17:15:36 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Консерти Далер Назаров дар Амрико

Ин ҳафта хабаргузоиҳо истинодан ба саҳифаи Фейсбуки Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) дар бораи сафари ҳунарии овозхон ва таронасози шинохтаи кишвар Далер Назаров ба Амрико хабар доданд. Бино ба ин навишта қарор аст ин консерт 1 марти соли 2014 баргузор гардад. Аммо ҳам Ассотсиатсия ва ҳам бунгоҳҳои хабарие, ки ин иттилоъро расонаӣ карданд, ҷузъиёте бештареро дар ин замина ироа надоштанд. 

daler-nazarov 45874555Ассотсиатсияи фарҳангии Тоҷикистону Амрико (ТАСА) созмони ғайритиҷоратӣ, ғайриҳукуматӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ буда, бештар ба рушди равобити фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Амрико фаъолият мекунад. Дар бораи корҳои анҷомдодаи Ассотсиатсия низ маълумоти рушантаре дарёфт нашуд. Вале ба эҳтимолияти зиёд ин ҳамон талоши яҳудиёни муҳоҷири тоҷикистонӣ аст, ки дар ҳар гӯша аз хоки Амрико, ки расиданд, бо иқдоме фарҳанги тоҷикро зинда нигоҳ доштанд. 

Далер Назаров аз овозхонҳои пуровозаи тоҷик аст, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ном баровардаву бо таронаҳои шӯрангезаш дар қалби мухлисони бешумораш оташ андохта буд. Вай 8 сентябри соли 1959 дар хонаводаи марди фарҳангӣ ва вазири фарҳанги Тоҷикистони замони Шӯравӣ Меҳрубон Назаров дар Хоруғ дида ба олам кушодааст. Далер сарояндаи маънирас аст ва аввалин касоне дар Тоҷикистон буд, ки дар пояи ғазалҳои классикӣ ҳам мусиқии дилнавози эстрадӣ офарид ва ғазалҳои Ҳофизу Саъдӣ ва Мавлавиро дар қолаби мусиқии поп ба мухлисонаш пешкаш намуд ва дар ин замина муваффақ ҳам шуд. Далер Назаров дар нахустин солҳои номвар шуданаш дар таронасароӣ дар озмуни ҷашнвораҳои умумииттифоқӣ ва байналмилалии "Юрмала-89", "Иссиқ-Кӯл - 90", "Бухоро-90", "Садои Осиё-91" ширкат кардаву санъати эстрадаи тоҷикро муаррифӣ намудааст ва аз ҳамаи ин ҳамоишҳои фарҳангӣ бо ҷоизаҳо ба ватан баргаштааст.

Сабки таронаҳои Далер Назаров, ки аз фолклори мардумӣ сарчашма мегиранд, барои аксари шунавандагон мақбул уфтодааст. Дар баробари ин Далер сарояндае нест, ки албомҳои зиёд муаррифӣ карда бошад. Вай хеле кам эҷод мекунад, вале сурудаҳояш зуд ба қалбҳо асар мекунанд. Далер бештар худ барои худ мусикӣ меофарад вале шояд аз камтарин таронасароёни муосир аст, ки аз эҷоди матн худдорӣ мекунад ва барои оҳангҳои офаридаи худ матнро аз эҷодиёти шоирони мумтози классикиву муосир интихоб мекунад.

Хеле инсони шикастанафс аст, аз шӯҳрат худро канор мегирад, бо хабарнигорон хеле кам мулоқот мекунад ва агар ҳамсуҳбат ҳам шавад хоҳиш мекунад кам дар борааш нависанд.

Солҳои ҷанги ҳамватанӣ Далер Назаров низ чун даҳҳо ҳунармандон тарки кишвар кард ва муқими шаҳри Алма-Атои Қазоқистон шуд. Ҳоло ҳам дар ҳамон шаҳр зиндагонӣ ва эҷод мекунад ва ин дурӣ аз Ватан боис шудаст, ки мухлисонаш дар бораии ӯ хеле кам донанд. Дар ҷашнвораву чорабиниҳои фарҳангии кишвар ширкат мекунад, вале хеле замон аст, ки дархости мухлисонашро дар мавриди баргузории як шаби эҷодӣ ё барномаи тозаи консертӣ иҷро накардааст.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi