17:42:14 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"Пирӯзинома"-и Абӯалӣ ибни Сино

"Пирӯзинома"-ро Абӯалӣ ибни Сино аз забони паҳлавӣ ба порсии дарӣ баргардонидааст. Дар китоби "Кашф-уз-зунун"-и Ҳоҷӣ Халифӣ нақл аст, ки ин асарро Бузургмеҳр барои Анӯшервон навиштааст ва онро Абӯалӣ ибни Сино ба амри Нӯҳ ибни Мансур ба порсии дарӣ тоҷикӣ дар соли 997 мелодӣ тарҷума кард. Дар «Шоҳномаи»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ ишораҳо ба панду андарз гуфтани Бузургмеҳр дида мешавад.

abu-ali-45544554Дар шакли муколама суолу ҷавоб навишта шудани он ҷолиби диққат аст, чунки он барои адабиёти асри Х маъмул нест. Умед аст, ки мутолиаи он ба андозае донишу ҳуши хонандаро афзуда, сипоси эҳтироми олиму донишманди муқтадири тоҷикро ба ҷо меорад. Дар рӯзгори Анӯшервони Одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳакимони он аср ҳама эътиқодманд ва парҳезгор буданд.

Як рӯз Нӯшервон Бузургмеҳрро талаб карда гуфт:

Мехоҳам сухане чанд муфид, лафзгуфтор андак, маънии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунёву уқбо судманд бошад. Бузаургмеҳр яқ сол мӯҳлат хост ва ин суханонро ҷамъ кард ва "Зафарнома" ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бурд. Ӯро хуш омад ва шаҳреро бо мулкҳои хусусии ӯ илова кард ва фармуд, ки ин суханонро бо оби зар навиштанд. Доим бо худаш онҳоро нигоҳ медошт ва бисёр вақт ба мутолеаи ин китоб вақти худро сарф менамуд.

Бузургмеҳр забон ба сухан кушода гуфт:

-Аз устоди худ мепурсидам ва ӯ мегуфт:

Гуфтам:

-Эй устод, аз Худо (ҷ.ҷ) чи хоҳам, ки ҳамаи некӯҳо хоста бошам?

Гуфт:

Се чиз: тандурустиву эминӣ ва тавонгарӣ.

Гуфтам:

-Корҳо ба кӣ супорам?

Гуфт:

-Ба он кас, ки хештан шоиста бошад.

 Гуфтам:

-Аз кӣ эмин бошам?

Гуфт:

- Аз дӯсте, ки ҳасадхӯр набошад.

Гуфтам:

-Чи чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?

Гуфт:

-Илм омӯхтан ва ба ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан.

Гуфтам:

- Кадом айб аст, ки назди мардум мӯътабар намояд?

Гуфт:

-Ҳунари худ гуфтан.

Гуфтам:

-Чун дӯсти ношоиста падид ояд, чӣ гуна аз вай бибояд бурид?

Гуфт:

Ба се чиз: ба зиёрату диданаш кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан.

Гуфтам:

- Корҳо ба кӯшиш вобаста аст ё ба қазову тақдир?

Гуфт:

ӯшиш қазоро сабаб аст.

Гуфтам:

- Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ накӯтар?

Гуфт:

- Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ.

Гуфтам:

Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор бошам?

Гуфт:

- Аз мардуми чоплус хушомадгӯи фиребанда ва хасис, ки тавонгар шуда бошад.

Гуфтам:

Сахӣ кист?

Гуфт:

- Он кас, ки саховат кунаду дилшод шавад.

Гуфтам:

- Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯяду касе онро ба тамомӣ наёфтааст?

Гуфт:

 - Се чиз: тандурустиву шодӣ, дӯстӣ ва мухлис.

Гуфтам:

- Некӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?

Гуфт:

- Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи некӯиҳост.

Гуфтам:

- Ҳеҷ ҳунар бошад, ки айб шавад?

Гуфт:

- Саховате, ки бо миннат бувад.

Гуфтам:

ӣ чиз аст, ки донишро биафзояд?

Гуфт:

- Ростӣ.

Гуфтам:

-Ранҷ аз чист?

Гуфт:

-Аз танҳоӣ.

Гуфтам:

- Чист, ки ҳамият-номусро барад?

Гуфт:

- Тамаъ.

Гуфтам:

- Дар ҷаҳон, чи нектар аст?

Гуфт:

-Тавозуъ- хоксории беминнат ва саховат, на аз баҳри мукофот.

Гуфтам:

- Дар ҷаҳон чӣ зишттар аст?

Гуфт:

- Ду чиз: тундӣ аз подшоҳон ва бахилӣ аз тавонгарон.

Гуфтам:

- Асли тавозӯъ чист?

 Гуфт:

Рӯй тоза доштан ва ба охир аз худ хуш будан.

Гуфтам:

- Тадбир аз кӣ пурсам?

Гуфт:

- Аз он кас, ки се фазилат дар он бошад: -покию муҳаббати некон ва дониши тамом.

Гуфтам:

Некӯӣ ба чанд чиз тамом шавад?

Гуфт:

- Ба тавозӯи бетавқеъ-ҳукм ва саховати беминнат ва хидмати беталаби мукофот.

Гуфтам:

- Чист, ки дигарон аз он мустағнӣ (бениёз) нест?

Гуфт:

- Се чиз: хирадмандро мушовират бо доноён ва марди ҳарб (ҷангӣ), агарчи нерӯманд бувад аз ҳилаю бозӣ ва зоҳид, агарчи парҳезгор бошад, аз ибодат.

Гуфтам:

- Чист, ки мардумон ӯро бад-он дӯст доранд?

Гуфт:

 - Се чиз: дар муомила ситам накардан ва дурӯғ нагуфтан ва бо забон касеро наранҷондан.

Гуфтам:

- Агар илм омӯзам чӣ ёбам?

Гуфт:

- Агар хӯрд бошӣ, калону номдор гардӣ, агар муфлис бошӣ, тавонгар гардӣ ва агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.

Гуфтам:

- Мол аз баҳри чӣ бошад?

Гуфт:

- То ҳақҳои мардум аз гардани хеш бигзорӣ ва захира аз барои падару модар бифиристӣ, дар роҳи Худо масраф кунӣ ва душманро дӯст гардонӣ ва бо дӯсту душман мувосо кунӣ.

Гуфтам:

- Ҳеҷ чизе набошад, ки нахӯранду танро суд дорад?

Гуфт:

- Суҳбати некон ва дидори ёру ҷомаи нарм ва ҳаммоми муътадил ва бӯи хуш.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?

Гуфт:

- Он ки неъмати дунё ба уқбо нагузинад.

Гуфтам:

-Тавонгартар кист?

Гуфт:

- Он ки аз ақл тавонгартар аст.

Гуфтанд:

- Шараф чист?

Гуфт:

- Воҷиб гардонидани мунтаҳои хеш дар гардани мардумон.

 Гуфтанд:

- Чист, ки онро ҷӯянд ва касе надонаду нашиносад?

Гуфт:

- Оқибати корҳо.

Гуфтанд:

- Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?

Гуфт:

- Ҳасад.

Гуфтанд:

- Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?

Гуфт:

- Адл.

Гуфтанд:

-Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?

Гуфт:

- Сабр

Гуфтанд:

-Кадом ширинӣ бошад, ки охир талх гардад?

Гуфт:

- Шитоб

Гуфтанд:

- Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?

Гуфт:

-Номи нек.

Гуфтанд:

- Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дӯстон гиромитар аст?

Гуфт:

- Нафс.

Гуфтанд:

- Кадом беморист, ки мардум аз илоҷи он оҷиз ояд?

Гуфт?

- Аблаҳӣ.

Гуфтанд:

- Кадом балост, ки мардум аз он бало нагурезанд?

Гуфт:

- Ишқ.

Гуфтанд:

- Кадом баланди аст, ки аз ҳамаи пастиҳо пасттар аст?

Гуфт:

- Кибру ғурур.

Гуфтанд:

- Кадом пироя аст, ки бар марду зан некӯест?

Гуфт:

- Ростиву покӣ.

Гуфтанд:

- Хоб чист?

Гуфт:

- Марги сабук.

Гуфтанд:

- Марг чист?

Гуфт:

- Хоби гарон.

Гуфтанд:

- Чӣ чиз аст, ки ҳамаи хуррамӣ аз ӯст?

Гуфт:

- Сухани бузургон.

Гуфтанд:

- Он чӣ роҳ аст, ки вайро ҳеҷ рӯи офият нест?

Гуфт:

- Зулм бар мазлумон ва бечорагон.

Фароҳамсоз: С. Шарифов, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi