07:54:47 09-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ: Мушкилот ҳаст, аммо…

Фарзонаи Сафариён, донишҷӯи соли саввуми факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба унвонии идораи ҳафтанома суҳбати кутоҳеро, ки бо Мирзоғанӣ Мирзорашидов, директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дар бораи фаъолияти имрӯзи аҳли ҳунари театри мазкур доштааст, фиристодааст. Инак муҳтавои онро ба таваҷҷуҳи шумо, хонандагони азизи ҳафтаномаи "Рӯзгор" пешкаш мекунем.

1-teatri-khujandy_4544545.jpg-Мешавад мухтасаран дар бораи намоишномаҳое бигӯед, ки ҳунармандони театр соли гузаштаву имсол манзури алоқамадони театри шаҳри бостонии Хуҷанд кардаанд?

-Бале, соли гузашта ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд "Ҷавонии Мушфиқӣ", "Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо", "Таксисти ошиқ", "Найрангҳои Абдуи Хуҷанд" барин намоишномаҳоро беш аз дигар спектакҳо дар рӯи саҳнаи театр ба намоиш гузоштанд. Пиесаи "Ҷавонии Мушфиқӣ"-ро нависандаи маъруфи русзабоони кишвар Темур Зулфиқоров навишта онро шоираи хушбаёну машҳури мо устод Фарзона ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Онро соли гузашта хатмкардаи ГИТИС-и шаҳри Масква, саррежиссери Театр Қурбон Бобоҷонов рӯи саҳна овард. Дар он 16 нафар ҳунарманди Театр нақш меофарад. Нахустнамоиши он моҳи марти соли гузашта баргузор шуд. Намоишнома дар озмун-фестивали ҷумҳуриявии "Парасту-2013" ширкат варзид ва баҳои хуб гирифт. Муаллифи намоишномаи "Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо" олими маъруфи адабиётшиносамон устод Атахон Сайфуллоев мебошанд.

Онро ҳанӯз се сол пеш саррежиссёри Театри давлатии Данғара Абдулҳафиз Қодиров ба муносибати 100-солагии зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода рӯи саҳна мо оварда буд. Намоишномаи "Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ" ҳанӯз 8 сол пеш дар таҳияи коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов рӯи саҳна оварда шуда буд.

Воқеан пиесаро худи Барзу Абдураззоқов дар асоси яке аз намоишномаҳои машҳури фаронсавӣ ба забони русӣ навишта буд ва онро ҳамон вақти устод Фарзона ба тоҷикӣ тарҷума карда буданд. Ин намоишнома имрӯз ҳам тамошобин худро худро хеле зиёд дорад. Асари драматурги англис К.Рей "Таксисти ошиқ"-ро дар тарҷумаи Саидамин Ҷило Қурбон Бобоҷонов ба саҳна гузошта буд. Асосан ҳамин намоишномаҳо бештар аз дигар спектаклҳо соли гузашта ва имсол ба намоиш гузошта мешуданд.

-Сафарҳои эҷодӣ ҳам доштед?

-Бале, асосан ба шаҳру навоҳии вилояти худамон бо ҳамин намоишномаҳое, ки гуфтам, сафарҳои эҷодӣ доштем. Мардум моро гарм истиқбол мегирифтанд. Чи тавре, ки болотар гуфтам як сафари эҷодӣ ба пойтахти кишвар низ доштем. Дар Душанбе ба ғайр аз "Ҷавонии Мушфиқӣ" инчунин "Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо"-ро низ намоиш додем.

-Буданд мушкилоте, ки боиси ташвиши раҳбарият ва ҳунармандони театр шуда бошанд?

-Албатта мушкилот дар ҳама ҷо ҳаст. Дар мо низ буд ва ҳаст. Вале мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро сари вақт худамон бартараф намоем. Албатта дар ин кор ба мо ҳукумати вилоят ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекунад. Бинобар ин ҳоло аз зикри мушкилоти мушаххас худдорӣ мекунам.

-Аз вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ шумо чӣ интизориҳо доред?

2-teatri-khujandy 4544545-Ба фикри мо вазорати фарҳанг кори худро то он ҷое, ки тавон дорад, иҷро карда истодааст. Мо аз кори вазорат розӣ ҳастем. Ҳамзамон мехостем вазорат ба масъалаи таъмини театрҳо бо кадрҳои ҷавону болаёқат таваҷҷуҳи бештаре зоҳир кунад. Ман ҷавононеро дар назар дорам, ки дар баробари чуқур донистани назарияи театр инчунин таҷрибаи кофии дар саҳна иҷрои нақшҳоро дошта бошанд.

-Воқеан дар худи театри шумо таваҷҷуҳ ба ҷавонон чӣ гуна аст?

-Мо ба ҷавонон аҳамияти лозимиро медиҳем. Ба онҳое, ки бештар аз дигарон лаёқатманданд бо боварии том нақшҳои муҳимро лоиқ медонем. Ҳунармандони таҷрибадорро ба онҳо вобаста кардаем, то ин ки аз таҷрибаи онҳо бархурдор шаванд.

-Аксарияти ҳунармандон аз камбуди тамошобин дар толорҳои театрҳо шикоят мекунанд. Оё дар Шумо низ ин проблема мавҷуд аст?

-Албатта ин проблема имрӯз қариб ки дар ҳамаи театрҳо вуҷуд дорад. Вале ҳар кас кӯшиш мекунад, ки онро ба тарзи худ ҳал кунад. Мо низ роҳҳои гуногуни ба театр ҷалб кардани тамошобинро истифода мебарем. Аммо бояд чунин шавад, ки тамошобин худаш бо хоҳиши худаш ба театр биёяд. Барои он ки чунин кор сурат бигирад аз драматург сар карда то коргардону ҳунарманд ва дигар ходимони театр бояд корҳои хуберо анҷом диҳанд.

-Имсол Театр чӣ нақшаҳое дар пеш дорад?

-Имсол мо ба муносибати 80-солагии ташкилёбии Театрамон ният дорем, ки як фестивали байналмилалиеро созмон диҳем, ки дар он меҳмонон-ҳунармандони театр аз дигар кишварҳо низ ширкат варзанд. Бо ин роҳ мо мехоҳем нишон диҳем, ки Театри Хуҷанд дар ҳаёти театрии ҷумҳурӣ чӣ нақш доштааст.

Омодагиҳо ба ин муносибат дар ҷараён ҳастанд. Ин чорабиниҳо дар шаҳру навоҳии вилоят низ баргузор мегарданд. Саррежиссёри театрамон Қурбон Бобоҷонов ба ин муносибат "Бухорои шариф" ном намошномаеро дар асоси китоби "Ёддоштҳо"-и устод Садриддин Айнӣ рӯи саҳна оварданиянд. Нахустнамоиши он Худо хоҳад 30-юми апрели соли ҷорӣ баргузор мешавад.

-Бароятон муваффақият ва барори кор орзумандем. Ташаккур барои суҳбат.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi