04:01:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Моҳпайкар Ёрова: "Мегӯянд, ки нақшҳои манфиро бозӣ накунам, аммо…"

Моҳпайкар Ёрова бо иҷрои нақшҳои гуногун дар театру синамои тоҷик имрӯз яке аз маҳбубтарин ҳунарпешагони насли нав ба шумор меравад. Ӯ соли 1970-ум дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодаву баъди хатми мактаби миёна дар пойтахт таҳсилашро дар Институти театрии шаҳри Маскав ба номи Шепкин идома додааст.

mohpaekar-yorova-010201Баъди итмоми таҳсил ба Душанбе омада, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба фаъолият пардохтааст. То имрӯз дар саҳнаи ин театр ва синамои тоҷик нақшҳои зиёдеро офаридаву қалби ҳазоронро тасхир кардааст. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман бо Моҳпайкар Ёрова перомуни фаъолияти эҷодӣ ва зиндагии ин бонуи ҳунарманд суҳбате ороста, ки онро пешниҳоди Шумо менамоем.

-Шумо имрӯз аз ҳунарпешаҳои маъруфи театру синамои мо маҳсуб меёбед. Шояд хонандаи "Рӯзгор" донистан хоҳад, ки соли сипаригардида, яъне соли 2013-ум барои Моҳпайкар Ёрова чӣ гуна сол буд?

-Соли гузашта барои ман соли хотирмону соли муваффақиятҳо буд. Зеро дар ин сол ман ба Ифтихорномаи Раисиҷумҳури кишвар сазовор гардидам. Ҳамчунин дар як намоише, ки коргардон Нозим Меликов барои кӯдакон рӯйи навор оварда буд бо номи "Чароғи сеҳрноки Аловиддин" нақш офаридам. Ба хориҷ аз кишвар ҳам сафарҳои ҳунарӣ доштам ва дар як филми муштараки Русия ва Туркия, ки дар кишвари Краснодар рӯйи навор омад, нақш офаридам.

-Ин филм чӣ ном дошт ва Шумо дар он чӣ нақшро иҷро намудед?

-Ин филм "Турецкий транзит" ном дошт ва дар он ман яке аз нақшҳои марказӣ-нақши Оишаро офаридам. Ин нақши як хонуме буд, ки солиёни зиёд дар Бухоро зиндагӣ намудаву баъдан бо як марди турк арӯсӣ мекунад ва сипас меояд Туркиё, шаҳри Истамбул. Албаттта, иҷрои нақш дар ин филм ҳамчун ҳунарманд барои ман як комёбӣ буд.

ҷиб аст донистани оне ки Шуморо чӣ гуна даъват карда бошанд барои нақшофарӣ дар як филми муштараки Русияву Туркия. Шояд ошно бошанд бо ҳунари актёрии Шумо?

- Дар Тоҷикистон сомонае дар нишонии kinoart.tj/ru фаъол аст, ки дар он дар бораи ҳамаи ҳунармандони мо маълумоти мухтасар бо чанд аксашон ҷо дода шудааст. Ва коргардониҳои хориҷӣ чун хоҳиши ҳамкорӣ кардан бо ҳунармандони тоҷикро дошта бошанд, аз ин сомона дидан мекунанд ва аз рӯйи аксу нақшҳои офаридааш актёри лозимиашонро барои иҷрои ин ё он нақш интихоб менамоянд. Соли 2011-ум ба воситаи ин сомона маро барои нақшофарӣ дар филми "Золотой запас" ё худ "Хазинаи тиллоӣ" ба Украина даъват карда буданд. Ман дар ин кишвар давоми якуним моҳ дар сабти ин филмнома ширкат доштам ва дар ин филм нақши як бонуи афғонро офаридам. Ва коргардони ҳамин филм буд, ки соли гузашта маро ба филми дуввумаш барои бозигарӣ даъват кард. Ин шояд аз оне бошад, ки нақшофарии ман ба ӯ ҳамчун як коргардон писанд афтида ё худ ӯро қонеъ кардааст.

-Дар филмҳои тоҷикӣ ҳам бинанда дар ин чанд соли ахир Шуморо хеле зиёд мебинад. Интихоби Шумо чӣ гуна аст? Масалан, ба ҳар филме, ки даъват мекунанд, меравед ё аввал ба филмнома ва муҳтавои филм шинос мешаведу баъдан тасмим мегиред?

mohpaekar-yorova-010202-Дар рӯйи мизи кории ман чандин сенарияҳое хобидаанд, ки коргардонҳо ба ман, барои шинос шудану баъдан нақш офаридан дар онҳо пешниҳод кардаанд. Ман барои бозигарӣ дар филми коргардонҳое розӣ мешавам, ки дар ҳақиқат мактаби синаморо гузаштаанд. Аммо чизи дигар ҳам ҳаст, ки бо як маоши театр зиндагиро пеш бурдан имкон надорад ва аз ин рӯ гоҳе маҷбур мешавам, ба филмҳое раваму нақш офарам, ки худам ҳам намедонам, онҳо хуб мебароянд ё бад.

Чунки ман ду писар дорам ва онҳоро бояд хуб тарбияту таъмин намоям. Аз ин сабаб ҳолатҳое ҳам мешавад, ки барои нақш офаридан дар филмҳои на он қадар хуб ҳам розӣ мешавам. Дигар илоҷе ҳам нест. Аз дигар ҷиҳат, барои ман ҳамчун ҳунарманд ин ҳам як дарс аст.

-Аммо кадом нақш ё худ кадом коргардони ҷавон буда, ки кор бо ӯ ва нақшофарӣ дар филми ӯ Шуморо ҳамчун ҳунарманд қонеъ карда тавониста?

- Аслан ман он филмҳоеро, ки худам дар онҳо нақш офаридаам, на он қадар хоҳиши тамошо кардан дорам. Аммо ба ҳар сурат барои ман нақшофарӣ дар филми "Ормонҳо", ки онро коргардони ҷавону хеле боистеъдод Муҳиддин Ҷӯраев рӯйи навор оварда, хотирмон буд. Кори онҳо ҳаноми филмбардорӣ, самимияту садоқати онҳо нисбат ба ин пеша, муносибату рафторашон бо ҳунармандон барои ман ҳамчун як ҳунарпеша бисёр хушоянд буд.

Вақтеинҳамародидам, бамаблағдоданёнадоданионҳотаваҷҷуҳнакарда, розӣшудам, кидарфилмашоннақшофарамваазинпушаймонҳамнестам. Дар ҳамин филм саҳнаеро бояд дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ сабт мекардем. Муҳиддин маро барои чанд лаҳза байни инсонҳои бемориҳои руҳӣ дошта гузошт ва то ҳол дар ёдам ҳаст, ки дар он ҳолат ба сари ман чӣ ҳодиса рух дода буд. Ман то имрӯз аз ин лаҳзаҳо ёдоварӣ мекунам ва афсӯс ҳам намехӯрам.

-Шумо дар филми "Журналист" ва чанд филми дигар нақши зани сабукпоеро бозӣ кардаед. Баъди иҷрои ин гуна нақшҳо дар кӯчаву хиёбонҳо мардум ба Шумо бо чашми бад ё худ бо таънаву як навъ нафрат нигоҳ намекунанд? Зеро, агар хато накунам ҳамин гуна як ҳолат ба нафаре аз ҳунарпешаҳои мо рух дода буд…

-Не, шукрона мекунам, ки не! (механдад). Шояд аз он сабаб, ки қабл аз ин гуна нақшҳо, онҳо маро дар нақшҳои модарони раҳмдил, модарони ғамдида дида буданд. Аммо, баъди иҷрои нақше, ки дар филми "Журналист" буд ё нақши модари ӯгай дар филми "Убури сангин" мухлисонам занг мезаданд ё тариқи сафҳаҳои иҷтимоӣ менавиштанд, ки "мо намехостем, ки Шуморо дар чунин нақшҳои бад бубинем". Аммо ман ин гуна эродҳоро чу як баҳои баланд қабул мекунам. Яъне, ин гуна эродҳо далели он ҳастанд, ки ман аз уҳдаи иҷрои ин нақш хуб баромадам ва тамошобин ба он бовар карду дар дилаш нисбати ҳамин хел инсонҳо нафрат пайдо кард.

-Аммо ман ҳамчун як бинанда ба он назар ҳастам, ки Шумо дар офаридани нақшҳои манфӣ мумтозтаред…

-Барои чӣ? (механдад)… Медонед чӣ, нақши мусбатро офаридан осонтар аст назар ба манфӣ. Боз ман аз коргардонҳои ҳам театри худамон ва ҳам синамо ҳамеша хоҳиш мекунам, як нақше ба ман диҳед, ки гиряву нола надошта бошад. Зеро ин ҳунармандро хаста мекунад. Зеро фақат нақи модарро бозӣ кардан ин барои ҳунарманд бохт аст. Кас ба якрангӣ одат мекунад ва якрангӣ марги ҳунар аст.

-Ба ҳар сурат, Шумо ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, дар офаридани симои модарони ғамдида хеле ҳунари хуб доред. Ин чиз ба зиндагии шахсии Шумо ҳам шояд рабт дошта бошад? Зеро ин гуна нақшҳоро ба ин самимияту фидокорӣ ҳамин тавр саҳлу сода офарида намешавад.

-Дуруст, вале як чизи дигар ҳаст, ки ягон одам наметавонад ҳамеша, тамоми умр хушбахт бошад. Пастиву баландиҳои зиёде ҳастанд дар зиндагӣ ва бояд ҳамаи онҳоро паси сар намоӣ. Лекин вақти иҷрои нақш ман комилан вориди дунёи ҳамон симои меофаридаам мешавам. Агар нақши модари бечораеро меофарам, ман тамоми дардҳои ӯро дар ботини худ ҳис мекунам, дарк мекунам. Баъдан ман падару модарамро хеле барвақт аз даст додаам ва ин ҳам шояд ба ман таассуроте дошта бошад. Шояд ҳамин ҳаст, ки оби дидаи ман бе истифодаи пиёз ё худ "гилецирин" ҳам вақти иҷрои нақш шашқатор мешавад. Ва он гиряҳо самимӣ аст.

-Тафовути байни саҳнаи театр ва синаморо барои як ҳунарпеша дар чӣ мебинед?

mohpaekar-yorova-010203-Вақте ба саҳнаи театр мебароӣ, нафаси тамошобинро ҳис мекунӣ ва ӯро фиреб дода намешавад. Дар театр ту зинда дар саҳна ҳастӣ. Ягон рафтор ё худ ҳаракати ту аз чашми тамошобин дур намемонад. Дар синамо асос чашм аст. Яъне, ту бояд тамоми ҳиссиёти образеро, ки бозӣ мекунӣ, бо чашмат баён карда тавонӣ. Чашми ту ҳамон дард ва ё худ ҳамон ҳиссиётро бояд инъикос карда тавонад.

-Ҳунарпешагони насли калонсоли мо ба адабиёт таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ин нуктаро пайваста дар суҳбатҳояшон ҳам таъкид мекунанд. Шумо ҳам ба адабиёти бадеӣ таваҷҷуҳ доред? Дар ин чанд соли охир китоби кадоме аз нависандагони тоҷикро хондеду писандатон афтид?

-Ман чанд ҳикояи "Сармаддеҳ"-и Баҳманёрро хондаму писандидам. Бояд бигӯям, ки фаҳмидани чандин калимаҳояш барои ман то андозае душвор буд. Лекин ба ман бисёр писанд омад ва ба яке аз коргардонҳои ҷавон Абдулҳай Зокиров пешниҳод кардам, ки хонад ва агар имкон аст, аз онҳо филме ба навор бигирад. Баъди чанде Абдулҳай гуфт, аллакай чанд ҳикояро барои филмнома интихоб кардааст, аммо барои рӯйи навор овардани онҳо маблағ нест.

-Бо кадоме аз коргардонҳои тоҷик мехоҳед дар оянда ҳамкорӣ дошта бошед?

-Бо Барзу Абдураззоқов ва Султон Усмонов. Мехоҳам дар намошномаҳое, ки онҳо ба саҳна мегузоранд нақш офарам.

-Хуб, ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi