10:21:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Зи назми дилкаши Ҳофиз чакид оби ҳаёт

Ҳафтаи гузашта дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) маҳфили "Ҳофизхонӣ" ба кори худ шуруъ кард. Директори Китобхонаи миллӣ академики АИ ҶТ Носирҷон Салимзода дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиши алоқамандон ва дӯстодорони каломи маъруфтарин шоири форсзабони олам "Лисонулғайб" Ҳофизи Шерозӣ иброз дошт, ки ин дуввумин маҳфиле мешавад, ки аъзои он пайваста дар  КМТ гирди ҳам омада рӯзгор ва осори яке аз шоирони бузурги форс-тоҷикро ба риштаи баҳсу таҳлил мекашанд.

10 hofizkhoni 2014Муддатест дар ин китобхона маҳфили "Мавлавихонӣ" идома дорад. Инак маҳфили "Ҳофизхонӣ" ҳар сари чанд вақт ошиқони ғазалиёти Ҳофизи малакутиро сарҷамъ месозад. Аз ин ба баъд рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа дар КМТ рӯзҳои маҳфилҳои "Мавлавихонӣ" ва "Ҳофизхонӣ" хоҳанд буд. Гардонандаи суҳбат дар маҳфили "Ҳофизхонӣ" шоир ва мунаққиди маъруфи кишвар Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ Аскар Ҳаким мебошад.

Дар ҳамоиши нахустини ин маҳфил нахустин ғазали девони Ҳофизи Шерозӣ "Ало ё аюҳассоқӣ адир каъсан ва новилҳо" мавриди таҳлил ва баҳсу мунозираи ҳозирин қарор гирифт. Олимон ва донишмандони илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурӣ, аҳли зиё, ки дар ин маҳфил ширкат доштанд, азҷумла устодон профессор Абдунабӣ Сатторзода, профессор Аслиддин Низомов, профессор Бобоназар Бобохонов, донишмандони маъруф Ҷамолиддин Саидзода, Шарифмурод Исрофилниё, Шодибеки Сӯфӣ, шоири маъруф Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоири эронии муқими Тоҷикистон устод Муҳаммадризои Тоҷдинӣ ва дигарон фикру андешаҳои ҷолиберо оиди ин ғазал ва дигар паҳлуҳои эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ иброз доштанд. Хабарнигори "Рӯзгор" аз ин маҳфил гузориши мусаввареро омода сохтааст, ки ҳамакнун пешкаши хонандагони арҷманди ҳафтанома мегардад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №15, 16 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi