиктарин дустонем. Вале ин хислати ӯст, бо ҳар касе ҳамсуҳбат мешавад, бардошташ ин аст.

1 safarbeki-soleh 1Аммо ин бор тасмим гирифтам дар атрофи мушкилоти имрӯзаи синамои кишвар суҳбат кунад. Чун медонам, ки дар ин бора андешаҳои ногуфта дорад. Андешаҳое, ки на дар ин як солу ду сол, балки ҳаддиақал ду даҳсолаи охир дар тафаккураш шакл гирифтаанд. Аз сӯи дигар аз ҷумлаи муваффақтаринҳо дар синамои кишвар аст. Ва филмҳояш осону содда рӯи навор наомадаанд ва гар дар бораи ҳар кори анҷомдодааш муфассал қисса кунад, шояд ин як саҳифаву ду саҳифаи суҳбати матбуотӣ кифоят накунад.

Зеро тӯли солҳое, ки худро андармони сохтани филмҳо кардааст, буҷаи тайёре надоштааст, ки ақаллан мушкили молии офаридаҳояш осон шавад. Ҳарчӣ сохтааст, моли худи ӯст, ҳам буҷаи филмро худ пайдо кардааст, ҳам сенария навиштааст, ҳам наворбардориву танзим кардааст. Ин ҳолати аксари касонест, ки дар Тоҷикистон мехоҳанд филм офаранд. Ва суоли нахустини ман ҳам ниёзи ҷомеаи кишвар ба синамо буд. Мехостам донам, ки коргардони варзида дар ин бора чӣ назар дорад. Гузашта аз ин Сафарбек аз ҷумла шахсони муваффақ дар офариниши филмҳои мустанад аст. Ва пурсидам, ки магар ин ниёзи ҷомеаи аст, ки мустанад месозад ва ё завқи эҷодии ӯст.

- Ҷомеаи имрӯзи мо ба ҳеҷ филме ниёз надорад. Ҳама дунболи як пора нонанд. Имрӯз мо ба қавми беандеша табдил шудем.

Ман аз аввали фаъолиятам мустанад месохтам. Нахустин корам ''Жакон'' буд, ки соли 1989 дар Порис ҷоизаи "Беҳтарин филм дар бораи инсон"-и ЮНЕСКО-ро сазовор шуд. Баъдан ҳам он дар ҷашнвораҳои зиёд қадр шуд. Филми дигарам ''Ба номи Ҳурмуз'' буд, ки аввалин бор ҷашни Наврӯзро матраҳ сохтам. Бори аввал ба хати форсӣ навиштаҳои онро таҳия намудам. Дар Маскав ''Совэкспортфильм'' онро ба англисӣ тарҷума намуд ва 47 кишвари олам онро хариду намоиш дод.

Баъди хатми риштаи синамо дар Маскав рӯ овардам ба филми ҳунарӣ. Мушкилтарин ҳолат ин адами сармоя аст. Бо таассуф ман интихоб надорам. Бисту ду соли ахир ман танҳо ба сармояи ночизи худ талош кардам, ки чизе созам. Мустанад ба маротиб камхарҷ аст, аз он дида боз иқтисодитар насру шеър навиштан. Ахиран чанд филмнома навиштам. Шеъри зиёде ҳам. Мустанадро дӯст медорам, зеро воқеият аст, ҳамчу таърих мондагор аст. Се соли ахир кори мустанадеро дар бораи аввалин коргардони тоҷик Комил Ёрматов иҷро дорам. Умедворам имсол дар ҷашнвораи Дидор" намоиш дода хоҳад шуд.

Кохи Борбади имрӯза моли Кумитаи синамо буд

-Дар чандин суҳбатҳое, ки "Рӯзгор" дар мавриди ҳоли синамои кишвар бо мутахассисони соҳа ва коргардонҳову ҳунармандон анҷом дод, як нукта гаштаву баргашта зикр мешуд: синамои кишвар ҳоли начандон хуб дорад. Шумо ҳам дар ҳамин назаред ва агар ҳа, пас далелатон чист?

3 safarbeki-soleh 3-Бо таассуф ин бахш дар ҳоли харобист. Соҳаи алоҳидаи фарҳангро гирифта ба Кумитаи Радиову телевизион доданд. Ин иштибоҳе буд нобахшиданӣ. Силсилаи кинотеатру прокат-пахши филмро бо бинову мошину таҷҳизоти техникӣ дар саросари кишвар ғорат карданд. Як қисми умдаашро аз нав ба идораҳои дигар доданд. Фақат як мисоли кӯчак. Ҳамин Кохи Борбади имрӯза моли Кумитаи синамо буд. Аз Тоҷикфилми пештар чизе намонд.

Қобили зикр аст, ки ахиран фаъолиятҳои умедбахше дар студия ба назар мерасанд, аммо ин кофӣ нест. Ҳама коршиносони ҳирфаии соҳаи синамо рафтанд. Зеро бекор монданд. Синамо барои давлати Тоҷикистон нодаркор шуд. Одамоне, ки ба ҷуз ин касби дигар надоштанд, барои таъмини зиндагии худ маҷбур кишварро тарк намуданд. Ин шикасти синамои мо буд. Чун кори филм фаъолияти дастаҷамъист, агар як мутахассис набуд, кор мелангад.

Аммо дилгармие вақтҳои охир эҳсос мешавад. Дар арафаи Наврӯз ба даъвати Тоҷикфилм ба студия рафтам. Ҳамкорони собиқро зиёрат кардам. Бо раиси Тоҷикфилм Носир Саидов суҳбати тӯлонӣ доштам ва дилам гарм шуд. Бахшҳои умдаи Тоҷикфилм таъмиру бозсозӣ шудааст. Таҷҳизоти ҷадид овардаанд. Имсол нақша доранд 5 филми ҳунарӣ бисозанд. Хеле боиси хушист. Умедворам, ки мақомоти зидахли ҳукуматӣ ин талошҳои Носирро пуштибонӣ хоҳанд кард ва мо ба тадриҷ Тоҷикфилми собиқро на танҳо барқарор мекунем, балки рушду равнақи тоза мебахшем.

-Солҳои охир як силсила филмҳо дар озмунҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоиза ҳам шуданд, ки қадрдонӣ аз филмҳои шумо низ дар ҳамин қаторанд. Барои ба сатҳи байналмилалӣ бардоштани синамои кишвар мо чӣ надорем: маблағу восита ё коргадону ҳунарманд?

-Ин ҷоизаҳое, ки мо мегирем танҳо қадрдонии кори мо дар дигар кишварҳост ва хеле шартианд. Ин ҳолатест, ки ба коргардон умеду неру мебахшад. Сафарҳои зиёд мекунӣ аз равандхои имрӯз огоҳ мешавӣ. Мо ҳеч вақт ба сатҳи ҷаҳонии синамо намерасем. Зеро яке аз қашшоқтарин ва осебпазиртарин кишварем.

Синамои мо мисли соири бахшҳои фарҳанги мо оинаи ҳамин зиндагист, натиҷаи кори ҳамин дастандаркорон аст. Оё ягон риштае ҳаст, ки мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба он муваффақ шуда бошем, ки аз синамо инро мехоҳем. Яъне, сатҳи пасти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки аз он сар мезанад, камбуди маблағ, коргардон, коршиносони техникӣ ва ғайра.

Барзуи ба мо "нодаркор" ба қирғизҳо даркор шуд

-Сенарияҳои филмҳои шуморо кӣ менависад?

2 safarbeki-soleh 2-Чун ман хатмкардаи бахши забону адабиётам ҳама филмномаҳоямро худам менависам. Дар аввал таҷрубаи ҳамкорӣ бо дигаронро доштам, ки ҳатман ягон нафарро ҳаммуаллиф гуфта ҳамроҳ мекарданд. Ҳоло худам менависам.

-Рафтани Барзу Абдураззоқов танҳо дар матбуот боиси гӯмагӯҳо шуд, вале дар ҳамин андешарониҳои матбуотӣ низ ҳунармандони асил чандон ширкати фаъол надоштанд. Ин надоштани мавқеъи гражданӣ буд ё дарк нашудани мизони талафоти фарҳангӣ дар кишвар?

-Вазифаи ҳунармандон сару садо дар расонаҳо нест. Ин кору нони рӯзноманигорон аст. Изтиробовар муносибати масъулини фарҳанг аст. Яъне, дилсӯзиву таваҷҷӯҳи ватандӯстонаву миллатдӯстонае, ки шабу рӯз дар борааш ҷор мезананд, як ҳарфи дурӯғе беш набудааст. Як ҳунарманди вижа, ки мислаш дигар нест, рафт, барои кораш он ҷо ҳама шароитро фароҳам сохтанд, ин ҷо нодаркорӣ шуд. Бо таассуф ин ҷо танҳо ҳунари чоплусӣ матраҳ аст. Мо дар сад соли дигар ин талафоти фарҳангиро, ки бо рафтани ҳамаи аҳли ҳунару зиё бо шумули Барзу, аз Тоҷикистон аст, ҷуброн карда наметавонем.

-Як коргардони омада аз хориҷ то куҷо метавонад барои миллате, ки бо урфу одат, таърих ва фарҳангаш ошно нест, хидмат кунад, ки вазорати фарҳанг ин гуна иддио дорад ва ҳатто аввалин коргардон Надежда Славная бояд моҳи апрел ба театри Маяковский ояд.

-Ин нишони миллатдӯстиву ватанпарастии онҳост. Ин ба он монад ки ҳама муаллимони худро бо маоши ночиз мардикор карданд ва имрӯз эълон мекунанд, ки омодаанд 400 муаллими забони русӣ аз Русия биёранду таъмин кунанд.

5 safarbeki-soleh 5-Шояд бештар аз дигарон шумо сафарҳои хориҷии корӣ доштед. Таҷрибаи кадом кишвар дар рушди синамо дар ин марҳила барои Тоҷикистон коршоям аст?

-Дар аксари мамолик синамо бар мабнои сармояи хусусӣ мечархад. Филм тавлид мешавад, намоиш меёбад ва ширкатҳои телевизионӣ онро мехаранд ва харҷҳояшро мепӯшонаду суд меёрад. Ҳамчун бахши давлатӣ низ муҳимтарин сармоягузор аст. Дар Тоҷикистон бояд бахши синамо аз итоати Кумитаи радио ва телевизион озоду алоҳида шавад.

Филму бозори дохилӣ бояд марбути як сохтор, яъне мисли собиқ бошад. Хеле мисоли оддӣ Узбекистон. Филму сериёлҳояшон пурра кишварро таъмин мекунанд ва ҳам бахши давлатӣ, ҳам хусусӣ сармоягузорӣ доранд. Се сол қабл давлати Узбекистон як маҷмааи тавлиди сериёлҳо ба маблағи 40 млн доллари амрикоӣ сохт, ки барои рушди соҳа саҳми бузург шуд.

Синамо ниёз ба сармоягузории давлатӣ дорад

-Пас чунин бардошт мешавад, ки рушди синамо ниёз ба барномаи фарогири давлатӣ дорад. Яъне, давлат бояд сармоягузори синамои худ бошад?

4 safarbeki-soleh 4-Бале, дар кишварҳои акибмондае мисли мо масоили фарҳангӣ ҳатто бояд баъзан маҷбурӣ анҷом шаванд. Дигар роҳе вуҷуд надорад. Сармоягузории давлатӣ аз ҳамин қабил аст. Арзишҳои маънавӣ ҳамин имрӯз суд намеёранд, вале баътар натиҷа медиҳанд ва худкифо мешаванд. Муҳим сармоягузории зинаи аввал ва тағйири сохтори таблиғи синамост.

-Дар суҳбате гуфта будед, ки муддати 10 соли охир ягон ниҳоди эҷодии кишвар ба шумо пешниҳоди наворбардории филмеро накард ва он чӣ мекунед бо ташаббус ва истифода аз имконоти худ мекунед. Ин дар мавриди "Тақвими интизор" буд. Ҳоло ҳам чунин аст?

-Бале, вазъ ҳамон аст, ки ҳамон. Аммо ман нороҳат нестам. Ниёз ҳам надорам. Беҳтараш 3 сол сари як филми кутоҳ бо он имконоте, ки дорам озод кор мекунам ва дар ҳама ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ маро бо камоли эҳтиром даъват мекунанд. Парчами Тоҷикистонро мебардоранду филмамро нишон медиҳанд. Ҳар кас ба тариқи худ хизмат ба Ватанро мефаҳмад.

-Шумо то куҷо имкон доред филмҳои худро ба тамошобинон расонед? Шабакаҳои телевизионии кишвар ва ё кинопрокат бо шумо ҳамкорӣ мекунанд?

 -Чунин ҳамкорие вуҷуд надорад. Соли 2010 як филми ҳунарӣ сохтам, ки то имрӯз нахустамоишаш дар Тоҷикистон доир нашудааст. Ман аз ин ширкатҳои бечораи мо ҳеҷ гила ҳам надорам, зеро воқиан ҳам бечораанд.

-Ва саволи охир: дурнамои синамои кишвар аз назари шумо?

-Ба ҷуз талошҳои Носир, ки дар боло зикр кардам ва он ҳам ҳоло муайян нест, ки амалӣ мешавад ё на, рушаниеро дар ояндаи синамои кишвар намебинам.

Анҷом

Ин буд як суҳбати кутоҳ Бо Сафарбек Солеҳ, коргардони шинохтаи синамои тоҷик. Ва тавре дар ҳамин суҳбат ишора рафт, Сафарбек шеър ҳам менависад ва наср ҳам. Шояд насрашро бо мурури замон кино кунад, вале шеърҳояш бояд дар маҷмуъа чоп шаванд, ки ҳоло аз ин имкон истифода накардааст. Ягона минбар, ки мебинему мехонем, саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аст, ки ашъорашро он ҷо мекорад. Ва "Рӯзгор" муште аз хирвор намунае чанд аз шеърҳои ӯро ҷиҳати ошноии бастагони назм интишор медиҳад.

Як қатра ашк

Аз он ҷаҳони пок

Аз он ҷаҳони дур

Аз Кибриёи нур

Аз он ҷаҳон ки ҳама огозҳо аз ?ст

Як зарра барф мешаму

Меём суроғи ту.

Сабуку ноаён мешинам ба миҷаат…

Аз ҳуснат об мешавам,

Як қатра ҳасратам

Мерезам ба рухсораат,

Ноаён мебусамату

Комёб мешавам…

Фарёд

Аз зулму кинаҳо

Бедоду фитнаҳо

Торикии имон,

Торикии макон,

Аз сарзамини ширк,

Аз мардумони чирк,

Фасоди ҳар қадам,

Аз қаҳтиҳои барқ,

Аз қаҳтиҳои ишқ,

Он ҷо ки модарон, маҳруми иззатанд,

Фарзандҳо дигар,

 Нишони маломату миннатанд,

Дар фикри ҳиҷратанд.

Як шаҳр ҳама рустоист,

Як шаҳр пури русвоист,

Бегонапарастонанд,

Раққосаи давронанд,

Дилгир шудам ё Раб,

Лутфе кун,

Наҷотам деҳ. 

Ҳозир

Андеша нест,

Ақида нест,

Имони зиндагӣ заиф…

Парвардигоре, ки шабеҳи худ,

Инсонро босаодату сарфароз офарид,

Фаромӯш шудааст…

Имрӯз одамон аз ёд бурдаанд, ки яке будан аст,

Яке фикру хаёли будан.

Ҳама ҷо нолаву шикоят аст,

Номи фиребу фасоду гадоӣ моҳирист.

Фолу ҷоду ифтихору соҳирист.

Норозӣ аз гузашта,

Зеро самаре нест…

Дар орзуи он ки дар оянда самаре хоҳад буд.

Яъне имрӯз,

Ҳозир,

Сарфи назар аст.

Ғофил аз он ки

ЗИНДАГӣ ҳамин дам, ҳамин лаҳза, ҳамин ҳозир аст.

…Ман дар зимистонам

Баҳор омад, вале ман дар зимистонам.

Яхи навмедиям имсол ҳам нашкаст.

Сияҳгӯши сияҳабру,

Ҳанӯз ҳам бӯи барф дорад,

Ба дил андуҳи жарф дорад.

Аз ин шодии содда,

Ин хушбовариҳо

Сахт ҳайронам.

Ва сардии нигоҳи бевафоён баста қабзаи ҷонам.

Ғами садҳо ғариби аз Ватан дур мехӯрад қалбам,

Ки муҳтоҷи баҳор он ҷо

Бебарганд.

Ғамбемору дар дами марганд.

Ғарқи зимистонанд

Дар сармои якумрӣ...

Бобунаҳо

Аз осмон

Аз Каҳкашон,

Аз ҳасрати ниҳон.

Аз ишқи яктараф,

Аз ишқи беҷавоб,

Бар дашту куҳсор,

Чу борони навбаҳор,

Ашки ситора рехт.

Шашқатора рехт.

Ҳар қатра ашк, ки рехт,

Бобуна шуд,

Нишони меҳри бериё,

Паёми ишқи кибриё,

Дуруде аз фариштаҳо…

Бобунаҳо, бобунаҳо…

Паррандаҳои муҳоҷир

Дар дуриҳои дур,

Дар сарзамини сард,

Дар сарзамини барф,

Дар сарзамини дард,

Аз зулми Арбобҳои нав,

Сарсону дар ба дар,

Дунболи як луқмаи ғизо

Як пора нони хушк,

Андуҳ дар гулӯ,

Андуҳи зиндагӣ,

Ғами наздикони дур,

Андуҳи бекасӣ,

Андуҳи қаҳту марг,

Ҳамшаҳриҳои муҳоҷири ман,

Фарзандҳои ''Одина'',

''Дохундаҳои''-нав,

Дар гурбатанд

Ғарки азобу заҳматанд.

Паррандаҳои муҳоҷир аз зимистон агар фирор кунанд,

Ҳамшаҳриҳои мардикори ман ба зимистон мераванд.

Рахшон чу барф сафеду дилашон пурумед бод,

Зеро ки баъди зимистони қаҳратун

Ҳатман баҳор мерасад...

Дарди ту

Дар ин ҷаҳон чу ман надорад касе дарди ту,

Мухлиси бовафову ҳаводори фарди ту.

Танҳо на ман, чу мане ҳазор афсари сипоҳ,

Таслими ин масоф ба ними нигоҳи сарди ту.

Гуфтӣ, ки меравию маро мегузорӣ зор,

Таҳдид набуд, даъфатан гуфтиву кардӣ ту.

Сад корвони нав кашидам ба шаш ҷиҳат,

Дар водии муҳаббат нарасидам ба гарди ту.

Муҷиби шодмониву пирӯзиам будӣ,

 Будам фидоиву вафодору марди ту.

Маълумотномаи "Рӯзгор"

Сафарбеки Солеҳ соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1980 бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 1993 Давраи олии Сенариянависон ва коргардонони Маскавро ба итмом расонида, бо дипломи коргардони филмҳои ҳунарӣ ва мустанад фориғуттаҳсил шудааст. Соли 2004 бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қиргизистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Муаллиф ва коргардони 21 филми мустанад ва 4 филми ҳунарист. Дар ҷашнвораҳои Олматӣ, Деҳлӣ, Карелай, Шинай, Теҳрон, Рум, Берлин, Лондон, Нант, Порис, Маскав, Везул, Санкт-Петербург, Боку ва ғайра бо филмҳояш иштирок намуда соҳиби чоизаҳо гаштааст.

Номгӯи филмҳои ӯ: "Жакон", "Ашаглон", "Kобус", "Дар диёри қаҳрамони халқ", "Ба номи Ҳурмуз", "Ҳадди охир", "Мадори ҷустуҷӯ", "Дарё", "Соярушан", "Байни нилуфару вақт", "Гул ба домони диёр", "Ганҷи бодовард", "Ғайриоддӣ"(аз руи ҳикояи Чехов), "Чархофалак", "Ҷазираи умед", "Шоҳнома", "Ангуштари арӯсӣ" (филми ҳунарӣ), "Ҳар рӯз дар набард", "Тақвими интизорӣ" (филми ҳунарӣ), "Нусур", "Ҳамсояҳои наққош" (филми ҳунарӣ).

Бобоҷони Шафеъ, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Шарҳҳо   

 
0 #1 RE: Сафарбеки Солеҳ: Ба Кумитаи радиову телевизион додани соҳаи синамо иштибоҳ будGuest 24.04.2014 17:15
Сўҳбат хеле хуб анчом дода шуда. Ҳамаи чиз ошкора гуфта шудааст. Офарин!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi