07:07:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Девони Ҳофиз

Мансур Суруш, нависанда

Шоми шанбе мо чун ҳарвақта дар бошишгоҳи хилват бозӣ мекардем. Даври севум ё чаҳоруми бозӣ буд, ки ҳамсояамон Рашид Абдуллоҳ назди мо омад. Ӯ афсари артиш буд ва мо ба либоси низомии ӯ, ки ба пайкари лоғараш мезебид, одат карда будем. Эҳтимол, ӯ навакак аз хизмат баргашта ва гурӯҳи бозингаронро дида, сӯйи бошишгоҳ меомад. Ӯ бозингари ашаддӣ, ки буд, ба қартабозӣ бетафовут наметавонист нигоҳ бикунад. Вале ин бор ӯ ба қартабозон нанигариста сигоркашон дар гӯшае нишаст.

mansur-surush-458741ӣ гап, ҳамсоя?, - пурсидам, вале вай дар ҷавоб танҳо даст афшонд. Пули қимор кам ва бози сард буд, ба зудӣ ҳама парешон шуданд. Тамоми рӯз ҳаво гарм буд ва ҳоло насими фораме мевазид, баргҳо хиш - хиш мекарданд. Намехостам ба ҳуҷраи нафасгир бозгардам ва ба Рашид наздик шуда, дар паҳлӯяш нишастам.Вай ғарқи андеша оташи сигорашро кушт ва пастмондаи онро ба ахлотқуттӣ партофт.

-Дар ҷойи корат ягон нохушие рух дод? - эҳтиёткорона мароқ зоҳир намудам.

-Не, ҳамааш хуб,-бо дили нохоҳам посух дод ӯ, -Дасташро рӯйи синааш бурд ва аз ҷайбаш дубора сигор берун овард. Чизе нафаҳмида кунҷковона ба ӯ чашм дӯхтам.

-Агар хоҳӣ бифаҳмӣ, гӯш кун. Ба ту қиссаи ҳайратоваре нақл мекунам. Аввал сигорро даргиронам.

Рашид аз чизе дар изтироб буд, чашмонаш медурахшиданд. Ба ӯ оташ гирондан ба осонӣ даст надод, донаҳои гӯгирд мешикастанд. Пас аз лаҳзае сукут ҳикояташро оғоз кард.

-Чанде пеш ба гарнизони мо аз Маскав генерали пире омад. Хеле вақт дар хориҷа ходими ҳарбии сафоратхона будааст, дар Академияи ҳарбӣ низ дарс додааст. Ба тамом сафедмӯ, вале ботартибу озода, ки буд, ҷавон менамуд.

Хулоса, моро сардори гарнизон ҷеғ зада, ба қавли худаш супориши махсус дод: меҳмони олиқадрро ҳамроҳӣ мекунӣ. Генерал бо табассум даст дод ва ман дар чашмонаш таваҷҷуҳи зиндаву самимиеро ба атрофиён мушоҳида намудам.

Баъд бо ӯ аз наздик шинос шудам. Маълум шуд, ки номаш Юрий Еремеевич Попов будааст. Дар сулолаи онҳо ҳамаи мардон афсар будаанд ва падари бобокалонаш муқобили Наполеон ҷангида. Ҷаҳонро гашта бошад ҳам, тасаввур мекунӣ, хизмати ҳарбиро аз гарнизони мо оғоз карда будааст.

Ӯ аз ман хоҳиш намуд, ки ба ӯ аввал қисми ҳарбии худамонро нишон диҳам. Вай ба ҳар чиз мароқ зоҳир мекард. Аҷиб, вале баъзе чизҳо аз он замонҳо бетағйир монда буданд. Ба бахти ӯ хонае, ки як вақтҳо дар он зиндагӣ мекардааст, побарҷо буд. Албатта, мо якбора ба он тараф тоб хӯрдем.

devoni-hofiz 36554545Маълум шуд, ки он ҷо як афсари хурде бо оилааш зиндагӣ мекардааст. Бечора аз ташрифи ногаҳонии генерали ношинос шах шуда монд. Мехост тугмаҳои куртаашро гузаронад, вале онҳоро ёфта наметавонист. Занаш чобукдасттар будааст, ки дарҳол ба меҳмон курсӣ гузошт. Мо чанд дақиқа хомӯш нишастем. Бинам, генерал мутаассиру чашмонашро бо даст пӯшида, дар хусуси чизе фикр мекард. Ба соҳибхонагон ишора кардам, ки ором бошанд, шояд мардак айёми ҷавониашро ба ёд меовард.

Баъд бо мураббо чой нӯшидем ва генерал нақл кард, ки шасту чанд сол пеш дар ин кулба, ки чароғи карасинӣ дуд мекард, ҳамроҳи арӯсаш мезист. Аз паси девор, дар шафати саисхона воқеъ буд, садои фириқ-фириқи аспҳо шунида мешуд ва ӯро, ки гирифтори вараҷа буд, дастёри духтур парасторӣ мекард. Пирамард андӯҳгинона гуфт, ки чанде пеш занашро гӯрондааст.

Ба хотири занги дилашро зудудан ӯро ба сайругашти шаҳр даъват кардам. Бо камоли майл розӣ шуд ва гуфт, ки растаҳои савдои шаҳрро дидан мехоҳад. Бозорҳои шарқиро дӯст медорам, - иқрор шуд генерал.

-Ҳанӯз аз ҳамон солҳо… Ӯ ҳайратзада ба ҳар гӯшаи шаҳр менигарист. Ҳам биноҳои серошёна, ҳам хиёбонҳои васеъ, ҳам сели мошинҳо барояш ношинос, ба ҷуз чанорони канори роҳ. Чандсолаанд онҳо?...

-Оҳ, агар ин чанорҳо забон медоштанд, ба ту бисёр чизҳоро нақл мекарданд, - андешамандона гуфт генерал.

Офтоб ба тафсидан сар кард ва ман дурандешона меҳмонро ҷониби дараи Варзоб бурдам. Чӣҷойи бароҳате! Гирдогирд кӯҳ, шилдироси об. Дар соҳили рӯди пуртуғён нишастем ва сихкабоб фармудем. Мӯйсафед хушҳол шуд ва аз ман хоҳиш намуд, ки сумкаи ӯро кушоям. Дар сумка шишаи нӯшокӣ буд, коняки фаронсавӣ!

Аз афташ, генерал онро вақти сайр даъват карданам гирифтааст. Ин аз ғаниматҳои Париж аст,-гуфт ӯ.-Ба худат бирез, ба ман мумкин не. Дилам…

Ман нороҳат шудам.-Охир дар хидмат ҳастам, рафиқ генерал, -гуфтам.

-Гапи маро гӯш кун, капитан. Ба ҳар ҳол генерал ҳастам, агарчанде мустаъфиам.

 Ва баъд даст афшонд.

 -Майлаш, ба ман ҳам бирез. Фақат камакак.

Нӯшидем. Сукут кардем. Пирамард аз чӣ бошад, боз ғамгин шуд. Аз ваҷоҳаташ пай бурдам, ки чизе гуфтанист, ҳодисаи асрорангезеро бароям ҳикоят карданист, вале андеша менамояд. Ман боз ба қадаҳҳо шароб рехтам. Ӯ бодиқат ба чашмонам нигарист ва гуфт:

-Писарам, мехоҳам воқеаро, ки шоҳидаш будам, нақл кунам. Чандин сол гузашт, вале ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Ҳатто баъзан шабҳо ба хобам медарояд. Аммо ман ҳоло каме сархушам, метарсам, ки шояд иштибоҳ кунам. Гӯр пирӣ шавад.

Пирамард каме сукут варзида сипас нақли худро идома дод.

-Гарнизони мо пеш ҳам дар ҷойи ҳозирааш қарор дошт. Замони ноороме буд. Дар атроф босмачиён бадрафторӣ мекарданд. Шунидам, ки баъзе таърихнигорони имрӯзаи тоҷик ҳоло мехоҳанд аъмоли онҳоро ҳақ бароранд. Шояд онҳо муҳофизони ватан ва динашон буданд. Шояд дар ин заррае ҳақиқат бошад, охир. Дар мо ҳам ифроткорӣҷой дошт, вале мо бо гузашти солҳо ба ин иқрор мешавем. Он вақт босмачиён душмани синфӣ ҳисоб мешуданд ва бо онон сухан кӯтоҳ буд.

Як рӯз шомҳангом, баъди давр задани деҳоти атроф ба хона баргашта, гауптвахтро рӯшан дидам. Хонаи чӯбини паси саисхонаро, ки одатан асиронро он ҷо нигоҳ медоштем, чунин меномидем. Ин вақт посбон мардеро рӯйи ҳавлӣ баровард. Як марди миёнақади миёнсол бо риши сиёҳи анбӯҳ. Дар дасташ китобе дошт.

Посбон бо ман баробар шуда, китф дарҳам кашид:

ҷаб одаме. Ҳеҷ аз китобаш ҷудо намешавад. Метарсад, ки касе онро мегирад?

ӣ китобест? - пурсидам.

-Ман аз куҷо донам? - содадилона посух дод посбон. - Бо алифбои онҳо, бо хатҳои каҷу килеб навишта шудааст. Шояд ягон хел тӯмор бошад, вале акнун ӯро ҳеҷ тӯмор наҷот намедиҳад. Фардо вайро ба девор рост мекунанд.

-Ӯ чӣ кор кардааст? Муқобили мост, магар?

-Ҳо, дар деҳааш мактаби мусалмонӣ доштааст. Ба қавли онҳо домулло будааст, вале инаш муҳим нест. Мегӯянд, ки ӯ барои ба Афғонистон гузаштани босмачиён ёрӣ мерасонидааст…

Он шаб ман то дер гоҳ натавонистам бихобам. Дар гауптвахт равшании хира месӯхт. Наздик шуда аз тарқиши дар домуллоро дидам. Сари ду по нишаста намоз мехонд. Ба назар тамоман ором менамуд. Китоб дар паҳлуяш буд…

Субҳ ӯро бурда парронданд. Ӯ, кӣ буд, гуноҳ дошт ё надошт, то ҳол намедонам. Аммо аз чашмон ва тарҳи рӯяш одами бад набуданаш аён буд. Худи ҳамон рӯз посбон китобро назди ман овард ва гуфт, ки домулло пеш аз марг ҳам намехост аз он ҷудо бишавад. Кӯшидаанд кашида гиранд, вале ба он часпида надодааст.

Посбон китобро ба ман дароз кард. Гӯшаи рости он тир хӯрда буд. Минбаъд он китобро аз худ дур накардаам. Он ҳамеша, ҳатто вақте дар Фаронса хизмат мекардам, бо ман буд. Ҳайратовараш он аст, ки бо ин китоби захмин ман то ҳол комёбам ва дар зиндагӣ гирифтори бебарорие нашудаам. Ҳоло мехоҳам онро ба ту тақдим намоям, писарам. Шояд ин китоб ба ту ҳам бахт оварад. Ман бошам, дер намезиям…

Хомӯшӣ ба миён омад. Рашид даст ба сигор бурд, вале қуттии сигорро холӣ ёфта, онро дар кафи дасташ пачақ кард. Пас аз кисаи дарунаш китоби кӯҳнаву фарсудаеро бароварда ба ман дарз кард. Дар гӯшаи рости он пайи тир намоён буд.

-Ана, он тӯмор.

Ман бо дастони ларзон дастнависи қадимаро гирифтам ва сахифаи аввали онро бо эҳтиёт кушодам. Дар равшании хираи шом номи китобро хондам - "Девони Хоҷа Ҳофиз".

Таҳияи қиёмиддин Сатторӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi