18:12:40 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Дили оча ба бача, дили бача ба кӯча"

Қурбоналӣ Раҳмонов аз ҷумлаи он ҳофизони насли калонсол аст, ки ҳамеша дар пайи эҷодкорист, дар пайи ҷустуҷӯҳост, дар пайи шод кардану ва аз ҳама муҳимаш дар пайи тарбия намудани мухлисони сершумори худ аст.

1-qurbonali 548998989Бале, тарбия кардани алоқаманди шеъру наво яке аз вазифаҳои асосии овозхон ба шумор меравад. Қурбоналӣ беш аз чил сол аст, ки рӯи саҳна ҳунарнамоӣ мекунад ва тӯли ин муддат лаҳзае ин рисолати худро фаромӯш накардааст. Мо ин ҷо дар бораи таронаҳои ватандӯстиву меҳанпарастии ӯ чизе намегӯем. Ин мавзӯи ковишҳои алоҳида аст барои мусиқишиносону муттахассисони соҳаи ҳунари мусиқӣ.

Мо ҳатто дар бораи он заҳматҳое, ки Қурбоналӣ ба ҳайси раҳбари ансамбли рақсиву таронаи "Сомон" ҳини таҳияи барномаҳои махсус барои таблиғи осор ва аҳволи намояндагони барҷастаи адабиётамон Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва асосгузори мазҳабамон Имоми Аъзам кардааст, чизе намегӯем. Ин шоҳкориҳо низ сазовори онанд, ки ҳар яке омӯхта шаванду таҳқиқ гарданд.

Мо мехоҳем ин ҷо чанд сухане дар пасманзари як барномаи телевизионии ӯ, ки рӯзи 8-уми март рӯзи Модар бо номи "Модарнома" аз телевизиони "Сафина" пахш шуд, гуфта бошем. Дар дунё шояд овозхоне нест, ки дар бораи модар суруд нахонда бошад. Аз ҷумла овозхонҳои тоҷик қариб ҳама васфи модарро сурудаанд. Қурбоналӣ аз ҷумлаи он овозхонҳоест, ки бо суруди "Модар" ба рӯи саҳна омадааст. Нахустин сурудеро, ки ӯ дар саҳнаи калон хондааст, суруди "Ма қурбони сару пои ту мешам, модари ман" ном таронаи оҳангсози машҳури Афғонистон Шоҳвалӣ Валии Таронасоз буд, ки онро сароянда ва донишманди маъруф Ҷӯрабек Назриев аз Афғонистон аз як сафари хидматияш ба армуғон оварда буд.

2-qurbonali 548998989Вақте, ки онро Қурбоналӣ ҳангоми талабаи синфи 9 будан бори аввал аз саҳнаи Театри давлатии опера ва балети устод Айнӣ дар як озмуни ҷумҳуриявӣ суруд, оҳангсози маъруфи кишвар шодравон Фаттоҳ Одинаев дар ҷамъбасти озмун аз суруд ва ҳунари сарояндагии Қурбоналӣ тамҷид кард ва ибрози боварӣ намуда буд, ки Қурбоналӣ дар оянда яке аз овозхонҳои маъруфи кишвар хоҳад шуд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Қурбоналӣ баъди сурудани нахустин таронааш дар васфи модар боз сурудҳои зиёди дигаре дар ин мавзуъ таҳия ва эҷод кард.

Ва чи тавре, ки мебинем бо ин ҳама қонеъ набудааст. Ба хазинаи "Ҳафт ганҷ"-и худ (барномаҳо аз осори Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румии Балхӣ, Бедил, Имоми Аъзам, Иқболи Лоҳурӣ, Абулқосим Лоҳутӣ) ганҷи наверо бо номи "Модарнома" ворид кард. Дар ин барнома 12 оҳанги эҷодкардаи Қурбоналӣҷой дода шудааст. Матни ин таронаҳо асосан ё аз эҷодиёти даҳанакии халқ гирифта шудаанд, ё онҳоро бо хоҳиши Қурбоналӣ Раҳмон шоирони шинохтаи таронанависи тоҷик Хайрандеш ва Нуруллоҳи Ориф бар пояи шеъру зарбулмасалҳои халқӣ эҷод кардаанд. Таронаҳо бар ашъори дигар шоирон низ дар ин барномаи консертӣ истифода шудаанд.

Як ҷиҳати фарқкунандаи ин барномаи консертии Қурбоналӣ аз дигар барномаҳои консертиаш дар он буд, ки дар тӯли намоиши "Модарнома" дар фосилаи байни сурудҳо худи Қурбоналӣ зери навои оҳангҳои марғуб панду андарз ва ашъори писандидаеро аз шуарои маъруф дар васфи модар қироат мекард, ки ба ҳусни барномааш ҳусн зам менамуд.

Овозхонҳои ансамбл Нигина Холмуродова, Заррина Ҳошимова, Абдувалӣ Қурбонов, Насруллоҳ Амонов, Заррина Абдураҳимова, Гулҷаҳон Иброҳимова, Сафар Раҳмонов, Шоира Раҳимова, Азизмурод Бобиев таронаҳои худро бо як маҳорати баланду эҳсоси самимӣ суруданд. Ҳамин буд, ки рӯзҳои дигар ин намоиш бо хоҳиши тамошобинони сершумор борҳо такрор ба такрор дар оинаи нилгун ба намоиш гузошта шуд.

3-qurbonali 548998989Ба иттилои масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон баъди баргузории ин намоиши телевизионӣ заҳматкашони шаҳру навоҳии атрофи пойтахт ва ҳатто аз водии Рашт тавассути зангҳои телефонӣ аз онҳо хоҳиш кардаанд, ки ансамбли "Сомон"-ро бо ҳамин барномаи консертиашон ба шаҳру навоҳии онҳо ба гастрол бифиристанд. Вазорати фарҳанг бо дар назардошти хоҳиши мардум барои ба вуқуъ пайвастани чунин як сафари эҷодӣ ба ансамбли "Сомон" барои баргузории ин сафар мусоидат кардааст.

Ҳунармандони ансамбли "Сомон" дар авохири моҳи март ба навоҳии Ваҳдату Рӯдакӣ, Рашту Ҳисор сафарҳои эҷодӣ доштанд ва як барномаи консертиро рӯзи 4-уми апрел барои алоқамандони мусиқии пойтахт дар Кохи Ҷомӣ, ки моломоли тамошобин буд, пешкаш карданд. Дар ҳама ҷо асоси барномаи консертиро намоишномаи "Модарнома" ташкил медод. Мардум онро дар ҳама ҷо хуш истиқбол мегирифтанд-, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори "Рӯзгор" Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов. "Аз дидани кафкӯбиҳои пурмавҷу чеҳраи шоди мардум мо руҳу илҳоми тоза гирифта мехоҳем боз аз пештара бештар ва хубтар эҷод кунем".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №14, 09 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi