17:15:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони дуздҳо – III

ё қиссаи талхи аввалин «вор в законе»-и Осиёи Марказӣ

Мирсаид Миршакар, Шоири халқии Тоҷикистон

Албатта, агар писари Зайнаббибӣ буданамро мефаҳмиданд, маро озод мекарданд, аммо ман нахостам, ки номи модари шаҳидамро доғдор кунам. Синну соламро кам кардам. Шоҳиди ман бадани заифи ман буд. Маро бо бачаҳои дигар ба хонаи бачагон фиристоданд. Бо ҷойи он, ки аз ин рафтори баду номатлуби худ хулосае барораму аз роҳи хато баргардам, баръакс, шаш бачаи дигарро гумроҳ карда, анбори хонаи бачагонро задем.

sultoni-duzdho-45124578Ҳар кадоми мо дутоиву сетоӣ кампал ба чанг дароварда гурехтем. Дар роҳ онҳоро фурӯхтем. Ба ягон ҷойи дуре гурехтан лозим буд, аммо дар назди деҳаи Хонақоҳи Ҳисор дастгир шудам. То дубора ба даст наафтодам, дар соли 1935 аз Сталинобод (алҳол шаҳри Душанбе) рафтам. Дар Когон занаке маро дастгир карда, ба сағирхона бурд.

Дар он солҳо барои тарбияи бепарасторон комиссияҳо дар кӯчаву вокзалҳо мегаштанд, бачагони бепарасторро дастгир карда, ба хонаи бачагон месупориданд. Ҳамин занак ҳам узви  яке аз ҳамон комиссияҳо буд. Вай маро ба сағирахона бурда, чӣ қадар панду насиҳат кард. Гумон мекард, ки суханони модаронаи ӯ дар дили сангини ман ҷо мешаванд. Вай хато карда буд. Баъди се рӯз бо чор бачаи дигар ба Каркӣ ва аз он ҷо ба Тирмиз гурехтем.

Баҳори соли 1936 баргашта ба шаҳри Сталинобод омадам. Аз нав ба Кумитаи Иҷроияи Марказии  РСС Тоҷикистон муроҷиат кардам. Ин дафъа ба ҷойи ёрии пулӣ маро ба ҳайси тарбиягиранда ба қисми ҳарбии тоҷик фиристоданд. Аз он ҷо ҳам гурехтам. Рост ба Маскав рафтам. Дар Маскав ба намояндаи доимии Тоҷикистон муроҷиат карда, фаҳмондам, ки маро ба хондан фиристодаанд, дар роҳ пулу ҳуҷҷатҳоямро дуздиданд. Пай бурданд, ки дурӯғ мегӯям.

Бо вуҷуди ин, маро ба меҳмонхона бурда, бовар кунонданд, ки ҳама бо хубӣ ҳаллу фасл мешавад. Дар меҳмонхонаи мазкур мудирони магазинҳои баққолии Сталинободу Одесса ҳам истиқомат мекарданд. Аз гап-гапи онҳо фаҳмидам, ки рӯзи гузашта аз ҳамин меҳмонхона ҷомадонҳояшонро дузд задааст. Ман хавф бурдам, ки аз ман шубҳа карда истодаанд. Номаълум баромада рафтам.  Рӯзи дароз дар кӯчаҳои Маскав гаштам. Ду бор пайиҳам ба мавзолей даромада, Ленинро зиёрат кардам…

Бегоҳӣ маро дар вокзал дастгир карда, ба шуъбаи милитсия бурданд. Дар вақти пурсупос гуфтам, ки ман аз Қазоқистонам ва одами бегуноҳам, лекин ҳамин ки пӯшокҳоямро кашидам, нақшҳои холкӯби баданам  сирри маро ошкор карданд. Ба ҷойи ҷазо маро бо се бачаи дигар ба хонае бурданд, либосҳои кӯҳнаи моро гирифта, пӯшокҳои нав доданд ва ба хонаи бепарасторон бурданд. Гап-гап буд, ки рӯзи дигар ба назди мо барои суҳбат худи  Надежда Крупская меояд. Ҳамаи мо бо хурсандии калоне интизори омадани ӯ будем. Барои худ шараф медонистем, ки бо завҷаи Ленин вомехӯрему суҳбат мекунем.

Махсусан  ман, охир,  модарам Крупскаяро нағз медид. Дар ёдам ҳаст, ки сурати ӯро бо худ аз Масква оварда, дар ҷойи намоёне гузошта буд. Ҳар боре ба занҳои ҳамсоя нишон медод ва кӣ буданашро мефаҳмонд. Шодӣ мекардам, ки акнун ӯро бо чашми худ мебинам. Афсӯс, ки ин шараф ба ман муяссар нашуд... Шаб аз кӯча бевақт баргаштам. Мураббияи дағале роҳи маро гирифта, дӯғ зад, ки чаро дер кардам. Ман дар ҷавоб ӯро сахт ҳақорат кардам. Рӯзи дуюм бо милитсия маро ба Қазоқистон фиристоданд. Дар роҳ милисаро фиреб дода, ба Сталинобод гурехтам.

Аз соли 1937  то соли 1939 камаш панҷ бор ба даст афтодам ва ҳар бор исбот мекардам, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидаам. Бовар карда, ба ҷойи ҳабсхона маро ё ба хонаи бачагон ё хонаи бепарасторон мефиристоданд.

Дар аввали соли 1940 маро ба хонаи бепарасторони Березово фиристоданд, аз он ҷо ба Новосибирск. Дар ин ҷо дуздон маро шинохтанд ва хоҳиш карданд, ки ба хонаи онҳо гузарам. Хоҳишашон бечунучаро иҷро шуд. Қартабозиро сар кардем, ҳамаро бой додам. Охирин чизе, ки доштам, кӯрпаам буд. Онро гузоштам, буридам. Бозӣ авҷ гирифт. То пагоҳӣ бозӣ карда, ғолиб баромадам. Аммо вақте ки маро баргашта ба Березево бурданд, дар худи шаби аввал ҳамаро бохтам, лублуч мондам. Якеро ба ҳолам раҳм омад ва поҷомаи кӯҳнааашро ба ман дод. Нимрӯзӣ ба назди мо ҷавонмардеро оварданд. Шалвори зебои ӯ диққати маро ба худ ҷалб кард. Бо дӯғу таҳдид хоҳиш кардам, ки шалворашро ба ман ҳадя кунад. Маҷбур буд, ки хоҳиши маро ба ҷо оварад. Қартабозонро ба назди худ даъват кардам. Бозӣ се шабонарӯз давом кард. Ҳама вақт ғолиби майдон ман будам.

Маро ба комиссияи тиббӣ бурданд. Дар ин ҷо аввалин бор шахсе пайдо шуд, ки ба рӯйи ман нигоҳ карда, масхаракунон гуфт: "Ин ҷо ҷойи бачагон аст, бобои муҳтарам!".

Баргашта маро ба Сталинобод фиристоданд. Дар ин ҷо аз нав "исбот" кардам, ки ман ҳанӯз ба балоғат нарасидаам, духтурони Березево ҳеҷ чиз намефаҳманд.  Рӯзи дуюм мани бисту шашсоларо ба хонаи бепарасторон фиристоданд.

Дар санаи 24 феврали соли 1942 ҳамаи ба балоғатрасидагонро, ки дар байнашон ман ҳам будам, аз комиссия гузаронида, барои кор ба заводе фиристоданд. Азбаски дар он ҷо ҳар кас ба ихтиёри худ монда буд, ба ҳар тараф парешон гаштем.

Рӯзи дуюм дӯстонамамро ҷеғ зада гуфтам: -"Ман султони шумоям, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки соламро кам созам?".  Яке аз онҳо, ки соли таваллудаш 1926  буд, зодномаашро ба ман дод. Маслиҳат шуд, ки барои паспортгирӣ ба Қӯрғонтеппа равам, чунки дар он ҷо дузди таҷрибаноке аст, ки ба воситаи маъшуқааш ба ман шиноснома гирифта медиҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд, лекин баъд аз чанд моҳ сиррам ошкор гардид. Паспортамро гирифта нест карданд. Барои дуздиву қаллобӣ маро ба суд доданд…

Соли 1943 дар ҳабсхона ғавғо бардоштам, ки "Ман ноҳақ ҳабс шудаам. Ман ҳанӯз ба балоғат нарасидаам!…". Маро ба духтур бурданд. Духтур ҳам маҳбус буд. Ӯро тарсондам, ки агар гапи маро тасдиқ накунад, зинда намемонад. Вай аз тарси ҷон розӣ шуд. Баъд аз ду моҳ маро озод карданд, аммо бад аз ду моҳи дигар аз нав ба даст афтодам. Ин дафъа маро ба Хабаровск ва аз он ҷо ба Комсомолск бурданд. Қартабозӣ, арақхӯрӣ, кордзанӣ аз бозиҳои завқовари мо буданд. Дар он ҷойҳо маро чун султони дуздон (вор в законе) ҳурмат мекарданд ва фармонҳои маро бечунучаро ба ҷо меоварданд. Як рӯз пӯшокҳои маро дузд зад. Зуд дуздҳои Осиёи Миёна ва Қафқозро, ки ман султони онҳо будам, ба назди худ ҷеғ зада, фармон додам, ки дар байни даҳ дақиқа либосҳоямро ёфта диҳанд. Фармон бетаъхир иҷро шуд…

Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ба охир расид. Фашизми Германия торумор гардид. Барои маҳбусоне, ки бо заҳмати ҳалоли худ ба фронт ёрӣ мерасониданд, афви умумӣ эълон шуд. Онҳо хурсандона ба хонаҳои худ рафтанд. Ман дар байни онҳо набудам. Ҳамин тавр шуданаш даркор буд, чунки дар давоми ду сол панҷ бор гурехта, ба даст афтода будам, ба замми ин, кор кардан ҳам намехостам. Танҳо соли 1953 аз ҳабс озод шудам. То моҳи май дар шаҳри Қаршии Ӯзбакистон зиндагонӣ кардам ва дар охири моҳи май ба Сталинобод баргаштам.

Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон дар кӯча бо Муқим Султонов- қаҳрамони ҷанги гаражданӣ, ҳамоне  ки  қӯрбошӣ Иброҳимбекро дастгир намуда буд, вохӯрдам. Вай бисёр хурсанд буд, ки писари Зайнаббибиро зинда мебинад. Бо ҳаяҷон аҳволпурсӣ кард. Ман ба пурсишҳояш росту дурӯғ ҷавоб медодам. Вай хоҳиш кард, ки бегоҳӣ ба ҳавлии ӯ оям, меҳмонаш шавам. Бечора мӯйсафед кай медонист, ки ман акнун сазовори номи зани ҷасур Зайнаббибӣ нестам. Ман дуздам, дузди одӣ ҳам не, султони дуздон ва ҳатто дузд дар байни дуздҳо. Ӯ намедонист, ки ман навакак аз дуздӣ баргашта, ба "шикор"-и навбатӣ  рафта истодаам.

Мӯйсафеди сода эҳтимол дурру дарозе дар интизорам нишаста буд. Охир, вай хабар надошт, ки баъд аз хайрухуш бо вай, дере нагузашта буд, ки маро дастгир карда, ба "меҳмонӣ"-и шуъбаи милитсияи шаҳрӣ бурданд. Ин дафъа маро ба 15 сол ҳукм карданд. Бинобар бад будани саломатиям маро аз ҳабс озод карданд ва умедвор буданд, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳо ман дуздиро бас мекунам ва ба коре, ки ҳам ба ман ва ҳам ба ҷамъият фоида расонад, машғул мешавам. Лекин рӯзи дуюм аз нав ҳангоми дуздӣ ба даст афтодам.

Баъд аз ду сол аз ҳабс озод шуда, ба Украина рафтам. Дили пажмурдаи ман якбора дар суроғи маҳбуба афтод. Хостам, ки лоақал рӯзҳои охирини ҳаётамро чун инсон гузаронам. Дар Украина ба зане, ки пеш бо ӯ ошноӣ доштам, хонадор шудам. Хонаи вайро фурӯхта ба Сталинобод омадем. Аз Сталинобод ба Кӯктош кӯчидем. Занам дар шифохонаи ноҳиявӣ ба кор даромад. Маоши нағз мегирифт.

… Дар яке аз шабҳои серборони моҳи апрел садои тиқ-тиқи тиреза ба гӯшам расид. Нигоҳ кунам, ду дузд бо корд дар назди тиреза истодаанд. Хабар доданд, ки бо такси аз Тошканд дуздҳои машҳур омадаанд ва маро дидан мехоҳанд ва гуфтанд, ки Ургуш ҳам бо онҳост.

Кордро гирифта ба назди "меҳмонон" баромадам. Ба ғайр аз Ургуш ҳама хомӯш буданд. Ургуш  пурсид, ки "Ту султони дуздҳо ҳастӣ, чаро хонанишин шудаӣ?". Ин ҳамон шахсе буд, ки як вақтҳо Тош ном дошт ва пайваста ба афзудани азобу машаққатам мекӯшид ва ба мурод мерасид. Вай маро дар ҷавонӣ рӯҳан кушта буд, инак, ман ӯро ҷисман куштам...

Аз ин корам ҳамсояҳо огоҳ шуданд. Дар Кӯктош истоданам имконнопазир шуд. Ба ноҳияи Шаҳринав кӯчидам. Дар он ҷо байни ману занам ҷудоӣ афтид. Тамоми ҳуҷҷатҳоямро пора-пора карда, аз Шаҳринав баромада рафтам. Дар муддати ҳашт моҳ шаҳр ба шаҳр гаштам.

(давом дорад)

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi